Нусхаи чопи
Сешанбе, 13 Апрели 2021 08:05

Ормонҳои миллӣ ва давлати дунявӣ

Муаллиф: Н. Нуров

  Дар ташаккул ва таҳаввули андешаи миллӣ ва афкори сиёсии мардуми тоҷик ормонҳои бостонии миллӣ, ки дар бовару асотири қадимӣ таҷассум ёфтаанд, ҷойгоҳи вижа доранд. Гузашта аз ин, тайи таърихи тӯлонӣ бовару ормонҳои мардумӣ ва миллӣ дар созмон ёфтани тахайюл ва тафаккури эҷодию воқеӣ-реалистии ақвоми иронитабор, аз ҷумла мардуми тоҷик саҳим буда, ҷараёни рушду тавсеаи биниши миллӣ ва сиёсиро таҳкиму тақвият бахшидаанд. Таҷрибаи башарӣ собит сохтааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ва миллӣ ҳамеша бар мабнои беҳтарин ормонҳои мардумӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллиятҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъйин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми форсу тоҷик ҳам дар имтидоди тӯлонии замонӣ аз решаву асолати худ – бовару асотири бостонӣ фарҳанг ва маънавиёт дуруст карда, дар арсаи сиёсат ва фарҳанги инсонӣ қадамҳои устувор бардоштааст.

  Мардуми форсу тоҷик бо ормонҳои давлатдорӣ, ки реша дар асотиру боварҳои бостонӣ доштаанд,  ба арсаи сиёсат ва императорӣ қадам ниҳод ва барои заминагузорӣ ва роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои давлатҳои миллӣ ва дунявӣ беҳтарин бовару асотир бофту пардохт, ки дар сохтмони давлатҳои минбаъдаи дунявӣ ба сифати манбаи зарурӣ хидмат намуд. Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири паҳлавӣ ва манобеи асримиёнагӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистаанд (ниг.: Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то  замони Фирдавсӣ. –Душанбе, 2012. -С388-389). Барои намуна, метавон аз устураи Ҷамшед ба унвони мафкураи давлатдории миллӣ ёдовар шуд, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Хатти марказии фарҳанг ва сиёсати миллӣ дар симои шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед чарх мезанад ва асотири асримиёнаи паҳлавӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ на фарраи паёмбарӣ, балки фарраи шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва онро ободу зебо сохтанро меъёр ва шеваи зиндагии худ талаққӣ карда, дар татбиқи он калидғоя кӯшидааст(таваҷҷуҳ шавад ба: Баҳор Меҳрдод. Аз устура то таърих. Гирдоваранда ва виростор Абулқосим Исмоилпур. Теҳрон, 1384. -С. 360).  

  Бовардоштҳои фарҳангӣ ва сиёсие, ки ба шахсияти Ҷамшеди Пешдодӣ иртибот доранд, бар мабнои хирад ва андешаи секулорӣ (дунявӣ) созмон ёфтаанд. Мувофиқи боварҳои ҷамшедӣ, инсон дар користони хирад бо мушкилоти гуногун ва фаҷоеъи рӯзафзуни рӯзгор даргир шуда, бо ҳунарварию офаринандагӣ давлат ва ҷомеа месозад. Агар ҷойгоҳ ва мақоми хирад дар сохтмони давлатсозӣ ва дунявигаройӣ пойин рафт, ҷаҳолати иҷтимоӣ ҳамчун рӯйкарди даҳшатбор механизмҳои рушди ҷомеаро хароб сохта, боиси ташаннуҷи вазъ ва саранҷом шикасти бофтҳои иҷтимоӣ  мегардад. Ба сухани дигар, замоне  ки хирад аз сохтани биҳишт дар рӯйи замин даст мекашад, ба қавли ҷомеашиноси олмонӣ Макс Вебер, «ба фикри сохтану густурдани адёне меафтад, ки инсонро бояд аз гетӣ наҷот бидиҳад» (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Шоҳнома ва мо. Дафтари нахуст. Ландан, бидуни соли нашр. -С.23) ва ин ҷост, ки таҳдиди хатар дар самти идеология ва сиёсати миллӣ таҳаққуқ пайдо мекунад.

        Дар асотири бостонии миллӣ масъалаи давлатсозӣ ва нақши мардум дар сохтмони давлати мардумӣ хотирнишон шуда, бад-ин тариқ низоми сиёсии ҷаҳони инсонӣ, ки дар асоси меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфтааст, матраҳ гардидааст. Дар он ҳар дине, ҳар миллате, ҳар роҳбаре, ки ба мардуми ҷаҳон меҳр меварзад ва мардуми ҷаҳон ин меҳрварзиро бо таҷриботи мустақими худ дармеёбанд, ӯро бармегузинанд ва ҳар гоҳ, ки даст аз меҳр бармекашад, тӯмори баргузидагиаш барчида мешавад (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Густохӣ дар гусастан. Аз гусастагони густох. Ландан: Курмали Пресс, 1996. –С.50).                  Дар замони давлатдории Куруши Кабир ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд. Бар асоси ормонҳои миллӣ ва далатдории ҷамшедӣ нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз милод эълом  ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 милодӣ, пас аз даргузашти 2507 сол баъд аз судури фармони мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд (ниг.: Ҳушанг Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Эрони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.209). Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки барои сарнагун кардани истибдоди шоҳи Бобул мардуми Бобул Курушро даъват мекунанд. Баъди озод намудани мардуми Бобул Куруш Маншур ё ба истилоҳи имрӯза Эъломия мунташир мекунад. Дар Маншури худ, қабл аз ҳама, ба масъалаи озодӣ ва бавежа, озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ ва дунявӣ маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳ менамояд ва ба ин тартиб доварӣ мекунад: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагзоштам ранҷу озоре  ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд…ба тирабахтиҳои онон поён бахшидам. Ман бардадориро барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд» (ниг.: Ҳушанг, Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Эрони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.217). Мардонагӣ ва шарофати Курушро дар бандҳои 32 ва 34 - и Маншур (Эъломия)-и Куруши Кабир тариқи зайл мушоҳида мехонем: «Фармон додам ҳамаи ниёишгоҳҳое, ки баста буданд, бигшоянд». «Ба ниёишгоҳҳои худашон бозгардондам» (Таваҷҷуҳ шавад ба:  Ҳушанг, Толеъ. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Эрони куҳан. –Теҳрон, 1382. –С.218). Ин саховатмандӣ, мардонагӣ, родмардӣ ва инсонияти ӯро дида, мардуми Бобул ба ӯ унвони «Шоҳи Бобул», «Шоҳи сарзаминҳо»-ро додаанд. Куруш бар маросими иди Наврӯз ба суннати деринаи подшоҳони Бобул, дасти  Bel (Баал) – Худои бузурги бобулиёнро ламс мекунад ва қонунан ва шаръан дар шумори подшоҳони Бобул дармеояд. Куруш он ҷо сиёсати родмардӣ ва инсондӯстии худро ба намоиш мегузорад ва фармони аз асорат озод кардани яҳудиёнро содир мекунад. Ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба сарзамини хеш бозгашта, маъбади Байтулмуқаддасро ба ҳамон сурати пешазвайронӣ бозсозӣ кунанд. Тамоми зарфҳои тилло ва нуқрае, ки аз яҳудиён гирифта буданд, ба онҳо бозгардонда мешаванд (ниг.: Гиршман, Роман. Таърихи Эрон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурӯзӣ. –Теҳрон: Ҷомӣ, 1379. –С122).

   Дар замони давлатдории миллии Сосониёну Сомониён низ анъана ва суннатҳои деринаи давлатдорӣ, ки аз ормону боварҳои қадимаи бумӣ сарчашма мегирифтанд, идома ёфтанд. Махсусан, замони салтанати Сомониён забони миллӣ, ки пойдевори фарҳанги бумӣ ва мардумӣ маҳсуб меёбад, таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад-ин тариқа, дар бедории фикрию сиёсии ҷомеа ҷиддан саҳм мегузоштанд. Дар он замон доираи нуфузи забони арабӣ, ки ба унвони забони дину диёнат ва илму фарҳанг муаррифӣ шуда буд, ҳадафмандона маҳдуд  гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни  Нӯҳи Сомонӣ ( 961- 984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони миллӣ тарҷума гардид (ниг.: Малоирӣ, М. Таърих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1372. –С.138). Зубдаи аҳли илм ва тақвои замони Сомониён бар мабнои ривоёти шаръӣ собит намуданд, ки « забони биҳиштиён форсӣ аст… ва забонест, ки барои нахустин бор бо он забон  бо Парвардигор сухан гуфта шудааст» (ниг.: Толеъ, Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Эрони куҳан.Теҳрон, 1383. –С. 252- 253). Ин ҷуръат ва ҷасорати арзанда дар бедории фикрии ҷомеаи асри Х хеле муассир буда, раванди таҳаввули мафкураи миллиро таҳким бахшидааст.

   Бояд тазаккур дод, ки бар асоси ормонҳои миллӣ ва бовардоштҳои мазмуни дунявидошта  дар шароити нави таърихӣ (манзур давраи Истиқлолияти давлатӣ аст)  мардуми тоҷик довталабона сарнавишти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангию иҷтимоии худро ба модели нави давлати миллӣ ва низоми дунявӣ  иртибот дод. Он чи ки милоки ормонҳои миллии бостониро ташкил медод, қабл аз ҳама, дар Конститутсияи миллӣ инъикос ёфтааст. Муқаддимаи Конститутсияи миллӣ (Моддаи 1-и Конститутсия) ин калидғояро дар шакли зайл таъкид мекунад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

   Хушбахтона, давлати миллӣ имрӯз ҳам аз ормонҳои бостонии миллӣ дифоъ мекунад ва дар роҳандозӣ намудани сиёсати давлатӣ аз онҳо васеъ истифода мебарад. Манзараи имрӯзаи ҳаводиси ҷаҳонӣ, ки бо даргириҳои мусаллаҳона ва ғайриинсонӣ (мафкураи ифротии динӣ-мазҳабӣ, хусусан, исломӣ бунмояи таҳрикоти мухталиф дар асри ҳозир гардидааст) ба назар мерасад, авзои ҷавомеи башариро ноҷур карда истодааст ва ин ҳолат давлатро муваззаф месозад, ки роҳҳои оптималии ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, динӣ-мазҳабиро ҷустуҷӯ ва дарёфт намояд. Вобаста ба ноҷур шудани вазъияти сиёсии ҷаҳонӣ, ҳанӯз соли 2004 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буд: «Давлат ҳақ дорад монеи ҳуқуқии ҳар гуна сӯистифода аз дин аз ҷониби ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротии дохиливу байналмилалӣ гардад. Бахусус, ки имрӯз фаъолияти харобиовари онҳо хатару таҳдидҳои ҷиддиро ба миён оварда, хусусияти глобалӣ пайдо кардааст… Мо ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он шароити мусоид фароҳам овардем, то ин ки дар ҷомеаи мо демократия  реша давонда, самара диҳад» (ниг.: Раҳмонов Эмомалӣ. Дар бораи дин. –Душанбе, 2006. –С.198). Таъкидоти Президенти кишвар ҳам дар асоси ормонҳои миллӣ сурат бастаанд. Гузашта аз ин, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсие, ки имрӯз рӯйи аксари ҷавомеи мусулмонӣ рехтаанд, муколимоти миллӣ ва тафоҳуми мардумиро, ки мубтанӣ бар хираданд, тақозо менамоянд.  

   Хулоса, ормонҳои миллии мо, ки бар пояи хирад ва ҳунари инсонӣ сохта шудаанд, на танҳо дар таҳкиму тақвият ёфтани раванди давлатсозии миллӣ ва низоми дунявӣ мусоидат мекунанд, балки дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва глобалӣ муассиранд. Давлати миллии тоҷикӣ, воқеан, бар ормон ва бовару асотири бостонӣ арҷ мегузорад, зеро маҳз бар асоси онҳо ҳувияту ҳайсияти миллӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷост, ки тоҷик тавассути мушаххасоти ҳувиятӣ, ки аз ҳикмат ва маниши секулорӣ (дунявӣ) таркиб ёфтааст, имрӯз дар майдони давлатдории миллӣ ҷавлон мекунад.

      Н. Нуров

Хондан 934 маротиба