Нусхаи чопи
Чоршанбе, 06 Январи 2021 03:48

Мазҳабзадагӣ дар бозиҳои геосиёсӣ

Муаллиф: Исомиддин ШАРИФЗОДА

  Вазъияти дар кишварҳои арабӣ бавуҷудомада бозгӯкунандаи он аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои тавсеа додани манфиатҳои хеш дину мазҳабро ҳамчун як василаи сиёсӣ истифода намуда, пайравони мазоҳиби исломиро дар мухолифи ҳам қарор медиҳанд. Мусаллам аст, ки дар давоми дусад соли охир ҳамеша қудратҳои сиёсӣ барои тавсеаи манфиатҳои хеш бо истифода аз сиёсикунонии ислом, ихтилофҳои мазҳабию диниро роҳандозӣ карда, даҳҳо ҷараёну равияҳои навини ифротиро дар ин кишварҳо ба вуҷуд оварданд.
  Бояд қайд кард, ки дар муқаррароти динӣ арзишҳо муқаддас ва тағйирнопазиранд. Ҳол он ки ҷомеаи инсонӣ ва табиати инсон ҳамеша дар ҳоли дигаршавӣ ва тағийрот қарор дорад. Аз ҳамин ҷо тазод байни вазъияти воқеии ҷомеа ва меъёрҳои амаликунандаи он ба вуҷуд меояд. Ин тазод, пеш аз ҳама, ба зеҳнияти афроди ҷомеа таъсир мегузорад. Гап сари ин аст, ки таблиғи ҳамешагии арзишу меъёрҳои динӣ, ки ҳамчун ҳақиқати мутлақ ва бебаҳс талаққӣ мешаванд, дар натиҷа афродеро ташаккул медиҳанд, ки онҳо назарияи дигар ё ба истилоҳ, фарҳангу арзишҳои мардумони дигарро қабул надоранд ва ба онҳо бо назари тардид менигаранд. Дар чунин ҷомеаҳо сафи нафароне, ки ифротӣ мешаванд ва дар пайи ифроту тафрит ба терроризм рӯй меоваранд, ниҳоят болост. Ҳамчунин, дар дохили худи ҳамин гуна ҷомеаҳо, ҳар гурӯҳе ё ҳизби сиёсие, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ аз меъёрҳои динӣ кор мегирад, худро айни ҳақиқат ҷилва дода, тарафи дигарро маҳкум ва инкор мекунад. 

  Давлатҳое, ки дар онҳо сиёсатҳои динӣ ҳокиманд, барои қудратҳои ҷаҳонӣ қобили қабул ва манфиатоваранд. Дар ин раванд, имрӯз, бахусус омили исломгароии сиёсӣ нақши бориз мебозад. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ (геополитикӣ)-и худ дар ҷаҳони ислом кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, ки бо такя ба эътиқоди динии мардум аз он тафовутҳое, ки миёни фирқаву мазҳабҳои исломӣ вуҷуд дорад, суиистифода намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии хусусияти динии ғайрисуннатидоштаро таъсис дода, онҳоро байни мусулмонони кишварҳои исломӣ аз тариқи роҳҳои мухталиф интишор медиҳанд ва барои чунин амал маблағҳои пулии ҳангуфт сарф месозанд. Намунаи чунин ҳизбу ҳаракатҳо, ки имрӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз худ дарак медиҳанд, ҳаракати Салафия, Ҳаракати исломии Туркистон, Ҳаракати Толибон, Ҷамоати таблиғ, Ҳизби таҳрир ва ғайра мебошанд. Дар чанд соли охир бо дасти чунин ҳизбу ҳаракатҳо қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ тавонистанд, ки дар Либия, Тунис, Алҷазоир, Миср, Ироқ, Сурия, Нигерия ва соири кишварҳои исломӣ ба таври сунъӣ тазоҳуроти сиёсӣ ба вуҷуд оварда, ин мамлакатҳоро аз рушди устувор на танҳо боздоштанд, балки ҷаҳони исломро ноором сохта, нуфузи худро дар ин мамолик нигоҳ медоранд.
  Аз замони оғози даврони навин дар Аврупо, ки бунёди онро ҷомеаи сармоядорӣ ташкил медиҳад, ба хотири даст ёфтан ба захираҳои муҳими ашёи хом ва истифода аз қувваҳои арзони корӣ сармоядорони Ғарб ба мустамликакунонӣ ва тақсими ҷаҳон шурӯъ намуданд. Қабл аз он ки минтақа ё давлате аз ҷониби онон ғасб шавад, сараввал гумоштаҳои хешро ба ин давлатҳо мефиристанд ва муҳимияти тарзи зиндагӣ, арзишҳои фарҳангӣ, бовару эътиқод, муқаддасот ва нуқтаҳои заъфи мардуми онро бозомӯзӣ менамуданд. Ин қудратҳо дар минтақаҳои мусалмоннишин, ки таърихан бо масоили зидду нақиз ва бархӯрдҳои мазҳабию фирқавӣ даргир буданд, кӯшиш намудаанд, то ҳамин ихтилофро пайгирона барои тавсеаи манофеи худ истифода намоянд. Дар кишварҳои мустамликашуда ҳамеша аз омили динӣ кор гирифта, ба хотири тасаллут кардан ва дар як сатҳи бунбастӣ қарор гирифтани мардумони ин кишварҳо арзишҳои диниро тарвиҷ кардаанд. Ҳадафи асосии чунин амал барои истеъморгарон чанд афзалият дошт: 
  Аввалан, дар ҷомеаи суннатии дингаро арзишҳо ва чорчӯбаҳои  тарзи зиндагӣ муайянанд ва тағйироту дигаргунӣ дар онҳо ба душворӣ ба амал меояд, зеро  ҷомеаи динсолор навгароӣ ва дигарандеширо қабул надорад. Чун баёни чизи нав ё андешаи озоду илмӣ метавонад меъёрҳои муқаррарнамудаи шаръиро шиканад, аз ин хотир, дигарандеш дар ҷомеаи динсолор ҳамеша бо хатар мувоҷеҳ аст ва душмани низоми мавҷуда ба ҳисоб меравад.
Дувум, барои истеъморгарон ҷомеаи динсолор аз он ҷиҳат қобили аҳамият аст, ки дар он метавон ба осонӣ унсурҳои тафриқаандоз ва низоъбарангезро  ба вуҷуд овард ва бо тақсими ҷомеаи мустамликашуда ба гурӯҳҳои зид, онҳоро байни ҳам тарс дода манфиат ва ҳокимиятро тасаллут бахшид. Чунин вазъ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки маънавиёти ҷомеаи динсолорро донишҳои динӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо бештар хусусияти нақлӣ дошта, дақиқу саҳеҳ нестанд. 
Сеюм, ҷиҳати бартарияти ҷомеаи динмеҳвар барои истеъморгарон он будааст, ки чунин навъи ҷомеа хусусияти авторитарӣ дорад ва гурӯҳу тӯдаҳои мардум бо имону ихлоси зиёд ба як шахсияти рӯҳонӣ такя мекунанд. Авторитетҳо (рӯҳониён)-ро ба худ тобеъ намуда, тавассути онон манофеъ ва қудрати худро тасаллут мебахшанд, ки хеле камхарҷ мебошад. 
 Чорум,  бартарияти ҷомеаи динмеҳвар барои мустамликадорон он аст, ки дар чунин навъи ҷомеа ҳувияти динӣ  аз ҳувияти миллӣ болотар қарор мегирад  ва доиман ҳувияти динӣ ҳувияти миллиро саркӯб менамояд. Чунин вазъ ба он хотир назди мустамликадорон соҳиби эътибор аст, ки муқовиматҳои миллию озодихоҳиро саркӯб мекунад ва манфиатҳои мустамликадоронро ҳимоят менамояд.  Ҳамчунин, авторитетҳои  кишварҳои мустамликашудаи динмеҳварро тобеи худ мегардонанд ва аз ин роҳ ба қудрати ҳокимияти худ таҳким мебахшанд. Чунин тарзи тафаккур дар дусад соли охир дар кишварҳои мусалмоннишин амал менамояд. Қудратҳои ҷаҳонӣ, агарчи имрӯз даъво пеш меоранд, ки замони мустамликадорӣ ба поён расидааст ва имрӯз ҳама давлатҳо баробаранд, зоҳиран гӯё ин масъала дуруст аст, вале дар асл, ҳеҷ гоҳ чунин нест, фақат равиши мустамликадорӣ ва истеъморгарӣ шаклҳо ва қолабҳои навтару беҳтарро бо назардошти рушди сареи технологияи муосир ва ҷаҳони иттилоотӣ дигар кардааст. Бозиҳое, ки имрӯз дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ва дар маҷмӯъ, кишварҳои мусалмоннишин сурат мегиранд, давоми ҳамон бозиҳои бузург ба ҳисоб мераванд. Мардумони ғафлатзадаю нодонро, ки донишу ҷаҳонбинии саҳеҳ надоранд, бо пулу сармоя, яроқу техникаи ҷангӣ муҷаҳҳаз мекунанд ва онҳоро гӯё ба хотири дифои дину мазҳаб  ва муқаддасот сафарбар мекунанд, то дар роҳи «ҳақ» ғазовот намоянд. Қобил қайд аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ин ҳамон сиёсикунонии ислом буд, ки аз ин роҳ мехостанд истиқлолияти нав бадастомадаи Тоҷикистонро аз байн баранд ва ин миллатро дар ҳоли сарсонию парокандагӣ ва дастнигарию осебпазирӣ нигоҳ доранд.
  Дар ҳамон замон гурӯҳҳои мухталиф мехостанд сохти сиёсии Тоҷикистонро на дунявӣ, балки теократӣ ва исломӣ намоянд. Қувваҳои солимфикри ҷомеа, ки Конститутсияи имрӯзаи давлати Тоҷикистонро тарроҳӣ намудаанд, сохти сиёсии давлати Тоҷикистонро демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълом доштанд, ки воқеан, интихоби дуруст ва илман асоснок буда, онро хусусияти асосии давлатдории муосир, ки аз натиҷаи таҷрибаи сиёсии 200 - солаи ҷаҳонӣ бармеояд, тасдиқ менамоянд. Дар ин маврид метавон даҳҳо мисол аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон овард, ки онҳо масири дунявиятро интихоб намуда, тавонистаанд ба пешрафт ва комёбӣ ноил гарданд. Аз ин рӯ, ҳар фарди бедор ва огоҳи миллиро зарур аст, ки арзиши низоми дунявиро ҳамчун шакли сиёсии давлатдорӣ, ки дар он озодиҳои шаҳрвандон ва махсусан, озодии виҷдон ҷойгоҳи вижа дошта, дахолати дин ба корҳои давлатӣ манъ шуда, ба он ҳамчун як бовару эътиқоди фардӣ арҷ гузошта мешавад, қадр кард ва ба он бовару эътимод намуд.    

Исомиддин ШАРИФЗОДА

устоди ДДТТ

https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=42982 

Хондан 914 маротиба