Нусхаи чопи
Чоршанбе, 02 Марти 2022 05:33

Паёми омӯзанда

Муаллиф: Равшан Раҳмонӣ

   Дар Паёми имсола аз аввал то охир бо таҳлил мантиқӣ, соҳа ба соҳа «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳори назар шуд. Пешвои миллат дар оғози Паём ишора бар он намуданд, ки соли 2021 низ ба мисли ҳазорон солҳои пешин баъди чанд рӯзи ба шумор ба таърих мепайвандад. Тибқи фармудаи файласуфонаи Пешвои миллат ин чунин маънӣ дорад, ки башарият ана ҳамин тавр ҳазорон-ҳазорон солро тай карда ба ин марҳалаи нави таърихӣ расидааст, ки барои ҳамин умри азизи худро ғанимат шумурда, барои ободии миллат ва кишвар хидмат бояд кард.

  Ба гуфти Пешвои миллат мушкилоти «солҳои навадуми асри гузашта», он «фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгароӣ», он «гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ» он «оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ», он «қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ» ба таърих пайваст. Бо ин ишораи бисёр муҳим Пешвои миллат гуфтан мехоҳанд, ки аз ин хотираи талхи на чандон дур мо бояд ибрат гирем, биомӯзем ва миллату кишвари худро дӯст дорем. Аз ҳама муҳим аз ин оромию сулҳу ваҳдату ободӣ шукр бояд намоем.

Пешвои ояндасоз ба воситаи рақамҳо ва мисолҳо ишора бар он менамоянд, ки дар оянда ба кадом масъалаҳо таваҷҷуҳ шавад. Зимнан дар асоси ояндабинӣ дар Паём ишора шуда, ки пас аз муддате аҳолии кишвар ба 11 миллион мерасад. Ба ин васила амалӣ намудани барномаҳои ҷиддӣ дар назар гирифта шуда, дар солҳои наздик ба рушди иқтисодиёт, ба сохтумони садҳо корхонаҳои саноатӣ аҳамият дода мешавад. Дар воқеъ агар саноатикунонии кишвар инкишоф ёбад, он ба беҳтар шудани рӯзгори мардум таъсири зиёд мерасонад. Тоҷикистон сол то сол барои расидан ба сафи кишварҳои мутараққӣ кӯшиш менамояд. Барои амалӣ намудани корҳои муҳими саноатӣ Пешвои миллат боз ба як иқдоми ҷиддӣ даст зада гуфтанд: «Солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд».

Имрӯз кишварҳои дунё ба он аҳамият медиҳанд, ки аз тариқи интернет, ба хусус рақамӣ намудани тамоми соҳаҳои иқтисод, кор осон мешавад. Ин воситаи нави техникӣ равобити одамонро дар ҷаҳон бештар намудааст. Шахси бомаърифат, дорои дониши густурда дар бораи ишнкишофи тамоми соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар аз ин тариқ талош меварзад. Кишвари мо ҳам аз истифодаи технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар канор нест.

Дар Паём ягон соҳае набуд, ки Пешвои миллат аз он ёдовар нашуда ва оид ба роҳҳои рушди он пешниҳоде накарда бошанд. Дар Паём дар атрофи ҳадафи аслӣ, ки ин сол то сол беҳтару хубтар намудани зиндагии мардум ва тарақиёти кишвар аст ба рушди саноат, ташкил намудани ҳазорон ҷои корӣ, бунёди корхонаҳои нав ва монанди ин таъкид шуда, дар асоси мисолҳо аз солҳои гузашта таҳлил шудааст. Зимнан ёдрас гардидааст, ки дар оянда чи корҳое марҳала ба марҳала амалӣ шаванд. Пешвои миллат ба муассисаҳои дахлдор супоришҳо доданд, ки барои амалӣ намудани корҳои муҳим, аз ҷумла таъсиси ҳазорон ҷои корӣ барои занону духтарон, ба кадом масъалаҳо таваҷҷуҳ намоянд.

Дар Паём борҳо таъкид шудааст, ки рушди мамлакат ба истеҳсоли барқ вобаста аст. Дар воқеъ, агар неруи барқи Тоҷикистон ҳар қадар зиёд шавад, ҳамон қадар саноати кишвар пеш меравад. Чунки сохтани корхонаҳои хурду бузург фақат ба барқ вобаста аст. Дар кишвари мо таваҷҷуҳ шудааст, ки барқе истеҳсол шавад, то он ба муҳити табиӣ зарар нарасонад. Ин ҳама барои рушди мамлакт муҳим аст. Ҳоло олимони соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ ва табиӣ дар кишварҳои пешрафтаи дунё ба «энергияи сабз» аҳамият медиҳанд. Онҳо барои наҷоти замин, аз ҳар гуна балоҳо, муҳим будани «энергияи сабз»-ро таъкид мекунанд. Тавре дар боло ёдовар шудем ба ин масълаи барои сарнавишти «сайёра»-и мо муҳим дар Паём ба таври ҷиддӣ ибрози назар шудааст.

Мардум бояд донанд, ки давлат бо Сарварии Пешвои миллат барои ободии тамоми соҳаи иқтисоди кишвар таваҷҷуҳ менамояд. Дар Паём оид ба нақлиёт, ба хусус сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди минтақаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳ гардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сол ба сол тамоми роҳҳои Тоҷикистони азиз бозсозӣ, таъмир ва баъзе минтақаҳо аз нав бунёд мешаванд.

Хуб аст, ки Пешвои миллат ҳангоми сухан гуфтан дар бораи ҳар соҳа аввал бо санадҳо аз пешинаи он ёдовар мешаванд ва баъд дар назди масъулон вазифа мегузоранд, ки чи корҳоеро бояд анҷом диҳанд. Нисбати кишоварзӣ, боғу токпарварӣ, гӯшту шир, картошкапарварӣ, меваю сабзавот сухан гуфта, оқилона ба мардуми шарифи Тоҷикистон машварат доданд: «Дар чунин шароит мо бояд ба истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, пеш аз ҳама замин ва об, мунтазам зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва дар баробари ин, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ ниҳоят ҷиддӣ муносибат кунем».

Ба гуфти Пешвои миллат дар кишвари мо дар даврони соҳибистиқлолӣ маориф қадам ба қадам пеш рафта, ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ворид мешавад. Сарвари кишвар ҳамеша дар Паёмҳо ва суханрониҳо роҷеъ ба маориф ёдовар мешаванд, ки илму дониш, яъне маърифатнок намудани мардум, мамлактро дар ҳама соҳа пеш мебарад: «Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

Дар воқеъ калиди аслии пешрафт, тараққиёт ва соҳиби зиндагии шоиста шудан ба рушди маориф вобаста аст, ки дар давраи 30-соли Истиқлолияти Тоҷикистон ҳамеша ба он таваҷҷуҳ шудааст. Дар ин Паём низ ба таври ҷиддӣ гуфта шуд, ки дар тамоми соҳаҳои маориф сатҳи донишро боло бурдан лозим аст.

Дар Паёмҳои пешин ва ҳамчунин дар суханрониҳо Пешвои миллат омадааст, ки дар дунё миллатҳое ҳастанд, ки аҳолиашон миллионҳо аст, вале соҳиби давлат нестанд. Тоҷикистон хушбахт аст, ки соҳиби давлати мустақил буда, «ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад».

Барои парвариши кӯдакони кӯдакистон, донишомӯзони мактабҳо, донишҷӯёни муасисаҳои олӣ на фақат Вазорати маориф ва илм, ки вазифаи аслиааш аст, балки мо зиёини кишвар бо ҳамбастагӣ заҳмат кашем. Моро зарур аст, ки маорифро рушд дода, ба донишу илми ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Онҳоро бо воситаҳои техникии муосири навтарин ошно созем ва аз ин тариқ барои расидан ба комёбиҳои лозим камар бандем. Аз ҳама муҳим забон, адабиёт, фарҳанг, таърих ва дигар суннатҳои мардуми худро ба оламиён муарруфӣ намуда, ба монанди адибону донишмандони маъруфи садаҳои пешин ба рушди фарҳанги башарӣ ҳисса гузорем. Барои дар амал татбиқ намудани ин корҳо, ба гуфти Пешвои миллат пеш аз ҳама олимон ва эҷодкорон бо идеяҳои худ бояд пешгом бошанд: «Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд».

Агар олими ҳар соҳа, ҳар кадоме фақат дар риштаи худ, аз таҳти дил кор кунад, пешрафтҳои илмии ҷаҳонро дар соҳаи худ татбиқ намояд ва ҳар кадоме дар 3-4 сол барои тарбияи як кадри илмии хуб талош кунад, он гоҳ ин амал дар як муддати кӯтоҳ тамоми соҳаҳои иқтисоду ҷомеаро таккон мебахшад. Ин корро бо барномарезӣ, бо таъмини маблағи муносиб бояд амалӣ намуд. Дар ин мавриди муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ идеяҳои барои пешрафти ҷомеа зарури олимони худро дастгирӣ намоянд. Риштаҳо ва кафедраҳое, ки барои омӯзиши фарҳанги миллии мо зарур аст, кушоянд.

Дар Паём дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии чандҳазорсола бо некӣ ёд шудааст. Пешвои миллат на танҳо дар Паём ба масъалаи эҳёи фарҳанги суннатии бостонии миллатамон гуфтаанд, балки худашон ҳамчун намунаи ибрат оид ба пешинаи фарҳанг, таърих ва забони чанд ҳазорсола ниёгонамон асарҳои илмӣ навиштаанд, бояд онҳоро омӯзем.

Дар ҳамин ҷо метавон ба чанд нуктае ишора кард. Маслан, агар олимони соҳаи илмҳои филологиро, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон рафта забон, адабиёт, фолклори тоҷиконро муарруфӣ намудаанд, шуморем, теъдоди онҳо аз чанд нафар бештар нестанд. Онҳо ҳамаги ба 4-5 кишвар буданду халос. Аммо дар давраи 30-соли Истиқлоли Тоҷикистон, даҳҳо олимони филолог ба даҳҳо кишварҳои хориҷӣ рафтанд. Дар кишварҳои хориҷӣ дар ҳамоишҳои зиёди илмӣ ширкат намуда, асарҳои худро ба нашр расонида, забон, адабиёт ва фолклори тоҷиконро берун аз кишвар шиносониданд.

Агар ҳар касе Паёмро шунида ва бо диққат мутолиа карда бошад, мебинад, ки Пешвои миллат ҳангоми сухан гуфтан дар бораи ҳар масъала ба таври муқоисавӣ, бо овардани санаду рақамҳо ҳамон соҳаро мавриди арзёбӣ қарор дода ёдорас мешаванд, ки дар тӯли 30-сол кишвар ба чи пешрафтҳо ноил шудааст ва дар оянда чи бояд кард. Вақте ки сухан дар бораи тибб меравад низ ба рақамҳо муроҷиат мешавад, ки такрор намекунем.

Дар ҳақиқат агар пизишк дониши мукаммал надошта бошад, аз дилу ҷон кор накунад, ташхисро нисбати бемор (шояд вай падару модараш бошад) дуруст муайян накунад, оқибати он бемор чӣ мешавад? Барои ҳамин Пешвои миллат таъкид меамоянд, ки табиб бояд аз илми муосир ва воситаҳои техники пешрафта огоҳ бошад.

Барои Пешвои миллат эҳтироми зан – модар, ки зоянда ва пояндаи насли одамӣ аст, арзишманд мебошад. Пешвои миллат дар бораи ин олиҳаи муҳаббати инсонӣ бо суханони бисёр пурмеҳр, самимӣ ба аҳли толор ва мардуми шарифи Тоҷикистон ёдовар шуданд: «Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд».

Мардҳо бояд ин гуфтаи Пешвои миллтаро ҳифз намоянд ва аз пеши назар меҳри беинтиҳои модариро дур накунанд. Донанд, ки бунёди асли мавҷудияти онҳо аз куҷо манша мегирад. Албатта, дуруст аст, ки насли одамӣ бидуни пайвастагии зану мард номукин аст, вале модари меҳрубон барои парвариши фарзандаш заҳмати зиёд мекашад, то вай соҳиби зиндагии шоиста гашта, ҷойгоҳи муносибе дар ҷомеа пайдо намояд. Ҳамаи пайғамбарону нобиғаҳои ҷаҳон, чи подшоҳу чи вазир, чи зану чи мард, чи адибу чи олим зода ва парвардаи модарон мебошанд. Худшиносии миллӣ, ободии кишвар дар пайвастагии модар, падар, фарзанд ва ҷомеа сурат мегирад.

Маҳз дар ҳамин пайвастагии оқилона, одилона ва олимона мо метавонем миллати тоҷику Тоҷикистонро дар канори кишварҳои пешрафтаи олам расонидан кӯшиш намоем. Барои ин пайвастагиро идома додан, ҷавонон гуфтаҳои Пешвои миллатро бояд сармашқи кори худ созанд ва онҳо бояд бо донишу маърифати худ ин созандагиро пайравӣ намоянд. Бо ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ корномаи Пешвои миллатро бояд идома диҳанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паём бо боварӣ ба ҷавонон гуфтаанд: «Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд».

Аммо мушоҳида мешавад, ки на ҳамаи ҷавонон дурандешӣ, худшиносӣ ва ватандӯстиро дарк менамоянд. Барои ин насли калонсоли донишманду ботаҷриба бояд талош кунанд, ки онҳоро ба роҳи нек ҳидоят намоянд, гаштаву баргашта фаҳмонанд, то онҳо идомадиҳандаи ин созандагию озодагӣ гарданд. Барои амалӣ намудани парвариши насли оянда чӣ бояд кард? Дар Паём посух дода шудааст, ки ин нуткаро бояд гаштаву баргашта хонда дар ёд гирем: «Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад.

Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.

Такроран хотирнишон месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад».

Бале, хурофотпарастӣ аз замонҳои бостон ҳамдами қавму қабила ва миллатҳои ҷаҳон аст, ки то имрӯз идома дорад. Онро решакан кардан душвор аст, вале талош бояд кард. Барои решакан намудани хурофот ва боварҳои беҷо мардумшиносонро зарур аст, онҳоро аз байни мардум гирд оваранд, омӯзанд ва мавриди баррасӣ қарор диҳанд; решаҳои пайдоиши онро бо далелҳои илмии мантиқӣ бигӯянд, то мардум фаҳманд. Баъдан барои фарди оқил маълум мешавад, ки илм куҷову хурфот куҷост.

Бале, «бедониши замонавӣ» дар ин даврони рушди босуръати кашфиётҳои беҳамтои илмӣ мо пешрафт карда наметавонем. Фақат дониш моро ба қуллаҳои мурод мерасонад. Ҳанӯз 1150 сол пеш устод Рӯдакӣ гуфта буд: «Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст». Барои он ки ҷомеаро пеш барем боз ҳам ба гуфти устод Рӯдакӣ такя бояд кард: «Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра гир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд». Барои ҳамин Пешвои миллат дар Паём ҳам ба дониш ва ҳам таҷирбаи талхи рӯзгори на чандон дури кишварамон ишора намуда, мардумро роҳнамоӣ менамоянд. Барои ҳамин ҳар он чи дар раванди зиндагӣ пайдо шудааст биомӯзем, таҳлил кунем ба мисли табиби беҳтарин, олими беҳтарин, бояд мо ҷомеашиносон дардҳои ҷомеаро дуруст ташхис намоем. Баъдан дар асоси ташхиси дурусту мантиқии худ барои пешбурди корҳо пешниҳодҳо намоем. Аз ин рӯ, ҳар сиёсатмадори дилсӯзи миллат ва кишварро зарур аст, ки андешаҳои беҳтарини илмии олимони соҳаҳои гуногунро омӯхта барои ободии бештару хубтари Тоҷикистон ба кор барад. Ҳар касе ки дар ин ё он вазифа аст бояд идея, тарҳ, лоиҳа, нақшаи созанда дошта бошад, ки чи гуна ҳамон соҳаро пеш мебарад; рушд медиҳад. Агар шахси вазифадор ё масъули ин ё он кор, идеяи мантиқие дар асоси дониши соҳаи худ надошта бошад, беҳтар он аст, ки худаш, бо ҷасорат, гӯяд ки «аз уҳдаи ин кор баромада наметавонам».

Дар асоси гуфтаҳои Пешвои миллат, метавон пешниҳод кард, ки дар ин замони рушди воситаҳои техникӣ, ҳар роҳбари муассисаи калидии давлатӣ фақат бо дониши пухта, андешаи созанда, барномаи пешбаранда соҳиби вазифа шавад. Шахси вазифагиранда бояд барномаи дақиқи корӣ дошта бошад. Агар касе ин ё он вазифаро (бигузор хурдтарин вазифа бошад) қабул кардан хоҳад, ӯ барои пешрафти ҳамон вазифа чи кор кардан мехоҳад, барнома ва идеяи дақиқи хешро пешниҳод намояд. Барои шахси кордон ин кори мушкил нест. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон (дар асоси озмун) вазифаи масъулро ба шахси донандаи он месупоранд. Агар дар ҳар вазифаи масъул шахсони лоиқ таин шаванд, он гоҳ кишвари мо ба дастовардҳои беҳамто ноил мегардад; рушди сиёсат, иқтисод, фарҳанг бештар мешавад.

Дар Паём дуруст ва оқилона ёдовар гардидааст, ки кош дар он солҳо ин кишвари ҳамсоя ором мебуду кишвари мо гирифтори балоҳои солҳои навадум намешуд: «Агар Афғонистон дар он айём орому босубот мебуд, гурӯҳҳои экстремистиву террористии аз ҷумлаи шаҳрвандони мо бо кумаку дастгирии кишварҳои манфиатдор ташкилгардида наметавонистанд қаламрави онро ҳамчун пойгоҳи аъмоли хунини худ бар зидди Тоҷикистон истифода намоянд».

Бале, ин ҳақиқат аст. Ҳақиқати талх аст, ки бо таассуф рух дод. Маҳз барои ҳамин Пешвои миллат ҳамеша дилсӯзона аз таърихи пешини даврони қадим ва наздик ёд менамоянд, ки он ҳама таҷрибаҳое ҳастанд, ки бояд аз онҳо сабақ гирифт. Дар охир Пешвои миллати созандаи ин давлату ин миллат ба он шахсони масъули давлатӣ, ки барои рушди ин кишвар кӯшиш доранд муроҷиат менамоянд ва онҳоро ба корҳои софдилонаю созанда роҳнамоӣ мекунанд. Падарвор мегӯянд, ки ба якдигар чи гуна рафтор намоем, ки ин миллату Ватанро ба шукуфоӣ расонем: «Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо».

Ин таъкид хеле ҷиддӣ аст. Маъниҳои зиёд дорад. Ин гуфтаро ҳар фарди миллатдӯсту ватанпараст бояд дар гӯш гирад. Агар дар дили ҳар фарде кадом нияти ношоиста бошад аз роҳаш гардад. Хиёнат накунад! Ҷавонон омӯзанд, дониш гиранд, ҷойгоҳи худро дар таърихи миллати худ пайдо намоянд, то дар айни замон ин миллату ин кишвар ба қадри онҳо расад.

Агар ҳамин забону ҳамин кишварро обод намоему ва онро ба як кишвари пешрафта табдил диҳем, ин кишвар бо ҳамин забон номи неки фарзандони фарзонаашро дар оянда ёд менамояд. Барои ҳамин «ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем», балки онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, аз дилу ҷон дӯст дорем. Бояд ҳар фарди огоҳ пайрави ин гуфтаҳои нек бошад. Ҳама бояд сидқан кори худро анҷом диҳем. Ин умри худро, ки хеле ночиз аст, фақат ба корҳои шоиста сарф намоем. Бояд бидонем, ки умри ҳар одам дар муқоисаи умри замин, ки ҳудудан 4 милларду 600 миллион сол мебошад, хеле кӯтоҳи кӯтоҳи кӯтоҳ аст. Дар муқоиса ба ҳисоби риёзидонҳо шояд як сония ҳам набошад. Хоҳу нохоҳ баъди 80-90 сол, бигзор баъди 120 сол, оқибат умри одамӣ ҳам ба поён мерасад. Фақат бо номи неку кори некаш шахс асрҳо дар ёд мемонад. Ба ин пайваста шоири нобиғаи миллатдӯсту ватандӯст Фирдавсии бузургвор гуфтааст:

Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,

Ба гетӣ намонад ба ҷуз мардумӣ.

Ба номи накӯ гар бимирам равост,

Маро ном бояд, ки тан маргрост.

Равшан Раҳмонӣ

Сардабири маҷаллаи «Пайванд»

номаи «Анҷумани тоҷикон ва

форсизабонони ҷаҳон – Пайванд»

Хондан 656 маротиба