Нусхаи чопи
Шанбе, 20 Марти 2021 04:25

Наврӯзи Ҷамшедӣ – пайки хирадмадорӣ (паёми шодбошӣ)

Муаллиф:

Наврӯз, ки ҷашни ҳамсипосӣ бошад,

Дар силсилаи русум асосӣ бошад,

  Ҷашне, ки на динӣ, на сиёсӣ бошад,

   Дар сархатти ҷадвали қиёсӣ бошад,

Чун зубдаи осори ҳамосӣ бошад,

      Фарҳанги шукӯҳу худшиносӣ бошад!

  Наврӯзи Ҷамшедӣ дар ҳамбастагӣ бо баҳори Хуршедӣ ба сарзамини мо қадам ранҷа фармуда, фазою муҳити наврӯзию баҳориро бароямон ҳадя месозад. Асотири паҳлавӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед  ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Ақвоми ориёӣ аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми манотиқи гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли офтоб, борон, оташ, хоку бод даст заданд. Дар қолаби тафаккури устурии онҳо ашёи табиӣ ё ба истилоҳ, воқеӣ ҷойгоҳи вижа дошт. 

   Ин буд, ки ҳангоми муколамаи Аҳурамаздо бо Ҷамшеди Пешдодӣ дар фаргарди дуюми «Вандидод»-и «Авасто» Шаҳриёри Ориёӣ  аз Аҳурамаздо танҳо Заминро хостор мегардад ва сохтмони биҳишти рӯйи заминро бо таҷлили Наврӯз шурӯъ мекунад. Бар мабнои он,  Наврӯз ҷашни пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, воқеият бар мовароуттабиат, рӯшанӣ бар торикӣ ва ҳувият бар беҳувиятист. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз номи Зиндагӣ ва пирӯзии Зиндагӣ бар Нозиндагист. Наврӯз бо омадани худ зиндагиро бар марг тарҷеҳ медиҳад ва ҳукумати ҳастӣ бар нестӣ пирӯз мешавад. Ба ин маънӣ фармудаанд:

 Ин ки номи Зиндагӣ Наврӯз шуд,

Зинда бар Нозиндагӣ пирӯз шуд.

  Дар асотири марбут ба Наврӯзу Ҷамшед бемаргӣ ва тасаллути инсонӣ бар нестӣ аз авлавиятҳои хосса маҳсуб меёбад. Фирдавсӣ дар абёти 56-58-и Достони Ҷамшед ҷаҳони Наврӯзии Ҷамшедиро, ки орӣ аз дарду ранҷу беморию пирӣ будааст, чунин тасвир намудааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон пур зи овою нӯш.

  Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, киштукори баҳорӣ, кашоварзию заҳматдӯстӣ ва билохира тавозун ва таодули зиндагист. Чун мардум, табиатан, аз сардию сармои тӯлонӣ ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва хуршедро ба унвони эҳёи зиндагии нав дар қолаби Наврӯз ҷашн мегиранд ва аз зиндони торикию ҷаҳолат раҳиданро фоли нек дониста, таври худогоҳ ва нохудогоҳ бад-ин мазмун садо дармедиҳанд:

Сардӣ гузашту гармии деринтизор расид,

Дайфасли зиндагӣ ба сар омад , баҳор расид.

Зиндони ҷаҳлро бираҳону биё, кунун,

К-айёми ақли мардуми худихтиёр расид.

 

  Наврӯз ҷашни созандагӣ, офарандагӣ, ва ҳувиятсозист ва аслан, бо ҷаҳлу нодонӣ даргир аст. Чун Ҷамшеди пешдодӣ бо илму хиради зинда мусаллаҳ буд, рӯзи хирадсолориро Наврӯз унвон карда, ба сифати ҷашни ҳамагир ва фарогир миёни мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоӣ интишор дод. Ҷамшед оварандаи Наврӯз ва ситоишгари хиради инсонист, кинахустин маротиба фазои ҳамбастагӣ, ҳамгиройӣ ва баҳамоии мардумиро новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, миллӣ, нажодӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, қавмӣ, табақотӣ-каставӣ заминагузорӣ карда буд ва ҳамин иқдоми наҷибона ва инсонсолорона умри Наврӯзро бардавом сохта, аз маҳдудаю марзҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ гузаронида, то ба замони мо овардааст. Махсусияти калидии Наврӯз ба сифати ҷашни фарогир ва ҳамагир дар воқеиятгаройӣ, инсонсозӣ ва таъйини таодул ва баробарӣ миёни инсонҳо зоҳир мегардад ва ин вижагӣ тайи асрҳои мутамодӣ ойини миллиро на танҳо тарк накард, балки таҳкиму тадовум бахшид. Ин аст, ки Наврӯз пайванди наслҳои инсониро дар имтидоди тӯлонии замонӣ нигаҳ дошта, ин риштаро, бо ҷаҳонӣ шуданаш ба дарозо мекашад ва ҷуғрофиёи ҷаҳонӣ ва башариро  тасаллут мекунад.

 Айёми наврӯзӣ ва баҳорӣ замони бедоршавӣ, эҳёи табиат, эҳсос, отифат ва фикру андешаи инсонҳост. Воқеан, замони фарорасии Наврӯз як навъ гармония ё симфонияи табиӣ дар олами вуҷудӣ ба амал меояд. Маҳз ҳамин ҳолат ва вазъи хуби равонӣ (настроение) аст, ки мардум вуҷуди худро аз ғаму ғусса, кину адоват, бадию бадандешӣ, зулму ситам, ҷаҳлу разолат пок намуда, танҳо аз покии вуҷуд ва андеша дам мезананд ва ин гуна фазоро то Наврӯзи дигар ба якдигар орзу мекунанд:    

Наврӯз даррасиду ғам аз дил бурун шавад,

Шодии мардумӣ ҳамагонӣ фузун шавад,

Аз покии вуҷуд бигӯ з-он, ки бугумон,

Нопокию палидию дун сарнагун шавад.

   Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи фурӯзанда ба шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, сиҳатию тандурустӣ, тавонмандию эҷодкорӣ, муваффақияту бурдборӣ, бахту саодати хонаводагӣ, самимияту илтифоти ҳамагонӣ, дили шод, хандаю шӯхтабъии баҳорӣ, табъи болида, ҳолати рӯҳии наврӯзӣ таманно менамоем. Бошад, ки оромишу амният, сулҳу субот, хираду мантиқи зинда фазои Тоҷикистони соҳибистиқлолро мувозибат ва муроқибат кунад ва бо шинохти фарҳанги воқеъгароёнаи наврӯзӣ мардуми тоҷик мақому мартабаи демократизми башарӣ --- худгардонии миллӣ ва ниҳоятан, хирад ва фазилати ҷамъиро касб намуда, тамаддуни бумиро, ки аз воқеияти таърихӣ бархӯрдор аст, дар миқёси байналмилалӣ ифтихормандона намояндагӣ кунад. Таманниёти идонаи худро ба ин ғазалгунаи ҷашнӣ хотима мебахшем:

Соли нав меоварад бас муждаи иқболҳо,

Муждаи иқболи миллат аз карони солҳо.

Баҳри рафъи султаи Афросиёбони замон,

Боз ояд Рустаму Суҳробу Сому Золҳо.

Аз балою аз хатарҳо то барад миллат паноҳ,

Ай хушо, Симурғи мо густурда созад болҳо.

Ай бародар, то нагардад ҷисму рӯҳи мо қавӣ,

Бошад охир бесамар ин ҳарфу қилу қолҳо.

Аз барои дафъи вируси куруно аз ҷаҳон,

Гирад акнун Мири Наврӯзӣ накӯйифолҳо.

Орзуям ин ки тоҷик аз раҳи озодагӣ

Вораҳад аз банди макри зоҳиду абдолҳо.

 

Наврӯзи фархундапай муборак, ҳамватанони гиромӣ!

 

Бо эҳтиром,

аъзои Маҳфили фарҳангии

“Ҷаҳони андеша”

20 марти соли 2021, соати 14:37:27 ба вақти Душанбе

Хондан 1055 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр