Нусхаи чопи
Сешанбе, 16 Ноябри 2021 08:07

Риторикаи дипломатӣ: моҳият ва аҳамияти он дар шароити муосир

Муаллиф: Фазилатмо САИДОВА
Риторикаи дипломатӣ: моҳият ва аҳамияти он дар шароити муосир https://buyneopoints.net/wp-content/uploads/2019/07/bkg_clients.jpg

 Тавре маълум аст, инсоният тули таъ­рихи мавҷудияташ дар муоширати ҳамешагии байниҳамдигарӣ мебошанд ва бидуни ин замина ҳастии онҳоро низ тасаввур кардан имконнопазир аст. Муоширате, ки инсонҳо байни ҳамдигар анҷом медиҳанд дар доираи меъёрҳои муайян сурат мегиранд. Дар алоқамандӣ бо инкишофи муттасили инсону ҷомеа, тарзи муошират ва меъёрҳои батанзимоварандаи он низ пайваста инкишоф меёбад. Соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ба вуҷуд омада, дар онҳо одамон фаъолият менамоянд ва дар робитаҳои байниҳамдигарӣ суханронӣ менамоянд. Махсусан сиёсат ва суханварӣ ҳамеша дар муносибати байниҳамдигарии муштарак қарор доранд ва заминае барои фаъолиятҳои иҷтимоӣ ба шумор мераванд. Дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми риторикаи сиёсӣ, ки ба шакл ва намудҳои гуногун ҷудо гардидааст, бузург мебошад. Риторикаи сиёсӣ вобаста ба соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар навъҳои гуногун зоҳир шуда, амалӣ мегардад. Яке аз шаклҳои  риторикаи сиёсӣ, ин риторикаи дипломатӣ мебошад.

  Таҳлили равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки дар арсаи байналмилалӣ, хусусан дар раванди шиддатёбии  муносибатҳои байни давлатҳо, тактика ва стратегияҳои дипломатҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо нақши ҳалкунанда мебозанд. Дипломатия санъатест, ки барои эҷод ва нигоҳ доштани муносибатҳои байналмилалӣ тавассути усулҳои мухталифи алоқа истифода мешавад. Ин усулҳо махсус суханрониҳоест, ки мо онро дар як қатор ҳуҷҷатҳои дипломатӣ мушоҳида менамоем. Дар муносибатҳои дипломатӣ ҳатто тарзи нишаст, роҳ рафтан, тарҳи чеҳра, имову ишорат, маданияти азбар намудани либос, тарзи нигоҳ ва вақти сукут ҳамчун ҷузъи фарҳанги гуфтор ба таркиби ҳунари суханварӣ ворид гардида, ифодагари маданияти сиёсӣ ба шумор мераванд. Маданияти дипломатӣ аз ифода ва истифодаи дурусти усулҳои суханронӣ иборат аст. Чуноне ки муҳаққиқ Г. Николсон менависад: «Дипломатия - ҳунари ба мувофиқа овардани манфиатҳои халқҳо буда, мақсади дипломатия ба ризоияти мусолиматомез расонидани халқҳо ба шумор меравад” [4, 315]. Яъне ҳама гуна мусоҳиба ва музокироти дипломатӣ ба он равона карда мешаванд, ки мувофиқаи халқҳо ва ризоияти мусолиматомези онҳо ба даст оварда шавад.

  Ҳанӯз донишмандони қадим қайд карда буданд, ки суханварии нотиқи ҳақиқӣ бояд баҳри марому мақсадҳои олӣ: мубориза барои хайрияти умум, адолат ва қонунияти воқеӣ, фаъолияти бунёдкорона ва ғайра равона гардад. Онҳо дар симои нотиқ - сиёсатшинос шахс - шаҳрвандеро медиданд, ки донандаи моҳири санъати суханварӣ, намояндаи ҷамъиятӣ, донишманди сиёсӣ ва фарди поквиҷдону масъулиятшинос ва ватанпарасту вафодор буд[5, 20].

  Бояд гуфт, ки таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи тӯлонӣ ва ғании дипломатӣ дорад ва дар бораи сифату хислати сафирон даҳҳо китобу рисолаҳо таълиф шудаанд. Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ доир ба сифатҳои сафирон гуфтааст. Махсусан, барои сафирону намояндагони давлат донишмандӣ ва қобилияти баланди суханварӣ доштанро муҳим арзёбӣ менамояд:

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

  Дар ашъори безаволи ҳаким Фирдавсӣ сифатҳои умдаи фиристодагон - муаррифгарони давлат ва миллату кишвари худ, яъне хирадмандӣ, равшанравонӣ ба маънои ахлоқи нек ва аҳаммияти забондонию суханварӣ, ба таври возеҳ таъкид шудаанд.

  Аз таҳлил ва муқоисаи илмии осори мутафаккирони форсу тоҷик бармеояд, ки онҳо ба тарзи суханронӣ ва маданияти суханварии шоҳону вазирон, сафирон ва дигар амалдорони давлатӣ бештар диққат додаанд. Аз ҷумлаи онҳо метавон Низомулмулки Тўсиро мисол овард. Дар “Сиёсатнома” оид ба ойини кишвардорӣ, рафтору кирдор ва муносибату муоширати амирону вазирон, надимону девондорон, ҳамчунин, сафирон ақидаҳои ҷолиб баён гардидааст. Фасли 21 - уми китоб «Андар маънии аҳволи расулон ва тартиби кори эшон»  пурра ба кору шахсияти сафир бахшида шудааст. Муаллиф менависад, ки «подшоҳон ҳамеша ҳурмати якдигар доштаанд ва расулонро азиз гирифта, ки бад-он қадру ҷод эшонро зиёдат шудааст. Ва ҳатто дар вақте, ки миёни подшоҳон мухолифате ва ваҳшате будааст ва расулон, ки барои иҷрои рисолати худ омадаанд «ҳаргиз эшонро наёзурдаанд ва аз некудошт ҳеҷ одате кам накардаанд»[2, 153]. Маслиҳатҳои дигари мутафаккир бобати онанд, ки бояд са­фир чи гуна инсон бошад: «...расулиро марде шояд, ки ў хидмати подшоҳон карда бошад ва ба сухан гуфтан далер ва сафари бисёр карда ва аз ҳар донише баҳрае ёфта ва ҳофизу пешбин ва хушқаду некуманзар. Ва агар марде ва саворе пиру олим бошад, беҳтар ва агар надимеро фиристанд, бад-ин шуғл, эътимод зиёдтар бувад[3, 82].

  Таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки барои хизматчиёни дипломатӣ риторикаи сиёсӣ воситаи асосии ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад. Махсусан, дар шароити муосири ташаккули низоми нави сиёсии олам кишварро зарур аст, ки бо тамоми акторони сиёсати ҷаҳонӣ дар робита бошад ва тавонад манфиатҳои давлатии хешро ҳимоя намояд. Таъмини равобити хубу дӯстона бо кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ, қобилияти таҳлили воқеаҳои дохиливу хориҷӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузорад, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хизматчиёни дипломатӣ аст ва онҳо ин вазифаро дар сурате амалӣ карда метавонанд, ки аз санъати риторикаи сиёсӣ бархурдор бошанд.

  Тавре, ки Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба нахустин таҷлили “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” таъкид карданд: “Фаромӯш набояд кард, ки риояи манофеи миллӣ ва заминасозӣ барои таъмини рушди устувори кишварамон, баробари ҳифзи дастовардҳои истиқлол, аз ҳар корманди хизмати дипломатӣ зиракии сиёсӣ, огоҳии комил аз равандҳои ҷаҳони муосир, шинохти дурусти ҳадафҳо ва манфиатҳои Тоҷикистон, қобилияти таҳлили воқеаҳои дохиливу хориҷӣ, тасмимгирии саривақтӣ ва мантиқӣ дар баробари рӯйдодҳо ва албатта, садоқату самимияти хосса ба давлату миллатро тақозо менамояд” [6].

 Дарвоқеъ, раванди сиёсии ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ҳар як дипломат маҳорати нуқтасанҷӣ, суханварӣ, дурандешӣ, таҳлилу баррасии масъалаҳо ва ҳозирҷавобию зиракиро дошта бошад. Хусусиятҳои мазкур, махсусан, ҳангоми амалигардонии мубоҳисаву мунозираҳои сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ муфид буда метавонад. Тавре маълум аст, дипломатия дар шакли гуфтушунидҳо, мукотибаҳо, конгрессҳои дипломатӣ, конференсияҳою машваратҳо, тайёр намудан ва бастани шартномаҳо, қарорҳои байналхалқӣ, намояндагии доимии давлат дар хориҷ, изҳори мавқеи давлат доир ба масъалаҳои байналхалқӣ ва ғайра ба амал бароварда мешавад.

  Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин сифатҳои ҳар як дипломат аз он иборат аст, ки вай на танҳо ба донишҳои мукаммали инсонӣ мусаллаҳ бошад, балки маҳорати муҳокимаронии хуби мантиқӣ дошта бошад, мустақилона фикрронӣ карда тавонад, роҳҳои ҳалли ин ва ё он мушкилии пайдошударо дарёфт намуда, вазъи баамаломадаро дуруст таҳлил кунад, фикри худро дақиқ ва рўшан ифода намояд. Яъне дипломат на танҳо хирадманд бошад, балки вай тавонад ҳақиқатро дар ҷое бубинад, ки дигарон ё ба душворӣ ба он мерасанд ва ё умуман ба он расида наметавонанд [1,30].

  Барои забоншиносии муосир омӯхтани хусусиятҳои забони дипломатӣ аҳамияти хоса дорад, ки бо вуҷуди характери дигаргуннашаванда будани услуби дипломатӣ, бинобар тағйироти босуръат дар рӯйдодҳои сиёсии хориҷӣ ва дохилӣ, пайваста рушд мекунад. Забони дипломатӣ муайян ва универсалӣ аст. Тафовути нутқи дипломатӣ дар муқоиса бо дигар намудҳои нутқ он аст, ки он дар чаҳорчӯбаи қатъии мафҳумҳо мебошад. Зеро нотиқ наметавонад ҳар он чи ки дар хотир дорад, ба забон орад. Чунки суханронии ӯ метавонад боиси ранҷиши мусоҳибон гардад ва ба муносибатҳои байни давлатҳо зиёновар бошад. Онро зарур аст дар мавридҳои зарурӣ пардапўшона сухан гӯяд. Махсусан, ҳангоми сухан гуфтан доир ба муносибатҳои байналмилалӣ. Зеро дар сиёсат як сухан метавонад дўстро ба душман табдил диҳад.

  Қайд кардан бамаврид аст, ки аз маҳорати нотиқии дипломат бисёр чизҳо вобаста аст. Махсусан, дар мубоҳисаҳои байналмилалӣ ӯро мебояд, ки тамоми усулу тактикаи риторикаи сиёсиро истифода бурда, манфиатҳои миллии кишвари худро ҳимоя намояд. Пушида нест, ки сиёсати кабир бо баҳсу мунозираҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ рангин аст. Ҷиҳати муҳимро дар баҳси сиёсӣ исботнамоӣ ташкил медиҳад. Барои амалӣ шудани ин раванд бояд мусоҳибони худро бовар кунонида тавонист. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ субектҳои байналмилалӣ аз тамоми роҳу усулҳои суханронӣ барои исботи мавқеи хеш истифода мебаранд то манфиатҳои худро ҳифз намоянд. Муҳим он аст, ки дигар акторҳо ба сухаронии он боварӣ ҳосил намоянд. Чи андоза сарвар маданияти баланди суханронӣ дошта бошад, ҳамон андоза манфиатҳои кишвари худро ҳимоя карда метавонад.

  Раванди сиёсии ҷаҳонӣ исбот менамояд, ки дар шароити муосир риторикаи сиёсии сарварони сиёсӣ таҳаввулоти амиқи худро дар равандҳои ҷаҳонӣ гузошта, боиси ба вуҷудоии дигаргуниҳои нав дар сайёра гашта истодааст.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати байналмилалӣ аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро доранд, пайваста дар суханрониҳои хеш аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ перомуни хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти ҷаҳон ва суботу оромии сокинони сайёра ибрози назар менамоянд. Тавре ки доктори илмҳои сиёсӣ Ятимов С.С. менависад: “Муколамаи Пешвои миллат дар самти муносиботи байналмилалӣ, расидан ба моҳияти масъалаҳои мавриди муҳокимаи тарафайн, ҳимоя намудан ва пеш бурдани манфиатҳои миллӣ − мактаби бузурги дипломатияи тоҷик мебошад” [7].

  Таҳлили вазъи воқеии ҷомеаи имрўза нишон медиҳад, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун суханвари барҷаста дар дастгирӣ ва ташаккули мутахассисони суханвар саҳми бориз доранд. Ӯ ҳамчун суханвари касбӣ ҳамеша бо мардум муносибати гарму табиӣ дорад. Махсусан, дар сафарҳои дохилии худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Пешвои миллат беҳтарин суханварони ҷавонро аз минтақаҳои ҷумҳурӣ интихоб намуда, барои пешрафти онҳо ҳамчун мутахассис дар оянда кўмак менамоянд. Эълони озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳадафи дигари Пешвои миллат аст, ки суханварию суханшиносӣ ва ба қадри сухану эҷодгарони сухан расидани аҳли ҷомеа боз ҳам беҳтар гардад.

 Воқеан, имрӯз барои таҳлили вазъи сиёсию амниятии ҷаҳон, пешгӯии равандҳои печидаву мураккаби геополитикӣ, муайян намудани мавқеи давлат дар низоми байналмилалӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар муколамаву конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ зарурати ташаккули риторикаи сиёсӣ ба миён омадааст. Махсусан, равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза аз ҳар як нафар зиракии сиёсиро тақозо менамояд. Зеро имрӯз бозигарони сиёсии ҷаҳон стратегияҳои гуногунро мавриди амал қарор медиҳанд, ки ниҳоят пуртаззод ва мураккаб мебошанд.

  Хулоса, риторикаи сиёсӣ метавонад ҳамчун воситаи хуби башардӯстӣ, инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Бояд тазаккур дод, ки дар шароити муосири Тоҷикистон омўзиши риторикаи сиёсӣ барои ҳар як шахс, махсусан арбобони сиёсию хизматчиёни дипломатӣ аҳамияти хосса дошта, баҳри баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, муттаҳидии мардум дар фазои суботу ваҳдат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва расидан ба ҳадафҳои бузурги сиёсӣ нақши сазовор мебозад.

 

Фазилатмо САИДОВА

номзади илмҳои сиёсӣ, ходими калони илмии Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (26), 2021

 

Адабиёт

 

  1. Мирзоев Ғ. Дипломатия: қоида ва меъёрҳои ташрифот.-Душанбе,2010.
  2. Назриев Д.Нақши сафир дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулк ва «Таърихи Масъудӣ»-и Байҳақӣ// Сиёсати хориҷӣ.-2011.-№1.-С.150 -156.
  3. Низам-ал-мульк.Сиясатнаме.(Книига об управлении государством) .-Душанбе: Ифрон,1998.
  4. Попов В.И.Современная дипломатия: теория и практика. Дипломатия - наука и искусство: Курс лекций. - 2-е изд., доп. - М.: Меж­дунар. отношения, Юрайт-Издат, 2006.
  5. Раҷабов И.Ш.Риторика ва баҳси сиёсӣ. - Душанбе,2016. - 272 с.
  6. Рахмон Э. Выступление по случаю первого празднования «Дня работников дипломатической службы» и открытия здания Главного консульского управления Министерства иностранных дел. 09.2016 [электронный ресурс].URL: http://www.president.tj /ru/ node/13251
  7. Ятимов С. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат//Ҷумҳурият.- №194-195 (24 050) аз 05.10.2020с.
Хондан 981 маротиба