Нусхаи чопи
Душанбе, 15 Ноябри 2021 08:23

Нақши Пешвои миллат дар татбиқи қарорҳои қабулкардаи иҷлосияи 16 – уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф: Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович

16 ноябри соли 2021 мардуми тоҷик 29 солагии Иҷлосияи   16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Иҷлосияи мазкур  дар таърихи кишварамон воқеан  ҳамчун  иҷлосияи  тақдирсози  миллати  тоҷик,  нақш  бастааст. Ба туфайли ин Иҷлосияи таърихӣ мардуми мо тайи  ин  муддат дар фазои  сулҳу  оромӣ  ба  сар  мебарад. Дар ин  ҷода нақши Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  басо  арзанда  аст.

  Тавре ҳамагон огаҳанд, дар баробари масъалаҳои  ташкилӣ, проблемаҳои асосии сиёсии зерин дар Иҷлосаи 16 – ум  мавриди  баррасӣ қарор  гирифта  буданд:

1.Эҳё ва  фаъол  намудани   сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, хусусан  қудративу  ҳифзи  ҳуқуқ  ва  таъмини  амнияти  миллӣ.

2.Ба эътидол даровардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  барқарор  кардани  сохтӣ  конститутсионӣ  дар кишвар.

3.Ба  Ватан  баргардонидани гурезагони  иҷборӣ  аз  кишварҳои  дуру  наздик.

  Аз  рӯзи  аввали  роҳбарии худ  Пешвои  миллат  барои  дар  амал  татбиқ  намудани  тамоми ваъдаҳояш, ки аз ҳалли  проблемаҳои  зикргардида бармеоянд, камари  ҳиммат  бастанд. Дар  натиҷаи  андешидани  чорабиниҳои  дахлдор, дар як муддати  кӯтоҳ  фаъолияти  тамоми сохторҳои  қудратӣ  ва  ҳифзӣ  ҳуқуқ – Вазорати  мудофиа, Вазорати  корҳои  дохилӣ, Кумитаи  давлатии амнияти  миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барқарор   ва  мустаҳкам  карда  шуданд. Аз  ҳисоби  ҷузъу  томҳои  боқимондаи  низомӣ, инчунин, фронти  халқӣ  Артиши  миллӣ  таъсис  дода  шуд.  Аввалин  паради  ҳарбии  низомӣ  аллакай  22 феврали  соли  1993  доир  гардид,  ки  он  аз  ташкили Артиши   мустақили  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дарак  дод.  Садҳо  ҷавонон   барои  кор  дар  мақомоти  тоза  таъсис  додашудаи  низомӣ  ва  амниятии  кишвар   сафарбар  карда  шуданд.      

  Дар давоми ҳамин муддат ва солҳои  минбаъда,  сохти  конститутсионӣ  дар кишвар  пурра  барқарор  қарда  шуд. Аввалин  Конститутсия (Сарқонуни  асосӣ) ва дар асоси он Парламенти нави  ду  палатагӣ (Маҷлиси  миллӣ ва Маҷлиси  намояндагон)  таъсис  дода шуд.

  Ҳамзамон, Пешвои миллат ба  масъалаи ба  Ватан  баргардонидани  гурезагони иҷборӣ диққати  зарурӣ  медоданд.  Ба  ҷанги  шаҳрвандии ҷараёндошта  нигоҳ  накарда,  маъракаи  аз  хоки  Афғонистон, ки  беш аз 60  ҳазор  шаҳрвандони  тоҷик  ба он  ҷо  гуреза шуда  буданд, баргардонидани онҳо сурат гирифт. То соли 1996, ки ба давраи  хуруҷи   якуми   ҳаракати  Толибон  рост меомад, аз  Кампи Сахӣ, вилоятҳои Қундуз  ва Тахор   беш  аз  40 ҳазор  гурезаи  иҷборӣ  ба  Ватан  баргаштанд.

  Имрӯз  метавон  хулоса  кард, ки  Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  аз  вартаи  нобудӣ  наҷот  дода,  дар  давоми  30  соли  Истиқлолияти  давлатӣ  онро  ба  як  давлати  мутамаддин  табдил  дод. Бо ин амалҳои ҷавонмардонаи худ дар татбиқи тамоми қарорҳои қабулнамудаи  Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақши  азим  гузошт.        

 

 Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович
ходими илмии шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши
 масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/1333-na-shi-peshvoi-millat-dar-tatbi-i-aror-oi-abulkardai-i-losiyai-16-umi-sh-roi-olii-um-urii-to-ikiston?fbclid=IwAR0fP2KW4ZDaJIhdLsdiXctZLR7yTRRSrrx1bT8S-boJ8lo0P785r1JovMo 
Хондан 766 маротиба