Нусхаи чопи
Чоршанбе, 17 Ноябри 2021 04:53

Низоми дунявӣ кафили пешрафт ва ҳуқуқу озодиҳои инсон аст

Муаллиф: И.Шарифзода

   Консититутсияи кишвари мо дарвоқеъ санади сарнавиштсоз ва шиносномаи миллати тоҷик аст. Аз замоне ки ин ҳуҷҷати таърихӣ тавассути райъдиҳии умумихалқӣ қабул гардид, бисту ҳафт сол сипарӣ мегардад. Конститутсияи кишвари мо воқеан санадест, ҳамрадифи рӯзгори давлатдории навини миллати мо, ки он бешубҳа фарогири тамоми дастовардҳои замони истиқлол аст. Зеро қабули ин санади сарнавиштсоз, ки дар лаҳзаҳои ҳасос ва нооромии ҷанги дохилӣ сурат гирифт,тавонист ҳисси  эътимоду боварии халқро ба фардои ободу осудаи худ боз ҳам қавӣ гардидонад ва як гардиши куллиеро дар фазои сиёсиву иҷтимоӣ ба миён овард. Ин санади олии ҳуқуқӣ имкон фароҳам меоварад тартиби ҳокимияти сиёсӣ, шохаҳои ҳокимият, салоҳиятҳои онҳо, меҳвари қудрати иҷтимоӣ ва равобити байни шаҳрвандону ҳокимияти сиёсӣ ҳамчунин тариқаҳои ширкат дар равандҳои сиёсиро муайян месозад. Конисититутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ навъ низом ва сохти давлати тоҷиконро муаяну мушаххас намуд, бар мабнои он давлати мо ҷумҳуриявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягон аст. Ин ҷо мехоҳем бартарияти низоми дунявиро, ки имрӯз бо такя ба он тавонистаанд, кишварҳои ҷаҳон ба пешрафтҳои бузург ноил гарданд, дар чанд нукта шарҳ диҳем.

  Башарият дар тули мавҷудияти хеш кушиш намудааст, то мушкили хешро аз роҳи  ақлу дониш, ҳал намояд. Тамоми офаридаҳои башарӣ маҳсули андеша ва ақлу хиради ӯ ба ҳисоб меравад. Дар шебу фарози таърих инсоният ҳар мушкилеро, ки чи  асли он табиӣ бошад ё иҷтимоӣ фақат аз роҳи чораандешиву хирадгароӣ барои он чораҷӯӣ намуда,  роҳи ҳаллеро пешниҳод намудааст. Яъне бар асоси ин бунёди ҳамаи пешрафт ва созандагиҳои инсонӣ марбут ба ақлу хиради инсонанд. ӯ дар тули ҳазорсолаҳо таҷрибаҳо андӯхта, зина ба зина маърифати ҳақиқиву воқеии ҷаҳонро дарёфтааст. Қобили қайд аст, ки ин раванд дар як замони кӯтоҳ сурат нагирифта, балки ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Муддати мадиде аз рӯи тарс ва нодонӣ иддае аз мушкилро аз роҳи бовармандиву дингароӣ низ ҳал намудааст. Вале агар ба таҳқиқ дарозои таърихи тмаддуни башарро мавриди пажуҳиш қарор диҳем, хоҳем дарёфт, ки хирадгароӣ воқеъияти зиндагӣ ва пешрафту созандагии инсониятро ифода менамояд. Хирадгароӣ чӣ дар заминаи сохтмони офаридаҳои моддии башар ва чӣ дар заминаи офаридаҳои маънавию сиёсии башар инъикос ёфтааст.

  Аз  даврони  нави Аврупо,ки ин марҳиларо иддае аз донишмандон марҳилаи камолоти инсонӣ  ёд мекунанд, аврупоиён бовармандиро аз низоми сиёсӣ баргирифтанд ва онро ба кори фардӣ табдил доданд. Махсусан даврони  равшангарӣ дар Аврупо иддае аз донишмандону мутафаккироне зуҳур намуданд, ки инсону зиндагии инсониро дар меҳвари арзишҳо гузоштанд. Масоили иҷтимоиву сиёсиро аз дидгоҳи арзиши зиндагии инсонӣ матраҳ намуда, меҳвари арзишҳоро аз осмон ба замин оварданд. Яъне ба тарзи дигар идораи ҷомеа ва муносибатҳои иҷтимоиро, ки дар гузашта аз рӯи дастурҳои динӣ ба амал бароварда мешуданд ва меҳвари идоракуниро низоми динӣ ташкил медод, даст кашиданд ва низоми сиёсиро ба асоси хирадгароӣ дар заминаи зарурати иҷтимоӣ қабул намудани меъёрҳову қонунҳо шакли нави ҷомеа, яъне дунявиятро ба миён оварданд. Низоми дунявӣ ки асли онро такя кардан ба илму дониш ва хиради инсонӣ ташкил медиҳад, дар як муддати кӯтоҳ тавонист кишварҳои аврупоиро ба қудратҳои ҷаҳонӣ табдил созад. Ин низом собит намуд, ки инсоният танҳо аз роҳи такя кардан ба ақлу хиради хеш метавонад мушкилоти бунёдии хешро ҳаллу фасл намояд, зеро дар ин низом бартарият ба инсон ва бахусус ба зиндагии дунявии ӯ дода мешавад. Бовару эътиқод бошад кори фардӣ аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад бовару эътиқоди хешро бар гардани дигарон таҳмил созад. Низоми дунявӣ низоми серҳаракат аст ва он ҳамеша дар ҳоли таҳаввул қарор мегирад. Зеро қонунҳои дар он ба тавсиб расида аз рӯи зарурати иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд ва дигар мешаванд. Яъне ин низом низоми динамикӣ ба ҳисоб меравад ва он метавонад ҳамаи пешрафтҳои инсониро дар худ ғунҷонад ва инъикос намояд. Аз тарафи дигар, асли мардумсолорӣ низ метавонад дар ҷомеаи дунявӣ амал кунад. Зеро ҷомеаи дунявӣ аст, ки дар меҳвари он инсон ва зиндагии инсонӣ қарор мегирад ва ҳадафи асосии онро таъмини зиндагии шоистаи инсонҳо ташкил медиҳад. Такягоҳи асосии низоми дунявӣ илму хиради инсон дастовардҳои илмии инсонӣ, замин ва зиндагии ин ҷаҳонист.Ба иборати дигар, инсон дар дарозои ҳазорсолаҳо аз рӯи хиради хеш ба ин натиҷа рвсидааст, ки боястӣ низоми идоракуниро чӣ гуна ба роҳ монд то инсонҳо тавонанд дар он ба саодат бирасанд. Ин низом маҳсули андешаву хирад ва таҷрибаи инсонист.

 Дар низоми теократӣ бошад асли онро донишҳои динӣ тарзи идоракуниашро дастуроти динӣ маркази такягоҳашро осмон, қувваҳои мармузи осмонӣ ва дунёи дигар ташкил медиҳад. Ҳамин ҳадафи низоми теократӣ боиси он мешавад, ки ин низом ҳамеша мухолиф ба хирадгароӣ ва дастовардҳои илмии башар аст. Навгироиро қабул надорад ва ҷомеаи аз лиҳози таѓйирпазирӣ ниҳоят таѓйирот ниҳоят ба кундӣ дар он сурат мегирад. Дар ин навъи ҷомеа инсон ва зиндагии ин ҷаҳонии он чандон муҳим нест ва тамоми воқеъият ва бартарият ба ҷаҳони дигар дода мешавад. Ҳамин аст, ки ҷомеаҳое, ки низоми динӣ доранд ҷомеаи вопасгаро ва саркубгаранд. Чун барои ин навъи ҷомеа ҳар гунна андеша, ки берун аз дидгоҳи динию мазҳабияшон бошад, қобили қабул нест. Дар низоми сиёсии динӣ баробарии инсонҳо аз лиҳози ҷинсият, бовармандӣ ва нажодӣ таъмин карда намешавад. Мардумсолорӣ дар онҳо қобили қабул нест,  зеро ин гунна ҷомеа бештар хусусияти худослорӣ дорад. Ҷомеа дунявӣ бошад бузургтарин дастоварди башарӣ аст ки бо воситаи он  дар як муддати кӯтоҳи замонӣ яъне аз даврони навини Аврупо кишварҳое, ки ба дурустӣ ва ба таври воқеии ин низомро пазируфтаанд, ба як ҷаҳиши бузурге дар маҷмӯъ инсониятро мувоҷеҳ намудаанд. Имрӯз ҳам чунин ба назар мерасад, ки озодиҳои динӣ дар кишварҳое ки низоми дунявӣ доранд, бештар аст аз он кишварҳое ки низоми сиёсиашон динӣ мебошад. Дар низоми сиёсии динӣ бартарияту авзалият ба табақаи махсус яъне табақаи руҳонӣ дода мешавад, ки онҳо худро пайвасткунандаи замину осмон арзёбӣ мекунанд ва тамоми амалу масъулияти хешро аз номи дин ва аркони динӣ анҷом медиҳанд. Барои афзалияти худро нигоҳ доштан ин гуруҳ ҳамеша бар алайҳи хирадгароӣ донишҳои дақиқи илмӣ қарор мегиранд ва монеъи рушди ҷомеаи башарианд. Низои дунявӣ бошад низоми боз аст ва ҳама гунна таҳаввулотро қабул менамояд ва барои пешбурди ҷомеаи инсонӣ танҳо аз роҳи ақлу хирад кор мегирад. Дар шароити феълии ҷаҳон танҳо кишварҳое, ки дорои низоми дунявианд, метавонанд ба пешрафти бемайлон ноил гарданд, мушкилоти хешро аз роҳи омӯзишу пажуҳиш ҳал намоянд ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам созанд. Баръакс ҷомеаҳои бо низоми динӣ ҳамеша дар мухолифат бо мардуми худ ва кишварҳои дигар қарор мегиранд, онҳо ҳамеша дар гирдоби мушкилот ғутаваранд ва сабаби бадбахтии бошандагони кишвари худ ва дигар кишварҳои ҷаҳонанд.

  Низоми омӯзишӣ дар ҷомеаи динсолор, ки бартариятро ба донишҳои динӣ медиҳад боиси он мегардад, ки иддае аз табаъияти ин ҷомеа аз донишҳои илмӣ дур монда, дар онон хурофазадагиву бунёдгароӣ ба вуҷуд ояд. Баръакс, дар кишварҳои низоми дунявӣ омӯзишу парвариш ва фарогирии донишҳо бар асоси дастовардҳои илмии башариянд, ки табаъияти ин кишварҳоро мусаллат бо донишҳои навини илмии башарӣ месозад ва боиси он мегардад, ки ҳамарӯза дар ин навъи кишварҳо ҳазорон ихтирооту фанноварии ҷадид ба миён ояд, ки он боиси пешрафти иқтисоди ин кишварҳо ва дар маҷмӯъ ҳалли мушкилоти башарӣ гардад. Яъне метавон хулоса кард, ки саодати башарӣ танҳо дар низоми дунявӣ аст.

  Ба ҷамъбасту натиҷагирӣ аз нуктаҳои дар боло ишора шуда метавон хулоса намуд, ки низоми дунявӣ низоми хирадсолор ва илман асоснокест, ки дар он меҳвари тамои арзишҳо ва тавсиби қонуну қонунмандиро инсон ва зиндагиву саодатманди дар рӯзгор инсонҳо ташкил медиҳад. Ин низом низоми пуё ва таҳаввулпазирест, ки метавонад ба табиати инсонӣ, ки ҳамеша дар ҳоли таҳаввул аст, мувофиқ бошад ва тамоми ҷанбаҳои гуногуни рӯзгори инсониятро дар худ ғунҷонида, ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъмин намояд. Аз ин рӯ ҳамаи шаҳрвандони муҳтарами кишварамонро зарур аст, ки арзишҳои низоми дунявиро ҳифз намоем ва қонунсолориву қонунпазирӣ ва риояту эҳтироми Конисититутсияи кишвар ва қонунҳои амалкунандаро ба ҷо оварем.

 И.Шарифзода

Хондан 705 маротиба