Нусхаи чопи
Душанбе, 08 Июни 2020 05:04

Риторика ва баҳси сиёсӣ ҳамчун падидаи маданияти сиёсӣ

Муаллиф: Саидова Фазилатмо

  Сухан воситаи муҳими муоширати байни одамон, табодули андешаҳо ва василаи пурзури таъсиррасонӣ ба шуур ва рафтору кирдори одамон мебошад. Чуноне, ки равоншиносон қайд мекунанд тахминан 15% - и муваффақиятҳои корӣ аз донишҳои касбӣ ва 85% - и он аз санъати муоширати инсонӣ вобаста аст. Ҳаёти сиёсӣ ва низоми идоракуниро бе маданияти муоширати касбӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Қобилияти сухангӯи ҷузъи маданияти шахс буда, сатҳи маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии ӯро дар раванди муошират ифода менамояд.

  Бояд тазаккур дод, ки дар адабиёти илмӣ оид ба шарҳу тавзеҳи риторикаи сиёсӣ ақидаҳои зиёд мавҷуданд. Ҳар як муҳаққиқ вобаста ба доираи мактаб ва фаҳмиши худ ин падидаро таъриф медиҳад. Риторика ин санъати офариниш, мусоидат ва ибрози ақида аст. Риторикаи сиёсӣ – ин илм дар бораи таъсир расонидан ба инсон тавассути нутқи сиёсӣ, ё худ сухани мазмуни сиёсӣ дошта мебошад, ки дар омӯзиши ин таъсиррасонӣ категорияи марказиро боваркунонӣ ташкил медиҳад. Вале, бояд тазаккур дод, ки таъсиррасонӣ тавассути сухан бидуни боваркунонӣ низ воқеӣ шуда метавонад [6,10]. Маълум аст, ки категорияи асосии риторика нутқ аст. Ба андешаи Михайличенко А. «Риторика — илм дар бораи қонунҳои тайёр намудан ва суханронии ошкорро бо мақсади таъсир расондан ба аудутория мебошад».

  Агар мақом ва нақши риторикаи сиёсиро дар ҳаёти сиёсӣ баррасӣ намоем онро аз таърифи мафҳуми сиёсат хулосагирӣ карда метавонем:“Сиёсат соҳаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва навъи махсуси фаъолияти одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, нерӯҳҳои сиёсӣ, мақомоти идоракунӣ ва сатҳи муносибатҳои ҳокимиятиест, ки инкишофи мавзун, мутаносиб ва ягонагии тамоми ҷомеа ва умумиятҳои бузургро дар алоҳидагӣ таъмин менамояд” [1, 14]. Воқеан, ҳамаи ин муносибатҳоро тавассути суханварии сиёсӣ ва дигар шаклҳои нутқи сиёсӣ дуруст бароҳ мондан мумкин аст. Яъне, риторикаи сиёсӣ воситаи асосии идоракунӣ ва нигоҳдории ҳаёти ҷамъиятӣ буда, робитаи байниҳамдигарии умумиятҳои иҷтимоиро бо сиёсат ва сиёсатро бо ҷомеа мепайвандад.

  Албатта, бе донистани қонуниятҳои риторикаи сиёсӣ фаъолияти сиёсии шахсро тасаввур кардан ғайри имкон аст. Фаъолияти сиёсӣ ин иштироки шахс дар ташаккул ва воқеъгардонии сиёсат аст, ки баҳри такмил додан ё тағйири тартиботи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ нигаронида шудааст.

  Дарвоқеъ, аз миёни ҳамаи фитратҳои инсонӣ сухан гуфтан яке аз қавитарини онҳо мебошад. Аммо фақат теъдоде аз одамон аз нозукиҳои санъати мазкур бархурдор ҳастанд. Бархӯрдор набудан аз маҳорати суханварӣ дар мутобиқшавии ҳар як шахс ба тамаддуни муосири ҷаҳонӣ монеъ шуда метавонад. Хусусан, дар равандҳои сиёсӣ боиси аз ҳаёти сиёсӣ дур шудани шахс мегардад.

  Барои илми риторикаи сиёсӣ, пеш аз ҳама, муайянамоии омилҳои таъсиррасонӣ тавассути нутқи сиёсӣ, ҷустуҷӯйи роҳҳои далелёрӣ, дарки психологияи шунавандагон, «монеаҳои» таъсиррасонӣ дар фаъолияти нотиқӣ ва ғайра хос мебошанд. Албатта, иҷрои ин ҳама аз шахс маданияти сиёсии баландро тақозо менамояд. Риторикаи сиёсӣ тавассути унсурҳои маданияти сиёсӣ муносибатҳои мутақобилаи одамон, неруҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сиёсат мустаҳкам менамояд.

  Воқеан, маданият маҷмӯи илмҳо, дониш, маҳорат, малака, таҷриба, тафаккур, талош, ҳикмат ва ҷаҳонбиниҳои башарист, ки дар тӯли мавҷудияти хеш бо истифода аз омӯзиш ва татбиқи ин рукнҳои асосии ҳастӣ низоми муайяни ҳаёти ҷамъиятиро офарида, арзиши онро ба пояи арзиши мавҷудияти инсоният воқеӣ гардонидааст. Маданияти сиёсӣ бошад яке аз падидаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва категорияи илми сиёсатшиносӣ маҳсуб гашта, дар равандҳои сиёсии ҷомеа ва давлатсозӣ, ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва ташаккули шахс, гурӯҳ ва дар маҷмӯъ миллатҳо нақши муассир дорад.

  Қайд кардан ба маврид аст, оид ба маданияти сухан, фарҳанги суханварии сиёсӣ профессор Е. Н. Ширяев тадқиқотҳои зиёд анҷом додааст. Ба назари ин муҳаққиқ, маданияти сухан - ин маҷмӯи воситаҳои забоние мебошанд, ки бо назардошти меъёр ва унсурҳои ахлоқии ҳолати муошират, онҳо имконият медиҳанд то дар баамалбарории вазифаҳои коммуникативии муқарраргашта самараи бештарро ба бор оваранд [6,100]. Аз нигоҳи И.Н.Кузнетсов маданияти суханварӣ «табақабандии забоншиносӣ, таҳқиқи мушкилот ва муқаррарнамоии меъёрҳои хосест, ки бо мақсади мӯъҷизаофаринии забон ҳамчун олоти фарҳанг» дархӯрд мешавад [2,18].

  Дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақом ва нақши ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар акторҳои раванди сиёсӣ аҳамияти муҳимро касб менамоянд. Одамон новобаста аз хоҳишашон ба сиёсат ва фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ рӯмеоранд, иштирокчии раванду ҳодисаҳои ҳаёти сиёсӣ мегарданд. Ҳақ бар ҷониби Арасту аст, ки дар асараш “Сиёсат” инсонро мавҷудоти сиёсӣ номидааст.

  Дар фаъолияти сиёсӣ тарзи баёни нутқ аз сатҳи маданияти сиёсии шахс бисёр вобаста аст. Маданияти сиёсӣ барои шахс имконият меорад то ба ҳадафҳои худ бирасад. Маданияти сиёсӣ восита, роҳҳо ва шаклҳои рафтор аст, ки тавассути он инсон вориди сиёсат мешавад. Бархурдор будан аз санъати риторикаи сиёсӣ ба сатҳи маданияти шахс бисёр вобастагии зич дорад. Маданияти сиёсӣ одамонро вориди муносибатҳои сиёсӣ менамояд ва ба сиёсати амалӣ мепайванданд. Аз тарзи суханрониҳои шахс муносибати онро ба арзишҳо, қоидаҳо, меъёрҳо ва ба сиёсати давлат муайян намудан мумкин аст.

  Ҳар як шахс бояд дарк намоянд, ки самаранокии фаъолияти ӯ аз қобилияти суханвариаш вобастагии зиёд дорад. Бесабаб нест, ки Дейл Карнеги дар китоби «Оини суханронӣ» гуфтааст: «Ҳеҷ амале шуморо зудтар аз қобилияти суханварии дилпазир ба пояи баланди мақом расонида наметавонад». Ягон шакли фаъолияти инсонӣ, аз ҷумла фаъолияти сиёсӣ бидуни суханронӣ арзи ҳастӣ ва рушд карда наметавонад. Воқеан, олими рус Н.А. Михайличенко дуруст қайд намудааст: «Шояд чунин тахассусе набошад, ки дар он маҳорати суханварӣ ба кор наравад. Вале дар баъзе соҳаҳои фаъолияти инсон он хеле зарурӣ арзёбӣ ёфта, ҳамчун воситаи зарурии манфиатбахш шуморида мешавад. Ҳуқуқшинос, муаллим, коргар, менеҷер, сиёсатмадор, рӯҳонӣ агар мехоҳанд ба қуллаҳои баланди мувафаққият бирасанд, бояд аз маҳорати суханварӣ бархурдор бошанд. Зеро, онҳо ҳамеша бо одамон муносибат менамоянд, суҳбат мекунанд, маслиҳатҳо медиҳанд ва бо онҳо озодона ва рӯбарӯ кору фаъолият менамоянд. Барои гузарондани суҳбати рӯбарӯ ё суханронӣ, на танҳо барои онҳо зарур аст, ки чӣ мегӯянд, балки бояд онҳо маҳорати суханварӣ ва омилҳои гуногуни таъсирасонӣ ба онро донанд» [4, 15]

  Ҳар чи қадаре, ки қобилияти риторикии шахс ташаккул ёфта бошад, метавонад дар амалигардонии вазифаҳои маданияти сиёсии саҳм гузорад. Вазифаҳои меъёрию баҳогузорӣ, тарбиявӣ, мутобиқгардонӣ, сотсиализатсияи сиёсӣ, одатнамоӣ ба муҳити сиёсӣ, сафарбарнамоӣ, интегратсионӣ ва коммуникатсионии маданияти сиёсиро тавассути риторикаи сиёсӣ метавон рушду инкишоф дод. Яъне, агар суханвари сиёсӣ қобилияти тавассути нутқ таъсиррасониро дошта бошад, метавонад мардумро дар атрофи мақсад ва арзишҳои бузург муттаҳид намояд.

  Барои сиёсатмадор сухан силоҳи асосӣ аст. Ӯ дар он сурат ба мувафаққият ноил мегардад, ки хуб, боварибахш ва шавқовар сухан гуфта тавонад. Санъати суханварӣ ба фаъолияти сиёсӣ алоқамандии зич дорад. Махсусан, дар шароити ҷомеаи демократӣ ҳангоми маъракаҳои интихоботӣ ин равандро мушоҳида кардан мумкин аст. Гурӯҳҳои сиёсӣ дар раванди суханронии ташфиқотии худ номзад ва барномаҳои худро ситоиш менамоянд. Масалан, баромадҳои пешазинтихобии номзадон – ин суханронии махсус аст. Ҳамаи онҳо комилан як мақсади муайян доранд – ба даст овардани овозҳо дар интихобот, дар ҳама ҳолатҳо таъсир расонидан ба рафтори интихобкунандагон. Дар рафти суҳбату муоширатҳои байниҳамдигарӣ бо одамон дар бораи шахсиятҳои маъруф ва нексиришт суханҳо мегӯянд. Аз ҳамин хотир, риторикаи сиёсиро ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ меноманд.

  Худро ба ҳолати суханвар гузоштан, номзад табиатан худро барои қабули танқид бояд омода намояд. Дар ҷавоб ба сухани вай дар мавридҳои муайян эътирози муқобилонро шунидан мумкин аст. Зеро таҷрибаи ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки электорат дар интихобот на танҳо ба ин ё он шахсиятҳои воқеӣ, балки ба образҳои онҳо, ки воситаҳои коммуникатсионӣ пешниҳод намудаанд, овоз медиҳанд. Аз ин хотир, дар раванди интихобот ва ё фосилаи байни онҳо номзадро иваз намудан шарт нест, зеро интихобкунандагон шахсони навро намешиносанд ва то ташаккули имиҷи онҳо вақти зиёде зарур аст.

  Қайд намудан ба маврид аст, ки риторикаи сиёсӣ барои ғолибият ба даст овардани ҳизбҳо ва ташкилотҳои ибтидоии он низ мусоидат менамоянд. Дар ин самт ҳар як ҳизб барои ҷалби тарафдоронашон дар мавриди арзишҳо ва манфиатҳояш ба суханварон такя менамоянд, то барномаҳои худро дуруст тарғибу ташвиқ намоянд. Намояндагони ҳизбӣ дар суханрониҳои худ аз тамоми усулу роҳҳои баҳсу мунозира истифода намуда, ташвиқотӣ идеологӣ мебаранд. Онҳо мардумро ба ҷонибдории худ даъват намуда, мавқеи ҳизбҳои дигарро бо баён намудани хатоҳояш пасту ночиз мешуморанд.       

 Дар маъракаҳои пеш аз интихоботӣ номзадро зарур аст, ки ҳамеша барои гуш намудани эътироз ва гуфтугӯ бо мусоҳибон омода бошад, зеро аудитория на дар ҳама ҳолат ақида ва таҷрибаи ӯро тарафдорӣ мекунад. Аудиторияи вай аз нафарони мавқеи гуногун дошта иборат ҳастанд, ҳастанд нафарони хайрхоҳ, дилсӯз, эҳтиёткор, бепарво, ғайр аз ин душманони фаъол мавҷуданд, ки барои сухани ӯро ба муқобили худи ӯ гардонидан кӯшиш мекунанд. Аз ин рӯ, суханвари сиёсиро зарур аст, ки тамоми роҳу воситаҳоро истифода намояд, то ҳисси боваркунониро дар ин раванд ба даст орад. Ин ҳама аз номзад маданияти волои сиёсиро талаб мекунад.

 Ҳамин тавр, яке аз вазифаҳои асосии риторикаи сиёсӣ такмили арзишҳои сиёсию мадании ҷомеа, тасдиқ ва собит гардонидани ғояву андешаҳо сиёсиест, ки онҳо дар марҳилаи мушаххаси таърихӣ барои миллату давлати муайян ба сифати унсурҳои ваҳдатофарӣ баромад мекунанд.

  Муносибати муосир нисбат ба маданияти сухан робитаҳои байниҳамдигарии баландшавии сатҳи маданияти шифоҳии ҷомеа ва инкишофи фарҳанги миллиро муқаррар намуда, равандҳои ба амалияи нотиқии муосир алоқамандро илман таҳлил карда, дар мукаммалгардии забони адабии соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи сиёсат, мусоидат менамояд. Аксарият дарк намуданд, ки забон - василаи асосии маърифати олам буда метавонад ва маҳз тавассути таҳаввули тезтару бештари ҳаёти ҷамъиятӣ имконпазир мегардад. Ҷиҳати мазкур низ инкишофи минбаъдаи риторикаро заминагузорӣ намуд. Айни замон, аҳамияти нутқ ва ҳар гуна технологияи иттилоотӣ дар рушди низоми ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ басо бузург мебошад.  

  Дарвоқеъ, сарони давлатҳодар мулоқотҳояшон аз падидаҳои риторикӣ ба таври самаранок истифода менамоянд. Дар муносибатҳои дипломатӣ ҳатто тарзи нишаст, роҳрафтан, тарҳи чеҳра, имову ишорат, маданияти азбар намудани либос, тарзи нигоҳ ва вақти сукут ҳамчун ҷузъи фарҳанги гуфтор ба таркиби ҳунари суханварӣ ворид гардида,ифодагари маданияти сиёсӣ ба шумор мераванд. Дар нутқи сиёсии дипломатӣ нотиқ наметавонад ҳар чи ки дар хотир дорад, ба забон орад. Аз ин хотир, дар бисёр ҳолатҳо дипломатҳо як чизро фикр карда, чизи дигарро ба забон меоранд.

  Ҳар як шахс аз қудрати баёни сухан дар сатҳи баланди маданияти касбӣ бархурдор бошанд. Қобилияти таҳлилии масъалаҳоро дошта, вобаста ба макону замон ва мақсаду ҳадафҳои сиёсию иҷтимоӣ масъалаҳоро баррасӣ намояд. Дар ҳама ҳолат мавқеи худро ҳифз карда тавонад.

  Дарвоқеъ, субъектони сиёсӣ дар раванди буҳронӣ дар мавридҳои мухталиф бо оммаи мардум во хурда, суханронӣ менамоянд. Албатта, ин раванд барои ташаккули маданияти риторикии шахс мусоидат менамояд. Дар навбати худ дар сатҳи зарурӣ донистани асосҳои маҳорати суханварӣ ба ҳар як нафар, хусусан, ба ходимони давлатӣ имкон медиҳад, ки диққати шунавандагонро ба худ ҷалб кунад ва ҳатто ӯро водор созад, ки ҳамрадифи андешаҳои гӯянда қадам занад, ҳамчунин, аз вазъияти ногувори ногаҳонӣ раҳоӣ ёбад.

  Суханвар бояд роҳҳоеро донад, ки афкори мухолифро рад кунад ва ба қувваи муқобил иҷозат надиҳад, ки ба ӯ ғолиб барояд. Тамоми кӯшиши худро на ба масъалаҳои шахсӣ, балки ба самти манфиати оммаи мардум равона намояд ва он андешаҳоеро, ки ба манфиати миллат аст, баён кунад. Ҷанбаҳои манфии ҷониби муқобил ва зарареро, ки аз он ба ҷомеа мерасад, ишора намояд. Роҳу воситаҳои ҳимоя намудани манфиатҳои ҷамъиятиро бо овардани мисол аз ҳаёти воқеии мардум нишон дода тавонад. Дар баробари ҳамаи ин бояд шахси ҳозирҷавоб бошад. Агар бар зидди ӯ фикре пешниҳод шавад, ё нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон зиддияти нобаҳангом пеш ояд, ба онҳо посух дода тавонад. Яъне, нотиқи сиёсӣ маҳорати нуқтасанҷӣ, дурандешӣ, таҳлилу баррасии масъалаҳо ва ҳозирҷавобию зиракиро дошта бошад. Хусусияти мазкур, махсусан ҳангоми амалигардонии мубоҳисаву мунозираҳои сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ муфид буда метавонад.

  Суханвар бояд, пеш аз ҳама, маводи суханро гирд оварда, онро таҳлилу гурӯҳбандӣ ва танзим намояд. Суханвари сиёсӣ пеш аз оғози муошират бояд ҳолати муоширатро муайян карда тавонад. Ӯ пеш аз ҳама, дарк намоянд, ки бо киҳо сухан гуфта истодааст. Шахс бояд нақшаи суханрониашро дошта бошад. Ӯ бояд дарк намояд, ки дар ин ҷода санъаткор аст ва пайваста аз маҳорати суханронии ӯ нуқтаи муоширот вобаста аст. Қабл аз хама бояд мавзӯи сухан муқаррар карда шавад. Мавзӯи маърӯзаҳои сиёсиро одатан муассиса ё созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ пешакӣ муқаррар мекунад.

  Суханвари сиёсӣ сатҳи аудиторияро муайян намуда, бояд ба назар гирад, ки шунаванда дар кадом маврид матлаби ӯро хубтар дарк мекунад. Дар чунин маврид манфиатҳои ҷамъиятиро ба инобат гирифта, сухан ронад. Агар нутқи ӯ бар манфиати мардум бошад, моҳияти гуфтаҳои нотиқро беҳтар дарк мекунанд. Аз ин рӯ, нотиқ бояд рӯҳияи ҳозирин, мақсад ва умедвории онҳоро ҳам сарфи назар накунад. Масалан, аз суханрониҳои номзадон дар раванди интихобот бар меояд, ки онҳо худро роҳбар ва маъмури касбӣ, муборизи оштинопазир ба зидди ҳар гуна фасод, ҳомии камбизоатон ва бенавоён, шахси маърифатнок, хирадманд, ватанпарвар, ташкилотчӣ ва ғайра нишон медиҳанд.

  Барои дар худ ташаккул додани маданияти суханварӣ пайваста бояд ба омӯзиш машғул шуд. Нутқ аз илм фасоҳат гирад ва калом аз илм равнақ ёбад. Фарҳанги суханварӣ тавассути хондан рушд меёбад ва ғанӣ мегардад. Суханварибузург шудан аз меҳнат ва қобилияти зиёд вобаста аст. Барои суханвари хуб шудан, чи тавре, ки Ситсерон мегӯяд: «... зарур аст, ки донишҳои гуногунро дарк намоем, дар сурати надоштани он суханпардозиҳо бемаънӣ хоҳад буд, лозим аст, ки нутқро зебо кунем ва ба балоғат расонем, на танҳо дар интихоби калимаҳо, балки дар ҷобаҷогузории онҳо дар сухан маҳорат дошта бошем ва ин ҳаракати рӯҳ аст, ки табиат барои инсоният додааст, зарур аст, ки тамоми назукиҳои он омӯхта шавад, барои он ки ҳамаи қудрат ва маҳорати суханварӣ дар он ифода меёбад, ки вай тавонад рӯҳи шунавандаҳоро ором кунад ва ё зинда кунад. Ба ҳами ин бояд зарофат, ақл, дониш, озодии иродаи инсонӣ, дақиқият зам гардида, ба таври хело ҳам нозук ва олӣ дар суханварӣ ифода ёбад. Ба ғайр аз ин суханварро зарур аст, ки аз таърих огоҳ бошад, чизҳои хубро аз он интихоб намояд, набояд шиносоӣ бо қонунҳо ва қоидаҳои шаҳрвандиро сарфи назар намуд».

  Ҳар як суханвар бояд маданияти баланди бурдани баҳси сиёсиро дошта бошад. Баҳс дар ҳаёти инсон, илм ва умури ҷамъиятию давлатӣ аҳамияти бузургро доро мебошад. Дар ҷое, ки баҳс нест дар он ҷой карахтӣ ҳукмрон аст. Сиёсати кабир бо баҳсу мунозираҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ рангин аст. Ҷиҳати муҳимро дар баҳси сиёсӣ исботнамоӣ ташкил медиҳад. Исботнамоӣ амалест барои тасдиқкардан ё инкор намудани ҳодиса, раванд ва дигарпаҳлуҳои ҳаёти ҷомеа.

  Воқеан, фарҳанги баланди суханварӣ доштан яке аз сифатҳои ҳамидаи ҳар як ходими давлатию ҷамъиятӣ дар шароити имрӯза бошад. Зеро фаъолияти сиёсиро бе доштани маданияти сиёсиии суханварӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Чуноне ба мо маълум аст, пайдоиши суханварии сиёсӣ бо зуҳури низомҳои ҳокимиятӣ алоқамандаст. Яъне, аз ибтидо сухан ҳамсафари инсон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ буд. Санъати бурдани баҳс низ, яке аз бахшҳои риторика аст.

  Дар нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад субектҳои байналмилалӣ аз тамоми роҳу усулҳои суханронӣ барои исботи мавқеъи хеш истифода мебаранд то манфиатҳои худро ҳифз намоянд. Муҳим он аст, ки дигар акторҳо ба сухаронии он боварӣ ҳосил намояд. Чи қадаре, ки сарвар маданияти баланди суханронӣ дошта бошад, ҳамон қадар манфиатҳои кишвари худро ҳимоя карда метавонад.

  Ходимони давлатию ҷамъиятӣ бояд маданияти баланди суханронӣ намудан дар ВАО – ро низ биомӯзанд. Зеро, дар раванди инкишофи ҷомеа вазъият тақозои мубоҳисаро менамояд. Махсусан, шакли мубоҳисаи сиёсӣ дар раванди дигаргунсозиҳои ҳаётан муҳим дар шароити инкишофёбии демократия, ошкорбаёнӣ ва мавҷудияти ақидаҳои мухталиф оид ба масъалаҳои асосии ҳаётӣ аҳамияти бузург дорад.

  Хусусан, дар баҳсу мунозираҳое, ки дар заминаи мухолифатҳои байни давлатҳои гуногун дар арсаи байналхалқӣ рӯй медиҳанд, аҳамияти мубоҳисаҳои сиёсӣ меафзояд. Роҳҳои асосии ҳалли мубоҳисаҳои байналхалқӣ аз қабили музокирот, миёнаравӣ, мурофиаи судӣ аз субъект донистани санъати баланди риторикаи сиёсиро тақозо менамояд. Алалхусус, дар раванди музокирот барои дарёфти сулҳу ризоият ин падида мавқеи муносиб дорад. Чи қадаре, ки субъект дар пешниҳод ва муҳокимаҳои худ ризоият ва манфиати тарафайнро дарҷ намояд, ҳамон миқдор ба ҳалли мушкилот мерасанд.

  Воқеан, суханронӣ сирф сухан гуфтан дар як ҷамъомад нест, балки “барангехтан”- и афрод аст, чи нисбат ба анҷоми як кор ва чи нисбат ба боздоштан аз як амал. Аз ин рӯ, дар суханронӣ чунон бояд сухан гуфт, ки шунавандагон барангехта шаванд ва дорои ангезаи “амал” ва “тарки амал” гарданд. Ба ҳамин далел суханварӣ як ҳунарест, ки вижагиҳои хосаро талаб менамояд [3,80].

  Риторикаи сиёсӣ дар раванди муҳокима ва баррасии қонунҳо ва қарорҳои сиёсӣ аҳамияти муҳим касб менамояд. Дар қабули қарори сиёсӣ нутқи ходимони давлатию ҷамъиятӣ, ки баҳри ҳалли масъалаҳои мухталифи иҷтимоию сиёсӣ равона шудааст, нақши калидӣ мебозад. Субъекти сиёсиро зарур аст, ки мусоҳибонро ба дурустии қарор бовар кунонида тавонанд. Хусусан, дар маърузаҳои худ мисолҳо овардан аз ҳаёти воқеии ҷомеа, монеаҳо ва мушкилоти зиндагии табақаҳои гуногуни аҳолӣ арзиши муҳим пайдо менамоянд. Суханвари сиёсӣ аз обрӯ ва нуфуз бархурдор бошад. Махсусан, мавқеи ӯ дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ назарас бошад. Ҳар андозае, ки суханвар аз унсурҳои маданияти сиёсӣ бархурдор бошад, боиси пешрафти нуфузи ӯ дар ҷомеа мегардад.

  Суханвари сиёсӣ бояд иродаи қавӣ дошта, дар баҳс бо рақибон ҷасорат, нотарсӣ ва далерӣ нишон дода, дар ақидаи худ устувор монад. Тарсро аз байн барад ва дар раванди амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Инчунин, дар лаҳзаҳои ҳассос худро ба даст гирифта, хашму ғазаби худро фурӯ нишонда тавонад. Яъне, суханвари сиёсӣ пеш аз ҳама шуҷоатманд бошад. Ва инсони шуҷоъ касест, ки дар доштани кудрати рӯҳӣ ва қудрати дил хашм ва ғазаби худро ҳамеша бо неруи ақл маҳор мекунад. Ҳамаи неруҳо ва тавоноиҳои худро ба сурати комил ва ҳисобшуда дар ихтиёр дорад ва ҳаргиз шикаст намехӯрад [5,382]. Ин ҳама ба муътадил ва мувофиқи матлаб ҷараён гирифтани суханронӣ мусоидат мекунанд.

  Дарвоқеъ, нутқи суханвари сиёсӣ ифодагари шахсият, қобилият, маънавиёт ва робитаи ӯ бо ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.

  Қайд кардан зарур аст, ки симои зоҳирии инсон дар оғози муошират маъмулан таассуроти нахустин ва муҳимро боқӣ мегузорад. Ахлоқ, одоб ва ҳусни рафтор дар тамоми даврони зиндагии бошууронаи инсон меъёри возеҳтарини сирати иҷтимоӣ ва маънавии ӯ шинохта шудаанд. Равоншиносон зимни таҳқиқот собит сохтаанд, ки ҳар вақт инсон либоси хуб бипӯшад, эътимоду бовариро ба худ бештар эҳсос мекунад. Дар мавқеи суханронӣ либоси хуб ҳамин асарро дорад. Масалан, дар «Футувватномаи султонӣ» чунин омадааст: «Агар пурсанд, ки ту барои либосӣ ё либос барои туст, бигӯй либос сурат барои ман аст ва ман барои либос маъниям». Аз ин рӯ, суханвари сиёсиро зарур аст, ки этикаи махсуси либоспушӣ дошта бошад.

  Суханвари сиёсӣ мақсаду вазифаҳои амиқ дошта, на танҳо ба муҳити бевосита, балки ба тамоми одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва сохторҳои ҷомеа таъсир мебахшанд. Хусусияти оммавӣ доштани суханварии сиёсӣ аз нотиқи сиёсӣ тақозо менамояд, ки ӯ баромадашро фаҳмотар ва равшантар мураттаб гардонад, чун барои оммаи мардум дастрас бошад. Суханвари сиёсӣ ба муносибати байни одамон ва давлат таъсири бевосита мерасонанд. Ин муносибатҳо ё мустаҳкам мешаванд ва ё заиф мегарданд.

  Хулоса, риторика ва баҳси сиёсӣ яке аз унсурҳои муайянкунандаи маданияти сиёсии шахс буда, дар ташаккулёбии шахс ҳамчун субъекти сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, таъмини ваҳдату амният дар ҷомеа, дарёфти консенсуси иҷтимоӣ, дарёфти тарҳи нави муколама ва раванди сотсиализатсияи сиёсӣ мавқеъи устувор дорад.

 Саидова Фазилатмо 

Ахбори Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.  Душанбе- «Дониш»  2019, №2 (256)

АДАБИЁТ

  1. Зокиров Г.Н.Сиёсатшиносӣ,Душанбе, 2010
  2. Кузнецов И.Н. Риторика или ораторское искусство.-М., 2004
  3. Маҳмадов А.Н.Риторика ва баҳси сиёсӣ,-Душанбе,2011
  4. Михайличенко А.Н.Риторика.М.,1993
  5. Муҳаммад А.Н.Донишномаи мухтасари сиёсӣ.Душанбе,2016
  6. Раҷабов И.Ш.Риторика ва баҳси сиёсӣ.

 

Хондан 3116 маротиба