Нусхаи чопи
Чоршанбе, 10 Майи 2023 16:27

Созмону ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ: сарчашмаҳои маблағгузорӣ

Муаллиф: Акбар САЛИМОВ

  Дар даҳаи охири асри ХХ ва солҳои аввали асри ХХI масъалаи наве ба миён омад, ки он ҳам мубориза бар зидди фаъолияти терроризми байналмилалӣ ва шакли нави он терроризм ва экстремизми динӣ мебошад. Экстремизм (ифротгароӣ) дар услуби динии худ ҳаёти ҷомеаро ноором намуда, оҳиста-оҳиста пояи рушди давлатдории муосирро заиф месозад. Терроризм бошад,  дар маҷмуъ, бо  ҳама шаклҳояш мехоҳад ба душман аз ҳар ҷиҳат, сарфи назар аз шахсият, бидуни ба инобат гирифтани манфиатҳои ғайр аз манфиатҳои худ, зарари ҳадди аксар расонад.

  Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ҷараёну созмонҳои навтаъсиси исломгарои дохилӣ шароити фазои холии ақидатии ба- миёномадаи кишварҳои Осиёи Марказиро баҳри таъсиси давлати исломӣ бо ворид гардидани адабиёт ва дастгирии молиявӣ мавриди истифода қарор дода, кӯшиши фарогир намудани идеологияи ба ҷомеа бегонаро намуданд.

  Ташвиқоту таблиғоти афкору ақидаи ифротгароёнаи ташкилоту созмонҳои ифротиву террористӣ  дар ҷомеаи ҷаҳони муосир ба  як хатару таҳдиди бузурги глобалӣ ба амният ва ҳастии омма мубаддал гаштааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди нави муносибатҳои иқтисодӣ, дар вазъияти руҳӣ ва идеологии ҷамъиятҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйироти куллӣ рӯй дод. 

  Даъват  ба сафи  ташкилоту гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ дар шакли муосири ҷалбкунӣ, яъне бо роҳи ҷамъоварии маблағ, дастгирии молиявӣ, ташвиқоту тарғиботи ақоиди экстремистӣ ва тундгаро, паҳн намудани иттилооти ҷалбкунандаи дасисаангез, ки ба бурузи  ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ, миллӣ ва нажодӣ сабаб мегардад, бо ҷалби ҷавонон босуръат рушд ёфта истодааст.

  Баъд аз зимоми қудрат ба даст гирифтани ҳаракати “Толибон” (ҳамчун ҳаракати террористӣ-экстремистии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, бедоршавии ҷараёну созмонҳои террористӣ ва ифротгаро ва вазъи ноамни ин кишвар,  таҳдиду хатари ҳаракату гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ боиси нигаронии на танҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа гардидааст. Яке аз роҳҳои мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳо ва амалӣ намудани фаъолияти даҳшатфикании ҳаракату гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ пешгирӣ намудани роҳҳои ба даст овардани маблағ ва дастгирии чунин ҷараёнҳо аз дохил ва хориҷи кишвар мебошад.

  Якчанд созмону ҳаракату гурӯҳҳо, хусусан “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, ТТЭ ҲНИ, “Ҳаракати исломии Туркистон” (Ҳаракати исломии Ӯзбекистон), “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Давлатӣ исломӣ” (ДИИШ)” ва ҷараёнҳои номатлуби “Салафия” ва “Ваҳҳобия”, ки дар  усули наву пуртаъсири  ташвиқоту тарғибот  андешаву ғояҳои худро дар фазои ҷомеаи  Осиёи Марказӣ ва берун аз он ҳанӯз дар даврони  Шуравӣ аз солҳои 70-уми  асри гузашта инҷониб фарогир намуданд, ҳамчун ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва террористӣ-тундгаро эътироф гардидаанд. Дар шароити имрӯза мубаллиғони гурӯҳҳои экстремистӣ аз раванди босуръати густариши мафкураву ҷаҳонбинии аҳли ҷомеаи имрӯза, хусусан аз қишри осебпазир-ҷавонон истифода намуда, онҳоро ба  доми худ кашида истодаанд.  Онҳо ҷавононро роҳгумзада намуда, бар хилофи ватану миллат, ҷомеаву давлат ва дину мазҳаб равона мекунанд, ки дар оянда ба ҳадафи худ - аз байн бурдани давлати дунявӣ ва бунёди халифати исломӣ  бирасанд.

  Барои таъсис додан ва ба роҳ  мондани фаъолияти ташкилот, ҳаракат ва ё гурӯҳи террористӣ-экстремистӣ дар навбати аввал, маблағ, яроқ ва макон ё паноҳгоҳи боэътимоду мустаҳкам лозим аст. Инчунин, барои самаранок ва манфиатовар фаъолияти намудани ташкилот ва ё ҳаракату гурӯҳи таъсисдодашуда, вақт, фазои мусоид ва албатта, боз маблағ, ки аз сарчашмаҳои созандаву афзояндаи қудрати моддиву ҷонии он маҳсуб меёбанд, зарур мебошад. 

Аз ҷониби ташкилоти навтаъсиси дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ, умуман аз ҷониби ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои экстремистӣ ва тундгарои террористӣ маблағҳои пулӣ бо мақсадҳои зерин истифода бурда мешаванд:

  • ташкил намудани пойгоҳи моддӣ-техникӣ, яъне таъмини компютерӣ, истифодаи таҷҳизоти муосири алоқа, нақлиёт, яроқу аслиҳаи замонавӣ;
  • ҷалби аъзои нав;
  • тайёрии ҷангии даставу гурӯҳҳои зарбарасон (махсус) ва кироя;
  • омода ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ;
  • таъмини молии аъзои ташкилот дар дохил ва дар хориҷ;
  • гузаронидани маъракаҳои иҷтимоӣ бо мақсади ба самти худ майл намудани хайрхоҳону мушфиқон (сохтани беморхонаву мактабҳо ва хонаи ятимон, кумаки моддӣ ба эҳтиёҷмандон);
  • амалӣ намудани маъракаҳои ташвиқотиву таблиғотӣ дар васоити ахбори омма бо мақсади баланд бардоштани мақоми ташкилот ҳамчун муборизони озодиву адолат ва ҳифзи манфиати ҷомеа[1].

  Ислом ба садақа ва хайрия, ки бо ҷо овардани он вазифаи динии ҳар як мусулмон ба шумор меравад, диққати махсус медиҳад. Дар ҷомеаи исломӣ  хайрот ба яке аз усулҳои асосии фаъолияти иҷтимоӣ ва молиявӣ, вале фонди хайриявии исломӣ ва шабакаҳои кумакрасони иҷтимоӣ бошанд ба ташкилоти асосии ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд. Сарчашмаи муҳими маблағгузории ҳамаи гурӯҳҳои исломии экстремистӣ гардиши закоти мунтазам ва садақаи ихтиёрии диндорон  ҳамчун хайрот ба эҳтиёҷмандон мебошад[2].

  Ин маблағҳо дар марҳилаи ҷамъоварӣ дар масҷидҳо, бонкҳои исломӣ ва ғ. қонунӣ буда, аз ҷониби фондҳои мухталифи исломӣ ва ташкилотҳои хайриявӣ, ташкилоти байналхалқии кумакҳои исломӣ дар кишварҳои исломӣ ва ё Лигаи ҷаҳонии мусулмонон, ки дар бештар аз 100 филиалҳо дар зиёда аз 30 кишварҳои олам дорад, идора карда мешаванд. Тибқи шариати  ислом, садақаи мунтазам дар шакли закот расман барои хайрот:  ёрдам ба камбағалон (лил-фуқаро), муҳтоҷон,  мусофирон ва дар охир ба корҳои хайрия (фи-сабил-иллоҳ), масалан, ташвиқоту тарғиботи ислом, нашру паҳн намудани Қуръон ва бунёди масҷидҳо муқаррар карда шудаанд. Баробари ин, чи тавре ки Амиров К. дар мақолаи худ гуфтаҳои Екатерина Степановаро овардааст, “дар асл, қисме аз ин маблағҳо метавонад ба ниёзи ҷиҳод ва гурӯҳҳои пешсафи исломи тундгаро тақсим карда шаванд”[3].

  Бо вуҷуди пардохти муназзами закот аз ҷониби ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз рӯи қоида, он амалан аз тарафи ҳукуматдорон ба танзим дароварда намешавад ва мавриди санҷиши андоз, ҳисоб (аудит) ва ё дигар намуд санҷиш қарор дода намешавад. Замоне закот ҳамчун сарчашмаи асосии маблағгузории “Толибон” ва иттифоқиёнаш аз ҷониби Арабистони Саудӣ ва инчунин ҳаракати “Палангҳои озодихоҳии Тамил-Алам” буд. Аммо, шабакаи мутараққии байналмилалии ҷамъоварӣ ва тақсимоти маблағҳо аз манбаъҳои расмии қонунӣ, дар навбати аввал аз закотро ташкилоти исломии “ал-Қоида” таъсис додааст. Мувофиқи баъзе ҳисобҳо, дар солҳои 90-уми асри ХХ ҳаҷми умумии маблағҳои ҷамъоваригардида дар шакли закот ва ба “ал-Қоида” ирсол гардида тариқи ташкилотҳои хайриявӣ ба 300 000 000 $ - 500 000 000 $ амрикоӣ баробар аст[4].

  Аз ин лиҳоз, ҳатто он ташкилоти исломии ифротиву тундгаро, ки фаъолияти террористӣ бурда истодаанду фаъолияташон мамнӯъ эътироф шуда мебошанд,  дар бештари ҳолат аз сарчашмаҳои расмӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.

  Айни замон кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилоти  аз тарафи тундгароёни исломӣ  ба таври васеъ истифода шудани тарҳҳои нави муносибатҳои молиявӣ бо сарпарастони хориҷӣ, ки дар принсипҳои худтаъминшавӣ ва қонунияти расмӣ асос ёфтаанд, дучор гардидаанд. Моҳияти ин тарҳҳо, барои маблағгузории фаъолияти тахрибкорӣ  аз ҷониби экстремистҳо мавриди истифода қарор гирифтани шахсони ҳуқуқӣ ва фаъолияти соҳибкории қонунӣ, ҳамчунин онҳое, ки бо амалиётҳои тиҷоратии дохил ва хориҷи кишвар сарукор доранд, мебошад[5].

  Шабакаҳои террористиву экстремистӣ барои расидан ба аҳдофи худ аксар вақт созмонҳои хайриявӣ ва ё ширкатҳоеро, ки маҷбур карда шудаанд ё бо ташкилотҳои террористӣ ҳамкорӣ кардан мехоҳанд, истифода менамоянд. Масалан, баъзе созмону гурӯҳҳои террористӣ бо филиалҳои ташкилотҳои хайриявии минтақаҳои махсусан хатарнок ва ё кишварҳои қафомондаи олам, ки дар он ҷо таъминоти иҷтимоӣ аз ҷониби давлат маҳдуд карда шудааст, ё умуман, вуҷуд надорад, робита доранд. Гурӯҳҳои террористие, ки барои расидан ба мақсади худ асосан аз усулҳои даҳшатафканӣ истифода мебаранд, барои ниқобпӯш намудан филиалҳои ташкилотҳои хайрияро барои маблағгузории амалҳои террористӣ ва ҷалби аъзои нав истифода мебаранд. Ташкилотҳои террористӣ ба монанди “ал-Қоида” барои расидан ба мақсадҳои худ моҳирона аз телевизион истифода намуда, мунтазам наворҳои видеоии вежаро ба намоиш мегузорад[6].

  Чун ташкилотҳои хайрия аз пардохти андоз озоданд, дар зери пардаи кумакҳои баршардӯстона маблағ  ҷамъоварӣ намуда, метавонанд маблағҳои калони пулиро ба ҳар кас интиқол диҳанд. Аз рӯи қоида, дар ин самт онҳо аз бонкҳои исломӣ истифода мебаранд. Гумон аст, ки исломгароён созмонҳои башардӯстона, аз қабили “Ҳизби исломӣ” дар Афғонистон, “Кумитаи хайрия ва ҳамбастагӣ” дар Фаронса,  “Агентии имдоди исломӣ” ва “Наҷоти Боснияи имрӯз” дар Америкаро бидуни огоҳии онҳо истифода мекунанд[7].

  Ташкилотҳои хайрия ва ғайритиҷоратӣ дорои хусусияте мебошанд, ки онҳоро дар назари террористон ҷолиб ва осебпазир дар суиистифода барои маблағгузории терроризм мекунад. Ҷомеа ба онҳо боварӣ дорад, онҳо ба манбаъҳои маблағгузорӣ дастрасӣ доранд ва фаъолияти онҳо бештар истифодаи маблағҳои калонро дар бар мегирад.

  Асосан се намуди суиистифодаи ташкилотҳои хайрия вуҷуд дорад[8]:

1)Бо роҳи қаллобӣ тағйир додани самти таъиноти маблағҳо. Масалан, ба сармоягузорон оид ба беновоёну ятимон садақа шудани маблағ хабар медиҳанд, вале дар асл бошад, ташкилоти хайрия барои маблағгузорӣ намудани террористон истифода мешавад. Чунин қаллобӣ метавонад дар якҷоягӣ бо хайрияи воқеӣ амалӣ карда шавад ва дигар ҳама ҷанбаҳои фаъолияти ташкилоти хайрия метавонад қонунӣ боқӣ монад.

2)Истифодаи идораи комилан қаллбакӣ ( худро муассисаи хайриявии қонунӣ  муаррифӣ менамояд), ба сифати ташкилоти сохтае, ки зери ниқоб дар хизмати шабакаҳои  террористӣ қарор дорад.

3) Истифодаи васеъ  - масалан, ташкилоти хайрия, дар асл, ба ҷамъоварии маблағи хариди маводи озуқаворӣ барои кӯдакони ятим машғул аст, вале ин амалро тавассути ягон созмон ё гурӯҳи махсуси террористӣ анҷом медиҳад.

Яке аз тамоюлҳои маблағгузории амалҳои террористӣ дар замони муосир худмаблағгузорӣ, яъне ҷалби даромаду сармояи ташкилотҳои террористӣ дар мисоли музди меҳнат, имтиёзҳои иҷтимоӣ, қарзҳо, даромад аз ширкатҳои тиҷоратии назоратшаванда ва дигар пасандозҳои шахсӣ мебошанд. Ғайр аз ин, пасандозҳои шахсӣ сарчашмаи асосии маблағгузории ҷангиёни террорист барои пӯшонидани хароҷоти роҳкиро дар минтақаҳои даргирӣ маҳсуб меёбад. Мисли пештара, терроризм дар асри ХХI дар заминаи сарчашмаҳои ғайриқонунии маблағгузорӣ асос ёфтааст. Муҳимияти чунин роҳи даромадро барои ташкилотҳои террористӣ аз будаш зиёд қадр кардан душвор аст, зеро маҳз чунин усул онҳоро  аз ҷиҳати молиявӣ мустақил  намудааст.

Ҳамин тавр, Давлати исломӣ (ДИИШ), лоақл, муддати 8 сол дар Ироқ бо шарофати фаъолияти муваффақи ҷинояткоронааш дар ҳоли  худмаблағгузорӣ қарор доштааст[9].

Аз ҳисоби усули худмаблағгузорӣ фаъолияти бузургтарин ташкилоти террористии кишвари Индонезия “Ҷамоати Исломия” ва филиалҳои он дастгирӣ меёфт. Аъзои он  ҳар моҳ  5%  аз даромади худро  ба фонди ташкилот бахшидаанд. Бо дарназардошти ҳама душвории амалӣ намудани чораҳои пешгирикунанда оид ба ошкор кардани ин манбаи маблағгузории терроризм, хадамоти молиявӣ-иктишофии минтақа вобаста ба пайгирӣ кардани амалиётҳои шубҳаноки молиявӣ вазифадор карда шудааст[10].

Ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқии ба самти Шарқи Наздик равона мегашта ва ё аз он ҷо ба ватан баргарданда, аз системаи “хазиначии автоматӣ” барои гирифтани пули нақдӣ тавассути смарт-кортҳо истифода менамоянд. Маблағ ба ин кортҳо фосилавӣ аз тарафи ашхоси сеюм гузаронида шуда, дар ҳама ҷойҳое, ки терминали мувофиқ насб гардидаанд, аз он гирифта мешаванд. Одатан, террористҳо барои анҷом додани амалиёти интиқоли миқдори ками маблағҳо роҳҳои молиявии қонуниро мавриди истифода қарор медиҳанд[11].

Роҳҳои (каналҳо) расмии бонкӣ ҳеҷ вақт воситаи ягонаи интиқоли муомилоти пулӣ нестанд.  Масалан, дар кишварҳои исломӣ системаи анъанавии интиқоли пулӣ бо номи “ҳавала” машҳур аст. Он ба эътимоде асос ёфтааст, ки чун қоида, дар таҷрибаи бениҳоят дарозмуддати шахсӣ ва ё оилавӣ-қавмии муносибатҳои расмии байни миёнаравони молиявӣ дар кишварҳои гуногун тақвият додашуда мебошад.  Дар доираи чунин система, хабар (огоҳӣ) намудани ҷониби як тараф ба таври шифоҳӣ (тавассути телефон) намояндаи худро дар кишвари дигар ё шаҳри дигар дар бораи зарурати интиқоли (додани) маблағи (пул) нақдӣ бе зарурияти забонхат  ё дигар ҳуҷҷат бевосита ба шахси   номбаршуда,  амали маъмул гаштааст. Чунин амалиётҳои пулӣ расман ба қайд гирифтанашуда ҳисобида шуда, ҷиҳати ҳуқуқии онҳоро тасдиқ кардан ғайриимкон мебошад, баробари ин, пайгирӣ кардани амалиёти мазкур ниҳоят душвор аст[12].

Чунин мақоми бебаҳо дар ҷаҳони бахши бонкдории исломӣ ба террористони байналмилалӣ мувофиқат мекунад, ки мутобиқ шуданашон ба низоми шадиди назорат ва эъломияи ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ душвор аст. Бонкҳои ғарбӣ, аз рӯи қоида, ба ягон амалиёт бо маблағи муқарраршуда иҷозат намедиҳанд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки пайдоиши пул шубҳа надорад ва пардохткунанда ва гиранда маълум аст. Ба воситаи миёнаравҳо ё ашхоси ҳуқуқии зери пардагӣ исломгароён чунин сохторҳои интиқоли пулиро барои маблағгузории ташкилоти худ истифода мебаранд. Дар аксари ҳолатҳо аз  гузашти чунин амалиёт бехабар мондани бонкҳо ба қайд гирифта шудаанд[13].

Тавассути системаҳои бонкӣ “пулҳои чиркин” ба манфиати террористҳо ҷудо мегарданд. Яке аз ҷузъҳои асосии ин механизм, амалиётҳои тавассути бонкҳои исломӣ бо истифода аз “низоми вуруди дубора” мебошад. Дар мавриди сатҳи воридшавӣ ба ин доира шумораи зиёди дороиҳо дар ҳазорҳо суратҳисобҳо шаҳодат медиҳад. Коршиносони ғарбӣ, аз ҷумла, раиси Кумитаи нозирон оид ба терроризм ва маркази тадқиқоти таҳдидҳои муосир Р. Жаккар маълумот доранд, ки Усома бин Лодан ва мушовирони ӯ барои интиқоли миқдори калони маблағҳои пулӣ аз низоми бонкҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравии мусулмоннишин истифода намудаанд[14].

Қаллобӣ бо кортҳои қарзӣ. Яке усулҳои оддии чунин қаллобӣ, хариди молҳо тариқи шабакаи ҷаҳонии Интернет ё телефон буда, бо роҳи мазкур шарикони террористон бо истифода аз технологияи нав, бо роҳи ғайриқонунӣ ва бе ифшои ном аз ҳисоби истифодаи ғайриқонунии маълумоти шахсии соҳибони кортҳои қарзӣ маблағ ба даст меоранд. Инчунин, кушодани ҳисобҳои бонкӣ бо истифода аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бо номҳои сохта ва маблағҳои мавҷуд набуда низ яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ба шумор меравад. Қаллобон суратҳисоб кушода, дафтарчаҳои чекӣ ҷамъ мекунанд. Пас аз он ки шумораи чекҳо ба қадри кофӣ зиёд мешавад, он барои харидани молҳо дар мағозаҳо бо маблағи на зиёда аз маблағе, ки тафтиши мавҷудияти маблағҳоро дар суратҳисоб талаб мекунад, истифода мешаванд. Ҳангоми ба мағоза баргардонидани молҳои харидашуда, бо арзиши мол қаллобон пули нақд мегиранд[15].

Чунин амалҳо аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил ва ашхоси алоҳида дар баробари навишта шудани чекҳо дар ҳамон миқдор маблағ дар ҷойҳои гуногун,  сурат мегирад. Қаллобӣ бо дафтарчаҳои чекӣ, ки дар бисёр ҳолатҳои маблағгузории терроризм нақш мебозад, ба террористон имконият медиҳад, ки дар муддати кутоҳтарин маблағҳои нақдиро аз ҷое ба ҷои дигар кӯчонанд. Чунин ҷиноятҳо метавонад аз тарафи як нафар содир шаванд, ё барои тақвияти самаранокӣ дар якҷоягӣ бо дигар ашхос амалӣ карда шаванд[16].

Гаравгон гирифтани шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ, намояндагони созмону ташкилотҳои башарӣ, ходимону кормандони мақоти давлатӣ ва сафоратхонаҳо аз роҳҳои асосии ба даст овардани малбағҳои калон барои ташкилотҳои террористӣ маҳсуб меёбад.

Масалан, барои ташкилоти террористии “Ҷабҳат ан-Нусра”, сараввал манбаъ дар самти таъмини молиявии фаъолияти террористиаш, агар сарчашмаҳои молиявии хориҷӣ ва хайрияи сарпарастонаш бошад, дувум, ба даст овардани маблағи ҳаҷман калон аз талаб кардани гаравпулӣ мебошад. Тибқи баъзе маълумот, Қатар дар амалиёти фидяи гаравгонон нақши миёнарав дошт[17]

Сарчашмаи дигари маблағгузории фаъолияти ҷараёнҳои ифротиву террористӣ хариду фурӯши ғайриқонунии нафт, қочоқи  арзишҳову ёдгориҳои таърихӣ ва осори фарҳангӣ мебошад.

Барои ташкилоти террористии Давлати исломӣ (ДИИШ) тиҷорати ғайриқонунии нафт аз манбаъҳои асосии даромад буда, дар минтақаҳои ғасб намудаи ҷиҳодиҳо  ҳуқуқи истеҳсол ва таҳвили нафтро доштааст. Даромад аз фурӯши нафт дар як рӯз ба 3 млн. доллар мерасидааст. Мувофиқи баъзе маълумот, ширкати миллии Саудӣ “Aramco” дар фурӯши нафт нақши миёнарав бозида, нафти дуздидашударо ҳамчун нафти изофӣ, ки дар натиҷаи афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар Арабистони Саудӣ истеҳсол шудааст, содиркунанда мебошад[18].

Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ барои фарогир гардидани фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ мусоидат намуда, талаботи ҷомеаи ҷаҳониро ба хидмати чунин ташкилот ба миён овард. Бе шубҳа, дар мадди аввал, эҳтиёҷи ҷомеа ба он ташкилоти ғайридавлатӣ равона гардидааст, ки ташкилот амалиёти башардӯстонаи худро новобаста аз вазъияти мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳарбии манотиқ ва маҳаллҳо амалӣ менамояд.

Баробари ташкилотҳои ғайридавлатӣашхоси алоҳида низ ҳамчун сарчашмаи маблағгузории фаъолияти ташкилотҳои террористӣ маҳсуб меёбанд.

Мелкумян К.С. аломатҳои истифодаи ғайриқонунии бахши ҷаҳонии ташкилоти ғайридавлатиро аз ҷониби созмону ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро дар ҷанбаҳои зерин дарҷ намудааст:

  1. Интиқоли маблағҳои хайриявӣ тавассути ашхоси вобаста карда шуда ба фоидаи ташкилоти террористӣ;
  2. Ба манфиати созмонҳои террористӣ мавриди истифода қарор гирифтани баъзе аз роҳбарони ташкилоти ғайридавлатӣ;
  3. Истифодаи барномаҳои расонидани кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирии ташкилоти террористӣ;
  4. Мусоидат дар ҷалбкунии аъзоёни нав ба ташкилоти террористӣ;
  5. Гумроҳ намудан ва таъсис додани ташкилоти ғайридавлатии қалбакӣ[19];

Мувофиқи афкори муҳаққиқон ташкилотҳои ғайридавлатӣ воситаи мусоид дар ҳама марҳилаҳои маблағгузории терроризм мебошад. Масалан, дар марҳилаи ҷалби маблағ аз сармоягузорони ташкилотҳои террористӣ мавриди истифода қарор диҳанд: новобаста аз донистан ё надонистани самти минбаъдаи маблағҳо барои маблағгузории фаъолияти террористӣ; дар марҳилаи интиқоли маблағ ба гирандагони ниҳоӣ бо мақсади пардапӯш кардан, ки баъзан шумораи зиёди  интиқолро, аз ҷумла байни ташкилотҳои ғайридавлатиро дар бар мегирад; дар марҳилаи интиқоли маблағҳои пулӣ ба гирандагони ниҳоӣ[20].

Мувофиқи баъзе маълумотҳои дастрасгардида, яке аз манбаъҳои маблағгузории “Ҳаракати исломии Узбекистон” фарзандони муҳоҷирон аз водии Фарғонаи Узбекистон, ки 700 ҳазор узбекони саудӣ ва тахминан 2 миллион узбекҳои афғон мебошанд. Ташкилоти террористӣ ба монанди “ал-Қоида” маблағҳои пулиро дар ҳаҷми калон аз фондҳои сарватмандони хусусӣ ва ашхоси воқеии кишварҳои истиеҳсолкунандаи нафт дастрас менамояд. Тибқи ҳисобу китоби коршиносон, дар манотиқи кишварҳои ИДМ ба ифротгароёни диниву террористҳо тахминан 60 ташкилотҳои байналхалқии исломӣ, зиёда аз 100 ширкатҳои хориҷӣ ва даҳҳо бонкҳо кӯмак мерасонанд. Ба қатори сармоягузорони Ҳаракати исломии Узбекистон намояндагони ташкилдотҳои динӣ-сиёсии номдор ба монанди, “Бародарони мусулмон”, “Ҳизб-оллоҳ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, инчунин якчанд гурӯҳҳо ва ашхоси воқеӣ дар кишварҳои минтақа шомиланд. ҲИУ дар соли 2003  аз сармоягузорони хориҷӣ маблағи 400 ҳазор доллари амрикоиро барои кӯчонидани низоъ аз Афғонистон ба минтақаи Осиёи Марказӣ гирифтааст[21].

Дар мавриди маблағгузории ҲИУ як нуқтаро бояд қайд намуд, мувофиқи гуфтаҳои муовини Тоҳир Юлдошев оид ба корҳои дин Зубайра ибн Абдураҳмон, онҳо (ҲИУ) дар шаҳри Тошканд корхонаҳои худро доранд, ки ба ҲИУ кумак мерасонанд[22]

Истиқлолияти молиявии ташкилотҳои террористии муосир маънои онро надорад, ки онҳо аз кумакҳои молиявии давлатҳои ҷудогонаи олам даст мекашанд. Дар бисёр маврид, давлатҳои сарпараст ҷараёнҳои ифротиву тундгароро бо пул, силоҳ ва қаламрави худ таъмин менамоянд, ки аз фароҳам овардани шароит барои фаъолияти даҳшатафкании ҷараёнҳои мазкур шаҳодат медиҳад. Мувофиқи тафсири департаменти давлатии ИМА терроризмро имрӯзҳо кишварҳои муайян  дастгирӣ менамоянд. Бо вуҷуди фишори Иёлоти Муттаҳида кишварҳои мазкур барои қатъ намудани алоқаи худ бо террористон чораҳои заруриро наандешиданд[23].

Даромад аз фаъолияти ҷиноятӣ. Дар гузашта, баъзе гурӯҳҳои террористӣ қисми зиёди маблағҳо ва дастгирии молиявиро аз давлатҳое, ки фаъолияти терроризмро қадр менамуданд,  ба даст меоварданд. Пас аз афзоиши фишор аз тарафи дигар давлатҳо, аксарияти ин сарчашмаҳо барои онҳо камтар дастрас буданд ва дастрасӣ ба баъзеи онҳо абадан баста гардид. Ғайр аз ин, созмонҳои навтаъсиси мустақили террористие, ки мустақилона фаъолият мекунанд ба сарчашмаҳои маблағгузори хориҷӣ мисли гурӯҳҳои анъанавии террористӣ дастрасӣ надоранд. Дар натиҷа, бисёре аз гурӯҳҳои террористӣ ба исифодаи манбаъҳои имконпазири маблағгузорӣ, аз ҷумла, дар натиҷаи фаъолияти ҷиноятӣ, ба монанди тиҷорати ғайриқонуни яроқ, одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ, хариду фурӯши маводи мухаддир ва бо роҳи тарсонидан ба даст овардани маблағ, шурӯъ намуданд[24].

Бо вуҷуди, ин имрӯз аксарияти ҷараёнҳои ифротиву террористӣ бештар роҳи худмаблағгузориро зуд-зуд истифода бурда, талош бар он доранд, ки сармояи зарурии барои ташкил ва гузаронидани амалҳои террористии худро қонунӣ гардонанд. Дар баробари ин, набояд терроризми ҷиноятиро бо роҳҳои ҷиноии маблағгузории терроризми муосир омехта кард. Терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ бо он фарқ мекунад, ки ҳадафи он ба даст овардани фоида аз ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ мебошад.

Ҳамлу нақли пулҳои нақдина. Пулҳои нақдина ба таври васеъ дар фаъолияти террористҳо мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ҳама мисолҳо ва таҳқиқи ҳолатҳои дар гузориши FATF ( анг. Financial Action Task Force on Money Laundering) ва ба маблағгузории терроризм дар Африкои Ғарбӣ бахшидашуда истифодаи маблағҳои нақдина зикр гардиданд. Ашхосе, ки бо ҷурми терроризм гумонбар дониста шуда буданд, дар аксари ҳолат бо худ миқдори калони пули нақдӣ доштанд. Инчунин, афзоши ҳаҷм ва миқёси қочоқи пулҳои нақдина тавассути марзи кишварҳои транзитӣ ва кишварҳои ифодакунандаи хавфи баланд,  қайд карда шудааст[25].

Собиқ директори хадамоти федеролии Русия Н.Патрушев соли 2003 дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ дар шаҳри Бешкек баргузоргардида, таъкид намудааст, ки яке аз манбаъҳои маблағгузории шабакаҳои террористӣ даромад аз фаъолияти ғайриқонунии иқтисодӣ буда, ба даромад аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баробар аст[26].

Тиҷорати маводи мухаддир барои ташкилоту гурӯҳҳои ифротиву террористӣ воситаи хеле мусоди барои ҷалб намудани маблағ буда дар натиҷаи он маблағи калон ҷамоварӣ мегардад. Миқёси маблағгузории фаъолияти террористӣ аз ҳисоби савдои ғайриқонунии маводи нашъаовар пас аз коҳиш ёфтани дастгирии молиявии давлатҳое, ки терроризмро ташвиқ медоданд, хеле афзуд. Чунин раванд боиси аз байн бурдани фарқияти миёни гурӯҳҳои террористӣ ва ташкилотҳои ҷиноии нашъаҷаллоб гардид[27].

Таҳлили вазъияти Афғонистон нишон медиҳад, ки дар вазъияти буҳрони ҳарбӣ-сиёсӣ ва иқтисодии ҷой дошта миёни терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тиҷорати ғайриқонунии яроқ робитаи мустаҳкам ба вуҷуд омадааст. Аз рӯи нишҳондодҳои СММ, даромади ҳарсолаи ҷинояткории байналмилалӣ аз хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ба 400 миллиард доллари амрикоӣ баробар мешавад. Мувофиқи таҳлили коршиносони кишварҳои пасоШуравӣ, сарчашмаи асосии маблағгузории “Толибон” фоида бадастомада аз  мафияи маводи мухаддири афғон ва покистон (зиёда аз 10 млрд.$  дар як сол) буд, коршиносони ИМА бошад даромади солонаи толибонро 7 млрд.$ ҳисоб кардаанд. Қисми аз маблағҳои даромад барои фаъолияти террористии минтақа ҷудо мегардид. Дар ибтидо исломгароён шарикии худро ба тиҷорати маводи нашъа пинҳон медоштанд, баъдан бар он ақида буданд, ки гӯё маводи мухадир низ ҷиҳод аст зидди кофирон: якум, маводи мухаддир барои кофирон интиқол меёфт; дувум, ба маблағҳои ба даст омада яроқ барои зидди кофирон харидорӣ мегардид. Дар бештари ҳолатҳо, бо чунин тиҷорат онҳое машғул буданд, ки бо мансабдорони давлатӣ риштаи хешутаборӣ доштанд. Гурӯҳҳои ҷинояткор бо мурури замон бо мансабдорони фасотзада, аз ҷумла бо кормандони сохторҳои қудратӣ, ки барои мубориза бар зидди тиҷорати ғайриқонунии маводи нашъаовар вазифадор карда шудаанд, якҷоя мешаванд[28].

Тибқи таҳлили омории “Forbes Israil”, рӯйхати даҳгонаи ташкилотҳои террористии сарватмандтарини олам дар соли 2018 мувофиқи даромади солонаашон бо тартиби зерин гузаронида шудааст[29]:

 

Мақом

Номи ташкилот

Даромади солона, млн $

1

Ҳизбуллоҳ

1 100

2

Толибон

800

3

ХАМАС

700

4

ал-Қоида

300

5

ДИИШ

200

6

Ҳизби коргарони Курдистон

180

7

Катоиб Ҳизбуллоҳ

150

8

Ҳаракати “Ҷиҳоди исломӣ дар Фаластин”

100

9

Лашкари Тайиба

75

10

Артиши воқеии Ҷумҳурии  Ирландия

50

 

Бо дарназардошти  қайдҳои боло, мақомоти дахлдори миллии кишварҳои минтақаро зарур аст, тавассути фаъолияти муштарак ва созишномаҳои мутақобила, мубодилаи байналмилалии  иттилооти молиявии марбут ба самтҳои афзалиятноки мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ба роҳ монанд. Дар ин самт бо истифода аз механизмҳои муосири мубодилаи маълумот мақомоти марбута дар пешгирӣ намудани маблағгузории фаъолияти ҷараёну созмонҳои террористӣ ва ифротгаро мусоидат карда метавонанд.

Акбар САЛИМОВ

ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

 

[1] Молдалиев О. Современный терроризм: Аспекты финансирования//Центральная Азия и Кавказ.2004. №2 (32) https://www.ca-c.org/online/2004/journal_rus/cac-02/03.molrus.shtml

[2] Амиров К. Финансирование экстремизма и терроризма: опыт международного и отечественного противодействия//Исламоведения, Москва,2011.

[3] Амиров К. Финансирование экстремизма и терроризма: опыт международного и отечественного противодействия//Исламоведения, Москва,2011.

[4] Мелкумян К.С. Финансирование терроризма: тренды ХХI в. с Сирийским акцентом // Вопросы безопасности. Москва,2018. №3, С.78-93.

[5] Рахмонов Б.Ш.,Рахмонов А.С. Финансирование  радикальных организаций в Центральной Азии: современные реалии, особенности и тенденции//Образование и духовная безопасность №2 (4), УФА, 2018.- С.32-41.

[6] Финансирование терроризма. FATF Terrorist Financing Typologies Report_RUS.doc. 2008.

https://eurasiangroup.org/files/typ_14.pdf

[7] Молдалиев О. Современный терроризм: Аспекты финансирования//Центральная Азия и Кавказ.2004. №2 (32) https://www.ca-c.org/online/2004/journal_rus/cac-02/03.molrus.shtml

[8] Финансирование терроризма. FATF Terrorist Financing Typologies Report_RUS.doc. 2008. https://eurasiangroup.org/files/typ_14.pdf

[9] Мелкумян К.С. Финансирование терроризма: тренды ХХI в. с Сирийским акцентом // Вопросы безопасности. Москва,2018. №3, С.78-93.

[10] Рогожина Н.Г. Финансирование терроризма в странах Юго-Восточной Азии.//Юго-Восточная Азия:Актуальные проблемы развития. Выпуск №35, Москва,2017, С.70-77.

[11] Ҳамон ҷо.

[12] Амиров К. Финансирование экстремизма и терроризма: опыт международного и отечественного противодействия//Исламоведения, Москва,2011.

[13] Молдалиев О. Современный терроризм: Аспекты финансирования//Центральная Азия и Кавказ.2004. №2 (32) https://www.ca-c.org/online/2004/journal_rus/cac-02/03.molrus.shtml

[14] Молдалиев О. Современный терроризм: Аспекты финансирования//Центральная Азия и Кавказ.2004. №2 (32) https://www.ca-c.org/online/2004/journal_rus/cac-02/03.molrus.shtml

[15] Финансирование терроризма. FATF Terrorist Financing Typologies Report_RUS.doc. 2008. https://eurasiangroup.org/files/typ_14.pdf

[16] Финансирование терроризма. FATF Terrorist Financing Typologies Report_RUS.doc. 2008. https://eurasiangroup.org/files/typ_14.pdf

[17]  Иностранные боевики в рядах террористических организаций в Сирии и Ираке. Источники доходов джахидистских группировок. Ин-т востоковедение РАН (РФ); “Конфлакс Центр”(Сербия). Москва, Белград, 2019.-52 с.

[18] Ҳамон ҷо.

[19] Мелкумян К.С. Финансирование терроризма: тренды ХХI в. с Сирийским акцентом // Вопросы безопасности. Москва,2018. №3, С.78-93.

[20] Мелкумян К.С. Финансирование терроризма: тренды ХХI в. с Сирийским акцентом // Вопросы безопасности. Москва,2018. №3, С.78-93.

[21] Молдалиев О. Современный терроризм: Аспекты финансирования//Центральная Азия и Кавказ.2004. №2 (32) https://www.ca-c.org/online/2004/journal_rus/cac-02/03.molrus.shtml

[22] Ҳамон ҷо.

[23] Молдалиев О. Современный терроризм: Аспекты финансирования//Центральная Азия и Кавказ.2004. №2 (32) https://www.ca-c.org/online/2004/journal_rus/cac-02/03.molrus.shtml

[24] Финансирование терроризма. FATF Terrorist Financing Typologies Report_RUS.doc. 2008.

https://eurasiangroup.org/files/typ_14.pdf

[25] Финансирование терроризма. FATF Terrorist Financing Typologies Report_RUS.doc. 2008.

https://eurasiangroup.org/files/typ_14.pdf

[26] Молдалиев О. Современный терроризм: Аспекты финансирования//Центральная Азия и Кавказ.2004. №2 (32) https://www.ca-c.org/online/2004/journal_rus/cac-02/03.molrus.shtml

[27] Финансирование терроризма. FATF Terrorist Financing Typologies Report_RUS.doc. 2008. https://eurasiangroup.org/files/typ_14.pdf

[28] Молдалиев О. Современный терроризм: Аспекты финансирования//Центральная Азия и Кавказ.2004. №2 (32) https://www.ca-c.org/online/2004/journal_rus/cac-02/03.molrus.shtml

[29] https://forbes.kz/process/expertise/samyie_bogatyie_terroristicheskie_organizatsii_v_mire/

 

Хондан 1933 маротиба