Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 12 Марти 2020 11:04

Наврӯз - ҷашни нуру сафо

Муаллиф: Муродова Тоҷинисо

   Истиқбол ва ҷашни Наврӯз аз суннатҳои қадимтарини мардуми ориёӣ буда, то замони муосир арзишҳои худро гум накардааст ва мардум онро ҳамчун иди суннатӣ ва фарорасии соли нав бо шодмониву сарафрозӣ  дар шаҳру ноҳия ва деҳот бо базму тараб ва пухтупазҳои солинавӣ-баҳорӣ барои баракату фаровонӣ ва нуру сафо овардан ҷашн мегирифтанд.  Имрӯз ба туфайли Истиқлолияти миллӣ маросимоти Наврӯзӣ зеботару бошукӯҳтар мегузарад. Пешвозгирӣ ва ҷашни  Наврӯз  ҳамчун  иди баҳор, иди кишту кор ва заминагузорӣ  барои ҳосили сол, тару тоза намудани чаманзорҳову хиёбону кӯчаҳо, шинондани ниҳолу гулчанбарҳо, коштани сабзиҷот аз расму оинҳои беҳтарини айёми наврӯзӣ ба шумор меравад.

  Дар эҳё ва ҷоннок намудани фарҳангу маросим ва арзишҳои суннатии ниёгонамон, аз он ҷумла Наврӯз хидмати Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Наврӯз дар  фарҳанги халқи тоҷик «…аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад» (Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. -Ҷ.6. -Душанбе, 2006.-С.491).

  Ҷашнгирии Наврӯз боз як бори дигар ба мардуми диёрамон аз маърифату фарҳанг ва маънавиёти воло доштани гузаштаву имрӯзаи мо гувоҳӣ медиҳад, ки ин ҷанбаи тарбиявию омӯзандагӣ дошта, худшиносӣ, ватандӯстӣ, ваҳдату ҳувияти миллии миллат, махсусан ҷавононро огоҳона боло мебарад. Миллате, ки фарҳангу суннат ва анъанаву тамаддуни гузаштаи хешро надонад, наомӯзад ва нашиносад, нобиноеро мемонад дар нимароҳ. Шинохтану омӯхтан ва донистан   аз фазилатҳои ахлоқии инсон буда, нишони эҳтиром ба фарҳангу тамаддун ва суннати ниёгонамон мебошад.    

  Шеъру таронаҳои Наврӯзӣ, ки дар васфи бузургдошти фасли баҳор, омадани соли нави аҷдодӣ ва сарсабзии табиат тавассути мутафаккирону шоирон навишта шудаанд, дар рӯзгори гузаштаву имрӯза дар наврӯзгоҳҳову кӯчаю хиёбонҳо ва дашту саҳроҳо баланд садо медоданд ва имрӯз ҳам садо медиҳанд. Фирдавсии бузургвор дар шоҳасари хеш «Шоҳнома» аз омадани Соли нав - Наврӯз хабар дода менависад:

Сари  соли нав Ҳурмузи фарвадин,

Баросуд аз ранҷ дил, тан зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Бимондаст аз он Хусравон ёдгор.

Мутафаккири барҷастаи халқи тоҷик Сайидои Насафӣ ( асрҳои 17-18) дар яке аз шеърҳои худ фасли Наврӯзро бо мисраъҳои ширину шево тараннум намуда фармудааст:

Фасли Наврӯз аст, меояд ҳавои тозае,

Булбулу гулро шуда баргу навои тозае.

Бар сари афтодагон афтода савдои либос,

Сарв мехоҳад дар ин мавсим қабои тозае….

Дода хуршеди фалак табдил ҷои хешро,

То шавад оинарӯёнро сафои тозае.

 Намоишҳои идонаи мардумӣ ва ҷамъомадҳову сайру гаштҳои Наврӯзӣ аз қадимулайём то ба имрӯз бо шеъру мусиқӣ, оҳангу сурудҳо, рақсу бозиҳо, гуштингириву аспдавониҳо ва шодию фараҳмандӣ идома ёфтааст. Агар назаре ба таърих афканем, ҷашну тантанаҳои Наврӯзӣ дар замони Сосониён хеле боҳашамату тантанавор пешвоз гирифта мешуд. Дар даврони Сосониён мусиқӣ дар айёми ҷашни Наврӯзӣ мақоми хосе дошт, ки намояндаи махсусе барои он таъин менамуданд ва Ардашери Бобакон сарвари  гурӯҳи мусиқидонон буд, ки ӯро дар сафи табақаи писандидагон ҷой дода, навозандагонро бар ҳамаи табақот муқаддам мешумориданд.

 Созу дастгоҳҳои мусиқие, ки дар ҷашнҳои Наврӯзӣ, дар замони Сосониён мавриди истифода қарор мегирифтанд аз чанг, тор, уд, рубоб, танбӯр, сетор, най, шайпур ва ғайраҳо иборат буд.

 Навохтани оҳангу сурудҳои суннатӣ-маҳаллӣ, табрику муборакбодии омадани Соли нав–Наврӯз ба ёру дӯстон, наздикон ва хешовандон тавассути мусиқинавозону Наврӯзхонон айёми Наврӯзиро боз ҳам дилкашу ботароват ва зебо мегардонад ва ба қалбу рӯҳи  одамон умеди зиндагии хушу шодкомӣ, баракату раҳмат, муҳаббату садоқат ва ваҳдату ягонагиро ҷо медиҳад.

  Аз ҳама муҳимаш он аст, ки субҳи рӯзи аввали Наврӯз яке аз фаъолони Ҷашни Наврӯзӣ бо карнаю қироати шеърҳои идона бо садои нарму латиф аз омадани баҳор–Соли нав, Наврӯзи хушқадам хабар медиҳад ва мардум бо як ҳаяҷону шавқмандӣ ба кӯчаву хиёбонҳо мебароянд ва аз Наврӯз истиқбол мекунанд.

 Дар айёми Наврӯзӣ хурду калонсолон бо сари либосҳои тозаву нав ва рангоранг ба берун ва чаману даштҳо баромада, сайругашти сабзаву лола, гулгаштҳо ва хиёбону кӯчаҳои идона ва дашту заминҳои корам мекунанд.  Деҳқонон бошанд дар ин айём ҳар чи бештар ба кишту кошт машғул мешаванд. Гурӯҳи мардум, махсусан ҷавонон ба тозакунии ҷӯйбору каналҳо ва шинондани ниҳолҳо машғул мегарданд, ки ин манзараҳо ба машоми кас бӯи тару тозагӣ ва покиву озодагӣ мерасонад.

 Рӯзҳои ҷашн бисёриҳо дар назди ҳавлиҳо ва даштҳо дегҳои суманаку далда, ошу омочҳои суннатӣ ва дигар пухтаниҳои хешро гузошта, атрофро аз бӯи хушу лаззатбахши ин неъматҳо муаттар месозанд.  Дар шаҳрҳо бошад, суфраҳои Наврӯзӣ бо таому пухтупазҳои суннатӣ, сабзиҷоти баҳорӣ ва шарбатҳои мевагӣ ва ғайраҳо омода мешавад.

 Анъанаву маросимҳои Наврӯзӣ, махсусан дар зарфҳо коштани гандум ва аз он сабза рӯёндан, паҳн намудани суфраи ҳафт син ва ё ҳафт шин ҳамчун рамзи баҳор ва сабзу хуррамии зиндагӣ ба мардум боз як рӯҳия ва умед ба имрӯзу фардо бахшида, қалбҳоро пур аз орзую омоли нек мегардонад. Ба ин муносибат Сайидои бузургвор фармудааст:   

Метавон донист, ҳамчун шишаи май, Сайидо,

Дар дили ҳар кас, ки бошад муддаои тозае.

  Дар айёми Наврӯз ба этикаю эстетика ва беҳдоштӣ риоят намудан низ аз шартҳои муҳими ҷашнӣ Наврӯз мебошад, яъне  риоят намудани ахлоқи суннатии идона ва покиву тозагии  гуфтору рафтор ва ҷисму рӯҳ аз арзишҳои муҳимтарин ва беҳтарин андешаҳо дар ҳикмати Наврӯз мебошад. Дар ҳақиқат, дар омад-омади ҷашни Наврӯз шустушую поксозии бадан, либосҳои тоза ба бар кардан, хонаву ҳавлӣ ва боғу боғчаҳои назди ҳавлигиро тозаву обод намудан низ аз оинҳои зарурии ҷашнгирии Наврӯз барои ҳар як хонадони солим аст. Аз ин ҷо, бо муҳаббат, бо ишқ ва бо ихлосу эътиқод истиқбол намудани ҷашни Наврӯз барои боло гирифтани фазилатҳои ахлоқии мардум кумак мекунад. Аз тарафи дигар, муносибати инсон ба табиат ва неъматҳои он афзоиш ёфта, боиси пешрафт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, маънавӣ ва табиатдӯстии ӯ мегардад.

  Дар бораи моҳияти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ доштани ҷашни Наврӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст» (Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. -Ҷ.6. -Душанбе, 2006.-С.491).

  Бо таваҷҷуҳ ба ин, мутмаинем, ки Наврӯзи имсоларо мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳусни ният ва ихлоси самимият истиқбол мегиранд. Иштироки фаъол дар маросимоти Наврӯзӣ аз рӯҳияи баланди мардумӣ дарак медиҳад ва ин ҷашни бузурги аҷдодиро  шукӯҳмандтар месозад.

 Муродова Тоҷинисо

номзади илмҳои фалсафа

 

 

 

 

 

 

Хондан 1261 маротиба