Нусхаи чопи
Ҷумъа, 05 Феврали 2021 05:35

Паёми Пешвои миллат ва арзишҳои таърихӣ

Муаллиф: Абдулло Ғафуров., Ҷурабек Мирзоев

   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлол 26 январи соли равон ироа гардид.

   Пеш аз ҳама сарвари давлат соли 2020-ро ҷамъбаст намуда, дар бораи пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллии мо андешаҳои хешро иброз доштанд.

   Хушхабари Пешвои миллат – «Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии КОВИД – 19 аз байн рафтааст», воқеан муждаест, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дер боз интизораш буданд.

   Таҳлили вазъи молиявии кишвар ва нақшаҳои ҳукумат барои сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии истиқлоли давлатӣ, ба андешаи мо, ҳар як шаҳрванди мамлакатро руҳбаланд мекунад.

  Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар «соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол ба нақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд».

   Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод шуд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021, аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.

  Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки дар заминаи ташаббусҳо ва имтиёзи дар бахши сайёҳӣ ироа намудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд. Ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбат расониданд. Зарур аст, ки ин раванд боз ҳам густариш дода шавад, таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон.

  Дар ин раванд, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯйи низоми содаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат–шаҳриДушанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амният ворид гардид.

  Ба андешаи мо, ин дастовардҳо натиҷаи «Рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2018-2021 маҳсуб меёбад.

  Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатии хеш иброз доштанд, ки дар соли 2020 «дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд».

  Сарвари давлат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ намуда таъкид намуданд, ки «аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст».

  Пешвои миллат дастовардҳоро дар мавриди озмунҳои «Тоҷикистон – ватани азизи ман» ва «Фуруғи субҳи доноӣ» таҳлил намуда, дар мавриди беҳтар ба роҳ мондани ин озмунҳо, қадр намудани заҳмати волидайн ва муаллимони ғолибони озмунҳо андешаҳои судманд изҳор намуданд.Ба фикри мо, бе ширкат дар раванди имтиҳонот ба макотиби олии кишвар қабул намудани ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ шавқи толибилмонро ба хониш боз ҳам бештар ҷалб мекунад ва як воситаи ниҳоят хуби ҳавасмандкунии ҷавонон мебошад. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

  Бо пешниҳоди сарвари давлат аз имсол ба баъд боз як озмуни нав бо номи «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мешавад. Тавре сарвари давлат қайд намуданд, «ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм–фурӯғи маърифат» гузаронида шавад». Ба андешаи мо, ин иқдоми мубораки сарвари давлат барои расидан ба ҳадафҳои барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки солҳои 2020 -2040 –ро дар бар мегирад, мусоидат хоҳад кард.

  Сарвари давлат инчунин ба масъалаи доғи руз -  набудани шабакаи васеи муассисаҳои томактабӣ дар кишвар таваҷҷуҳ намуда, зикр карданд, ки «яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо мебошад».

 Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Аз паём бармеояд, ки «Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд». Пешвои миллат  муҳимияти масъаларо ба инобат гирифта, вазифаҳои навбатиро дар ин самт муайян намуданд ва иброз доштанд, ки «мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем».

 Пешвои миллат дар паёми навбатии хеш зикр карданд, ки «Ба хотири ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон мо соли гузашта маблағ ва шумораи гирандагони стипендияи президентиро хеле зиёд кардем. Ҳамчунин, охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд».

 Сарвари давлат  бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод намуданд, ки «стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад».

 Пешвои миллат дар паёми навбатии хеш қайд намуданд, ки «ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 нафар омӯзгорон ва олимону муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд, вале ин ҳоло ҳам кам аст» ва Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро вазифадор карданд, ки ба ин масъала дар оянда низ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

  Бо дарназардошти ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ротаҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

  Сарвари давлат ҳамчунин қайд намуданд, ки «Мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар пояҳои моддиву техникӣ, озмоишгоҳӣ ва кадрии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳоро пайваста таҳким бахшида истодаем».

  Масалан, агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст. Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст.

  Ба кормандони АМИТ вазифа гузошта шуд, ки «корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд».

  Пешвои миллат чун ҳамешагӣ ба масъалаҳои таъриху фарҳанг диққати ҷиддӣ дода, дар ин Паём низ таъқид намуданд, ки «тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд. Масалан, танҳо таърихи 5500 –солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад».

  Дар иртибот ба ин гуфтаҳои Пешвои миллат бояд қайд намоем, ки кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати тадқиқу баррасии таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз рўйи 7 лоиҳа таҳқиқот анҷом дода, 8 – конференсияҳо, симпозиум ва мизи мудаввар баргузор намуданд ва 37 китобу монография, аз ҷумла 20 китоб доир ба Саразм, 152 - мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, 15 - мақола дар нашрияҳои хориҷӣ ба табъ расониданд. Илова бар ин, дар омода ва ба кор оғоз намудани Осорхонаи Саразм саҳми муассир гузоштанд.

  Бояд тазаккур дод, ки яке аз маъракаҳои фараҳбахш дар соли 2021- ин ба ҳар як хонаводаи тоҷикистониён туҳфа намудани китоби «Тоҷикон»-и аллома Б. Ғафуров мебошад, ки ҷиҳати ба нашр омода намудани он саҳми райсати АМИТ ва кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ назаррас аст.

 Пешвои миллат дар ин Паём низ ба масъалаи ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, қайд карданд, ки “мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем”.

  Пешвои миллат вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳоро вазифадор карданд, ки ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд.

 Пешвои миллат ба масъалаи амният ва субботи сиёсии кишвар диққати ҷиддӣ дода, қайд намуданд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки  замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. «Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

 Сарвари давлат дар паёми навбатии худ мардуми кишварро ҳушдор доданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо дарназардошти ин чунин қайд намуданд: «Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд».

 Пешвои миллат сиёсати хориҷии кишварро таҳлил намуда, қайд карданд, ки «дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид”.

 Сарвари давлат вазифаҳои Ҳукумати кишварро дар ин самт муайян намуда, иброз доштанд, ки «дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон–кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байни давлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем”.

 Пешвои миллат бо ифтихор иброз доштанд, ки «Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл баёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем.

  Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад».

  Дар Паёми хеш Сарвари давлат чун ҳамешагӣ ба масоили иҷтимоӣ дахл намуда, ҷиҳати афзун намудани нафақаи маъюбон, бунёди се мактаб–интернати Президентӣ барои ятимони кулл, баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа, ҷавонон ва хизмати содиқонаи онҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ–ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардум, баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, вазифадор кардани Прокуратураи генералӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025» дастур дода, дар бораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, оид ба ҷашнҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ, забони миллӣ ва ҳимояи онҳо маълумот доданд ва дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

 

Абдулло Ғафуров

номзади илмҳои таърих, дотсент

Ҷурабек Мирзоев

номзади илмҳои таърих.

Хондан 968 маротиба