Нусхаи чопи
Душанбе, 15 Августи 2022 06:04

Мушкилоти ҳувиятӣ дар доираи баррасиҳои адабӣ-бадеӣ

Муаллиф: Нозим НУРЗОДА

 (муруре иҷмолӣ ба маҷмуаи “Бурротар зи теғ”-и устод Урун Кӯҳзод)

  Дар қолиби асарҳои бадеӣ матраҳ кардани мушкилоти иҷтимоӣ ва махсусан, уқдаҳои ҳувиятӣ дар ададбиёти ҷаҳонӣ ба суннати мутадовил табдил ёфтааст ва адибону нависандагону шоирон буҳронҳои иҷтимоию ҳувиятиро вобаста ба тарзи биниш ва фарохии дид баррасӣ карда, хонандаро ба фикр кардан ва роҳҳал ҷустан водор месозанд. Ҳадафи адибону нависандагони саршинос ин аст, ки хонанда пас аз муруру мутолеаи осори адабӣ-бадеӣ  атрофи мушкилоту уқдаҳо  худ, бидуни дахолати берунӣ мустақилона натиҷагириву қазовату доварӣ намояд. Дар воқеъ, баррасии ҷиддии мушкилоти ҳувиятӣ ва уқдаҳои фикрӣ, ки тайи таърихи тӯлонӣ боиси шикасту заъфи миллат гардидаанд, дар миёни нависандагони муосири тоҷик ба ҳукми анъана надаромада, ба авлавияти ҳирфаӣ-касбӣ табдил наёфтааст. Хушбахтона, нависандагони муосири миллие бо шумули устод Урун Кӯҳзод  дорем, ки махсус ба масоили буҳрони ҳувиятӣ таваҷҷуҳ намуда, дар ин замина осори арзишманди бадеӣ ва публитсистӣ ба мерос гузоштаанд. Дар шумораҳои қаблии ҳафтаномаи “Самак” дар ҳошияи 85-солагии устод Урун Кӯҳзод матлаби илмӣ-оммавӣ дар доираи романи “Ҳайҷо”-и устод Кӯҳзод таҳти унвони “Нависандаи миллӣ дар талоши мушкилпажӯҳӣ ва хислатшиносӣ” ба табъ расид, ки  ба масоили мушкилоти ҳувиятӣ ва уқдаҳои хислатӣ-характерӣ бахшида шуда буд (таваҷҷуҳ шавад ба: Нуров Н., Одинаев Н. Нависандаи миллӣ дар талоши мушкилпажӯҳӣ ва хислатшиносӣ. //Самак, №16 (546), №17 (547), №18 (548)).  Ба ин тартиб, устод Кӯҳзод дар романи “Ҳайҷо” (таваҷҷуҳ шавад: Кӯҳзод, Ӯрун. Ҳайҷо. Роман. Нашри мукаммал. – Душанбе: “Адиб”, 2015. -416 саҳ.), ки онро метавон асари комили адабӣ-бадеӣ, илмӣ-таҳқиқӣ, таърихӣ ва публитсистӣ номид, костиҳои фикрӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва мадании моро, ки усулан, характери миллиро шакл дода, боиси шикастҳои пайдарпайи тоҷик дар тӯли таърих гардидаанд, матраҳ намуда, сифатан тағйир ёфтани  зеҳну характери тоҷикро кафили рушду шукуфоии миллӣ қаламдод мекунад. Муҳимтар аз ҳама, устод Урун Кӯҳзод аз ҷумлаи  камшумор нависандагони миллиест, ки бо такя ба донишу биниши илмӣ ва собиқаи нависандагӣ дар тамоми осор, чи асарҳои адабӣ-бадеӣ, чи таълифоти илмӣ-публитсистӣ масоили ҳувиятиро дунбол кардааст.  Мисли ин ки баррасии мушкилоти иҷтимоӣ ва буҳронҳои ҳувиятӣ ба кори рӯзмарраи эҷодии адиб бадал шудааст ва ӯ тавассути осори адабӣ-бадеӣ ва публитсистӣ хонанда ва дар маҷмуъ, миллатро ба ташхиси бемориҳои фикрию ҳувиятӣ водор мекунад. Ҳадафи адиб, пеш аз ҳама, дар заминаи шинохти мушкилоти ҳувиятӣ рафъи буҳронҳои зеҳнию равонию иҷтимоӣ мебошад ва ин навъ иқдомро устод Кӯҳзод минҳайси рисолати адабӣ, фикрӣ, эҷодӣ ва иҷтимоӣ пазируфта, дар ин самт муваффақона умрфарсоӣ мекунад.

  Чун баҳси мо дар атрофи маҷмуаи “Бурротар зи теғ”-и устод Кӯҳзод (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. -240 саҳ.) чарх мезанад, ба мавзуи асосӣ бармегардем. Дар маҷмуа (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. -240 саҳ.), ки ба ғайр аз ормону орзуи муаллиф 14 асари нависандаро фаро мегирад,  масъалаҳои гуногуни иҷтимоию фикрӣ, ахлоқию ҳувиятӣ ва хислатию характерӣ арзёбӣ мегарданд. Хулоса ва натиҷагириҳои иҷмолии хешро, ки бар мабнои муруру мутолеаи маҷмуаи “Бурротар зи теғ” ба даст омадаанд, хидмати шумо-хонандагони гиромии ҳафтавор арз медорем:

  Якум. Устод Урун Кӯҳзод тавассути маҷмуаи “Бурротар зи теғ” доир ба мушаххасоти ҳувиятии ҷомеа, аз ҷумла хислату характер ва рӯҳияи миллату мардуми тоҷик, ки силсилаи мушкилот ва уқдаҳои маънавию ҳувиятии ҷомеаро ташкил медиҳанд, изҳори назар мекунад. Дар муқаддимаи китоб, ки  “Ба ҷойи муқаддима ва “Ормону орзуи муаллиф” унвонгузорӣ шуда, як саҳифаи чопӣ  (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.3)-ро дар бар мегирад, нависанда ба таври тезис ормону орзуҳои Наврӯзии хешро дастабандӣ мекунад ва силсилаомолашро ин тавр баён месозад: “Орзу дорем, ки маъною мақоми истиқлолро амиқу дақиқ бифаҳмем, на саҳлу сатҳӣ. Орзу дорем, ки ақламон ҳамеша дар сарамон бошад, на дар гӯшамон” (ишора ба байти машҳури устод Лоиқ: На ҳамонем, ки ду чашми ҷаҳонбин дорем, Мо ҳамонем, ки ду чашми даҳонбин дорем – Н.Н.). Орзу дорем, ки оштии тоҷикон ҷону ҷигарӣ бошад, на лабу даҳонӣ. Орзу дорем, ки хирад ва қувват ва ғайрат ва ҳиммати мо сарф бишавад барои Ваҳдат, на барои ғайбат. Орзу дорем, ки хидмат бикунем, на миннат. Орзу дорем, ки фақат бо ифтихор аз гузаштагон қонеъ набошем ва бибояд ибрате ҳам аз рӯзгори онҳо бигирем ва ҳам офаридае ба офаридаҳои онҳо биафзоем. Орзу дорем, ки меросбарони шоиста бошем, на меросхӯрони ношоиста. Орзу дорем, ки соҳибмансабон аз худ гузаштану ба дигарон расиданро ёд бигиранд. Орзу дорем, ки фарқи байни корнамоиву худнамоиро шинохта битавонем. Орзу дорем, ки талоши мансаб ҳамеша бошад, аммо барои ҳунарнамоӣ, на барои худороӣ” (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Ҳайҷо. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.3).  Ба мавзӯоти маҷмуа таваҷҷуҳ мекунем: ҳикоёти “Очаи бачаҳо” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.4-12), “Достони муаллим” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.12-27), “Қатли китобҳо” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.27-48), “Ҳикоёт аз таърихи адабиёт” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.49-59), “Пули ларзон” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.61-78), “Хомтамаъ” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.79-82), “Ҳосили умр” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.83-88), “Гудоз” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.88-103), “Бурротар зи теғ” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.103-111), повести “Гардани ғам бишканед” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.111-152), романи кӯтоҳи “Дар ҳасрати кори ҳалол” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.153-203) ва се мақола-матлаби публитсистии  “Садриддин Айнӣ” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.204-215), “Ваҳдати сиёсат ва адабиёт” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.215-222), “Фарҳанги ватандорӣ” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.222-238).

  Дувум. Нависанда дар ҳикояҳои “Достони муаллим” (С.12-27), “Қатли китобҳо” (С.27-48), “Ҳикоёт аз таърихи адабиёт” (С.49-59), “Пули ларзон” (С.61-78), “Хомтамаъ” (С.79-82), “Ҳосили умр” (С.83-88), “Гудоз” (С.88-103), “Бурротар зи теғ” (С.103-111), повести “Гардани ғам бишканед” (С.111-152), романи кӯтоҳи “Дар ҳасрати кори ҳалол” (С.153-203) ва се мақола-матлаби публитсистии  “Садриддин Айнӣ” (С.204-215), “Ваҳдати сиёсат ва адабиёт” (С.215-222), “Фарҳанги ватандорӣ” (С.222-238) масоили мушкилоти ҳувиятӣ ва ислоҳи камбуду навоқиси рӯҳию равонии миллатро, ки асрҳо боиси шикасту забунии мардум гардидаанд, бозрасӣ карда, бар мабнои донишу таҷрибаву мушоҳидаҳои шахсӣ сабабу иллатҳои пойин рафтани зеҳниёту ҳувияти миллиро ҷустуҷӯ ва роҳҳал пешниҳод менамояд. Махсусан, аз забони қаҳрамонони ҳикояву асарҳояш мекӯшад, ки иллати зуҳури разоили ахлоқию буҳрони ҳувиятиро, ки миллатро тайи таърихи тӯлонӣ ба нокомию бедавлатиҳо, шикасту сархамиҳо, хорию забуниҳо ва бегонапарастию беҳувиятиҳо расонидаанд, бозгӯ сохта, роҳро барои ҳалли мушкилоти фикрию равонию зеҳнӣ ҳамвор намояд. Масоили фавқ (мушаххасоти ҳувиятию навоқиси ахлоқӣ)-ро нависанда на танҳо дар осори бадеӣ, балки дар матолиби илмӣ-оммавиаш ҳам матраҳ мекунад ва интеллигенсияи миллиро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша дар масири шинохти мушкилоти фикрию зеҳнӣ ва ҳувиятӣ гом бардоранд ва ҷиҳати бурунрафт аз буҳронҳои фалокатбори маънавӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст бигиранд. Иқдомоту ташаббусоти нависанда дар самти бедории фикрӣ ва кӯшиши ислоҳи вазъи рӯҳию равонии ҷомеа на танҳо дар романи “Ҳайҷо” ва маҷмуаҳои дигари ӯ, балки  дар матолиби публитсистии  вай, минҷумла мақолаҳои “Садриддин Айнӣ” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.204-215), “Ваҳдати сиёсат ва адабиёт” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.215-222) ва “Фарҳанги ватандорӣ” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.222-238) низ равшану возеҳ ба назар мерасад.

  Севум. Нависанда одатҳои карахту шахшудамондаеро, ки миллат ва мардумро аз фаъол будан дар зиндагӣ дур карда, онҳоро ба тақдирпарастӣ ва танбалӣ мувоҷеҳ намудаанд, дар “Достони муаллим”  (ниг.: Достони муаллим (барои Ҳомид Қаҳҳоров) – Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С. 12-27) хеле хуб ба қалам медиҳад. “Достони муаллим” аз ҳаводиси солҳои аввали барқарории ҳокимияти шӯравӣ дар деҳоти Тоҷикистон ва фаъолияти нахустин омӯзгорони маҳаллӣ қисса мекунад, ки новобаста ба фишору тааррузҳои ҷаҳолатмаобони давр ва куҳнапарастони замон чароғи маърифатро фурӯзон нигоҳ дошта, роҳи рушди миллатро ҳамвор кардаанд. Бад-ин минвол, одатҳои баду нописанди миллию маҳаллӣ, аз ҷумла хурофагаройиро нависанда қариб дар тамоми навиштаҳояш, аз ҷумла  ҳикояи “Достони муаллим” матраҳ месозад. Дар ҳикояи “Достони муаллим”, ки ба муаллим Ҳомид Қаҳҳоров бахшида шудааст, нависанда ҷаҳли мураккаби замони амириро, ки ба мардум ва ҷомеаи вақт сахт таъсир расонида, онҳоро аз саъю талоши ислоҳи вазъ канор задааст, ба риштаи тасвир мекашад. Нависанда аз забони қаҳрамони ҳикоя -- муаллим, ки ба дасти босмачиён афтида, ваҳшиёна ба қатл мерасад, мегӯяд: “Фақат фозилони замон месӯхтанду мепухтанд, вале фарёди онҳо ба гӯши касе намерасид. Ҷаҳли мураккаб ҳукм меронд!” (Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.16). Нависанда бар он таъкид меварзад, ки дигар миллиятҳо дар талошу такопӯ ва иваз кардани хислату хӯйи хеш бошанд, мо қафомондагӣ, канорагирӣ аз ҳалли мушкилот, бечоранолӣ ва фориғболӣ барин хасоилро ба унвони одатҳои ирсӣ аз худ дур намекунем (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.18).  Нависанда қолиб-стереотипҳоеро, ки тайи таърих миллатро аз таҳаввулоту тараққиёт боздоштаанд, фош месозад ва дар “Достони муаллим”  дар симати қиссапардоз авзоъро  хеле хуб дарку тафсир мекунад: “Дар Хунукчашма (номи деҳа) аҳвол чунин буд...Як қувваи ботинӣ, як мизоне дар баҳо додан ба ҳодисоти ҷамъиятиву табиат, як одати ирсӣ, ки асрҳо боз “бо шир омада, бо ҷон баромадааст”, дар ниҳонхонаи дили онҳо ҷой гирифта буд, ки дар давраҳои гардиши ҳолат хуруҷ мекард ва маҳз дар чунин ҳолат ҳамаи онҳо дар ким-кадом нуқтае ба якдигар бармехӯрданд (ниг.: Кӯҳзод, Урун.  Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.18).

  Чаҳорум.  Дар ҳикояи “Қатли китобҳо” (ниг.: Кӯҳзод, Урун.  Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.27-48)  нависанда мавзӯи бедории фикрӣ ва раҳоӣ аз ҷаҳолати мазҳабиро ба миён мегузорад ва муҳимтар аз ҳама, масъалаи тавассути пахшу нашри китобу матбуот тағйир додани зеҳниёти ҷомеаро, ки мавзуи меҳварии китоби “Таърихи инқилоби фикрӣ”-и устод Айнӣ маҳсуб мешавад, ба миён мегузорад. Қаҳрамонони ҳикоя Махдуми Ширин ва Махдуми Абуқодир дар пайи он мекӯшанд, ки тавассути илму дониш вазъи ногувори Бухорои амириро, ки дар оташи зулмоти ҷаҳолат месӯхт, тағйир дода, аз тариқи паҳну пахши илму дониш мардумро бедор созанд ва ба сӯйи тҳаввулоту тараққӣ ҳидоят намоянд. Қаҳрамони ҳикояи мазкур Махдуми Абдуқодир ба қаҳрамони “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ Яҳёхоҷа (таваҷҷуҳ шавад ба: .: Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.273-277), ки аз равшанфикрони пурнуфузи замон маҳсуб мешудааст, хеле монанд аст. Махдуми Абдуқодир ҳам мисли Яҳёхоҷа озодадеш, бебок, ҷасур ва аз авлоди хеле бонуфузи Бухорост. Ба нигоштаи нависанда: “Абдуқодир ҷавони озодфикр ва аз дӯстони Махдум (Махдуми Ширин – Н.Н.) аст. Вай аз авлоди хеле бонуфузи Бухорост ва ҳамин мақом ӯро аз таҳдид ва таъқиб то андозае ҳифз мекунад ва то алҳол фошгӯйиҳояш балои сараш нашудааст, ҳарчанд бадхоҳонаш кам нестанд” (ниг.: Кӯҳзод, Урун.  Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.30). Дар баҳсу мунозираҳое, ки миёни қаҳрамонони ҳикояи “Қатли китобҳо” Махдуми Ширин ва Махдуми Абдуқодир сурат мегирифт, ба мавзӯи  характер ва одатҳои карахту хушкшуда таваҷҷуҳ мекарданд ва дар ҷараёни муколимаву гуфтугӯҳо аз сатҳи пойин рафтани сатҳи тафаккур ва худбаҳодиҳии миллӣ сухан ба миён меоварданд. Қаҳрамони ҳикоя Махдуми Абдуқодир мисли соири афроди саршиноси миллат аз навоқиси фикрӣ ва уқдаҳои зеҳнӣ, ки озодиҳои шахсӣ ва инфиродиро зери суол бурда, ба ҳувияти миллӣ садама мезананд, ранҷ мебарад. “Худи Махдум дар ҳар маврид кӯшиш дошт, ки ақидаҳояшро озодона бигӯяд, ҳарчанд ки ин хоҳиш на ҳамеша ба ӯ муяссар мегарадид, -- боз ҳамон мулоҳизаи сабилмонда, аз рӯҳияи умумии мардум бармеояд, халал мерасонид, ба монанди он ки заҳрпечак ба ҳосил бастани гиёҳи босамар халал мерасонад” (ниг.: Кӯҳзод, Урун.  Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.31). Махдуми Абдуқодир, ҳарчанд ки бо ақоиди Махдуми Ширин мувофиқ буд, баъзан истиҳола мекард ва бо ҷомеа мадорову муросо менамуд, ки аз хислат ва характери ӯ, ки солҳо зери бори қолибҳои шахшудаи иҷтимоию зеҳнӣ монда буд, бармеомад (ниг.: Кӯҳзод, Урун.  Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.30). Нависанда дар хотимаи ҳикоя ба он ишора мекунад, ки Махдуми Ширин, бо он ки аз Бухоро фирор намуда, дар Қазон ва дигар шаҳрҳои Руссия ба таҳияву тадвини китобҳо иштиғол варзида, аз ин тариқ ба мардуми Бухоро хидмати бедареғ мекард, аз тарафи масъулини аморат маҳкум ва воҷибулқатл мешавад: “Вале душман зӯр аст. Шайхулислом фатво дод ва амир ба қушбегӣ фармуд, ки Махдуми Ширин воҷибулқатл аст” (ниг.: Кӯҳзод, Урун.  Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.48).

 Панҷум. Ба ин тартиб, баррасии мушкилоти ҳувиятӣ ва тағйири зеҳниёти миллӣ дар ҳикояҳои “Қатли китобҳо” (аз номи қаҳрамонони асосӣ Махдуми Ширин ва Махдуми Абдуқодир – ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.27-48), “Ҳикоёт аз таърихи адабиёт” (аз забони шуубиёну адибони миллӣ Рӯзбеҳ, Исмоил ибни Ясор, Башшор ибни Бурд, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Дақиқии Балхӣ ва дигарон -- ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019.  С.49-59),  “Гудоз” (аз забони қаҳрамонони ҳикоя Холдона ва Моҳшариф -- ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.88-103), “Бурротар зи теғ” (аз забони  фидоиёни миллии давр Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ва Абдулҳамид -- ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.103-111), повести “Гардани ғам бишканед” (аз забони Бобои Нусрати Нуронӣ -- ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.111-152), романи кӯтоҳи “Дар ҳасрати кори ҳалол” (аз забони қаҳрамони асосии романи кӯтоҳ Ҳомиди Қудрат -- ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019.  С.153-203)  хеле хуб баррасӣ гардидаанд. Бавежа, дар романи кӯтоҳи “Дар ҳасрати кори ҳалол” (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.153-203) нависанда дар образи қаҳрамони асосӣ Ҳомид Қудрат, ки аз ҷумлаи рӯзноманигорони бедори солҳои шастуми садаи бист будааст, мушкилоти ҳувиятӣ ва заъфи характери миллиро дар симои мансабдорону зиёиёни вақт хеле хуб бармало мекунад. Ҳомид Қудрат, ҳангоме ки бо мушкилоти корию идорӣ бархӯрд мекунад, дарк менамояд, ки хислату характери миллӣ сарнавишти миллатро дар тӯли таърих рақам задааст ва мебояд онро тағйир дод ва дигар кард, вагарна миллат ба марҳилаи саодату хушбахтӣ расида наметавонад. Ба ин манзур, Ҳомиди Қудрат ба пажуҳишгоҳҳои Маскаву Ленинград рафта, сари мушкилоти миллӣ ва заъфиятҳои фикрию равонии миллат таҳқиқот мебарад ва мекӯшад, ки ба ин пурсиши асосӣ – чаро мо танбал, хушомадгӯ, лагандбардор, фурӯмоя, худхоҳ, риёкор, фиребгар, дурӯя, дурӯғгӯ, худфурӯш, бегонапараст, худбохта ва беҳувиятем? -- посух ҷустан мехоҳад. Қаҳрамони асар Ҳомиди Қудрат, бо он ки аз тамоми ҷойҳои кор, ба иллати пурсишгарӣ, рӯҳи муқовим, созишу мадоро накардан ва ростқавлиаш истеъфо медиҳад, талош меварзад, то ин ки ба пурсишоти матраҳ посухи илмию ихтисосӣ дода, роҳро барои ислоҳи вазъи рӯҳию равонии миллат ҳамвор созад. Ин аст, ки нависанда дар финиш-анҷоми асар ин тавр натиҷагирӣ мекунад: “Ҳомид боз истеъфо дод. Боз ба хислатшиносӣ машғул мешавад. Тилисми хислати Аҳмаду Аҳтамро мешиканад. Аз барои он мешиканад, ки кори неку бади одам ва пешравию аҷибмондагии ҷомеа ва ҷамъиву парешонии миллат ва тавоноиву нотавонии давлат аз хислат бармеояд” (ниг.: Кӯҳзод, Урун. Бурротар зи теғ. – Душанбе: “Маориф”, 2019. С.203).

  Шашум. Устод Кӯҳзод чун табиби ҳозиқи рӯҳшинос дар асарҳояш мушкилоти фикрӣ, ҳувиятӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва мадании тоҷикро як навъ ташхис ва ба истилоҳ, диагностика мекунад ва барои шинохти силсилаи мушкилоту муаммоҳои рӯзгори миллат, ҳамзамон пайдо кардани роҳҳалҳои муассир аз забони қаҳрамононаш пурсишу посухоти ҷолиб манзур намуда, зеҳни хонандаро фаъол месозад. Тасаввур кунед, ки агар соири нависандагону адибони  муосири ватанӣ дар пайравии устод Кӯҳзод сари масоили ҷиддии ҳувиятӣ ва ба истилоҳ, доғи рӯзгори мо тамаркуз мекарданд, бетарафию фориғболию фурсатталабиро канор зада, дар роҳи ташхиси мушкилоти ҳувиятӣ ва уқдаҳои фикрӣ дастҷамъона ҷаҳду талош меварзиданд, фарҳанги миллӣ гул мекард ва сатҳи худкифоии фикрӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ боло мерафт. Имрӯз ададбиёти миллӣ ба шахсиятҳои миллии пурҷасорате назири устод Кӯҳзод ниёз дорад ва бовар дорем, ки насли миёнсолу ҷавони адибони миллӣ ибтикороти устодро дар заминаи  баррасии мушкилоти зеҳнию равонӣ ҳадафмандона идома бахшида, дар роҳи  раҳойии миллат аз фақри фикрӣ, буҳронҳои ҳувиятӣ ва хурофоту таассуби динию дунявӣ қадамҳои устувор бармедоранд.

Нозим НУРЗОДА

пажуҳишгар

Хондан 596 маротиба