Нусхаи чопи
Ҷумъа, 13 Майи 2022 05:47

Ҷомеаи мудерн ва мавқеъгирии миллӣ

Муаллиф: Нусратуллои НАЗАРИЁН

    Ҳар як таҳаввулот дар олами сиёсат, иқтисод ва илму техналогия ба вуҷуд омада ба ҳаёти башари таъсири амиқ гузошта, инсонҳоро баҳри тағийри ҳолат, муносибат ва фарҳанг ҷиҳати мутобиқ шудан ба вазъи нави ба миён омада, водор месозад. Дар заминаи тарақиёти техналогия, шароити наве барои зисту зиндагӣ фароҳам оварда шуд. Инсонҳо барои мутобиқ сохтани тарзи ҳаёту фаъолияти худ ба ин шароит баҳри такмили рафтор, гуфтор, ахлоқ, фарҳанг ва арзишҳои худ мепардозанд. Онҳо ҷиҳати қарор гирифтан дар замони муосир ва ба хотири мудерн шудан на фақат фарҳанг ва сару либоси худро тағийр медиҳанд, балки дар баробари ин муносибат ва афкори худро низ такмил медиҳанд. Нигоҳи ин қабил инсонҳо ба ҷомеа, ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба олами атроф тамоман дигар буда, тафаккури нисбатан нав ва фарқкунандаро доро мебошад. Ба фарқ аз инсонҳои ҷомеаи суннати дар ростои фарҳанг ва эътиқодоти гуногун, таҳамулпазир буда, баъзан дар муносибату муошират аз арзишҳои мухталиф истифода менамоянд.

   Дар ҷомеаи иттилоотӣ, зери таъсири иттилоотҳои гуногун ва бешумор инсонҳои мудерн ташаккул меёбанд. Мафкураи онҳо бо истифода аз маълумоту иттилооти  аз шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои интернетӣ, радиову телевизон ва филму мусиқии миллатҳои гуногун, шакл гирифта, раванди рушду такомул ва инкишофи онҳо дар рӯҳияи ғайри миллӣ  ва ё миллати бегона сурат мегирад.  Онҳо бештар ба тағийроту дигаргуни, кашфиёту навовари, инчунин ба арзишу фарҳанги ҷомеаҳои пешрафта тавваҷӯҳи бештар дошта, қолаби ҷомеаи суннатиро шикастан мехоҳанд. Кӯшиши такмили фарҳанг ва одатҳоро намуда, назди худ  мақсад мегузоранд то аз тарзу воситаҳои муфид ва судманд, аз ҳама муҳим аз арзишҳои фарҳангии мутобиқ ба замони муосир истифода намоянд. Дар ҷомеаи иттилоотӣ, ки фарогири инсонҳои мудерн мебошад, фарҳанги миллӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва ҳатто афкори эътиқоди  дар баробари оила, таввасути воситаҳои интернету итталоот ба мафкураи инсонҳо таҳмил мегардад. Дар натиҷа онҳо аз доираи ҷомеаи суннати берун омада аз фарҳанг ва арзишҳои ба худ мувофиқу муносиб ва ба андешаву афкори худ наздикро интихоб менамоянд. Мисли оне, ки тасмим бигиранд дар шароити нав аз кадом хӯрокҳои муосиру муфид истеъмол намоянд ва аз кадом навъи маҳсулоти анъанавӣ даст бикашанд. Яъне фарҳангу арзишҳо мисли маҳсулот дар назди инсонҳо қарор мегирад.

  Дар заминаи рушди тамаддуни инсонӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ муайян намудани мавқеӣ миллат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ душвор гашта, доираи нуфузи фарҳангу арзишҳои миллӣ маҳдуд мегардад. Зеро зери таъсири ҷомеаи иттилоотӣ иниститутсҳои тавлидкунандаи фарҳангу арзишҳо пайдо гаштааст, ки дар пайи тағийри арзишҳои миллатҳо решаи таърихии онҳоро мехушконанд. Бақои миллат ва ҳифзи фарҳанг  ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз ҷумла, сиёсат ва иқтисод вобастагии бештар дорад ва ҳангоми таҳаввулот дар ин самтҳо зарурати боздиди мавқеи миллат ва фарҳангу арзишҳои миллӣ дар замони муосир ба миён меояд. Ин тағиротҳо, ки дар ҷомеаи иттилоотӣ ба вуқӯъ пайваста давлатҳои миллиро фарогир мешаванд дар самти зеҳниятсозӣ ба хотири бақои миллат ва ҳифзи ваҳдату ҳамбасатгӣ мушкилот эҷод месозад. Дар заминаи рушди илм ва техналогия, оянда ба ҳаёти имрӯзаи мо таъсир мегузорад. Зери ин таъсир нақши таърих ва гузашта дар ҳаёти имрӯзаи миллатҳо маҳдуд мегардад. Баҳри зеҳниятсози лозим меояд то дар баробари истифода аз дастовардҳои таърихи дар ин самт аз равандҳои рушдманди имрӯза ва иникоси натиҷаҳои хуби он дар оянда ба таври воқеъбинона, истифода намуд. Мафкураи миллӣ дар баробари дастовардҳои таърихӣ, бояд бо абзор ва масоилҳое сохта шаванд, ки дар ҳоли ҳозир вуҷуд доранд ва натиҷаи талошу заҳмати миллат ба ҳисоб рафта онҳоро дидан ва эҳсос намудан мумкин аст.  Яъне дар баробари ташаккули ҳисси миллӣ аз таърихи бою ғании миллат, бояд эҳсоси хӯшбахти ва ифтихорманди аз имрӯзи миллат бо бунёди кафолатҳои махсус эҳё карда шавад. Ин талабот мувофиқ ба завқи инсонҳои муосир буда, ҷиҳати ҳифзи ҳувияту ҳайсияти миллии онҳо амри зарури мебошад.

   Миллат ба таври воқеӣ гурӯҳи одамоне мебошанд, ки бо фарҳангӣ махсус тарзи зисту зиндагии худро шакл додаанд, ки ин шаклгири ба вазъи иқтисодӣ ва мавқеи ҷуғрофии онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ ҳангоми таъғири вазъи иқтисодӣ ва иваз намудани макони зист, бо мурури замон фарҳанг низ иваз гашта, инсон зери таъсири муҳити атроф аз нав шакл мегирад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки миллат на махсусияти инсонҳост, балки як шакли шуур аст ва аз фарҳанг ҳосил гаштааст. Ба ҳамин хотир фарҳангро ҳастии миллат меноманд. Пас, мансубият ба ҳар фарҳанге ин мансубият ба миллат аст, чи гуна ки махсусияти ҳар фарҳанге вобаста ба миллат аст. Фарҳанги миллӣ ин низоми махсусе мебошад, ки зери таъсири он гурӯҳи муайяни одамон зиндагӣ мекунанд ва ин низом метавонад фарогири дилхоҳ гӯруҳи одамон бошад. Ба ҳамин хотир миллат ин махсусиятест, ки аз фарҳанг пайдо гаштааст ва фарҳанг бошад маҳсули зеҳни гӯруҳе аз одамон аст. Вобастагии инсонҳо ба фарҳанг аз мансубияти миллӣ сарчашма намегирад, зеро инсон бо таффакури миллӣ таввалуд намегардад. Вобастагии инсонҳо ба фарҳанг ҷамбаи иқтисодӣ дорад ва дар навбати дуввум вабаста ба табъу завқи инсонҳост ва онҳо худ ин низомро интихоб ва эҷод  менамоянд. Фарҳанге ки бо истифода аз иқтидори иқтисодӣ рушд менамояд, хусусияти глобалиро касб хоҳад кард. Ташаккули фарҳанги ягонаи глобалӣ, махсусиятҳои фарқкунандаи инсонҳоро аз лиҳози мансубияти миллӣ аз миён хоҳад бурд. Ин раванд ба ташаккули ҷараёни дубораи миллигарои боис гаштааст ва миллатҳо кӯшиш менамоянд то аз лиҳози дастовардаҳои таърихӣ мавқеъ пайдо намуда нуфӯзи таърихии худро бозпас гардонанд.

   Ҳамин тариқ, миллигароӣ ҳамчун як идеалогияи пайвандсозандаи андӯхтаҳои таърихи гузаштаи миллатҳо ба воқеияти имрӯз баромад намуда, бо фарҳанги тули асрҳо ташаккул ёфта, тарзи зисту зиндагии инсонҳоро шакл медиҳанд. Имрӯз миллатҳо ба воқеиятҳои таърихӣ аз дидгоҳи эҳсоси миллӣ назар меафкананд дар ҳоле, ки ҳангоми ба вуқуъ пайвастани он ҳодисаву воқиятҳо ҷойгоҳ ва мансубияти миллӣ муҳим набудааст. Ба сифати як меъёри муайянсозандаи воқеият истифода намудани андешаҳои миллӣ на танҳо воқеиятҳои таърихро норавшан сохтааст, балки муҳтавои баъзе онҳоро тағийр додаанд. Дар чунин як фазои мураккаб, таърих на танҳо мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегирад, балки таърихи гузаштаи башарият бо назардошти манфиатҳои имрӯзаи миллатҳо бофтаву сохта мешаванд. Ҳар як ҷаҳиши технологӣ ва тарақиёти тамаддуни инсонӣ тағироти амиқеро дар пай дорад. Тағийрот дар сиёсат, дар муносибат, дар фарҳанг ва ҳатто дар мазмун ва муҳтавои китобҳои таърихӣ, ки иникосгари ҳаёти гузаштаи миллатҳо мебошанд. Ба ҳамин хотир ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои таърихии як миллат, қаҳрамонҳои гузаштаи онро, ки дар дохили китобҳо ба хоби абад маҳкум гаштаанд ва насли ҷадид онҳоро намешиносад, бояд бедор сохт. Ва бо истифода аз имкониятҳои техникии ҷомеаи иттилоотӣ онҳоро дар шакли воқеӣ тасвир ва муаррифӣ намуд. Чун тарақиёти техналогия тавваҷӯҳи инсонҳо ба вижа насли наврасро нисбати китоб коҳиш додааст. Аз ин рӯ лозим аст, бо истифода аз дастовардҳои технологӣ таърихи гузаштаи миллатро аз саҳифаҳои китоб ба олами воқеӣ интиқол дод. Яъне имрӯз таърихро бо маҳфуз доштан дар саҳифаҳои китоб наметавон ҳифз намуд, балки таърихро ба таври воқеӣ ва бо истифода аз санъати филмофари ва дигар унсурҳои иттилоотӣ тасвир ва ба ҷаҳониён муарифи намуд. Имрӯз қаҳрамони идеалии наврасон на қаҳрамонҳои миллӣ, балки қаҳрамони филмҳои хориҷи мебошанд. Танҳо  дар сурати самаранок истифода намудани дастовардҳои техникии замони муосир ҷойи чунин қаҳрамонҳоро қаҳрамонони миллӣ гирифта, дар зеҳни наврасон нақш мебанданд ва дар ин замина тафаккури миллӣ рушд менамояд. Имрӯз мафкураи инсонҳо зери таъсири воситаҳои иттилоттӣ шакл мегирад ва  истифодаи ин абзор баҳри ташаккули идеалогияи миллӣ ниҳоят муҳим  мебошад.

Нусратуллои НАЗАРИЁН

Хондан 997 маротиба