Нусхаи чопи
Чоршанбе, 13 Апрели 2022 09:14

Соҳаи маориф - дастгоҳи муҳандисии шуури ҷамъиятӣ

Муаллиф: Назрӣ Асадзода

  Ҷомеае, ки олами ҳастӣ, қонунмандиҳои равандҳои он ва мантиқи воқеиятро дуруст дарк мекунад, бидуни шак, барои ҳифзи бақо ва манфиатҳои худ имкони интихоби беҳтарин мавқеъгириро аз маҷмӯи гузинаҳои мавҷуда хоҳад дошт. Омили аслии такомул ва ё таназзули ҳар ҷомеае низ аслан дар шуури ҷамъиятии он нуҳуфтааст. Бо назардошти ин воқеият он чӣ нигаронкунанда аст, кайфият ва чигунагии ҷаҳонбинии имрӯзаи ҷомеаи мост. Мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ”-и  сиёсатмадори варзида ва олими шинохтаи кишвар С.Ятимов, ки чанд рӯзе пеш аз матбуоти даврӣ мутолиа кардам, маҳз дар заминаи дарки ин воқеият ва шинохти вазъият эҷод шудааст. С.Ятимов дар ин мақола дар робита ба вазъи нигаронкунандаи шуури ҷамъиятӣ дар кишвар изҳори назар карда, аз дидгоҳи илмӣ роҳҳалҳои мушаххасеро низ барои рафъи мушкилоти мавҷуда пешниҳод кардаанд. Мавқеъгирии муаллиф ҳини арзёбии масъала чун ҳамеша дар такя ба ду асл сурат гирифтааст, ки яке меъёрҳои методологияи илмӣ ва дигаре манофеи миллист. Барои ба истиқлоли зеҳнӣ  расидани миллат ва таҳияи заминаи рушди ояндаи давлат муаллиф нақши соҳаи маорифро меҳварӣ дониста, онро моҳиятан ҳамчун абзори муҳандисии шуури ҷамъиятӣ талаққӣ кардааст. Аз ин аст, ки бо итминон таъкид мекунад: “Мактаб ва маориф дар поягузорӣ, вусъат ва бардавомии сохти давлатдорӣ нақши ҳалкунанда мебозанд”.[1]  Дурустии ин иддаои воқеъбинонаи муаллифро таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тасдиқ менамояд. Бо назардошти муҳтавои мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ” мехоҳам ин ҷо андешаҳои худро пиромуни масъалаи матраҳшуда дар алоқамандӣ ба дидгоҳи баъзе мутафаккирони Ғарбу Шарқ ироа дорам.

    Мутафаккири машҳури фаронсавӣ Густав Лебон чигунагии вазъи ояндаи ҳар миллатеро вобаста ба тарзи тарбия ва таълими насли ҷавони он донистааст. Ӯ дар ин маънӣ мегӯяд: “Бар асоси таълиму тарбияе, ки ҳар миллат ба насли ҷавони худ медиҳад, метавон пешбинӣ кард, ки чӣ оқибат ва ояндае онро интизор аст”.[2] Лебон дар алоқамандӣ ба шеваҳои таълими мактабҳои кишварҳои лотинзабон, алалхусус Испания ва Португалия, ки дар кашфи қитъаҳои нави олам ва баҳрнавардӣ дар асрҳои миёна аз пештозтарин кишварҳои Аврупо буданд, ҳанӯз 125 сол қабл дақиқан оянданигарӣ карда буд, ки онҳо ногузир аз сафи давлатҳои пешрафта канор хоҳанд рафт. Ӯ дар ин бора гуфта буд: “Дар мактабҳои мардумони лотинзабон (айни замон) маҳз заминаи таназзули ояндаи онҳо гузошта шуда истодааст”.[3]

   Лебон усули тарбия ва тасаввури  нодурусти мардуми лотинзабонро, ки гӯё азёд кардани матни китобҳо ақлро инкишоф медиҳад, ҷиддитарин нуқсони низоми тарбиятии онҳо дониста буд. Ӯ гуфта буд, ки бо назардошти ин бовар дар таълимгоҳҳои кишварҳои лотинзабон аз зинаҳои ибтидоӣ шурӯъ карда то олӣ маҷбур мекунанд, ки донишомӯзон ҳар чӣ бештар матнҳоро дар хотир гиранд, бе он ки андактарин таваҷҷуҳе ба қобилияти муҳокимаронӣ, интиқодӣ ва ташаббускории онҳо зоҳир карда шавад. Дар ин муассисаҳо ҳадафи таълиму тарбия дар он хулоса мешавад, ки хонандагон дарсҳоро азёд намуда, бечуну чаро (ба бузургсолон) итоат кунанд.[4]

   Бар хилофи ин, мутафаккир ҳангоми арзёбии низоми таълиму тарбияи англосаксонӣ пешбинӣ кардааст, ки он омили рушди афзояндаи ин мардум дар оянда хоҳад шуд, зеро  хирадгароиву амалгароиро таблиғ карда, ҳамзамон “таваҷҷуҳи хеле зиёд барои тарбияи характери миллӣ зоҳир мекунанд, ки онро онҳо яке аз бузургтарин муҳаррикони рушди ҷомеа меҳисобанд”.[5] Гузашти вақт ин оянданигарии илмии Лебонро низ тасдиқ кард. Лебон дар ишора ба муҳиммияти нақши характери миллӣ дар рушди миллат таъкид мекунад: “Сарнавишти миллатҳоро маҳз характери онҳо муайян менамояд”.[6]

Характери миллиро муҳаққиқони дигари сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Ганс Моргентау низ аз компонентҳои муҳими таркиби қудрати миллӣ (англисӣ: national power; русӣ: национальная мощность) донистааст.[7]  Муаллифи мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ” низ дар навиштаҳои пешини худ, алалхусус дар мақолаи “Гегел ва масъалаҳои худшиносии миллӣ” ба таври муфассал пиромуни ин унсури таркиби равони миллӣ изҳори назар карда, барҳақ фармудаанд: “Характери миллӣ эъмори тақдири миллист”.[8]

    Бидуни шак, бо мутолиаи навиштаҳои Лебон дар бораи низоми таълиму тарбияи мардумони лотинзабон ва нуқсонҳову паёмадҳои номатлуби он нохудогоҳ вазъи таълим ва шеваҳои авторитарии тарбияи миллиамон ба ёд меояд. Ин тасвир ҳамзамон беэътиноии моро дар самти тарбияи характери миллӣ ба намоиш мегузорад. Метавон гуфт, ки бинобар набуди роҳкори миллии тарбияи характери миллӣ усулан дар ташаккули характери ҷамъиятии мо нақши роҳкорҳои тарбиявии диниву мазҳабӣ барҷаста аст, аз ҷумла таслими мутлақ, таваккул ба қазову қадари азалӣ, беарзиш донистани дунёву умури дунявӣ (аз ҷумла масъалаҳои милливу ватанпарастӣ) нисбат ба умури диниву ухравӣ, қаноату ризо дар баробари фақру хориву зиллат ва ғ. Ин “роҳкорҳо”(методҳо)-и тарбиятӣ аксарияти мардуми моро дар рӯҳияи худкамбинӣ(пониженная самооценка), камҷуръатӣ, нотавонӣ, бемасъулиятӣ дар таъйини сарнавишти худ ва ҷомеа тарбия мекунад. “Инсон вақте худро нотавон мебинад омодагии бештаре барои илтифот ва эътиқод ба қувваҳои фавқуттабиӣ ва таъзим дар баробари онҳоро пайдо мекунад. Ҳар қадар бекортар ва аз худ маъюстар бошад, ин эҳтиёҷ ва илтимос бештар мешавад... Дониш ва биниш бавуҷудоварандаи огоҳӣ ҳастанд. Инсон дар партави огоҳӣ корро бар уҳдаи худ мегирад ва масъулиятпазир мебошад. Шахси ноогоҳ кору масъулиятро бар уҳдаи дигарон мениҳад. Ин беихтиёрӣ, беҳаракатӣ ва таслиму рукуд зояндаи эътиқод ба имдодҳои ғайбӣ ва назру ниёз аст, ки ҳаммеҳанонамонро дар тасмимгирӣ суст ва дар зиндагии рӯзмарра бебарнома кардааст, зеро вақте инсон барои анҷоми корҳояш ба омилҳои берунӣ ва имдоди ғайбӣ муътақид бошад, бо гуфтани "иншоолоҳ" ва чанд салавот фикр мекунад, ки дигар ниёзе ба мутолаа, андеша ва барномарезӣ надорад!”[9]  Маҳз ҳамин “хулқиётамон омили ақибмондагиамон аст”[10].

  Барои пешрафти ҷомеа ва тараққии кишвар пеш аз ҳар гуна барномаи иқтисодиву иҷтимоӣ барномаи зеҳниятсозии миллатро таҳия ва ба воситаи ниҳодҳои зеҳниятсоз, алалхусус соҳаи маориф татбиқ бояд кард. Равоншиноси шинохтаи амрикоӣ, профессори Донишгоҳи Горвард – Ҳовард Горднер дар китоби “Ҳунар ва илми тағйири зеҳни худ ва дигарон” дар бораи технологияи тағйири зеҳн чунин гуфтааст: “Яке аз калидҳои тағйири зеҳнии ҷомеа дар тағйир додани “барномаи зеҳнӣ (формати зеҳнӣ; психологическая установка)-и афроди ҷомеа аст”.[11]

  Дар мавриди корбурди мафҳуми “тағйири зеҳн” манзури мо дар ин навишта аслан на масъалаҳову тағйироти ҷузъӣ, балки бунёдӣ ва муҳим дар андеша ва ақидаи фард ва ё гурӯҳи иҷтимоӣ аст, яъне тағйири ҷаҳонбинӣ, боварҳову назарияҳо ва ҳувийятест, ки фард ва ё гурӯҳи иҷтимоӣ дорад.

  Масъулияти коркарди илмии роҳкорҳову технологияи тағйири зеҳни ҷомеа ва муҳандисии шуури ҷамъиятии моро ба хотири созгор кардани он ба шароити нави таърихӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ қабл аз ҳама нухбаҳои илмии кишварамон бояд ба дӯш  гиранд, ки мутаассифона, аксари онҳо ба қавли муаллифи мақолае, ки илҳомбахши эҷоди ин сатрҳо шудаанд, “дампо”,[12]  яъне фурсатталаби муросокор, камҷуръат ва масъулиятнопазир мебошанд. Ин сифатҳои равонии зиёиёни саршиноси мо, ки худро аз зумраи шоистатарин намояндагони ҷиноҳи ҷаҳонбинии илмии кишвар медонанд, худ далели ошкор ва раднопазири иддаои боло дар бораи заъфи характери миллӣ ва ниёзманди муҳандисӣ будани он аст. Дар бораи характери ин қишри ҷомеаи мо ҳамчун намунае аз бисёру муште аз хирвори характери миллиамон С.Ятимов дар мақолаи “Гегел ва масъалаҳои худшиносии миллӣ” бисёр воқеъбинона баҳо дода буданд, ки: “... зиёиён, бешубҳа, на аз камсаводӣ, балки заъфи андешаи миллӣ, урфу одат, анъана, тақлид ба бегонагон, ҳисси бегонапарастӣ ва ҳоло ҳам эҳсоси тарс аз эҳтимоли «зуҳури муллоабдуғаффорӣ» ва андешаи рӯзи мабодо, ба тарзи мақсаднок  фаъол нестанд. Зиёикунонӣ ва равшангариро фақат вазифаи давлат мешуморанд”.[13]

  Бо назардошти ин вазъи ақидатӣ ва мавқеъгирии норӯшани иҷтимоиву сиёсии аҳли илм дар кишваре, ки баъд аз ҳазор соли мазлумият соҳиби давлати миллӣ шуд, ҳамчунин бо эътибор ба таъкидҳо ва ҳӯшдори такрор ба такрори муаллифи мақолаи мадди назар дар бораи зарурати такмили низоми таълимӣ ва тарбиятии ҷомеа ва ба ин васила муҳандисӣ кардани қолабҳо ва барномаҳои куҳнаи зеҳнии миллат, ки дар тӯли таърих мутобиқи хостаҳо ва манофеи миллатҳои ғосиб рехта шуда, дар шароити кунунии таърихӣ ба ниёзҳои давлати миллӣ посухгӯ намебошанд ва гузашта аз ин, барои ҳифзи бақои давлат ва миллатамон хатар эҷод мекунанд, бояд талоши фарогир ва системавӣ (системний подход) дошта бошем. Яъне барои муҳандисии шуури ҷамъиятӣ дар кишвар ва созгор кардани он ҷиҳати ҳифзи манофеи миллӣ ба таври системавӣ бидуни барҷаста кардани яке аз ҷанбаҳо ва сарф кардани вақту нерӯ дар ин самт бояд дастбакор шуд. Қабл аз ҳама дар заминаи омӯзиши мушкилоти мавҷуда мебояд, ки  роҳҳои ҳалли масъала ва дар зимн системаи арзишҳои миллии бидуни таноқуз ва рақобатпазир(1), хатти машйи идеологӣ(2), роҳкорҳои зеҳниятсозӣ(3), усулҳои корбурд ва механизмҳои татбиқи он(4) коркард шаванд. Ҳамзамон бо коркарди ин система татбиқи онро дарзамон шурӯъ бояд кард, зеро ҳатто номукаммал будани он ҳам беҳтар аз дастгоҳи зеҳниятсозии ғайрисистемавӣ ва динсолоронаи ҷомеаи мост. Дигар ин ки шурӯъи таъҷилии корбурди системаи арзишҳо ва идеологияи миллӣ имкони дар амалия санҷида шудан ва такмил додани онро фароҳам меоварад ва ба ин васила суръати коркарди ин дастгоҳи зеҳниятсозиро ҳамчун низоми том меафзояд. Дар ин самт қабл аз ҳама ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ бояд кард. Дар самти таълим ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ(1) ва дар самти тарбия ба тақвияти ҳувийят, характер ва худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ(2) эътибор бояд дод.  

  Унсури дигаре, ки дар низоми давлатдории миллӣ нақши муҳим бозида, абзори муқтадири зеҳниятсозист, идеологияи миллӣ мебошад.  Аз ин аст, ки С.Ятимов дар бораи ҷойгоҳи идеология илова ба таъкидҳои қаблиашон дар ин мақола низ дар чанд маврид ишора карда, аз ҷумла гуфтаанд: “Ташаккули идеология, маънавиёт ва ҷаҳонбинӣ аз самтҳои ҳаётан муҳимми сиёсати давлатдорӣ аст”.[14] Дар шароити кунунӣ бо назардошти бархурдҳои тамаддуниву таҳоҷуми рӯзафзуни иттилоотӣ ва муборизаҳои шадиди геосиёсӣ идеологияи миллиро дар баробари ҳар гуна идеологияҳои бегона, алалхусус идеологияи исломи сиёсӣ бояд ба низоми мукаммале мубаддал кард, ки тавонмандии  рақобатпазирӣ ва муборизаи бардавомро дошта бошад, чунки муборизаҳои ғоявию идеологӣ чун қисми таркибии мубориза барои ҳаёт ҷовидонист ва ҳамеша идома хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, ба масъалаи муборизаи ғоявию муқовимати идеологӣ ҳамчун масъалаи ҷузъиву муваққатӣ набояд муносибат кард. Чунин муносибат на фақат манофеи миллӣ, балки дар дарозмуддат бақои миллатро низ метавонад ба хатар рӯбарӯ кунад.

  Дар замони муосир субъектҳои сиёсии сатҳи байналмилалӣ бо назардошти нисбатан коҳиш ёфтани имкони таҳоҷуми амалӣ тамоми ҳадафҳои тавсеаҷӯёнаи худро мехоҳанд тавассути таҳоҷуми иттилоотӣ бароварда ва татбиқ кунанд. Бинобар ин, онҳо бо мақсади заиф кардани нерӯи муқовимати миллатҳои дигар ба таври ҳадафмандона ва барномавӣ бо тамоми унсурҳои ҳувийятсозии миллии онҳо меситезанд ва кӯшиш мекунанд, ки он арзишҳоро дар назари ҳомилонашон хору беэътибор намоянд.

  Миллатҳои қудратманд барои дастёбӣ ба манофеи худ дар ҷуғрофиёи зисти миллатҳои дигар  кӯшиш мекунанд, ки он миллатҳоро  деэтнизатсия кунанд. Барои деэтнизатсия онҳо аз деидеологизатсия, набарди иттилоотӣ, сохтани ҳувийятҳои сунъӣ дар байни қишрҳои он ҷомеаҳо, ба вуҷуд овардани буҳрони ҳувийятӣ ва ғ. истифода мебаранд.

  Идеология бар хилофи дидгоҳҳои аҳёнан ноогоҳона ва аксаран муғризонаи коршиносоне, ки онро як падидаи сохтаву пардохта ва нолозим медонанд, хостгоҳи комилан табииву материалӣ дорад. Мавҷудоти зинда ва аз ҷумла одамон барои ҳифзи мавқеъ ва манофеи худ ҳамеша бо ҳамнавъони хеш дар ҳоли мубориза ва бархурд қарор доранд. Ин бархурдҳо дар сатҳи мавҷудоти камшуур (масалан, ҳайвонот), аксар маврид физикист, аммо дар ҷомеаи инсонӣ бештар ақидатӣ, лафзӣ, манипулятсионӣ, таблиғотӣ ва ё ҳаросафканона аст, агарчи шакли физикии бархурдҳо низ дар миёни афрод ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ истисно нестанд. Бархурдҳои физикӣ ҳамеша хатарзо мебошанд, аз ин рӯ, мавҷудоти зинда, ки ҳифзи бақо барои онҳо аз муҳимтарин масъалаҳои вуҷудист, ҳатто дар ҳолатҳое ҳам, ки мавқеъ ва манфиатҳояшон  мавриди таҳдид қарор мегирад, аслан моил нестанд, ки якбора рӯ ба бархурди физикӣ оранд ва ба ин васила ҳаёти худро зери хатар гузоранд. Бар асоси пажӯҳишҳои соҳаи зоопсихология (zoopsychology) ҳатто ҳайвонот ҳам, ки шуури нисбат ба инсон камтар доранд, дар чунин маврид аввал бо усули вокунишҳои начандон хушунатомез, мисли садо баланд кардан, ваҷоҳату шакли ҳаросангез ба намоиш гузоштан ва ғайра мехоҳанд, ки рақиби худро водор ба муросо ва ё ақибнишинӣ карда, ба ин васила аз бархурди баданӣ худдорӣ намоянд. Одамон дар мавриди ҳифзи мавқеъ ва манфиатҳояшон барои ҷилавгирӣ аз бархурди баданӣ бештар аз хиради худ истифода мекунанд. Онҳо мехоҳанд нақшаҳои манфиатмеҳвари худро қаблан на бо корбурди зӯровариву низоъ, балки бо усули талқину ташвиқ, фазосозии зеҳнӣ ва ҳатто таҳоҷуми равонӣ ва таҳдид дар амал татбиқ кунанд. Тарафи муқобил ҳам аввалан бо айни ҳамин силоҳ вориди майдони мубориза мешавад. Дар миқёси бузургтар, яъне дар сатҳи гурӯҳҳои бузурги иҷтимоӣ, миллатҳо ва давлатҳо ин мубориза ва корбурди абзорҳои он ба шиддат мураккаб мешавад. Алалхусус дар шароити кунунӣ бо рушди илму фановарӣ ва технологияи фарогири иттилоотӣ густара ва самараи корбурди абзори нарми ҷанг аз сӯи давлатҳо ба хотири ҳифзи манофеашон беш аз пеш меафзояд. Гурӯҳҳо ва ниҳодҳои иҷтимоие, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ доранд, ба вижа давлатҳо аз ин “абзори нарм” на фақат дар арсаи мубориза бо рақибони худ ва заиф кардани ҷиноҳи иттилоотии онҳо истифода мекунанд, балки онро барои ҳамгироии иҷтимоӣ ва басиҷ кардани одамоне, ки дар қаламрави нуфузашон қарор доранд, истифода мекунанд. Ин раванд худ далели қотеъи он аст, ки идеология як падидаи табиӣ ва иҷтимоӣ буда, маҳз ба хотири ҳифзи мавқеъ ва манофеи гурӯҳҳои иҷтимоиву сиёсӣ зуҳур кардаву ташаккул ёфтааст. Дар ин замина бепоя будани иддаои касонеро метавон исбот кард, ки идеологияро як амри сохтаву маснӯӣ, ғайритабиӣ ва нолозим барои ҷомеаи муосир дониста, деидеологизатсияро таблиғ мекунанд ва ё идеологияҳои миллиро дар баробари ғояҳои гуногуннавъи фиребои ҷаҳонмеҳанӣ (космополитизм) беарзиш ҷилва медиҳанд.  С.Ятимов ҳадафи пӯшидаи идеологҳоеро, ки деидеологизатсияро таблиғ мекунанд, чунин ифшо кардаанд: “Борҳо таъкид гардид ва айни замон хотиррасон карда мешавад, ки истилоҳи деидеологизатсия навъи устувори мафҳуми худи идеология аст. Он барои аз байн бурдани фарҳанги миллӣ ва дидгоҳи сиёсии дар чаҳорчӯби манфиатҳои давлатдорӣ муайянкардаи сохтори сиёсӣ, ба хотири дар мафкураи ҳадафҳои геополитикӣ ҷой кардани ҷаҳонбинии ғаразнок  таъин шудааст”. [15]  

  Миллате, ки аз диди идеологӣ ва барномарезии зеҳнӣ таҳти таъсироти берунӣ мемонад, ҳар лаҳза метавонад бар хилофи манофеи миллии худ мавқеъгирӣ намояд.

  Равоншиноси амрикоӣ Ҳовард Горднер раванди табдил додани зеҳн ва қисматҳои таркибии он, аз ҷумла ҷаҳонбинӣ ва назарияҳоро кори саҳлу осон намешуморад. Ӯ мегӯяд: “Тағйир додани зеҳни дигарон ҳеҷ гоҳ осон нест”.[16] Ҷои дигар бо ишора ба компонентҳои таркибии зеҳн дар ин маънӣ таъкид доштааст: “Тағйири назарияҳо душвор аст ва ба вижа дигаргунсозии назарияҳое, ки қаблан дар зеҳни инсонҳо нақш бастааст, кори сахт аст”.[17] Аммо бо вуҷуди ин: “албатта, зеҳнҳоро метавон тағйир дод”.[18]

  “Тағйири зеҳни ҳар фард дар марҳилаҳои аввалии ҳаёташ содатар ва табиитар аст ва бо гузаштани замон душвортар мешавад.[19] Аз ин аст, ки ҷавонон зудтар таҳти таъсири зеҳниятсозӣ, аз ҷумла ҳувийятсозиҳои сунъии субъектҳои сиёсии сатҳи минтақаву байналмилалӣ ва муздурону гумоштагони дохилии онҳо қарор мегиранд, хоса дар кишварҳое, ки барномаҳои таъсиргузори зеҳниятсозӣ ва масунияти идеологӣ надоранд, аз ҷумла дар кишвари мо. Бо назардошти яке аз қонунмандиҳои равандҳои психологӣ, ки маъруф ба “самарабахшии аввалбошӣ” (“эффект первичности") аст, бояд ба эътибор гирем, ки дар ҳолати ба иттилои касе расонидани маълумоти нав, ки бо маълумоти қаблан дар зеҳн доштааш мухолифат дорад, ӯ моил аст, ки маълумоти аввалиро саҳеҳ шуморад. Яъне маълумот дар бораи ҳар чизе, ки инсон бори аввал ба хотир мегирад, наметавонад ба осонӣ бо маълумоти нав иваз шавад, ҳатто ҳам агар он дуруст бошад. Бо назардошти ин масъала хеле муҳим аст, ки ба кӯдакон дар сатҳи хонавода, кӯдакистон ва синфҳои ибтидоӣ маълумоти дуруст ва ҳадафмандона дода шавад.  Дар ин самт таҳияи филмҳои тасвирие низ муфид хоҳанд буд, ки бар асоси сужаҳои миллӣ офарида шуда, арзишҳо, ормонҳо ва қаҳрамонҳои миллатро таблиғ мекунанд. Дар робита ба ин қонунмандии раванди психологӣ олими шинохта ва равоншиноси соҳибмактаби рус Л.И.Божович мегӯяд: “Бояд шавқи хонандаро барои омӯзиши олами атроф барангехт, ӯро сахткӯшу фаъол тарбия кард. Ва ин кор ҳар қадар барвақттар анҷом дода шавад, ҳамон қадар беҳтар аст”.[20]

  “Дар ҳар гуна талоше барои тағйири зеҳн бояд қудрати муқовиматҳои гуногунро дар назар гирифт”.[21] Бинобар ин, “мо бояд то ҷое, ки мумкин аст, дуруст дарёбем, ки зеҳн чӣ гуна ба сурати табиӣ тағйир меёбад ва муқовимат дар куҷо камин кардааст”.[22] Дар ҷомеаи  мо яке аз камингоҳҳои ин муқовимати зеҳнӣ, ки монеи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ мешавад, сокрализатсияи арзишҳои мазҳабӣ аст. Айни замон на фақат омма, балки мутаассифона, аҳли илм ва ходимони баландрутбаи давлатӣ ҳам арзишҳои эътиқодиро муқаддас, комилан интиқоднопазир, ҳақиқати мутлақ ва бидуни баҳс медонанд. Аз ин аст, ки ба ин омилҳои асосии ташаккули ҷаҳонбинии динӣ на фақат худ аз диди илмиву интиқодӣ наменигаранд, балки ҳатто ба дигарон ҳам иҷозат намедиҳанд, ки онҳоро ҳадди ақал дар шакли “нарм” интиқод кунанд. Ин ҷо бояд ба эътибор гирифт, ки ҷорӣ шудани ин анъана, яъне тақаддусбахшии арзишҳои меҳварии динӣ (сокрализация базовых ценностей религии) худ як навъ технологияи зеҳниятсозии мазҳабист, ки дастбакоронаш муваффақ шудаанд онро дар ҷомеаи мо то ҳадди ҳавзаҳои илмӣ ҷойгузин кунанд. Бо пазириши ин анъана ва ҳимоя аз он, ҳавзаҳо ва ниҳодҳои илмии мо худ ба абзори зеҳниятсозии динӣ табдил меёбанд. Дар ҷомеае, ки ин гуна муқаддасот ва эътиқоди мутаассибонаву саркӯбкунандаи сартосарӣ нисбат ба онҳо мавҷуд аст, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ душвор хоҳад буд ва дунявигароӣ ба раванди фарогиру устувори иҷтимоӣ табдил нахоҳад шуд.

  Ҷиддӣ будани ин монеаро дар роҳи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ бар асоси илми равоншиносӣ, алалхусус равоншиносии ассотсиатсионӣ (ассоциативная психология) метавон дарёфт. Ин бахши равоншиносӣ падидаҳои психикиеро меомӯзад, ки ба вуҷуд омадани яке аз онҳо дар зеҳни инсон ногузир сабаби пайдоиши дигар падидаҳо мешавад. Масалан, вақте ки касе ба тақаддуси марҷаъҳои мазҳабӣ муътақид шуд, тибқи ин назария ҳатман муқарраротеро, ки аз он марҷаъҳо бармеоянд, мепазирад ва гузашта аз он, татбиқи онҳоро дар сатҳи ҷомеа хостор мешавад. Аз ин метавон фаҳмид, ки чаро афроди дорои ҷаҳонбинии динӣ, аз ҷумла рӯҳониёни мо ҳатто бо пайравони ҷараёнҳои ифротии диние  чун Толибону ДОИШ, Ихвонулмуслимину Ҷундуллоҳ, ТТЭ ҲНИ ва амсоли инҳо мушкилоти усулӣ ва бунёдӣ надоранд. Ва ё агар мушкилоте ҳам дошта бошанд, он фақат хусусияти зоҳирӣ дошта, дар умури ҷузъӣ ва фаръӣ хулоса мешавад.  Сабаби ин умумияти назари онҳо дар умумияти марҷаъҳои тақлидашон аст, ки тамоми андеша ва амалкардҳои рӯзмарраашон аз онҳо сарчашма мегиранд.

  Дар шароити кунунии муборизаҳои шадиду мураккаби геосиёсӣ ва набардҳои иттилоотии рӯзафзуни давлатҳои қудратманди минтақаву ҷаҳон барои зеҳниятсозӣ ва дар зимн мағзшӯйии мардумони қаламрави субъектҳои сиёсии худ, моро зарур аст, ки ба масъалаи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳувийяти миллӣ дар кишвар  беш аз пеш аҳамият диҳем. Дар ин самт соҳаи илму маориф яке аз муҳимтарину муассиртарин абзорҳои зеҳниятсозӣ ба ҳисоб меравад. Ин соҳа бояд абзори ташаккули тафаккури илмиву миллӣ бошад.

  Дар раванди ташаккули ҷаҳонбинии илмиву худшиносии миллӣ ба хусус нақши муассисаҳои таълимӣ бисёр муҳим аст. Дар сатҳи ин муассисаҳо раванди мафкурасозии насли наврас, асосан, тавассути китобҳои дарсӣ ба роҳ монда мешавад. Аммо, мутаассифона, дар низоми маорифи миллии мо ҳанӯз муҳтавои тамоми китобҳои дарсӣ, алалхусус, китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ мазмуну муҳтавои миллӣ ва ҷанбаи илмӣ надоранд. Ҳол он ки: “Китобҳои дарсӣ, дар маҷмӯи таълифот дар соҳаи илму маориф, муҳимтарин, арзишмандтарин мавод барои сохтани ҷаҳонбинӣ, тарбияи инсон, эъмори  давлат ва давлатдории миллӣ ҳастанд”.[23]  Гузашта аз ин, мушоҳида мешавад, ки тӯли қариб се даҳсолаи даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, бо сӯиистифода аз камзарфиятиву ноогоҳии масъулин ва кормандони сохторҳои  марбутаи  давлатӣ, аксари муаллифону мураттибони китобҳои дарсӣ бо сарфи назар кардан аз манфиатҳои миллӣ ва сиёсати давлат муҳтавои маводи таълимиро тарзе таҳия кардаанд, ки ба нафъи рақибони идеологии мост ва ногузир ҷаҳонбинии хонандагонро хурофотбунёду миллиситезона мекунад. Ин гуна китобҳои дарсӣ на фақат насли навраси моро меҳанпарасту хирадгаро намекунанд, балки ба раванди ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тақвияти ҳувийяту рӯҳияи миллӣ садамаи ҷиддӣ ворид месозанд.

  Табиист, ки ин навъ китобҳои дарсӣ боиси таҳкими ҷаҳонбинии динии насли наврас ва дар зимн ҷомеа шуда, заминаи  хурофотгароиву мазҳабзадагӣ ва таассуби диниро дар кишвар беш аз пеш тақвият мебахшанд. Ҳол он ки муҳитҳои иҷтимоӣ ва мадании мо дар шароити феълӣ худ дар банди хурофоти динӣ ва мазҳабӣ гирифторанд ва агар ин ҷараён тавассути муассисаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ низ тақвият ёбад, вазъият беш аз буда мураккаб ва печида хоҳад шуд. Ҳақ ба ҷониби муаллифи мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ” аст, ки дар ин самт бо назардошти хатари мавҷуда ҳӯшдор медиҳанд: Дар Тоҷикистон, ки зиёда аз навад дар сади мардум мусулмонанд, ду роҳ вуҷуд дорад. Ё бо пайравӣ аз илми дар таҷрибаи инсонӣ тасдиқшуда мамлакати хешро обод, якпорчагӣ ва оромиву озодагии онро таъмин мекунем, ё зери таъсири хурофоту таассуб озодӣ, рушду тараққӣ ва  сулҳу суботи давлати миллии худро зери суол мебарем. Роҳи сеюм вуҷуд надорад”.[24]

  Аз ин рӯ, барои ҳадафмандона ва оянданигарона таълифу таҳия шудани китобҳои дарсӣ сохторҳои давлатӣ бояд дастбакор шаванд зеро: “Субъектҳои манфиатдори низоъ муътақиданд, ки ҷангҳои оштинопазири зеҳнӣ оқибат ба ҷангҳои дар даст силоҳи тарафҳо анҷом меёбанд. Ин аксиома барои бозигарони геополитикӣ воситаи “рӯзгузаронӣ аст. Яъне ихтилоф дар раҳи рост ба вуҷуд намеояд. Ин захираи бузурги геополитикӣ вуҷуд доштани сарчашмаҳои ҳалнашавандаи душмании тарафҳо маҳз дар чаҳорчӯбаи илм ва дин эҳтиёткорона нигоҳ дошта, парвариш меёбанд. Шаклҳои ҷадиди дар ин асос аланга задани зиддиятҳои идорашаванда коркард ва роҳандозӣ мегарданд. Таърихи Тоҷикистон, дар маҷмӯъҷаҳони ислом далели ин гуфтаҳост”. [25]  Дар ин росто бетафовут набояд буд ва саҳлангорӣ набояд кард.  Касонеро, ки дидгоҳи  миллӣ ва ҷаҳонбинии илмиву фалсафӣ надоранд, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд барои таҳияи китобҳои дарсӣ, яъне зеҳниятсозии миллӣ  ҷалб кард. Набояд ин кори тақдирсоз, яъне таъйини хатти машй ва сарнавишти миллатро ба зиммаи ҳар фарди белаёқату тасодуфӣ ва гузашта аз ин, ба уҳдаи гумоштагони нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ ва рақибони сиёсиамон бидиҳем, зеро “давлат ба дӯши ононе, ки китоби дарсӣ менависанд, бузургтарин масъулиятро мегузорад”.[26] Мутаассифона, маҳз бинобар беаҳамиятии мо дар ин самт тӯли 10-15 соли ахир ҷаҳонбинии аксарияти насли ҷавони кишвар динӣ ва хурофабунёд гардид.

  Мутобиқи омори расмӣ медонем, ки чанд соле пеш бо вуҷуди ҳама чораҷӯиҳои давлат беш аз 3000 шаҳрвандони мо бо ҳар тариқе ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи ҷангҷӯёни террористи ДОИШ-ӣ пайваста буданд.  Иддае ҳатто зан ва фарзандони ноболиғи худро низ ба он ҷо бурда буданд. Аксари онҳо изҳор медоштанд, ки дар роҳи ҳифзи давлати исломӣ  омодаи ҷоннисорианд ва дар воқеъ, теъдоде аз онҳо дар ин роҳ ҷони хешро ҳам барабас бохтанд. Имрӯз низ иддае аз сокинони кишвари мо дар сафи муҷоҳидони ДОИШ, Ансоруллоҳ ва Аморати исломии Афғонистон машғули “ҷиҳод”, яъне қатлу куштору ғорат мебошанд. Суол ин аст, ки чаро ин ҳамватанони мо, ки омодаанд барои идеалҳои бегона ва ҳатто гурӯҳи террористии байналмилалие чун ДОИШ ҷон диҳанд, нисбат ба мушкилоти миллӣ ва тақдири ҳаммиллатони худ (масалан фоҷеаи Ворух) куллан бетафовутанд? Чаро исломгароёни сиёсӣ метавонанд аз шаҳрвандони мо террористу худкуш тарбия кунанд, вале низоми тарбиятии мо наметавонад аз онҳо афроди дар роҳи Ватан ҷонфидо тарбия намояд? Посухи кӯтоҳ ба ин суол ин аст, ки мо то ҳол технология ва фароянди муассири зеҳниятсозӣ ва дар зимн ҳувийятсозии миллиро коркард накардаем.  Дар ин замина тавассути сӯиистифода аз дину мазҳаб, хурофоту таассуб омилони геополитикӣ эҳсоси худшиносии миллии  пайравони исломро  анестезия (беҳискардаанд. Ба ҷойи он, дар майнаи мусулмон тухми ҷаҳонбинии “ал–Қоида”, “Давлати исломӣ, “Ансоруллоҳ, Ҳизби наҳзати исломӣ коридаанд. Акнун онҳоро ҳамчун лашкари муфт барои манфиатҳои худ истифода мекунанд”. [27]

  Боиси нигаронист, ки мо дар муассисаҳои таълимӣ, яъне дар муҳимтарин  ниҳоди зеҳниятсози ҷомеаамон то ҳанӯз натавонистаем фазои мусоиду созгоре барои ташаккули тафаккури илмиву  мантиқӣ ва хештаншиносии миллӣ ба вуҷуд оварем. Китобҳои дарсии муассисаҳои таълимии мо пур аз маводи хурофотӣ, миллиситезона ва тақдиргароёна (фаталистӣ) мебошанд. Муҳтавои баъзе китобҳои дарсии фанҳои  гуманитарӣ, ҳатто фанҳои таърих, забон ва адабиёти тоҷик на танҳо ба масири миллӣ ва методологияи илмӣ мутобиқ нестанд, балки куллан дар қутби муқобили он қарор гирифта, ба раванди ташаккули худшиносии миллӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ садамаи ҷиддӣ мезананд. Ин навъ китобҳои дарсӣ бар хилофи талаботи моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» буда, бидуни шак, боиси бештар шудани худбохтагиву беҳувийятии насли наврас ва ҷавонон, густариши  хурофоту таассуби мазҳабӣ ва таҳкими таҳкурсии ҷаҳонбинии бунёдгаронаи динӣ дар муҳити иҷтимоии кишвар мегарданд. Мушкилоти масъулони соҳаи маорифи мо дар ин росто дар он аст, ки барғалат мепиндоранд: “Хирад ҳаргиз ба эътиқод  ихтилофе надорад”.[28] Муаллифи мақолаи “Дар бораи як китоби дарсӣ” бо дарки он ки ин андеша аз дидгоҳи илмӣ комилан ғалат ва аз лиҳози идеологиву шеваҳои муборизаҳои геополитикӣ хатарнок аст, чунин мегӯянд:Эътиқод ва боварҳо бо илм ва хулосаҳои  илмӣ  дар мухолифат қарор доранд. Муҳтавои ин зиддиятҳо дар ҷаҳони ислом, аз ҷониби бозигарони геополитикӣ мақсаднок ва тахассусмандона истифода мешаванд”.[29]   

  Дар иддае аз китобҳои дарсии мактабҳои мо маълумоти ироашуда фақат маҷмӯъи фактҳоест, ки аз диди ғоявию идеологӣ ва ҳувийятсозӣ бидуни рабт аст ва ҳадафи мушаххасу хатти машйи ягона надоранд.  Бо назардошти ин мушкилот С.Ятимов дар марҳилаи кунунии рушди давлатдории миллӣ вазифа ва масъулияти соҳаи маорифи кишварро дар ин донистаанд: “Дар ин росто, қисмати ҳаётан муҳимми фаъолияти маориф - мувофиқ кунондани (муҳтавои) китобҳои дарсӣ ва васоити таълимию тарбиявӣ ба пояҳои сохти конститутсионӣ давлатдории миллӣ дониста мешавад”.[30]

  Чунонки гуфта шуд, яке аз вазифаҳои асосие, ки марбут ба самти тарбиятӣ аст, ҳувийятсозии миллӣ мебошад. Ҳувийятсозиро набояд як вожаи шиоргуна ва шоирона тасаввур кард. Он як фароянд ва технологияи пазируфташудаи илмӣ дар ҳавзаи илмҳои ҷомеашиносӣ, этнология ва этнопсихология аст. Ҳувийятсозиро дар ҳавзаҳои илмии англисзабон construction of identitу ва дар ҳавзаҳои илмии русзабон конструирование идентичности мегӯянд.  Гузарем аз давлатҳои аврупоӣ, ҳатто дар баъзе давлатҳои ҳамҷавор ва минтақаи Осиёи Миёна ҳам бо назардошти муҳиммияти масъалаи ҳувийятсозии миллӣ ниҳодҳои илмӣ ва таълимӣ таъсис дода шудаанд. Масалан, дар Қазоқистон Университети Осиёии ба номи Л.Н.Гумилёв ва дар Қирғизистон Донишгоҳи туркиву қирғизии ба номи Манас бунёд карда шудааст, ки яке аз ҳадафҳои аслии фаъолияти онҳо тақвияти фароянди ҳувийятсозии миллӣ ва ба ҳам наздик кардани миллатҳои туркзабон аст.   

  Агар бо назардошти меъёрҳои илмӣ ва манофеи миллӣ муҳтавои китобҳои дарсиро дар кишвар арзёбӣ кунем, онҳоро вобаста шеваи таълиф метавон ба се гурӯҳ ҷудо кард: 1) китобҳое, ки дар он камобеш ба меъёрҳои мазкур ҳадафмандона эътибор дода шудааст. Бояд гуфт, ки ин гуна китобҳо ба истиснои китобҳои марбут ба фанҳои дақиқу табиӣ хеле каманд. Барои мисол ба ин гурӯҳи китобҳои дарсӣ китоби “Таърихи халқи тоҷик барои синфи 6”-ро метавон шомил кард, ки муаллифаш Яъқубшоҳ Юсуфшоҳ ҳастанд; 2) Ба гурӯҳи дуюм китобҳое шомил мешаванд, ки агарчи тамоили хурофотгароиву мазҳабмеҳварӣ ҳам дар матни онҳо ба таври ошкор мушоҳида нашаванд, аммо ба масъалаи ҳувийятсозии миллӣ низ дар онҳо куллан эътибор дода нашудааст. Дар ин қабил китобҳо, ки китобҳои дарсӣ аз фанни адабиёт намунаи боризи онанд, матнҳо ва мавзӯъҳо чун маҷмӯи маводу маълумоте оварда шудаанд, ки моҳиятан парешон ва мутаноқизанд ва хатти машйи ягона ва ҳадафмандонаи идеологӣ надоранд. Муҳтавои ин китобҳои дарсӣ хонандаро аз диди ғоявӣ сардаргум мекунад. Масалан, агар дар як ҷо муаллифон сахткӯшиву талошро дар зиндагии иҷтимоӣ тарғиб карда бошанд, дар ҷои дигар ризову риёзату гӯшанишиниву тарки дунё ва тақдирпарастиро тарғиб кардаанд;  3) Гурӯҳи сеюми китобҳои дарсӣ ва роҳкори муаллифони онҳо нигаронкунанда аст, чунки онҳо ҳадафмандона ақидаҳои мазҳабгароёнаву хурофотиро тарғиб кардаанд. Яъне китобҳои онҳо хатти машйи ягона ва нуқтаи тамаркуз доранд, ки он мазҳабиву хурофотӣ ва зиддимиллист. Муаллифон барномаи ҳувийятсозӣ доранд, ки он низ зиддимиллист. Ин гуна китобҳои дарсӣ ҳатман бояд бозбинӣ шаванд. Аммо бозбинӣ маънои онро надорад, ки тамоми ҳиммати гурӯҳи ташхисӣ фақат бар он гуморида шавад, ки чунин китобҳои дарсӣ аз ақидаҳову идеологияи номатлуб поксозӣ ва филтр карда шавад. Филтр амре ҳатмист, аммо ҳамаи кор нест. Баъд аз поксозӣ дар ин об бояд ангубини ҳувийятсозии миллиро рехт. Мавзуъҳо ва матнҳои китобҳои дарсӣ ба ҷуз иттилооти илмӣ бояд моҳиятан ориентатсияи миллӣ дошта бошанд ва ҳадафмандона манофеи миллиро пайгирӣ кунанд. Умуман, барномаи зеҳниятсозии мо дар соҳаи маориф бояд ба таври системанок сурат гирад. Он бояд ду нуқтаи тамаркуз (вектор) дошта бошад: 1) ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ; 2) тарбияи ватанпарастӣ ва ташаккули ҳувийяти миллӣ.

  Ҳамзамон бояд ҷараёни  рӯзафзуни ғайриилмӣ ва хурофотмеҳвар шудани ҷаҳонбинии мардум ва шуури ҷамъиятии мо ҷилавгирӣ карда шавад. Бояд дар арсаи пур аз муборизаи байналмилалӣ барои ҳифзи бақои миллат ва мондагории давлати худ насле ватанпарасту худогоҳ, муҳофизи манофеъи миллӣ ва ҳамқадами замонро, ки ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ доранд, тарбия кунем. Албатта, имкон надорад, ки тамоми мардум то ин сатҳи дарк ва рушди маънавӣ расонида шаванд, аммо ин ҷо “сухан дар бораи таносубҳо, яъне ақаллият ва аксарият меравад. Миллатҳое, ки дар онҳо илму дониш фарогири аксарият шуд, дар арсаи ҷаҳон тасаллут пайдо карданд. Аҳволи мардуми хешро беҳбуд бахшиданд. Зиндагии шоиста дорандНа танҳо истифодаи захираҳои табиии олам, балки ақли мардумони бегонаро ҳам мутеи худ гардонданд”.[31]   

 Дар ин росто нуктаи шигифтангез он аст, ки муаллифони китобҳои дарсӣ бо вуҷуди он ки соҳибони унвонҳои баланди илмианд, аммо мутаассифона, дар бештарини маворид мавзӯъҳои матраҳшударо на бар асоси метологияи пазируфташудаи илмӣ, балки  бар мабнои муқаррароти динӣ таҳлил кардаанд. Хатти машйи таҳлилу баррасиҳо дар ин китобҳо усулан хурофотию мазҳабӣ аст ва ориентатсияи миллӣ дар он вуҷуд надорад. Омӯзгороне, ки бар асоси чунин китобҳо фаъолияти худро ба роҳ монда зеҳниятсозӣ кардан мехоҳанд, яқинан аз диди ғоявӣ сардаргум хоҳанд шуд, чунки аз он ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон хатти машй(ориентатсия)-и миллиро дарёфт. "Агар омӯзгор дарк кунад, ки ориентатсияи ҷомеа чист, барои расидан ба мақсад талош хоҳад кард. Баръакс, дар он ҷое, ки фаҳмиши дақиқу равшани мақсад нест, бешак аз тарафи омӯзгор барои такомули шахсияти тарбиягирандагон кори созандае наметавонад анҷом дода шавад. Дар он гуна муҳит дар раванди тарбия стихиянокӣ ва номуназзамӣ авҷ мегирад, кор характери тасодуфӣ хоҳад гирифт ва фақат барои он анҷом дода хоҳад шуд, ки вақти барояш ҷудошуда сарф карда шавад. Фаъолияти тарбиявиеро, ки бидуни ҳадаф анҷом дода мешавад, аслан наметавон фаъолияти тарбиявӣ донист".[32] Агар дидгоҳи олимоне, ки китобҳои дарсиро таҳия мекунанд, хурофабунёд бошад, пас, аз омӯзгорону хонандагони макотиби миёнаи умумӣ чӣ метавон интизор дошт ва чӣ гуна метавон аз онҳо гила кард?

   Худ қазоват кунед, ки ин муҳитҳои “тарбиятӣ” бо он ҳолу ҳавое, ки доранд, чӣ ба бор хоҳанд овард?! Ба қавли муҳаққиқи эронитабори амрикоӣ Амирҳусайни Лодан “Мо зоида(маҳсул; продуксия)-и фарҳангамон ҳастем”.[33] Ин фарҳанг мустақиман дар амри ташаккули шахсият ва ҳувийяту хулқу хислат(характер)-и афроди миллати мо нақш дорад. Афроди ҷомеаи мо ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ ғайриихтиёр таҳти таъсири чунин муҳити фарҳангӣ мемонанд ва табиист, ки ночор ба қолабҳову меъёрҳои он мутобиқ мешаванд. Равоншиноси шинохтаи яҳудитабори олмонӣ Эрих Фромм дар бораи нақши фарҳанги ҷомеа дар шаклгирии ҷаҳонбинии фард чунин мегӯяд: “Дар зеҳни аксарияти одамон тасаввурот дар бораи воқеияти олам на бар асоси андешидан ва тафаккури интиқодӣ, балки дар заминаи тарзи андеша ва ҷаҳонфаҳмии ҷомеа ба вуҷуд меояд”.[34] 

  Зеҳният ва шуури ҷамъиятии ҳар ҷомеае, қабл аз ҳама, дар робита ба фарҳанги он шакл мегирад. Аз ин рӯ, агар ҷаҳонбинии як ҷомеа ғайриилмӣ ва хурофотӣ бошад, пас, барои ислоҳи вазъи фикрии ҷомеа, қабл аз ҳама, фарҳанги ҷомеаро ҳамчун омили ташаккулдиҳандаи шуури ҷамъӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода, қолабҳои маҳдудкунандаи онро шиносоӣ ва ислоҳ бояд кард.

  Ин ҷо бояд таъкид дошт, ки ба тафовут аз асрҳои миёна фарҳанги бостонии мо аслан хирадмеҳвару дунявимадорона буд. Ҳатто як нигоҳи тезболе ба даврони асотирӣ ва таърихи давлатдориҳои қадими ниёгонамон кофист, ки аз ин ҳақиқат огоҳӣ биёбем. Устураи Йима (Ҷамшед) дар “Авасто”[35] ва Маншури ҳуқуқи башари Куруши Бузург[36] дар аҳди Ҳахоманишиён далели ошкори ин иддаост. Дар ин маънӣ ҳақ ба ҷониби С.Ятимов аст, ки мегӯянд: “Мафҳуми “афкори дунявӣ барои мардуми оламаз ҷумла тоҷикон сухани нав нест... Дар доираи мантиқи таърихии илм, адабиёт ва фарҳанги миллати тоҷик мафҳуми дунявӣ вуҷуд дошт. Дар акси ҳол, мо аввалан тоҷик, баъдан миллат ва ахиран соҳиби давлати мустақил  намебудем.[37]

  Инъикоси дурусти воқеиятҳои таърихи дунёи қадим, шинохти ҷойгоҳи барозандаи давлатҳои аҷдодӣ дар он  ва корбурди мафҳумҳои муносиб дар ин росто амри муҳиме дар раванди ташаккули тафаккури миллии насли навраси ҷомеаи мо буда метавонад. Аз ин рӯ, мо набояд муқаллидона таърихи ба нафъи худ таҳрифкардаи  муҳоҷимону ғосибони миллати худро ба фарзандонамон таълим диҳем. Онро бозбинӣ ва бознависӣ бояд кард. Ҷойгоҳ ва нақши муҳими давлатҳои муқтадири аҷдодиро бояд шинохт ва муаррифӣ кард. Таърих набояд чун маҷмӯи фактҳои бидуни рабт таълим дода шавад. Ҳадаф аз таълими таърих ҳифзи хотираи таърихӣ ва дар зимн оянданигарист. Аз он сабақ бояд гирифт ва таҷриба бояд андӯхт, то дар як чоҳ ду бор наафтем ва аз як сӯрох ду бор моргазида нашавем. Бинобар ин, дар арсаи таърих ҳамеша радди по ва ормонҳои гузаштагони давлатдору давлатмадори худро дунбол бояд кард. Аммо мутаассифона, дар китобҳои дарсии таърихи мо пиромуни давлатҳои аҷдодиамон дар тақлид ба таърихнигорони аҷнабӣ тарзе маълумот дода шудааст, ки насли имрӯзи мо ба он ҳеҷ эҳсоси ҳамбастагӣ ва умумият намекунад. Ин ҷо ба маврид аст, ки сухани арзишманди Қаҳрамони миллат Садриддин Айниро дар бораи рисолати илми таърих ба ёд оварем. Устод дар ин маънӣ мегӯянд: “Таърих он гоҳ маъние хоҳад дошт, ки дар дасти мардум силоҳи мубориза дар роҳи оянда бошад”.[38]  Ба қавли муҳаққиқи амрикоӣ Джаред Даймонд: "Аз фоҷиаҳои гузашта(таърих) имкон дорад сабақ гирифт. Маълум аст, ки баъзан (дар шароити якхела) иддае аз ҷомеаҳо ба таназзул дучор мешуданд, аммо иддае на. Сабаби он дар чӣ буд? Ба ин суолҳо посух дода, мо гуфта метавонем, ки кадоме аз ҷомеаҳо дар шароити кунунӣ ба хатар рӯ ба рӯянд. Ба ҷои мушоҳидаи раванди заволи ин ҷомеаҳо бояд дар паи кӯмак расондан ба онҳо шуд".[39]  Бо мушоҳидаи вазъи шуури ҷамъиятӣ дар кишвар метавон пешбинӣ кард, ки ҷомеаи мо айни замон дар маърази хатар қарор дорад, он гуна хатаре, ки дар пушти марзҳои ҷанубии мо аллакай бо ваҳшати тамом чеҳранамоӣ мекунад. Хеле ҷиддӣ будани ин хатар ва имкони амалӣ шудани онро ҷанги бародаркуши солҳои 1992-1997 тасдиқ мекунад, ҳол он ки дар он замон ҷаҳонбинии мардуми мо то ба ин ҳад динсолорона набуд. Ҷиҳати дигари ташвишовари масъала он аст, ки ба замми ин ҳама омилҳои дохилӣ, феълан омилҳои манфиатдори геополитикӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ имконот ва абзорҳои бештари оташ дар ин хирман заданро доранд. Хатари мазкур бо назардошти омилҳои дохиливу хориҷӣ дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ беш аз ҳар давлати дигаре ба давлати мо таҳдид мекунад. Агар  илова ба хатари исломи сиёсӣ ва заминаҳои дохиливу хориҷии он дар кишвар, ба эътибор гирем, ки матои ваҳдати миллии мо низ, мутаассифона, ҳанӯз якпорча нест ва тамоили маҳалгароӣ дар ҷомеаи мо то ҳадди сепаратизм ҷо дорад, он гоҳ метавон тасаввур кард, ки болои қуттии борут нишастаем. Ин вазъияти нигаронкунанда тақозо мекунад, ки бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои интелектуалӣ ва моддии мавҷуда бидуни таъхир дар паи илоҷи ҳар гуна воқеаи эҳтимолӣ пеш аз вуқуъи он бошем.

  Инъикоси ҳадафмандонаи таърихи ниёгон, ба вижа муаррифии дастовардҳои оламшумули онҳо эҳсоси заифшудаи худбаҳодиҳии миллӣ(пониженная национальная самооценка)-и  моро баланд бардошта, ҷиҳати тақвияти худшиносии миллӣ ва кам кардани шиддати бегонапарастӣ ва дар зимн ифротгароии динӣ мусоидат мекунад.

  Дар масъалаи таълифи китобҳои дарсии фанни “Адабиёти тоҷик” низ вазъият таҷдиди назарро мехоҳад, зеро ин китобҳо, чунонки ба таври фишурда дар боло ба он ишора шуд, ағлабан бо тарзи бинишу фаҳмиши асримиёнагӣ таълиф гардида, андешаҳои ирфонӣ, уқбогароӣ, тарки дунё, бечоранолӣ ва ҳатто таълимоти ифротии мазҳабиро низ тарғиб мекунанд, ҳол он ки адабиёт аз ҷумлаи фанҳоест, ки дар раванди зеҳниятсозӣ ва ташаккули фарҳанги дунявияту ҳувийяти миллӣ метавонанд нақши калидӣ дошта бошад. Дар ин маънӣ адиби рус Тургенев И.С. барҳақ гуфтааст, ки: “Адабиёт наметавонад танҳо бадеиёт бошад, зеро манфиатҳое ҳастанд, ки аз манфиатҳои бадеӣ болотаранд”.[40] 

  Жан Жак Руссо мегӯяд: Ҳар миллате чизе ҷуз он чӣ ҳукумати он мехоҳад, нахоҳад шуд.[41] Хуб аст, ки феълан давлати мо ва дар симои муаллифи мақолаи мавриди назар давлатмардони мо мехоҳанд фазои номатлуби ақидатии ҷомеаамонро тағйир диҳанд. Дар ин росто дигар коршиносон низ, ки зарфияти интелектуалии иҷрои ин корро доранд, бояд иқдом кунанд. Маводи зеҳниятсозӣ ва аз ҷумла китобҳои дарсӣ бояд тарзе таҳия карда шаванд, ки ҷаҳонбинии илмиро ташаккул дода, худшиносии миллӣ ва иқтидори зеҳнии хонандагонро боло баранд ва ифтихорофарину  илҳомбахш бошанд, на барангезандаи эҳсоси дунёбезорӣ ва тамоилоти дингароёнаву хурофотпарастона.

 

Назрӣ Асадзода

муҳаққиқ

 

 

Китобнома

 

  1. Айнӣ С., “Судьба одного народа”, “Новое время”, 1951, №45, 18 с.
  1. Абулкаломи Озод, Куруши Кабир-Зулқарнайн, -Душанбе, “Адиб”, 2019. 223с.
  1. Авасто, Китоби 1. –Душанбе: “Бухоро”, 2014. -839с.
  1. Алимуҳаммади Эзадӣ, “Чаро ақибмондаем?”, Теҳрон, нашри “Илм”, 1388 шамсӣ (2009 мелодӣ), -351с.
  1. Божович Л.И., Проблемы формирования личности, -Москва, Издательство “Институт практической психологии”, 1997. С.349
  1. Горднер Ҳовард, “Ҳунар ва илми тағйири зеҳни худ ва дигарон” (тарҷумаи Камоли Харроҷӣ), Теҳрон, нашри “Най”, 1398 шамсӣ (2019 мелодӣ), -344с.
  1. Густав Лебон, “Психология народов и масс”, -Москва: Издательство АСТ, 2020. -288 с.
  1. Джаред Даймонд, Колапс, Издателство АСТ, - Москва: 2021, С. 768 с.
  1. Лодан Амирҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. -Лос-Анҷелес: Ширкати “Китоб”, 2014. 486с.
  1. Morgentay H. Politics Among Nations. – New York, 1964.
  1. Савин Н.В., Педагогика, Душанбе, "Маориф", 1975, 241с.
  1. Эрих Фромм, Анатомия человеческой деструктивности. –Москва: Издательство АСТ, 2017. С.736
  1. Ятимов С., “Гегел ва масъалаҳои худшиносии миллӣ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2020, № 1(19)
  1. Ятимов С., “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28)
  1. Ҷамолиддин Саидзода, “Тарбияи ифтихор ва худшиносӣ миллӣ дар дарсҳои адабиёт” –Д.: Ирфон, 2012. –С.100.

 

[1] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 9.

[2] Густав Лебон, “Психология народов и масс”, -Москва: Издательство АСТ, 2020. С.230

[3] Густав Лебон, “Психология народов и масс”, -Москва: Издательство АСТ, 2020. С.230

[4] Ҳамон ҷо, с.219.

[5] Ҳамон ҷо, с.27.

[6] Ҳамон ҷо, с.214.

[7] ниг.: Morgentay H. Politics Among Nations. – New York, 1964. – Р. 110).

[8] С.Ятимов, “Гегел ва масъалаҳои худшиносии миллӣ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2020, № 1(19), С. 43.

[9] Лодан Амирҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ.  -Лос-Анҷелес: Ширкати “Китоб”, 2014. С..185-186.

[10] Алимуҳаммади Эзадӣ, “Чаро ақибмондаем?”, Теҳрон, нашри “Илм”, 1388 шамсӣ (2009 мелодӣ), С.56. (ҷамъ: 351 саҳ.).

[11] Ҳовард Горднер, “Ҳунар ва илми тағйири зеҳни худ ва дигарон” (тарҷумаи Камоли Харроҷӣ), Теҳрон, нашри “Най”, 1398 шамсӣ (2019 мелодӣ), С.21.

[12] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С.35.

[13] С.Ятимов, “Гегел ва масъалаҳои худшиносии миллӣ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2020, № 1(19), С. 19.

 

[14] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 7.

[15] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 8.

[16] Ҳовард Горднер, “Ҳунар ва илми тағйири зеҳни худ ва дигарон” (тарҷумаи Камоли Харроҷӣ), Теҳрон, нашри “Най”, 1398 шамсӣ (2019 мелодӣ),С.138.

[17] Ҳамон ҷо, С.94.

[18] Ҳамон ҷо, С.15.

[19] Ҳамон ҷо, С.38.

[20] Л.И.Божович, Проблемы формирования личности, -Москва, Издательство “Институт практической психологии”, 1997. С.308

[21] Ҳовард Горднер, “Ҳунар ва илми тағйири зеҳни худ ва дигарон” (тарҷумаи Камоли Харроҷӣ), Теҳрон, нашри “Най”, 1398 шамсӣ (2019 мелодӣ), С.38

[22] Ҳамон ҷо, С.88.

[23] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 27.

[24] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 30.

[25] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 12.

[26] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 28.

[27] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 30.

[28] Таваҷҷуҳ шавад ба пешгуфтори китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти тоҷик”, ки ба қалами адабиётшинос  Ҳафиз Раҳмон  тааллуқ дорад.

[29] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 12.

[30] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 9.

[31] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 29.

[32] Савин Н.В., Педагогика, Душанбе,  "Маориф", 1975, С.43.

[33] Лодан Амирҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ.  -Лос-Анҷелес: Ширкати “Китоб”, 2014. С.16.

[34] Эрих Фромм, Анатомия человеческой деструктивности. –Москва: Издательство АСТ, 2017. С.309.

[35] Авасто, Китоби 1. –Душанбе: “Бухоро”, 2014. .Яснои 9, С.60.

[36]Абулкаломи Озод, Куруши Кабир-Зулқарнайн, -Душанбе, “Адиб”, 2019. С.223.

[37] С.Ятимов, “ Дар бораи як китоби дарсӣ ”, маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”, 2022, № 1 (28), С. 29.

[38] С.Айнӣ, “Судьба одного народа”, “Новое время”, 1951, №45, с.8.

[39] Джаред  Даймонд, Колапс, Издателство АСТ, - Москва: 2021, С.14-15.

[40] Ҷамолиддин Саидзода, “Тарбияи ифтихор ва худшиносӣ миллӣ дар дарсҳои адабиёт” –Д.: Ирфон, 2012. –С.88.

[41] Лодан Амирҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ.  -Лос-Анҷелес: Ширкати “Китоб”, 2014. С.139-140

Хондан 1212 маротиба