Нусхаи чопи
Душанбе, 23 Ноябри 2020 09:27

Парчами миллӣ – рамзи давлатдории тоҷикӣ (ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ)

Муаллиф: Н. Нуров

  “Парчами миллӣ” яке аз рамзҳои муҳими Истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

  Дар арсаи давлатдорӣ рамз ва муқаддасоти давлатӣ дар мисоли Парчам, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва Пули миллӣ амри зарурӣ маҳсуб меёбад ва давлати миллӣ бар мабнои асл ва мушаххасоти мазкур дар ҷуѓрофиёи сиёсии ҷаҳонӣ мақом ва ҷойгоҳ касб менамояд. Аз ин ҷост, ки давлатдорӣ бидуни символикаи сиёсӣ ва давлатӣ асл ва моҳияти худро гум мекунад ва дар баробари воқеиятҳои рўзмарраи башарӣ, ки ба кайфияти иқтидороти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва маданӣ бастагӣ доранд, посухгў буда наметавонад. Аз сӯйи дигар, ҳар давлати миллӣ, ки бар асоси иродаи сиёсии миллат ва халқ зуҳур карда, манофеи миллию давлатиро дунбол мекунад, ба рамз ва муқаддасоти давлатӣ арҷ мегузорад ва ин арҷгузорӣ аломат ва нишонаи истиқлоли сиёсию давлатӣ ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, рамзҳои давлатӣ баёнгари ҳувияти давлати миллӣ дар замон ва макони мушаххасанд.

  Мусаллам аст, ки символикаи давлатӣ дар мисоли парчамдорӣ ҳанўз дар бомдоди фарҳанги бумӣ дар қадимтарин асотири аҷдодию миллӣ инъикос ёфта, рамзи иттиҳод ва ҳамбастагии миллию мардумӣ будааст. Парчами коваёнӣ, ки дар фарҳанги сиёсии мардуми форсу тоҷик ба унвони асл ва муқаддасоти давлатӣ аз мақоми вежа бархўрдор будааст, то ҳанўз дар раъси феҳристи ифтихороти миллию мардумӣ қарор дорад ва румузи қудратмандии сиёсӣ ва давлатиро ифода мекунад. Парчами коваёнӣ, ки дар устураи Фаридун ба номи намояндаи қишри заҳматкаши мардумӣ Коваи Оҳангар ихтисос ёфтааст, инъикосгари ҳамбастагии мардумӣ ва инсиҷоми ҷамъӣ дар муқобили зулму истибдоди Заҳҳоки аҷнабӣ буда, минбаъд дар фарҳанги сиёсӣ ва давлатмадории миллӣ ба сифати меъёри низоми ҳукуматдорӣ мавриди корбаст қарор гирифтааст.

   Дар асотире, ки ба парчами миллӣ (дирафши коваёнӣ) иртибот доранд, ин нукта таъкид мегардад, ки Заҳҳоки морбардӯш зулму ситамро бар мардум раво мебинад ва Коваи оҳангар, ки 17 фарзандаш туъмаи морҳои он шоҳи разолатпеша гардида буданд, алайҳи беадолатӣ пархош карда, пешбанди чармини худро бар чӯбе баста, ба сифати парчам боло бардошта, мардумро атрофаш ҷамъ меоварад. Таҳти сиёсати дирафши коваёнӣ мардум алайҳи беадолатӣ бармехезанд ва асли бадгавҳарӣ – Заҳҳоки мордӯш аз тахт барандохта мешавад ва Фаридунро ба маснади шоҳӣ бармегузинанд. Фаридун дастур медиҳад, ки дирафши коваёнӣ бо дебоҳои зарду сурху бунафш ороста шуда, ба он зару гавҳар афзуда, онро парчами шоҳӣ унвон кунанд. Ба ин тартиб парчами коваён дар фарҳанги сиёсӣ ва давлатсозии миллӣ зуҳур мекунад. Бар замми ин, паҳлавонони номӣ Рустам, Гударз, Тус, Гев, Сиёвуш ва амсоли инҳо диравши хешро доштанд ва ҳангоми дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ онро ба унвони иқтидори фарогири маънавӣ ва миллӣ бармеафроштанд.

  Дар таърихи миллии пасазисломӣ дар робита бо мушаххасоти дирафши коваёнӣ таъкидоту ишороти зиёде шудааст. Ба гунаи намуна, муаллифи китоби “Таърихи Табарӣ” дар мавриди хасоиси дирафши коваёнӣ овардааст: “Дирафши коваёнӣ аз пусти паланг дуруст шуда ва дарозои он дувоздаҳ араш буд ва агар ҳар арашро, ки фосилаи байни нуки ангуштони даст то бандгоҳи оринҷ аст, 60 сантиметр ба ҳисоб оварем, тақрибан панҷ метр арз ва ҳафт метр тӯл мешавад”. Ибни Халдун илова мекунад, ки дирафши коваёнӣ дорои ситорае дар марказ будааст ва миёни мардуми он замон ривояте бад-ин мазмун роиҷ гардида, ки ҳар кӣ ин дирафшро ҳамл мекунад, шикастнопазир аст. Муаррих, бостоншинос ва ироншиноси маъруфи урупоӣ Артур Кристенсен (A. Christensen) дирафши коваёниро ба сифати парчами салтанатии Сосониён пазируфта, истидлол кардааст, ки устураи Кова бо таваҷҷуҳ ба хонадони “Корен” (Karen), ки таборашро то ба “Корен” (Qaren) писари Кова пай гирифта будааст. Муаррихи шведӣ Стиг Викандер (S. Wikander) ба дидгоҳи Кристенсен мувофиқ буда, меафзояд, ки ин дирафшро гурӯҳе аз мардони ҷангҷӯйи авастоӣ, нигаҳбонон ва роҳибони ҷангии дини зардуштӣ ҳам бо худ ҳамл мекардаанд. Ба назари Стиг Викандер, дирафши коваёнӣ дар замони Портӣ (Ашкониён) парчами миллии Эрон будааст. Дар сиккаҳо сабт ёфтани дирафши коваёнӣ баёнгари он аст, ки парчами миллӣ дар ҳар давре аз таърихи ватанӣ ба унвони муқаддасаи давлатӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фарҳангӣ ва мардумӣ муаррифӣ мешудааст.

  Бад-ин тариқа, дирафши коваёнӣ, ки бо номҳои дигаре, мисли “дирафши коваёнӣ”, “дирафши коваён”, “дирафши каёнӣ”, “ахтари коваёнӣ” ва “алами Фаридун” мутадовил будааст. Ин парчам дирафши устураӣ ва таърихии миллӣ ба ҳисоб рафта, аз даврони куҳан то поёни шоҳаншоҳии Сосониён ба унвони символи давлатдорӣ муаррифӣ шуда, ба қавли таърихнигорони замони исломӣ, “ҳазор-ҳазор” (як миллион) сиккаи тилло арзиш доштааст. Ин дирафш пас аз ҳамлаи арабҳо ба дасти истилогарон афтида, аз байн бурда мешавад. Иттифоқан, дирафши коваёнӣ ба муддати зиёда аз 950 сол минҳайси парчами расмии давлатдории миллӣ дар бандубасти сохтори сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, идеологӣ, ахлоқӣ ва мадании мардуми форсу тоҷик, бавежа, бозсозии давлати миллӣ, ҳамчунин тақвияти раванди муборизаҳои озодихоҳона ва муқовиматҳои шадид алайҳи ғосибону бегонагон нақши калидӣ доштааст. Минҷумла, Яъқуб Лайси Саффорӣ ҳангоми қиёми худ алайҳи Аббосиён дар қолиби шеъре, ки худ эҷод карда, унвонии халифа ирсол дошта буд, чунин ишора намудааст: “Дирафши коваён (Алам-ул-Кобиён) ҳамроҳи ман аст ва умедворам, ки зери сояи он бар миллатҳо фармонравоӣ кунам”. Зимнан, парчами коваёнӣ ва ё каёнӣ намоде аз меҳанпарастӣ буда ва имрӯз ҳам, бо даргузашти ҳазорон сол мавқеият ва ҷойгоҳи худро дар низоми иҷтимоӣ, маданӣ ва давлатдории миллӣ гум накарда, ҳамчунон побарҷост.    

  Атрофи муқаддасоти сиёсию давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ муттаҳид шудани мардум ва табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар таърихи ватанӣ собиқаи тўлонӣ дорад. Ҳангоми таҳоҷумоти бегонагон ба сарзамини аҷдодӣ ва русухи истибдоди дохилӣ мардум дар доираи муқаддасоти давлатӣ сарҷамъ мешуданд ва алайҳи зулму истисмори аҷнабиён ва мустабидони дохилӣ қад алам мекарданд. Гузашта аз ин, мардуми тоҷик дар тўли таърих пайваста рўйи муқаддасоти миллӣ тамаркуз кардаанд ва раванди муқовимат ва муборизаи мардум бар зидди зулму истибдоди аҷониба, аз ҷумла юнониён, румиҳо, арабҳо, турку муѓулҳо ин иддаоро собит месозад, ки символикаи давлатдорӣ дар таҳкими бедории миллӣ нақши калидӣ дошта ва дорад. Ин аст, ки дар доираи фарҳанги сиёсии миллӣ аз қадимтарин замонҳо эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ асли зарурӣ маҳсуб шуда, ҳамеша мавзўи матраҳ буда ва ҳаст. Аз ин лиҳоз, давлати муосири миллӣ ва мардуми Тоҷикистон бар мабнои ифтихороти давлатдорӣ солҳост санаи 24 ноябрро ба унвони Рўзи Парчами давлатӣ ва тантанаи давлатдории навини тоҷикӣ  таҷлил мекунанд.

  Давлати ҷавони Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли ҷорӣ синни 28-солагии Истиқлоли давлаатиашро таҷлил кард, ба арсаи таърихи миллӣ бо мақом ва ҷойгоҳи махсус бахшидани рамзҳои давлатӣ дар низоми давлатдорӣ ворид гардид. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва  Суруди миллӣ давлатдории худро дар марҳилаи навин шурӯъ карда, ҷиҳати таҳаққуқ бахшидани муқаддасоти миллию давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонд. Ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Баъдан, 22 ноябри соли 1994 Шӯрои Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даровардани илова ба Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба имзо расонд. Дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баландтарин бурҷи парчам дар ҷаҳон дар маркази пойтахти мо -- шаҳри Душанбе, дар канори чапи Қасри Миллат ифтитоҳ гардид. Ҳамин тариқ, парчами Тоҷикистон бо иртифои 165 метр соли 2011 ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Дарозии матои ин парчам 60 ва паҳнои он 30 метрро ташкил медиҳад. Парлумони Тоҷикистон ҳанӯз соли 2009 санадеро ба имзо расонида буд, ки тибқи он ҳар сол 24-уми ноябр Рӯзи парчами миллӣ таҷлил мегардад.

  Бо дарназардошти фазо ва муҳити миллӣ тарҳи масъалаи муқаддасоти давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ имконпазир гардид ва давлати ҷавони Тоҷикистон бо такя ба мероси гузаштаи миллӣ ва таҷрибаи давлатдории башарӣ муқаддасоти давлатиро таъйин кард. Парчами миллӣ ба сифати асл ва мушаххасаи давлатӣ дар таҳкими иқтидори сиёсӣ ва тақвияти раванди давлатсозии миллӣ таъсири ҷиддӣ гузошт. Интихоби маҷмўаи рамз ва символикае, ки дар Нишони давлатӣ таҷассум ёфтааст, ба муҳит ва фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ ва фарҳангии тоҷикӣ созгор аст. Интихоби муҳтавои дуруст ва дар айни замон, созгорӣ ба фазои минтақавӣ боиси ҷойгоҳ ва нуфузи саросарӣ пайдо кардани Парчами миллӣ дар қаламрави давлати муосири тоҷикӣ гардид. Парчами миллӣ баёнгари тавъамии давлат, сарзамин, Ватан,  халқ ва миллати тоҷик мебошад.

  Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи сарҷамъӣ, иттиҳод, пирӯзӣ ва ҳамбастагии миллат ва мардуми тоҷик ҳамеша парафшон бошад.          

  Рӯзи парчами давлатӣ муборак бод, ҳамватанони гиромӣ!

                      Н. Нуров

Хондан 1105 маротиба