Нусхаи чопи
Чоршанбе, 06 Январи 2021 04:36

Нодонӣ, ҷаҳл, таассуб...

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Гоҳо инсон сахт шигифтзада мешавад, ки мо дар кадомин қарн ва кадомин навъи ҷомеа ба сар мебарем. Хурофазадагиву таассубандешӣ то ҳаддест, ки ҳеҷ бовар кардан намешавад, бо мардум ва ҷомеае ба сар мебарӣ, ки онҳо дар қарни 21 зиндагӣ доранд. Аз ҳамаи дастовардҳо ва фанновариҳои илмӣ истифода менамоянд, аммо он қадар таассубзадаву хурофотиянд, ки ҳатто таҳаммули одитарин назари илмиро надоранд. Он қадар таассубзадаву хурофотиянд, ки гумон мекунанд, ҷуз боварҳояшон ҳақиқате вуҷуд надорад.

  Ростӣ, чунин вазъ инсонро ба навмедӣ савқ медиҳад ва ба ин андеша меоварад, ки бо ин қадар ҷаҳолату таассуби фарогир ба куҷо хоҳем расид ва дурнамои ин миллат дар баробари пешрафтҳои чашмгири илмии башарӣ чӣ хоҳад шуд?

  Агар заминаи аслии падидоии хурофотро пажуҳиш намоем, хоҳем дарёфт, ки пояи онро нодонӣ ва эҳсоси тарсу ноамнӣ дар баробари чизҳои ношинохта ташкил медиҳад. Дар тӯли таърихи башар, гоҳе ки инсонҳо натавонистаанд аз роҳи ақлу хирад падидаеро тавзеҳ диҳанд, номуайяниву маҷҳулӣ ва шикофе дар донистаҳо ё маърифати одамӣ ба вуҷуд омадааст. Онҳо ночор ба хотири оромиши хотири хеш аз роҳи хиёлу бовар ба ӯ тавзеҳҳои мовароиву қудсӣ додаанд ва ин холигии маърифатии хешро пур кардаанд. Ҳамин аст, ки ҳар қадар ба барбарият меравем, ҳамон қадар афкори хурофотӣ зиёдтар аст ва нодониву ҷаҳл ҳокимият меварзад.

  Бо пешрафти фарояндҳои илмӣ зина ба зина башарият тавонистааст, падидаҳоро аз дидгоҳи илмӣ дарёбад ва воқеияти онҳоро ошкор созад. Ҳамин аст, ки дидгоҳҳои хурофотӣ ва он падидаҳое, ки қаблан ба тарзи хиёлӣ тафсир мешуданд, имрӯз барои онҳо тафсирҳои илмӣ ва воқеӣ вуҷуд дорад ва дигар ҳоҷат нест, ки онҳоро тафсири хиёливу мовароӣ намуд. Раванди омӯзишҳои илмии инсонӣ идома дорад ва пай дар пай муҳити хурофотиро маърифати илмӣ медиҳад ва он сурати ҳавлноку даҳшатангези падидаҳои зиёдеро, ки қаблан инсон дар хиёлоташ офарида буд, аз ҳиҷоб берун мекашад. Мутмаинем, ки дар давраҳои минбаъда илм ба аксари суолот ва он чӣ барои инсоният маҷҳул ва ношинохтаву тавзеҳи хиёлӣ доранд, посухи илмӣ, воқеӣ ва қонеъкунандаро хоҳад иброз намуд.

  Нодонӣ, ҷаҳл, таассуб, хурофот шеваҳои аслии бардасозии асримиёнагианд, ки башариятро дар тӯли қарнҳо дар бехабарӣ ва гирифториву вомондагӣ қарор додаанд. Махсусан чунин шева ба дасти ҳокимони динмеҳварии карни вусто сахт иртибот дорад. Онон ҳамеша барои мардумонро дар зери нуфузи хеш нигоҳ доштан аз нодониву хурофот ва таассуб истифода намудаанд. Зеро дониш ва хирад ҳамеша барои ҳокимони сӯистифодакун аз мардумони хурофатзада мояи тарс ва нигаронӣ аст. Онон фикр мекунанд бо рӯшан шудани уфуқҳои зиндагии инсонӣ аз нури хираду дониш бофтаҳои зеҳниву хаёлиашон, ки саробе беш нестанд ва василаҳои дар хоби роҳат будану дигаронро мавриди истифода қарор додан ҳастанд, беарзиш хоҳанд шуд.

  Яъне, ба таври дигар, дар ҷомеаи инсонӣ мавридҳои зиёдеанд, ки гурӯҳҳои муайян нодониву вобастагиро тарғиб намуда, худро ҳамадону мовароӣ талаққӣ мекунанд ва бо ин роҳ дар ҳалқаи нодонон аз хеш шахсият месозанд ва ба он хусусиёти хосеро интисоб дода ба таври муъҷизаосо пешкаши дигарон мекунанд. Ин гуна ҳолат хурофотро дар ҷомеа тавсеа дода, мардумон мушкил ва масоили пешояндаро на аз назари таҳлилу баррасии воқебинона, балки аз роҳи эҳсос, бовар ва тақлид ва амсоли ин мавриди таҳлил қарор медиҳанд. Чунин ҳолат боиси он мегардад, ки мардумон аз хирадандешӣ фарсахҳо ба дур мемонанд ва муҷиби костагиҳои зиёде дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа гардида, дар маҷмӯъ як ҷомеаи вомонда, таассубзада, гирифтор ва печида ба вуҷуд меояд.

  Вақте нодониву таассуб сар то сари ҷомеаро фаро гирифта, ба як ҳолати маъмулӣ табдил меёбад, ин ҷомеа дигар наслҳои пасини хешро низ дар ҳамин руҳия тарбия мекунад. Яъне таассубзадагиву хурофот ба ҳалқаи пайвастаи байни наслҳо табдил хоҳад ёфт, ки ин вазъ метавонад садсолаҳо ва ҳатто бештар аз он мардумонро дар карахтӣ нигоҳ дорад. Ҷомеаи таассубзадаву хурофотӣ ва нодон ҳеҷ гоҳ барои озодӣ, адолат, зиндагии шоиста ва амсоли ин мубориза намебарад. Зеро ин гуна ҷомеа барномаи мушаххаси рушди хешро надорад. Ҳуккоми ин ҷомеа ҳамеша аз таваккул кор гирифта, сарриштаи ҳамаи умурро ба қазову қадар иртибот медиҳанд ва худро аз баргузидагони илоҳӣ медонанд. Равишҳои тахрибии ин омилҳои боздоранда ба мурури замон рӯҳияи мардумро дучори костиҳои фоҷиаангезе кардаанд.

  Масъулиятгурезӣ, қонунситезӣ, бебарномагӣ, фурсатталабӣ, дурӯғгӯӣ, зоҳирсозӣ, истибдодзадагӣ, мардсолорию занситезӣ бархе аз ин камбудҳои ҷомеаи хурофазадаву таассубпеша мебошанд. Ҳар яке аз ин костиҳо ба танҳоӣ метавонанд боиси табоҳӣ ва шикасту нобудии миллатҳо шавад.

  Бинобар ин, қобили дарк аст, ки дар маҷмӯъ нодонӣ ва таассубу хурофот фоҷиаофарин, боздоранда ва мӯҷиби дармондагии миллат ва мардуми мо дар дарозои таърих то ба ҳоланд.

  Он ҷо ки нодониву ҷаҳолат ва таассуб аст, нотавонӣ ва фақру гуруснагӣ ва муҳтоҷ будани мардум ба бурдаи нон кори маъмулӣ хоҳад буд. Нодон дар худ эҳсоси нотавонӣ ва ноумедӣ дорад. Аз ин ки боястӣ ба неруҳои инсонии хеш такя намояд ва мушкилро ҳал намояд, рӯ ба сӯи неруҳои фаротабиӣ меорад. Ононро тахаюлан ситоишу парастиш намуда, мутмаин мегардад, мушкил ҳал шуданист. Ҷаҳолату нодонӣ намегузорад роҳҳои ақлонии ҳалли мушкил дарёфт гарданд ва табиӣ аст дар ин сурат вуҷуди мушкил аз будаш зиёд ҷилва мекунад ва мардумро вомондаву бадбахт месозад. Нотавониву бадбахтӣ ва нодониву дармондагӣ заминаи хушбовариро барои мардуми бенаво омода месозад.

  Мардумон ҳар қадар гирифтори мушкил ва ранҷу азоб бошанд, ҳамон қадар таассубияту хурофот боло мегирад. Ба ибораи дигар, нодонӣ ва нотавонӣ дар баробари воқеият, бистари нармест барои тавсеаи таассубу хурофот ва динмадории ҷомеа. Бинобар ин, рӯҳоният, ки хешро донишмандони ин навъи ҷомеа меҳисобанд, бо дониши таҷрибавиву хирадгароӣ ва ислоҳот дар ситезанд ва ин ҳолат табиист, ки сабаби кундии рушду тавсияи иқтисодиву беҳбуди вазъи молии мардум мегарданд. Мардумони нодону ноогоҳ ва бехабар аз ҳаққу ҳуқуқи хеш дифоъ карда наметавонанд ва ҳамин аст, ки нобаробариву ноадолатӣ дар ин навъи ҷомеа бедод мекунад. Дар ҷомеаи нобаробар ва беадолат мардумонаш маҷбуранд барои бароварда кардани ниёзҳои аввалаи хеш аз роҳҳои дурӯғ гуфтан, чоплусӣ, ришва додан ва амсоли ин истифода намоянд. Мушкилоти зикргардидаи иҷтимоӣ решаҳои иҷтимоӣ доранд ва дар тӯли солиёни дароз шакл гирифта, рушд намуда, то ба марҳилаи имрӯзӣ расидаанд.

  Роҳи асосии бурунрафт аз ин мушкилӣ огоҳӣ ва шинохти дурусти мушкил аст. Аз тарафи дигар тавсеаи донишу хирадварзӣ ва инсонгароиву мардумсолорӣ. Ҳушёрӣ ва эҳсоси дарди ниёзҳои мардум ва костиҳои ҷомеа боиси бедории инсон ва ташхиси ниёз ба огоҳӣ аст. Огоҳӣ шинохтро ба вуҷуд меоварад ва ин ду омил бо ҳам созандаи нухбагон ва зояндаи масъулияту ҳаракат мебошанд. Ин раванд барои ҳама афроди ҷомеа вуҷуд надорад ва ба худии худ ва ё бевосита низ ба вуҷуд намеояд, балки ниёз ба раҳнамоӣ ва ёрӣ дорад. Ин роҳнамоиву ёрӣ танҳо аз уҳдаи нухбагон бармеояд ва вазифаю масъулияти онон ба мардум ва ҷомеа мебошанд. Ва ҳаминҳоянд, ки зангҳои огоҳонандаи зеҳни одамианд. Зоти худро дар интиқоли огоҳӣ, ногузир меёбанд. Таҳаққуқи иродаи одамӣ дар гарави огоҳӣ аст ва ҳамин огоҳонанд, ки ба интизом ва густариш ва огоҳии дигарон мепардозанд ва ин огоҳӣ аз гунаи шинохт ва огоҳии таърихиву табақотӣ аст.

  Донишу огоҳӣ ва хирадварзӣ қудрат мебахшанд. Қудрат ихтиёр ва озодӣ медиҳад. Инсон бо донистани масоил ва огоҳӣ аз шароит, аз ибҳому торикӣ ба шаффофияту рӯшаноӣ мерасад. Аз қудрати бештаре бархӯрдор ва соҳиби ихтиёру озодӣ мешавад. Ин афроди озоду озодаманишанд, ки миллатҳо ва кишварҳоро дар дарозои таърих ба озодиву истиқлол расонидаанд. Ҷомеаи нодон, хурофазадаву ҷоҳил дорои озодиву истиқлол буда наметавонад, зеро он тавони ақлонии ҳалли мушкилотро дар ихтиёр надорад. Аз ин рӯ, ночор вобастаи фикрӣ, ақидатӣ, равонӣ ва фарҳангиву иқтисодиву сиёсии дигарон аст. Инсон танҳо дар партави шинохту огоҳӣ аз асорати ҷабру тақдир ва боварҳои маҳдуди хеш раҳо мешавад.

  Бузургтарин пешрафтҳои ахлоқиву маънавӣ дар ҷомеаҳои инсонӣ аз огоҳӣ ва донишу хирадварзӣ маншаъ гирифтаанд, боиси ба вуҷуд омадани иддае аз рӯшангарони ақидативу сиёсии ҷомеаи инсонӣ шудаанд. Онҳо тавонистаанд барои расидани ҷомеаҳои хеш ба инсонсолориву мардумсолорӣ мардумонашонро савқ бидиҳанд. Онҳоро ба донишмандиву хирадварзӣ роҳнамун созанд ва натиҷатан ба озодиву истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ бирасонанд. Барои раҳоӣ аз нобаробарӣ, табъизи динӣ, ақидатӣ, нажодӣ, миллӣ ва маҳаллӣ мардумони хешро раҳоӣ бахшанд ва барқарории як ҷомеаи боз, қонунманд, пӯё ва масъулиятпазирро ба вуҷуд оваранд. Онҳо бо интиқод аз тарзи идоракунии асримиёнагӣ, рад карданӣ арзишҳои суннатие, ки монеъи рушданд, тавонистаанд арзишҳои навинро барои ҷомеаҳои хеш ба миён оваранд, то тавонанд барои рушди бемайлони кишварҳояшон заминаи асосиро гузоранд. Ин навъ нухбагони фарҳангиву сиёсӣ тавонистаанд, бо аз худ гузаштан ва зиндагиашонро вақфи тарбияти шаҳрвандони масъул, хирадгаро ва пӯё намудан, барои барпо намудани ҷомеаи муносиб, баробар ва устувор бар арзишҳои инсонӣ кору амали хешро равона созанд. Ҷомеаҳое, ки бошандагони он ба огоҳӣ расидаанд, мушкилоти иҷтимоиашон камтар аст. Зеро онҳо мутмаинанд, ки танҳо аз роҳи илму дониш ва хирад мушкилро метавон ҳал кард.

 Ҳамин аст, ки барои ҳалли ҳар мушкилӣ фаннеро ва тахассусеро муқаррар кардаанд. Онҳо омилу сабаби мушкилро дар худу ҷомеаҳои худ меҷӯянд на аз моваро. Интизор надоранд, ки каси дигаре меояд ва барояшон ҳамаро ислоҳ хоҳад кард. Интизори ҳеҷ муъҷизае нестанд. Муъҷиза танҳо дар амалкадҳои огоҳонаву оқилонаашон аст, на чизи дигаре. Барои ҷомеаи мо низ танҳо аз роҳи огоҳӣ ва хирдварзиву мардумсолорӣ, пайваста мушаххас кардани мушкилоти иҷтимоӣ, сабабу омилҳои он ва роҳҳои воқеӣ-илмии бурунрафт аз ин навъи мушкилу гирифторӣ метавонем онро ба сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш бибарем.

 

Исомиддин Шарифзода

номзади илмҳои фалсафа

http://www.imruz.tj/tj/articles/10665/

Хондан 939 маротиба