Нусхаи чопи
Сешанбе, 07 Сентябри 2021 10:26

Шумораи тарафдорони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ меафзояд!

Муаллиф: Хайёми Ҳошим

  Қиёми миллӣ дар чанд шаҳру вилояти Афғонистон, ки бар ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва амири ҷавон Аҳмад Масъуд аст, оғоз гардид. Зеро аксарияти мардуми Афғонистон ба хуби дарк намудаанд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро дастгирӣ карда, метавонанд ҳуқуқу шарафи худу фарзандонашонро таъмин кунанд. Мардум ба гирдиҳамоии ҷонибдорӣ аз Ҷабҳаи муқовимат бо аксҳои сарвари ҷабҳа ва навиштаҷоти  «Масъуд, мо бо туем!» ба кӯчаҳо баромаданд.

  Шумораи тарафдорони Ҷабҳаи муқовимати м­иллӣ таҳти сарварии Аҳмад Масъуд рӯз то рӯз меафзояд. Расонаҳои афғони хабар медиҳанд, ки дар аксари минтақаҳои Афғонистон даъвати Аҳмади Масъудро хуш пазируфтанд ва қиёмҳои миллие алайҳи Толибони террорист шакл гирифтааст. Зеро дирӯз Аҳмади Масъуд дар як паёми савтӣ аз мардуми Афғонистон хост, ки алайҳи Толибон қиём кунанд, зеро дар ҳамлаи Толибон бар Панҷшер неруҳои вижаи Покистон ва паҳподи ин кишвар Панҷшерро бомбаборон кардаанд. Имрӯз ҳазарҳо нафар дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон гирди ҳам омада, қиёми милли алайҳи терроризм ва қувваҳои терроризмпарвар анҷом додаистодаанд. Инчунин, шаби гузашта низ, садҳо мардум дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон гирди ҳам омада, аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳимоят намуданд. Мардуми Афғонистон будани лашкари ҷаҳлу таассуби толибӣ ва хоҷагони онҳоро дар сарзамини худ қобили қабул надорад.

  Садҳо корбари аз Афғонистон наворҳо аз қиёмҳои мардумиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой ва ҳамрайъии худро бо даъвати Аҳмади Масъуд эълом кардаанд. Эътирози мардумони кишварҳои гуногун бар зидди Толибон ва дар ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ густарда мешавад. 

  Зеро, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон имрӯз на танҳо барои Панҷшер, балки барои ҳимояи кулли мардуми Афғонистон ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи аҳли башар (ҷомеаи ҷаҳонӣ) муборизаро пеш мебарад. Ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пайвастани мардуми Афғонистон ягона роҳи ба саодат расидани ин мардум аст. Мо умедвор аз он ҳастем, ки мардуми Афғонистон бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба зудӣ барои ҳамеша дасти террористони Толибонро аз сари худ дур мекунанд.

Хайёми Ҳошим

АМИТ

Хондан 796 маротиба