Нусхаи чопи
Чоршанбе, 13 Марти 2019 05:42

Шеъри рӯз: Наврӯзи умри одамӣ

Муаллиф:

 Худро кунам суҷуде, дунё дуо надорад,

Дар тору пуди ҳастӣ маънӣ садо надорад.

Бо сеҳри худфиребӣ, дил бо нигор додем,

Афсӯсу сад надомат, к-он ҳам вафо надорад.

Бегона душман асту бо хеш дар ситезем,

Дигар чӣ метавон гуфт, кас ошно надорад!

Дардест дарди мурдан, одам ҳама гирифтор,

В-ин дарди бедаворо касе даво надорад.

Умрест корвони пайғамбарӣ ба роҳ аст,

Маҳмил гарону акнун бонги диро надорад.

Ҳарчанд соддалавҳист даъвии умри ҷовид,

Фарзанди одамӣ ҷуз ин муддао надорад.

Дар мақтаи ғазалҳо арзи умедворист,

Комил, чӣ метавон гуфт, дасти дуо надорад!

(22 октябр соли 1991)

Комил Бекзода

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

Хондан 1160 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр