Нусхаи чопи
Сешанбе, 09 Июли 2019 03:27

Садриддин Айнӣ – навоишинос

Муаллиф:

  Устод Садриддин Айнӣ (15.04.1878 – 15.07.1954) аз нависандагон ва муҳаққиқони бузурги Машриқзамин буда, дар баробари осори бадеии мансуру манзум аз худ мероси бои илмӣ ба баъдинагон гузоштааст. Агар вай адабиёти баъдазинқилобии моро аз солҳои 20-уми асри гузашта, зимни истифода аз мероси ғании адабиёти пешинаамон ба чаҳорчӯбаи лозима дароварда, ба он ним аср ҳодию раҳнамо шуда бошад, пас дар ҷодаи илми замон ҳам ҳамон қадар заҳматро бар дӯш дошт. Бояд гуфт, ки корҳои тадқиқотии Садриддин Айнӣ дар нимаи авали асри XX дар соҳаи маориф, таърихшиносӣ, кишваршиносӣ, адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ илми тоҷикро, фарҳанги тоҷикро ҳар чӣ бештар аз пештар ҳам ба худамон ва ҳам ба ниёзмандони ин адабу фарҳанг муаррифӣ намуда тавонист.

  Осори илмӣ -тадқиқотии устод Садриддин Айнӣ «Тазҳибу-с-сибён» (китоби таълимӣ -тарбиявӣ барои насли наврас), «Шӯро» (мақола дар бораи Абдулқодири Бедил), «Таърихи аморати манғитияи Бухоро», ки солҳои 1920-1921 дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» интишор ёфта, соли 1923 дар шакли китоби алоҳида ба нашр расида буду дар худ ҳукумронии амирони манғитро дар Бухоро, аз замони Раҳимхон ибни Ҳаким Отилиқи манғит (1747) то сарнагун шудани охирин намояндаи он амир Олимхон (1920), инъикос намудааст, имрӯз низ аҳаммияти илмии худро нигоҳ дошта меоянд.

  Баъдтар ин марди закитабъ баробари эҷоди бадеӣ ба адабиётшиносӣ даст зада, тавонист як идда рисолаҳои илмиро ба майдон орад, ки метавон нахуст номи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ин ҷо сабт намуд. Ин асар ҳанӯз соли 1925 дар Маскав ба ҳуруфи ниёгон чоп шуда буд. Минбаъд тадқиқотҳои мавсуф «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ (1934), «Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино» (1939), «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» (1940-1942), «Устод Рӯдакӣ» (1940), «Камоли Хуҷандӣ» (1940), « Мирзо Абулқодири Бедил» (1954), «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (1946) ва мақолаҳои зиёдеро иншо намуд, ки ҳар кадоме аз аввалин раҳовардҳои илми адабиётшиносии мо буданд.

  Устод Садриддин Айнӣ на танҳо бо омӯзишу пажӯҳиши мероси ғании гузаштагони суханварамон машғул гардид, зиёда аз ин дар ҷодаи «мустаҳкам гардонидани равобити илмию адабии халқҳои тоҷику узбек» [6, 124] саҳми бениҳоят калон гузошт. Пеш аз ҳама вай ҳамчун адиби зуллисонайн осорашро бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ навишта, ҳатто «солҳои 1946-1950 мудири кафедраи адабиёти узбеки Донишгоҳи давлатии Самарқанд буд» [6, 124]. Ин маънои онро дорад, ки ин устоди забардаст тавонистааст ба аввалин эҷодкорон ва олимони даврони нави бародарони узбек дасти кӯмак дароз намояду ба эшон низ раҳнамоии худро дареғ надорад. Мо инро дар мисоли тадқиқотии арзишманди ӯ роҷеъ ба рӯзгору осори Амир Алишери Навоӣ (1441-1501), ки ашъори форсӣ -тоҷикиашро бо тахаллуси Фонӣ эҷод менамуд, дармеёбем. Ҷойи зикр аст, ки мавсуф доир ба Алишери Навоӣ як идда корҳои тадқиқотӣ ва матншиносиро анҷом дода будааст. Ба ин маънӣ, навоишиноси тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар мақолаи калонҳаҷми худ «Суханвари зуллисонайн (Навоӣ – Фонӣ )» барҳақ менависад, ки «Дар таҳқиқу тадқиқ ва омӯзишу баррасии рӯзгор, ҳаёти сиёсию маданӣ ва адабии Алишери Навоӣ махсусан устод Садриддин Айнӣ саҳми арзандае дорад» [9, 185].

  Аввалин кори пажӯҳишие, ки устод Садриддин Айнӣ роҷеъ ба Алишер Навоӣ навиштааст, ин мақолаи ӯ «Мир Алишери Навоӣ» [1, 199-211] мебошад, ки он соли 1938 ба муносибати тайёрӣ ба бузургдошти 500-солагии Алишери Навоӣ навишта шудааст. Ин мақола аввал соли 1938 дар таърихи 29-30 декабр дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» ба табъ расида, онро дар таърихи 1-9 январи 1939 «Рӯзномаи муаллимон» дубора чоп менамояд. Дар вақти навиштани ин мақола Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар шаҳри Самарқанд буд. Мақолаи мазкур аз чаҳор бахш иборат буда, бахши аввали он асосан аз зода шудану ба камол расидан ва давраи таҳсилоти ӯро дар Ҳироту Машҳад фаро мегирад. Дар ин ҷо ба Султон Ҳусайни Бойқаро (замони ҳокимияташ солҳои 1471-1506) ҳамтаҳсил буданаш низ зикр гардидааст. Дар бахши дувуми мақола, хеле кам бошад ҳам, нахуст сухан аз ҳаёти сиёсии замони Алишер Навоӣ ва муносибати ӯ ба он таҷассум ёфтааст. Ин муносибатро устод Айнӣ чунин менигорад: «Мир Алишер, ки бо вуҷуди як фарзанди дарборӣ ва аз хурдсолӣ дар дарбор зиндагонӣ карданаш, то сисолагияш ба корҳои ҳукумат ва низои байнихудии шоҳзодагон ҳеҷ ҳамроҳӣ накарда, ба таҳсили илм ва адабиёт машғулӣ мекард, аз назари борикбини ӯ ин аҳвол (вазъи замон-Т. Д) намегурехт. Ӯ медид, ки мамлакат хароб шуда рафта истодааст, аҳолӣ рӯз то рӯз дар фақирӣ ва муҳтоҷӣ афтода хонавайрон шуда истодаанд, давлат бошад ба тарафи чуқурии инқироз нигоҳ карда рафта истодааст. Ӯ бо таъсироти ин аҳвол як одами комили инсонпарвари адолатдӯст, як олими ҳакими зиндагишинос, як шоири санъаткор, ки таасурроти худ ва олами халқро бо қалами нотакрори худ тасвир карда тавонад, шуда расида буд» [1, 202].

  Аз ин баҳои ба Алишери Навоии сисола додаи муҳаққиқ бармеояд, ки вай то навиштани нахустин мақолаи доир ба Навоӣ бо осори ӯ огоҳии хуб ва ошноии ҳаматарафа дошта будааст. Устод Садриддин Айнӣ дар ин бахш ба дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро кашида шудани Навоӣ, ҳаёти ӯ дар дарбор, ҳокими Астаробод таъин шуданаш, аз он ҷо ба истеъфо рафта дубора ба Ҳирот баргаштан ва машғули эҷоди пайваста гардиданаш, андешаҳои ҷолиби илмиро ҷой додаааст.

  Бахши севуми мақолаи «Мир Алишери Навоӣ» роҷеъ ба муносибати Алишери Навоӣ ба адабиёти форс-тоҷик ва намояндагони барҷастаи он баҳс мекунад. Муаллифи мақола дуруст қайд менамояд, ки Навоӣ дар эҷоди бадеӣ ба забони модариаш туркии чиғатоӣ аз осори Фирдавсӣ, Низомӣ, Аттор, Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ ва дигарон хеле ва хеле фаровон истифода бурдааст. Хусусан, дар навиштани «Хамса»-и худ ӯ ба Низомӣ, Амир Хусрав ва Ҷомӣ пайравӣ карда, барои адабиёти туркзабонон шоҳасари ба ин забон нотакрорро офарид. Устод Айнӣ менависад ва дуруст ҳам ҳаст, ки «Аз гуфтаи худи Навоӣ, ки мо дар поёнтар тарҷумаи ӯро меорем, маълум мешавад, ки асарҳои ӯ ҳатто дар замони зиндагии худаш дар байни туркони озорбойҷонӣ то Шервон ва Табрез паҳн шуда будааст» [1, 205]. Вобаста «Хамса»-и Алишери Навоӣ ва таъсирпазирии ӯ аз «Хамса»-сароёни форс-тоҷик устод Айнӣ чунин менависад: «Навоӣ дар ин асари худ аз ҷиҳати шакл ва вазн Низомиро тақлид карда бошад ҳам, аз ҷиҳати варианти ҳикояҳо, эроди мисолҳо ва монанди инҳо тамоман як асари нав ба вуҷуд овардааст, яъне «Хамса»-и Навоӣ тарҷума ё аз ҳар ваҷҳ тақлиди «Хамса»-и Низомӣ набуда, тамоман як эҷоди нав аст» [1, 206]. Ҳамчунон дар ин бахши мақола доир ба девони чаҳоргонаи Алишери Навоӣ ба забони модариаш, «Маҷолису-н-нафоис»-и ӯ, «Мантиқу-т-тайр»-и Фариддуни Аттор ба туркӣ баргардониданаш ва ба форсӣ -тоҷикӣ доштани як девону чанд рисола ва мактуботи ӯ ахбори мухтассар додаааст.

  Дар бахши чаҳорум ва охирини мақолаи «Мир Алишери Навоӣ» дар бораи забон ва ҳусни баёни эҷодиёти адиби зуллисонайн сухан рафтааст, ки он ҳам хеле кӯтоҳу мушаххас мебошад. Устод Айнӣ дар ин ҷо дар баробари «Зуллисонайн» номидани Навоӣ ӯро соҳиби се забон медонад ва ба забони модариашу забони форсии тоҷикӣ забони арабиро зам намуда мегӯяд: «Баъзе китобҳои арабии душворфаҳмро бо забони туркӣ ва форсӣ бомуваффақият тарҷума кардани ӯ нишон медиҳад, ки ӯ забони арабиро на монанди муллоҳои мадрассаи куҳна рӯякӣ медонистааст, балки нозукиҳои забони араб ва адабиёти арабро аз худ карда будааст» [2, 210].

  Тавре ишора рафт, бештари эҷодиёти Алишери Навоӣ ба забони узбекии қадим – туркии чиғатоӣ навишта шудааст. Аз ин рӯ, тибқи ишораи муаллифи «Равзату-с-сафо» гӯё «Бинобарин баъзе ҷавонони форсизабон туркигӯйӣ ва туркинависии Навоиро зоҳиран ба тарзи ҳазлу мазоқ ва ҳақиқатан бо таассуби форсигарӣ таҳқир карда бошанд ҳам, ӯ ҳеҷ таассуб нишон надодааст» [2, 210] гуфтан маънӣ дорад. Зеро Навоӣ таҳсилкардаву бакамолрасидаи адабиёти форс-тоҷик аз ин ҳазлу шӯхиҳо намеранҷид, балки боз зиёдтар ба ҳамқаламони форсигӯяш дасти кӯмак дароз мекард. Камолиддини Биноӣ ҳам, ки ин аз назари муҳаққиқи навоишинос дур намондааст, дар ҳамон ҳазлҳои рафиқона муносибати дӯстонаи тарафайнро нигоҳ медоштааст. Вале ин масъала дар навоишиносии то Айнӣ ранги дигар дошт, яъне бо ин Биноиро ба миллатчигӣ муттаҳам мекарданд ва чанде баъд ҳам дар майдони илму адаби бародарони узбек ин моҷаро буд. Ин масъалаи бамиёнгузоштаи устод Садриддин Айнӣ дар ин мақола баъдтар дар китоби академик Абдулғанӣ Мирзоев «Биноӣ» ба таври мусбат, бар нафъи ҳар ду миллати ба ҳам дӯст – тоҷикону узбекон ҷамъбасти илмӣ дода шудааст [ 5, 57-890], ки ниёзмандон метавонанд ба он муроҷиат намоянду ҳақиқати ҳол барояшон равшан гардад.

  Устод Садриддин Айнӣ дар фароварди мақолаи мазкур ба хулоса меояд, ки мероси адабии чунин эҷодкорон бояд ҳаматарафа омӯхта шуда, осорашон бояд дастраси ҳамзабонон гардад. Ин оғози заҳмати устод дар навоишиносӣ ба шумор меравад.

  Минбаъд, устод Садриддин Айнӣ дар баробари корҳои дигари рӯзмарраи худ хастанопазирона омӯзишу пажӯҳиши худро атрофи рӯзгору осори Алишери Навоӣ идома дода, мақолаи хеле муфассали худро бо номи «Алишери Навоӣ» дар шумораҳои 1 (с.23-28), 2 (с.36-43), шумораҳои 4-5 (с.15-36)-и маҷаллаи «Шарқи сурх», соли 1941 ба чоп мерасонад [2], ки он баъдтар дар шакли рисола бо номи «Алишери Навоӣ» чоп гардидаааст. Дар бораи ин рисолаи устод сонитар таваққуф хоҳем намуд. Пештар аз ин мақола соли 1940 «Хамса»-и Алишери Навоӣ бо сарсухан ва тавзеҳоту луғати ин навоишиноси тоҷик дар Тошкант ба чоп расида буд. Бояд гуфт, ки аҳли таҳқиқи узбек аз ин матн судҳои зиёде бардоштааанд. Ин матн соли 1947 дубора дар Тошкант рӯйи чопро дид ва муҳаққиқи навоишиноси узбек Ҳамид Сулаймон онро аз матнҳои хуби осори Навоӣ донистаааст[3, 407]. Илова ба ин ҳама 14-15 майи соли 1948 дар рӯзномаи «Ленин йӯли» мақолаи калонҳаҷми устод Садриддин Айнӣ бо унвони «Алишер Навоӣ ва тожик адабиёти» ба табъ расид, ки баъд дар маҷмӯаи «Улуғ узбек шоири» ҷой дода шудааст[7]. Дар ин мақола муҳаққиқи навоишинос кӯшиш намудааст, ки таъсирпазирии Алишери Навоиро аз эҷодиёти суханварони форс-тоҷик ҳар чӣ равшантар ба аҳли таҳқиқ, бахусус ба муҳаққиқони навоишиноси узбек, нишон диҳад ва дар ин заминаи боэътимод навгониҳои ӯро якояк баршуморад. Аз муҳтавои мақола бармеояд, ки дар ҳақиқат Навоӣ парвардаи адабиёти форс-тоҷик буда, бо таъсири мусбати ба ӯ расонидаи ин адабиёт тавонист, ки ба халқи худ, ба адабиёти туркзабонон хизмати босазои бесобиқаро анҷом бидиҳад.

  Бояд гуфт, ки дар навоишиносии устод Садриддин Айнӣ мақолаҳои номбаршуда ва заҳамоти ёдгардидаи ӯ пояи мустаҳкаме гардиданд дар навиштани рисолаи калонҳаҷми «Алишери Навоӣ» [1, 265-470], ки муҳтавои умумии он замони зиндагӣ, тарҷумаи ҳол, фаъолияти сиёсӣ -ҷамъиятӣ ва эҷодиёти адабию илмии Навоиро бо иловаи шеърҳои мунтахаби форсӣ -тоҷикии мавсуф фаро гирифтаааст. Рисола аз бобҳои «Замони Алишери Навоӣ», «Тарҷумаи ҳоли Мир Алишери Навоӣ», ки аз фаслҳои «Таваллуд ва оилаи Навоӣ», «Рӯзҳои бачагии Навоӣ», «Айёми ҷавонӣ ва таҳсили ҷиддии Алишер», «Ҳаёти сиёсии Алишер» ва «Вафоти Алишер» иборат аст, «Ҳаёти адабӣ ва фаъолияти эҷодии Навоӣ», «Жанри муаммо», «Хидмати илмӣ -адабӣ ва мадании Мир Алишер, ки дар худ фаслҳои «Қадррасонии Алишер», «Китобҳои илмӣ ва адабӣ, ки бо ташаббуси Навоӣ таълиф ёфтааанд», «Биноҳое, ки Навоӣ дар роҳи илму адабиёт ва умуман дар роҳи манфиати омма сохтааст», бобҳои «Дахлу харҷи Алишер», «Ҳаёти хусусии Алишер», «Ҳаҷв-сатира ва юмор дар замони Навоӣ (Фонӣ ) ва боби охир «Намунаи шеърҳои форсӣ -тоҷикии Алишери Навоӣ (Фонӣ )» иборат ва ба риштаи таҳрир кашида шудааст. Танҳо аз бобҳову фаслҳои номбаршуда метавон ба хулоса омад, ки устод Садриддин Айнӣ дар риштаи навоишиносӣ чӣ заҳмати азимеро, ки пештар аз ӯ дар боби омӯзишу пажӯҳиши Алишери Навоӣ шояд касе орзуи анҷом доданашро ҳам надошт, ба субут расонидааст.

  Муҳақиқи чирадасти навоишинос дар ин рисола, тавре аз бобу фаслҳои он дида мешавад, доир ба омӯхтани рӯзгору осори Навоӣ шитобзадагиро пеша накарда, хеле бо ҳавсалаи зиёд қаламфарсоӣ намудаааст. Вай барои анҷом додани ин кор пеш аз ҳама ба махазҳои ба ҳаёту эҷодиёти суханвар алоқадошта муроҷиат менамояд, монанди «Рават-с-сафо»-и Мирхонд, «Макорим-л-ахлоқ»-и Хондамир, ки ба Амир Алишер бахшида шудаааст, «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Оташкада»-и Озар, «Хизонаи Омира»-и Ғуломалӣ Озоди Балгиромӣ, «Қомус-у-л-аълом»-и Шамсиддини Сомӣ, «Кашфу-з-зунун»-и Ҳофизи Ҷалабӣ, «Ҳафт авранг» ва «Баҳористон»-и Мавлоно Ҷомӣ, «Бобурнома»-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур, ки ҳамзамони ҷавони Алишери Навоӣ буд ва бахусус, осори худи ӯ. Ба пуррагӣ фаро гирифтани маъхазҳои дастрасгардида ва аз нигоҳи илмӣ ҳазм намудани онҳо нишон медиҳад, ки устод Садриддин Айнӣ дар ин рисола ва навиштани он масъулияти калонеро бар дӯш доштааст. Ин ба он маъност, ки муҳаққиқ кӯшида дар баробари хеле мухтасару мушаххас замони нобасомони Алишери Навоӣ [1, 267-270] – ро, ки ҷанбаи таърихӣ дораду охирҳои давлатдории Темуриёнро дар Мовароуннаҳру Хуросон то инқирози он (охири асри XV-аввали асри XVI) фаро гирифтааст, рӯйи коғаз оварданд, тарҷумаи ҳоли Алишери Навоиро ба ҷузъиёти зиёдаш зина ба зина барқарор намояд, ба ҳаёти шахсияш дахл кунад, симои ӯро дар ҳаёти адабӣ ва иҷтимоию сиёсии даврон бо дарунмояву бурунмояаш мунъакис созад, сохту муҳтавои осори адабӣ -илмиашро, аз хурдтарин абёти ғиноӣ то «Хамса»-и калонҳаҷм ба риштаи таҳқиқ кашад, намунае чанд аз ашъори форсӣ -тоҷикиашро дар замимаи рисола ҷой ва шикастанафсонаву хоксорона ин хулосаро ба қалам диҳад: «Мо дар ин китоб, ки ба муносибати ҷашни панҷсадсолагии таваллуди шоир ва мутафаккири бузурги халқи узбек Алишери Навоӣ нашр мешавад, дар бораи замони зиндагӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, эҷодиёти адабӣ ва хизматҳои илмии ӯ мухтасаран бошад ҳам, маълумот дода, намунаи шеърҳои форсӣ -тоҷикии ӯро илова кардем» [1, 470]. Ҷойи ишора аст, ки баъди хулоса бахши «Эзоҳот ва қайдҳои ҷудогона»» [1, 470 – 484] ва «Манбаъҳои истифода кардашуда» [1, 484] ба ҳусни рисолаи илмӣ ҳусни тоза бахшидаанд.

  Устод Садриддин Айнӣ дар барори дар боби дувуми рисола ба таври ҷиддӣ ба барқарор намудани рӯзгори сипаришудаи Навоӣ кӯшидан дар боби дувуми он «Ҳаёти адабӣ ва фаъолияти эҷодии Навоӣ» [1, 336-365] сайъ намуда, ки фаъолияти адабӣ ва илмии ӯро бо ёдрас гардидан, ба таври фишурда доир ба таърихи таълиф, муҳтаво ва номгӯйи осори калонҳаҷми мавсуф, монанди «Хамса», «Чаҳор девон», «Маҷолис-у-н-нафоис», «Маҳокамату-л-луғатайн», «Хамсату-л-мутаҳа-йирин», «Маҳбуб-л-қулуб», «Лисону-т-тайр» (Тарҷумаи «Мантиқу-т-тайр»-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ ) таваққуф намояд. Доир ба ин асарҳо нигоҳи навоишиноси нахустини тоҷик илмӣ ва хулосаҳояш аз ҳар ҷиҳат боварибахшанд. Бегумон андешаҳои устод Садриддин Айнӣ доир ба фаъолияти эҷодии Алишери Навоӣ сармашқу раҳнамои навоишиносони ватанию хориҷӣ шуда буданд ва ҳастанд.

  Муҳаққиқи варзида гузашта аз ин дар рисола ба заҳамоти илмӣ -адабӣ ва фарҳангии Алишери Навоӣ диққати вижа дода, аввалан таъкид менамояд, ки вай дар давоми сари мансаб будан ва баъд аз он ҷавонони эҷодкореро даст гирифтаву ба роҳи илму маърифат равона намуда буд. Мавсуф ба ғайр аз таълифоти худ аҳли илму адаби тавонои замонашро бо ёрдами моддӣ ва маънавӣ барои навиштани асарҳои пурқимат раҳнамоӣ кардааст, ки устоди навоишинос дар рисола аз 57-тои онҳоро хабар медиҳад [1, 377-379]. Барои он ки гуфтаҳои устод Садриддин Айнӣ боварибахш бошанд, вай онҳоро бо далелҳо оро додаааст. Аз ҷумла, муҳаққиқ менависад, ки «Алишер барои таълифи «Равзат-с-сафо» аз муаллиф танҳо илтимос ва ба ӯ танҳо ёрмандии моддӣ карда намондааст, балки ба ӯ дар бораи услуб ва программа маслиҳатҳои илмӣ ҳам дода ва ба замми ин ба ӯ хонаи хоси кории худро, ки мукаммалтарин китобхонаҳои он замон буда, аз ҷиҳати асбоби таҳрир пурра ҷиҳозонида шуда буд, барои кори чандинсола дода, худаш ба хонаи дигар гузаштааст» [1, 382] .

  Алишери Навоӣ замони дар сари мансаб будан аз захираи давлатӣ ва баъд аз он аз даромади заминҳои дар ихтиёраш будаву дигар даромадҳо мадрасаҳои харобгаштаи Ҳиротро таъмир менамояд, мадрасаҳои Ихлосия, Шифоия ва Низомияро месозад, дар Марв Хусравия ном мадраса бино мекунад ва мударрисонии доноро ба мударрисӣ даъват менамояд, бо харҷи худ беш аз 25 хонақоҳу масҷид месозад, дар саросари Хуросон дар роҳҳои корвонгард беш аз 50 работ, дар Ҳирот ва атрофии он беш аз 20 ҳавзи сангин, 10 ҳаммом, 15 кӯпрук ва ғ. иншоотро ба манфиати умум мегузорад, ки ин ҳама аз чашми заррабини навоишиноси тоҷик дур намондааст[1, 382-384] .

  Андешаҳои Садриддин Айнӣ доир ба он ки Алишери Навоӣ ба санъати нафисаи давр, бахусус ба рассомӣ диққати алоҳида ва расомони номӣ Маҳмуди Музаҳҳиб ва устод Беҳзод дасти кӯмак дароз менамуд, хушнависонро ҷамъ меовард, ҳунармандони китобсозро бо таъмини маош ба китобсозӣ талқин менамуд, меъморону кандако-ронро бе подоши амал намемонд ва ғ. аз саҳифаҳои рисолааш «Алишер Навоӣ» дур намондаанд.

  Дар фароварди рисолаи «Алишер Навоӣ» масъалаи дигари эҷодии Алишери Навоӣ, ин шеъргӯии ӯ ба забони форсии тоҷикӣ мебошад, ки устод Садриддин Айнӣ дар бахши «Намунаи шеърҳои форсӣ -тоҷикии Алишери Навоӣ (Фонӣ ) [1, 411-470] ин заҳматро ҳаталимкон ба дӯш гирифтаву намунае чанд аз ашъори форсӣ -тоҷикии адиби зуллисонайнро аз нусахи қаламии дар Кутубхонаи Давлатии Маркази Узбекистон дар Тошкант буда, «Радоифу-л-ашъор»-ҳо, «Хамсату-л-мутаҳайирин» ва дигар осори худи Навоӣ ҷамъ оварда ва мунтахаб кардааст, ки баъзе аз ғазалҳои он на моли Навоӣ -Фонӣ, балки аз шоири асри XVII Муҳсин Фонии Кашмирӣ дониста шудаанд. Дар ин бора навоишинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ хулосаҳои худро чунин менигорад: «Устод Садриддин Айнӣ дар рисолаи калонҳаҷми худ «Алишери Навоӣ» (рисолаи мавриди назар-Т.Д.) аз боби ашъори форсӣ -тоҷикии ин суханвар ёд карда, аз набудани матни пурраи «Девони форсӣ» дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ андешаҳои илмии худро пеш мегузорад ва чанд намуна аз ашъори ӯро дар анҷоми он рисола илова менамояд. Бояд гуфт, ки дар матни таҳиянамудаи устод чанд ғазали Фонии Кашмирӣ низ иштибоҳан ба Навоӣ -Фонӣ мансуб дониста шудааст» [9, 198]. Пас аз ин навишта бармеояд, ки устод Садиддин Айнӣ иштибоҳан ва ноогоона девони Фонии Кашмириро ба девони Навоӣ -Фонӣ махлут намудааст, ки ин тарафи масъала пажӯҳиши алоҳидаро мехоҳад. Зиёда аз ин мутуни интихобнамудаи ин навоишиноси тоҷик вобаста ба талаботи вақт таҳия шудаанд. Мо барои он ки гуфтаҳоямон хушк набошад, чанд ғазали интихобии устод Айниро бо «Мунтахаби ашъор»-и Фонии Кашмирӣ дар муқоясаю муқобала дида баромада боварӣ ҳосил намудем. Масалан ғазале, ки бо ин матлаъ сар мешавад:

Ба мизони камон санҷанд мардум зӯри бозуро,

Ба даст овардаам ман ҳам зи абруяш тарозуро.

                                                                      [1, 418]

дар 5 байт омадааст. Ин ғазал дар мунтахаби Фонии Кашмирӣ бо андак тағйироти байти аввал дар 7 байт аст. Байти аввали он:

 Ба мизони камон санҷанд мардон зӯри бозуро,

Ба даст овардаам ман ҳам зи абрӯе тарозуро.

                                                                     [4, 20]

Ғазали дувуми интихобкардаи устод бо матлаъи:

 Мактаби маънист доим дил зи нодонӣ маро,

 Хона обод аст аз асбоби вайронӣ маро.

                                                                  [1, 419]

  6 байт буда, он дар мунтахаби Фонии Кашмирӣ айнан дар 6 байт омадааст ва боз чандтои дигар, ки навоишиносон бояд ба ин таваҷҷуҳи лозима равона намоянду ашъори форсӣ -тоҷикии Навоӣ -Фониро аз сурудаҳои Фонии Кашмирӣ ҷудо намоянд.

   Дар ин ҷо муҳим он аст, ки устод Садриддин Айнӣ зимни омӯзишу пажӯҳиши пайваста таъкид менамояд, ки пайдокардаҳои мо аз девони форсӣ -тоҷикии Навоӣ -Фонӣ «аз ҳазор байт зиёд нестанд ва ҳол он ки мебоист девони форси ӯ шаш ҳазор байт мешуд» [1, 415] .

   Дар ҳамон замоне, ки ҳанӯз аҳли таҳқиқ бо нусхаҳои қаламии форсӣ -тоҷикии дар кутубхонаҳои ҷаҳон маҳфузбуда, ва гузашта аз ин, бо корҳои таҳқиқотии адабиётшиносони ватаниву муштариқини хориҷӣ камтар воқиф буданд, заҳмати устод Айнӣ боиси таҳсин ва тақдир буд. Бо як нигоҳ ӯ на танҳо бо навиштаҳои илмии худ ба навоишиносии тоҷик роҳ кушод, балки бо донистани забонҳои турки усмонӣ, озарӣ, тоторӣ, узбекӣ ва ғ. барои навоишиносони мардуми туркзабон, бахусус бародарони узбек роҳ ҳамвор намуд. Ин фазилат ба мавсуф имконият додаст, ки ба ғанҷинаи бои адабу илми Навороҳ ёбад, аз онҳо дури маънӣ берун орад.

   Ниҳоят, устод Садриддин Айнӣ бо як идда мақолаҳо ва рисолаи арзишманди худ «Алишери Навоӣ» дар баробари аввалин навоишиноси тоҷик дониста шудан тавонист заҳмати захимеро ҷамъбаст намуда, дар навоишиносӣ аз пешгомони воқеӣ ба шумор равад. Имрӯз ҳам ин заҳмати мавсуф дар омӯхтани таърих, ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фарҳангии Ҳироти асри XV зиқимат ба шумор рафта, аҳамияти худро нигоҳ дошта меоянд.

 Додарова Тобонби

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2017, №1 (245)

Адабиёт

1.Айнӣ, Садриддин. Куллиёт. Ҷилди 11. Китоби якум / Садриддин Айнӣ.-Душанбе, Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1963. – 506 с.

  1. Айнӣ, Садриддин. Алишер Навоӣ / Садриддин Айнӣ // Шарқи Сурх, 1941. №1, 2, 3, 4-5.
  2. Афсаҳзод А. Навоӣ /Аълохон Афсаҳзод // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 2. – Душанбе, 1989. С.- 405-407.
  3. Кашмирӣ, Фонӣ. Мунтахаби ашъор /Фонии Кашмирӣ. Ба чоп тайёр-кунанда ва муаллифи муқаддимаву тавзеҳот Шамсулло Девонаев.-Душанбе: Ирфон, 1986. – 238с.
  4. Мирзоев А. Биноӣ / Абдулғанӣ Мирзоев. – Сталинобод: Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, 1957. С. – 452с.
  5. Сайфуллоев А. Айнӣ / А.Сайфуллоев // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 1. – Душанбе, 1988 . – 544 с.
  6. Улуғ узбек шоири. – Тошкент, 1948. – С.198-210.
  7. Фонӣ, Амир Алишер. Девони форсӣ (мунтахабот ба ҳуруфи форсӣ ) / Амир Алишери Фонӣ. Мураттиб ва муаллифи сарсухан Алии Муҳаммадӣ. – Душанбе: Ирфон, 1993. – 320с.
  8. Хуросонӣ, Алии Муҳаммадӣ. Суханвари зуллисонайн / Алии Муҳаммадии Хуросонӣ // Меҳру муштарӣ. – Душанбе: Адиб, 2010. С.185-208.
Хондан 1787 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр