Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 13 Январи 2022 04:09

Таъсири баъзе омилҳои хориҷӣ ва дохилӣ ба вазъияти сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2021

Муаллиф: Нарзулло САНГИНОВ

   Вазъи сиёсии кишварҳои минтақаи  Осиёи Марказӣ  тайи  соли 2021  дар  маҷмȳъ  мȳътадил  арзёбӣ  гардид. Дар баробари ин, ба ин вазъият яқ қатор омилҳои хориҷӣ ва дохилиминтақавӣ  таъсировар  буданд. Чунончи:

  Омилҳои  хориҷӣ:

1.Буғранҷтар гардидани вазъияти ҳарбӣ – сиёсии Афғонистон бо сабаби ба  сари  қудрат омадани  ҳаракати  Толибон.

2.Муборизаи абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар фазои пасошȳравии  Осиёи  Марказӣ.

3.Таъсисёбии  Созмони  Давлтҳои  Туркӣ.

4.Паҳншавии  мавҷҳои  нави  пандемияи  коронавирус  COVID – 19.     

5.Истифодаи  технологияҳои  гуногуни «ҷангҳои омехта» дар Осиёи Марказӣ

6.Муқобилаҳои иқтисодиву  тиҷоратӣ  байни  абарқуратҳои  ҷаҳониву  минтақавӣ (ИМА – ҶХХ, ИМА - Русия, ИА - Русия ва ғайра)

  Омилҳои  дохилиминтақавӣ:

1.То ба охир ҳал нашудани масъалаҳои  баҳсбарангези  сарҳадӣ  байни баъзе  кишварҳои  минтақа (Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии  Ӯзбекистон – Ҷумҳурии  Қирғизистон).

2.Мушкилоти  энергетикӣ, обию  экологӣ ва ғайра.

Таъсири омилҳои мазкур ба вазъияти сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ  чунин  тавсиф  карда  мешаванд:

  Омилҳои хориҷӣ:

1.Буғранҷтар гардидани вазъияти ҳарбӣ – сиёсии Афғонистон бо сабаби ба  сари  қудрат омадани  ҳаракати  Толибон

Тавре маълум аст, 15 августи соли 2021 баъд аз тарки қȳшунҳои коалитсионии зиддитеррористӣ бо саркардагии ИМА ва НАТО  аз хоки Афғонистон, ҳаракати Толибон бидуни кадом муқовимати неруҳои  ҳукумати собиқ Президенти Афғонистон А. Ғанӣ, зери ҳимояи Россия, ҶХХ, Покистон  ва Эрон ба сари  қудрат  расиданд.   

Ба фарқ  аз  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки аз рȳзи аввал нисбат  ба  ҳаракати Толибон мавқеи оштинопазирро интихоб намуд, чор кишвари боқимондаи Осиёи Марказӣ бо баҳонаи расонидани кумаки башардȳстона, роҳи  муколимаро бо онҳо пеш гирифта, робитаҳои дутарафаи судманд  барқарор  карданд, ки имрȳз  рȳ  ба инкишоф ниҳодааст.

Чунончи, дар рафти Саммити ҷашнии Сарони  кишварҳои узви  СҲШ  бахшида  ба 20 - солагии  таъсисёбии ин Созмон, ки 17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе доир гардид, президентони Ҷумҳуриҳои  Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон  дар  суханрониҳояшон  доир ба барқарор  кардани  муносибатҳо  бо Толибон  ишора  карданд.

Масалан, дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  чунин омадааст:

«Ҳамаи мо аз  вазъияти кунунии  Афғонистон  изҳори  нигаронӣ  дорем. Имрӯз дар ин кишвар воқеъияти тоза ба вуқуъ пайваст ва ба  сари қудрат  қувваҳои нав омадаанд. Ин  як амри воқеист. Аз ин рӯ, мо  бояд  нисбати  вазъияти  бавуҷудомада  рафтору  муносибати  мувофиқашуда, инчунин, тавсеаи  муколима  бо ҳукуматдорони  нави ин  кишвар, кор  карда  бароем» [1.c.2].

Ҳамин фикр  дар  суханронии Президенти  Қазоқистон Қ. Токаев  ба  таври  зерин  ифода  гардид:

«Ҳаводиси  ахири  Афғонистон  бошад  вазъиятро  дар  минтақа  бакуллӣ тағйир дод ва аксарияти давлатҳо, хусусан  ҳамсоякишварҳоро  бо таҳдиду  хатарҳои  нав  рӯ ба рӯ  сохт. Казоқистон  омода  аст кумаки  ҳамаҷонибаи башардӯстонаву  иқтисодиро  ба  Афғонистон  расонад.

Бо  дарназардошти  имкониятҳои  мавҷудаи  Қазоқистон  пешниҳод  менамоям, ки  дар  ш. Алмаато  маркази башардӯстонаи   СҲШ  барои  расонидани  кумаки  байналмилалӣ  ба  Афғонистон  ифтитоҳ  карда  шавад. Боварӣ  дорам,  ки  ин  иқдом,  дар  навбати  худ,  барои боло рафтани имиҷи СҲШ дар миқёси ҷаҳон мусоидат  мекунад» [2.c.2].

Президенти Қирғизистон С. Ҷабборов зимни суханронии худ қайд кард, ки Қирғизистон ҷонибдори пешгирии муноқишаи  низомӣ ва  барқарории сулҳу  субот  дар Афғонистон мебошад. Ӯ низ омода будани Қирғизистонро барои расонидани кумаки башардӯстона ба  Афғонистон  таъкид  намуд [3.c.2].

Танҳо Президенти Туркманистон, ки  ба ҳайси  меҳмон дар  саммит ширкат варзид, дар суханронии худ оид ба  вазъияти Афғонистон умуман ишора накард. Вале, Туркманистон аз аввали  ба  сари  қудрат  расидани ҳаракати Толибон дар Афғонистон,  бо  онҳо  муносибатҳои ҳасана  барқарор   кардааст.

Баъдан намояндагони гуногунсатҳи мақомоти расмии чор  кишвари зикргардидаи  Осиёи  Марказӣ дар  Кобул  бо  ҳукуматдорони  Толибон вохӯриҳо  гузарониданд. Чунончи, дар давоми моҳҳои сентябр – октябри соли 2021 бо  супориши  президентони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон  сафирони  ин  кишварҳо  муқими  Кобул, бо  мақомоти баландпояи ҳаракати Толибон дидор карда, омодагии кишварҳояшон  ба  ҳамкориҳои дутарафа  изҳор намуданд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии  Қирғизистон  бошад,  ба Афғонистон  муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Таалатбек Масадыков сафар кард. Зимни сафар ӯ бо Амир Хон Муттақӣ ва муваққатан иҷрокунандаи вазифаи муовини  аввали сарвазири Афғонистон мулло  Абдул Ғанӣ Бародар вохӯрӣ гузаронида, ба ҷониби Афғонистон кумаки  башардӯстонаро  расонид. Ахиран, Т. Масадыков дар суханронии худ дар конфронси «Кишварҳои  Осиёи Марказӣ  дар шароити нави геополитикӣ  ва  вазъияти Афғонистон» чунин  қайд кард: «Дар назди Қирғизистон дар ҳоли ҳозир масъалаи  ба  расмият шинохтани ҳукумати «Толибон» матраҳ  нашудааст. Бори дигар қайд менамоям, ки агар имрȳз  мо аз Афғонистон рȳй  гардонем, вазъият дар он ҷо метавонад бадтар шавад. Толибон кȳшиш карда  истодаанд, ки  талаботи  ҷаҳониёнро  иҷро  кунанд» [4.c.3].

Ҷониби Ӯзбекистон муносибатҳои хубро бо Толибон дар минтақаи шимоли Афғонистон, хусусан  вилоятҳои Балх, Ҷузҷон, Форёб  ва  ғайра  тақвият  бахшидааст. Байни тарафҳо  дар бораи бозсозии фурӯдгоҳи ш. Мазори Шариф  аз  тарафи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, эҳдоси долонҳои  нақлиётӣ  ва ғайра тавофуқ  ҳосил  шудааст.

Агар вазъияти имрӯзаро бо  солҳои 1995 – 2001, яъне марҳилаи якуми  ҳукмронии ҳаракати Толибон дар Афғонистон  муқоиса намоем, дида  мешавад, ки  бо гузашти беш аз 20 сол, аз шаш кишвари он замон «Иттиҳоди шимол» - ро бо сардории марҳум Ахмадшоҳи Масъуд дастгирӣ карда  (Русия, ИМА, Эрон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон), имрӯз танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи  зиддитолибонии хешро нигоҳ дошта, дубора ба ҳифзи тоҷиктаборони  Афғонистон  садо  баланд  кард. 

Раванди  минбаъдаи вазъияти ҳарбӣ - сиёсӣ дар Афғонистон, яъне аз  15 август то ба имрȳз  нишон  медиҳад, ки мавқеъи  интихобнамудаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳаракати Толибон комилан дуруст мебошад.  Вазъият  дар ин кишвар  буғранҷтар гардидааст. То имрȳз ба  Толибон  муяссар нагардидааст, ки ҳукумати  ҳамашумул ташкил  диҳанд. Аз ин лиҳоз,  дар марҳилаи ҳозира ягон  кишвари  дунё, аз ҷумла минтақаи Осиёи  Марказӣ, онҳоро  ба расмият  нашинохтааст.

Толибон  аз уҳдаи  идора  кардани давлат набаромада  истодаанд. Илова ба ин, бар зидди онҳо  гурȳҳҳои  тундрави дигар,  хусусан  Давлати Исломӣ (ДИИШ) муборизаро  оғоз  кардаанд. Ҳамарȳза  дар нуқоти  гуногуни кишвар  байни  онҳо  задухȳрдҳои  мусаллаҳона, амалҳои террористӣ  сурат мегиранд. Ҳомиёни Толибон  низ  аз раванди  вазъияти  кунунӣ дар Афғонистон  изҳори  нигаронӣ  доранд.

Бинобар ин, чунин  вазъият ба кишварҳои Осиёи Марказӣ – ҳамсоякишвари  Афғонистон  таъсири манфӣ мерасонад ва таҳдиду  хатарҳои терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари фаромиллиро  ба  амнияти  минтақа  эҷод  мекунанд. 

Дар ҳоли  ҳозир Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо  қаламрави  худро  барои интиқоли  маводи  башардȳстона  барои халқи  азияткашидаи афғон дар ихтиёри  СММ  гузоштааст.

2.Муборизаи абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар фазои пасошȳравии  Осиёи  Марказӣ

Дар давоми соли 2021 чун солҳои пешин, абарқудратҳои  ҷаҳониву  минтақавӣ барои  зери  назорати  худ даровардани  минтақаи  Осиёи  Марказӣ дар рақобат буданд. Вобаста  ба манфиатҳои  миллии  худ, инчунин, рушди  вазъияти  сиёсии  минтақа, ин  абарқудратҳо  сари  вақт  ба  нақшаҳои  стратегии худ  нисбати  Осиёи Марказӣ тағйирот ворид мекарданд.  Масалан, даҳсолаҳои  пешин, бозингарони асосии сиёсӣ дар фазои  пасошȳравии Осиёи Марказӣ ИМА ва Федератсияи Россия ба ҳисоб  мерафтанд. Бинобар ин,  ИМА  кȳшиш мекард, ки кишварҳои минтақаро  аз зери нуфузи  Россия  дур намояд. Имрȳз  бошад  ИМА – ро  нуфузи  иқтисодии  ҶХХ  дар  Осиёи Марказӣ  ба ташвиш оварда, баъд  аз Федератсияи Россия ба рақиби  дигари ȳ  дар ин ҷо табдил  додаст.

Аз ин лиҳоз, ИМА дар даврони президентии Д.Трамп стратегияи  зидди  ҶХХ - ро кор карда баромад. Ҷ. Байден  имрȳз ҳамин стратегияро идома дода, ҶХХ – ро ҳамчун  таҳдиди калидӣ  ба  манфиатҳои  миллии ИМА дар тамоми гȳшаю канори дунё, аз ҷумла  дар Осиёи  Марказӣ меҳисобад. Ба ин мақсад ИМА  саъй  дорад, ки ба  татбиқи  лоиҳаи  хитоии  «Як камарбанд – Як  роҳ» дар  Осиёи  Марказӣ  монеъ  шавад. Вале то кунун ба ин ҳадафи худ ноил нагардидааст. Дар марҳилаи ҳозира ҶХХ  ба шарики асосии  иқтисодии кишварҳои минтақа  табдил ёфтааст. Робитаҳои  иқтисодии кишварҳои минтақа дар сатҳи дуҷониба  ва  ҳам  бисёрҷониба   дар  доираи  СҲШ, хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ин кишвар  сармоягузори  муҳимми  кишварҳои  минтақа  мебошад.

Соли  2021 ИМА кȳшиш  кард, ки  баъд аз  хориҷ кардани  неруҳои  низомии худ аз Афғонистон дар қаламрави Осиёи Марказӣ якчанд  пойгоҳҳои низомӣ бисозад. Вале ин кȳшиш  натиҷаи дилхоҳ надод. Дар  ин  масъала  рақиби низомии  онҳо – Федератсияи Россия  монеъ шуд. Чунин ҳолат  бори дигар мавҷудияти нуфузи  ҳамаҷонибаи  Федератсияи Россияро  дар  Осиёи  Марказӣ  нишон  дод. Зеро,  кишварҳои   Осиёи  Марказӣ  дар лоиҳаҳои гуногуни  интегратсионии  Россия аз қабили  ИДМ, СААД,  ИИАО  шомиланд.

Инро ба инобат гирифта,  ИМА  дар  ҳоли ҳозир  бештар  аз  «неруи нарм»  кор  мегирад. Дар ин самт дар  фазои Осиёи Марказӣ  имрȳз  лоиҳаҳои мухталифи америкоиҳо  ба монанди  «Грин карта», «Мулти  кид»   ва ғайра  фаъоланд, ки  бештар  ҷанбаи омȳзишӣ  ва фарҳангӣ  доранд  ва  барои  ҷалби  ҷавонон  ҷиҳати таҳсил, кор ва иқомат  дар ИМА  равона  гардидаанд.

Чун  анъана, то  имрȳз  ҳам дар минтақаи Осиёи  Марказӣ  таъсир ва нуфузи  Федератсияи Россия  афзалтар аст,  ки  он  аз асрҳои  пеш  сарчашма  мегирад. Кишварҳои  минтақа  бартарии  низомии ин давлатро  дар  минтақа  ба назар гирифта, ҳеҷ  гоҳ сиёсати  зиддирусиро  пеш  гирифтанӣ  нестанд. Зеро Федератсияи Россия ягона кишварест, ки ҳамасола  муҳоҷирони  кории   минтақаро  дар қаламрави худ қабул  мекунад. Кишварҳои минтақа бошанд аз  ҳисоби  пули  муҳоҷирон,  буҷаи  худро  такмил медиҳанд. Соли 2021, ба пандемияи  коронавирус  нигоҳ  накарда,  ҳазорҳо  муҳоҷирони  меҳнатӣ  аз Осиёи Марказӣ ба Россия ҳиҷрат карданд. Аз нуқтаи назари сиёсӣ, Федератсияи Россия ва шарики ȳ ҶХХ, ба ҳеҷ  ваҷҳ, ба нуфузи  ИМА  дар  минтақа  роҳ  намедиҳанд.  

Ба фишору  таҳримҳои  иқтисодии  ИМА  нисбати ҶҲҲ  нигоҳ  накарда, соли 2021 хитоиҳо  дар фазои  пасошȳравии Осиёи  Марказӣ бомуваффақият фаъолият доштанд. СҲШ  яке  аз  платформаҳои  иқтисодии  муҳим  мебошад, ки  ҳамаи кишварҳои   минтақа ба  истиснои Туркманистон, узви он  ҳастанд. Имрȳз  ҶХХ  бо ҳамаи кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  шарики  стратегӣ  мебошад  ва он дурнамои  хуб дорад.

3.Таъсисёбии  Созмони  Давлатҳои  Туркӣ

Пеш аз ҳама, бамаврид аст ёдовар шавем, ки Туркия тайи чанд   даҳсолаҳои  охир  баҳри барқарор кардани собиқ  империяи бузурги Усмонӣ талошҳои  зиёд  дорад. Ба ин мақсад, дар  тамоми минтақаву кишварҳои замоне зери  итоати  ин  империябуда,  аз  ҷумла Осиёи  Марказӣ,  бо  истифода  аз  «неруи нарм» - и пантуркизм бо номи «Тȳрони бузург»,  фаъолияти  босамар  дорад. Охири соли 2020  Туркия  Консепсияи  «Як халқ – панҷ  давлат» - ро  пешниҳод  карда  буд [5.c.5].

Дар доираи ин Консепсия ва бо истифода аз технолгияҳои  гуногуни  «ҷангҳои омехта», Туркия  тавонист дастовардҳои иқтисодӣ, низомӣ, фарҳангӣ  ва  ғайраи хешро ба ҷаҳониён, муаррифӣ кунад. Чунончи, солҳои охир тайёраҳои  бесарнишини ҷангии  «Байрактар» - и Туркия  машҳури  ҷаҳон гардида, назар ба маҳсулоти ҳамонанди абарқудратҳои дигар, талаботи бештарро касб кардааст. Ҷиҳати  ташвиқи  империяи бузурги  Усмонӣ  садҳо филмнома - сериалҳои  таърихӣ бо номҳои «Эл - Туғрул», «Давлати  бузурги  Салҷуқиҳо», «Усмон»  ва  ғайра тавлид  ва  аз тариқи  Интернет пахш мегарданд, ки тамоми ҷаҳон, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказиро тасхир  кардаанд.

Соли  2021 барои Туркия  метавон  гуфт, ки соли бобарор буд. 12 ноябри соли 2021  дар Туркия Саммити  VIII Шȳрои  ҳамкориҳои  кишварҳои  туркизабон  бо иштироки  сарони  давлатҳои  Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Венгрия ва Туркия  доир гардид. Дар ин Саммит  Шȳрои  мазкур  ба Созмони  Давлатҳои  Туркӣ  табдил  дода  шуд. Ба  Созмони номбурда  кишварҳои  Туркманистон  ва Венгрия ба  ҳайси  нозир  қабул  гардиданд. Санади муҳимми  дар  рафти Саммит  қабулгардида «Диди  Ҷаҳони  турк  -  2040» ном дорад, ки дар он самтҳои  асосии ҳамкориҳо  муайян гардидаанд. Ҷиҳати пиёда кардани  лоиҳаҳои  иқтисодӣ  Фонди сармоягузориҳои туркӣ, инчунин, барои  саҳмгузорӣ  дар таҳкими ҷаҳони туркҳо дар доираи  Созмон Ҷоизаи  ба номи Алишер  Навоӣ тасдиқ  карда  шуд.

Ба ақидаи таҳлилгарони сиёсӣ, аҳолии Созмони Давлатҳои Туркӣ дар ҳамин шакл, тақрибан 180 миллион нафарро  ташкил  дода, аз нигоҳи иқтисодӣ, низомӣ, боигариҳои  табиӣ  ва  ғайра, қудрати  хеле  азимеро  доро мебошад. Метавон гуфт, ки ҷараёни  пантуркизм  дар  шароити  нав  зуҳур  пайдо кард. Бо ин ташаббуси худ  Туркия  низ  ба  «бозиҳои»  сиёсии  ИМА, Федератсияи Россия ва  ҶХХ  дар Осиёи  Марказӣ  ҳамроҳ  гардид.

Тамоми кишварҳои туркизабони Осиёи Марказӣ  таъсиси Созмони мазкур ва саҳми  президенти Туркия Р.Т.Эрдуғонро дар он, бо  хушнудӣ  истиқбол  карданд. Ба ақидаи мо, сарфароз гардонидани  ȳ бо ордени Туркманистон  «Барои саҳм  дар  рушди  ҳамкориҳо», ки  28  ноябри соли 2021 дар рафти Саммити 15 – уми Созмони Ҳамкории иқтисодӣ дар Туркманистон  сурат  гирифт,  на танҳо қадрдонии халқи туркман, балки  дар маҷмӯъ, кишварҳои туркзабони  минтақаро нисбат ба Президенти Туркия дар  назар  дорад.  

Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар суханронии  худ  дар  Саммити  мазкур  якчанд пешниҳодҳои навро ироа намуд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд: ташкили маркази тадқиқотии  ҳамкориҳои  тиҷоратии  кишварҳои  туркӣ; рушду тавсеаи  долонҳои нақлиётӣ, коркарди «Барномаи  ба  ҳам алоқамандии  Созмони Давлатҳои  Туркӣ  дар  соҳаи нақлиёт»; дар ҳамкорӣ бо СММ  таъсис  додани  сохтори алоҳида  оид ба  ҳифзи  муҳити  зисти  давлатҳои  туркӣ;  таҳияи «нақшаи роҳ» - и рушди  сайёҳӣ  ва лоиҳаи  «Сайёҳӣ  дар  олами ҷаҳони туркӣ» [6.с. 7].

Ба  таъсиси  Созмони Давлатҳои Туркӣ  абарқудратҳои  минтақавӣ  ба монанди: Федератсияи   Россия, ҶХХ, Иттиҳоди Аврупо, ҶИЭ ва ғайра,  хеле  эҳтиёткорона  рафтор  мекунанд. Ба ақидаи олими рус Д. Родионов, «Созмони кишварҳои  туркӣ, аввалан, таъсири  Москваро  дар Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон  ва Ӯзбекистон коҳиш медиҳад, сониян, ба   қаламравҳои туркнажоди дар  ҳудуди  Федератсияи  Россиябуда, таҳдид  мекунад» [7.с. 7].

Эҷоди чунин Созмони минтақавӣ ба Осиёи  Марказӣ  чунин  таҳдидҳо  дорад:

-агар Туркия дар амалӣ кардани  ғояҳои  нави пантуркистии худ, ки  маҳаки  асосии  онро  эҳё  гардонидани  собиқ  империяи  бузурги  Усмониҳо  ташкил медиҳад, чор кишвари  туркзабони Осиёи  Марказиро  ҷалб намояд,  тамоми  минтақа  таҳти  таъсири  зиддияти сиёсиву ҳарбии Туркия  бо  абарқудратҳои  минтақавии  дигар, ба  монанди Федератсия Россия, ҶХХ, Эрон ва ғайра қарор мегирад. Зеро дар харитаи ҷаҳони турки муосир, ки аз тарафи  миллатгароёни ё пантуркистҳои муосири туркӣ  таҳия  гардидааст, баъзе  минтақаҳои  туркнажоди  Русия, Эрон  ва давлатҳои дигар  шомил  мебошанд. Чунин ҳолат эҳтимоли сар  задани  ҷангҳои  локалиро  байни ин абарқудратҳо ногузир месозад, ки  тамоми минтақаи Осиёи  Марказиро  фаро гирифтанаш  мумкин  аст;

-иштироки  кишварҳои  туркзабони минтақаро  дар  созмону  ташкилотҳои  дигари  байналмилаливу  минтақавӣ,  ба монанди  ИДМ, СААД,  СҲШ  ва  ғайра зери  савол   мемонад. Зеро дар ҳоли ҳозир Туркия  бо таъсиси Созмони   Давлатҳои  Туркӣ,  дар  амал  бо  Русия ва ҶХХ  ва  лоиҳаҳои  стратегии  онҳо,  ба  рақобат  мепардозад.

Созмони Давлатҳои Туркӣ  ба кишварҳои форсизабон, хусусан ҶИЭ низ таҳдид мекунад. Зеро ахиран зиддиятҳои Туркия  ва ҶИЭ  барои пешсафӣ  дар Шарқи Миёна ва Наздик тезутундтар гардидааст. Илова ба ин, таъсиси  ин Созмон  дар дохили Эрон  метавонад сепаратизмро дар байни озарбойҷониҳои  эронӣ  ба  миён  биёрад.

Таҳдиду хатари муттаҳидшавии  кишварҳои  туркизабон  дар атрофи  абарқудрати минтақавӣ Туркия  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он дида мешавад, агар Созмони Давлатҳои Туркӣ ба ҳалли масъалаҳои  баҳсбарангези  сарҳадӣ  мудохила  намояд. Баҳсҳои сарҳадӣ байни  Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки  узви  Созмони Давлатҳои  Туркӣ  ҳастанд, роҳи  ҳалли  зудтари худро  пайдо карданаш мумкин. Зеро ин  ду  кишвари  туркнажод ба хотири ҳифзи Созмони Давлатҳои Туркӣ ба мувофиқа мерасанд.

Вале дар мисоли Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону  Қирғизистон  чунин буда  наметавонад. Ба ақидаи  сиёсатшиноси рус И. Щестаков, ахиран робитаҳои Туркия бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи ҳамкориҳои низомӣ  хеле  тақвият ёфтааст. Қирғизистон  ният дорад, ки «Байрактарҳо» - и ҷангии туркиро  харидорӣ намояд [8.с. 8].

Агар ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон бо такя ба  Туркия – муассиси Созмони Давлатҳои  Туркӣ, ба мисоли  Карабоғи Кȳҳӣ роҳи  зȳроваронаро  пеш гирад, ин ногузир сабаби ҷанги минтақавӣ мешавад. Тавре огаҳем,  соли 2020 Туркия  дар  ҷанги Озарбойҷон ва Арманистон  дар  Қарабоғи  Кȳҳӣ ҷониби  Озарбойҷонро  гирифта,  ғалабаи  онҳоро таъмин намуда буд. 

4.Паҳншавии  мавҷҳои  нави  пандемияи коронавирус  COVID – 19

Соли 2021 кишварҳои  минтақаи  Осиёи  Марказӣ дар шароити паҳн  гардидани мавҷҳои сеюм – чоруми пандемия, ба қайд гирифта шудани  штаммҳои  нави  коронавирус   COVID – 19,  ба сар бурданд.

Ба  ҳолати 06.12.2021 раванди паҳншавии пандемия  дар кишварҳои Осиёи Марказӣ  аз  ин  қарор мебошад:

1.Ҷумҳурии Қазоқистон –ҳамагӣ 975782 ҳ. (12785 фавтида).

2.Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ҳамагӣ 194333 ҳ. (1418 фавтида).

3.Ҷумҳурии Қирғизистон – ҳамагӣ 183649 ҳ. (2760 фавтида).

4.Ҷумҳурии  Тоҷикистон – ҳамагӣ 17095 ҳ. (124 фавтида).

Танҳо Туркманистон  аз аввал  мавҷудияти  коронавирусро   дар  ин кишвар  эътироф  накард. Дар давраи пандемия   аз  ҳама  бештар  Ҷумҳурии  Қазоқистон  осеб  дидааст. Дар он  то 1 миллион нафар  гирифтори коронавирус  шудаанд. Шумораи қурбониён  низ  то ба 13  ҳазор нафар  расидааст. Ин  омор  рȳ  ба  афзоиш аст.

Бояд  ёдовар  шуд, ки дар давоми соли 2021 тамоми давлатҳои  ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои  Осиёи  Марказӣ,  барои  аз  байн  бурдани  коронавирус чораҳои  дахлдорро  андешиданд. Дар ин муддат бо роҳи  ворид  кардани  ваксинаҳои  русӣ, хитоӣ, америкоиву англисӣ, ваксинатсия ё  эмгузаронии  ихтиёрии  саросарии  аҳолӣ, ҷорӣ  кардани  чорабиниҳои  сахти  санитариву - карантинӣ сурат гирифт. Ин  имконият дод, ки суръати  паҳншавии пандемия  коҳиш  дода  шавад.

Ба ин  нигоҳ  накарда, ин хатар имрȳз  дар  сатҳи  ҷаҳонӣ аз  байн  бурда  нашудааст. Қариб ҳамарȳза дар миқёси ҷаҳон  пайдошавии  штамм  ё намудҳои  нави  коронавирус  ба  қайд  гирифта  мешавад.  Созмони  ҷаҳонии  беҳдошт (СҶБ) моҳи ноябр – декабри соли 2021 пайдошавии  штамми  тозаро  бо номи «омикрон» эълон дошт. Тибқи маълумоти расонаигардида, «омикрон» хусусияти  дубора  заҳролуд  кардани  одамони  қаблан  мубталои коронавируси  COVID-19 бударо, дорост. Баромади  «омикрон» - ро мутахассисони тиб ба кишварҳои Африқои  Ҷанубӣ  нисбат медиҳанд. Дар натиҷаи омȳзиш муайян  гардидааст,  ки  ба  «омикрон»  асосан  ҷавонони  то 20 -  30 сола, мубтало  шудаанд. Ба ақидаи  олимон  ин  навъи  коронавирус  бо  суръати  бисёр  баланд  паҳн  шуда  истодааст. Аллакай  онро  дар  Исроил, ИМА, Канада, Иттиҳоди Аврупо ва баъзе  кишварҳои  дигар муайян  намудаанд. Аксарияти давлатҳои ҷаҳон  нисбати  Африқои Ҷанубӣ режими  сахти  карантиниро  ҷорӣ  карда  истодаанд. [9.с. 9]

Ба  мақсади ҷилавгирӣ аз нуфузи  «омикрон» ба Осиёи  Марказӣ    кишварҳои  минтақа  чораҳои  пешгирикунанда  меандешанд. Масалан, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон  аз 3  декабри  соли 2021  вуруди шаҳрвандони  11  давлати африқоӣ ва парвозҳои  ҳавоиро  бо  Миср ва баъзе  кишварҳои африқоӣ,  қатъ кардаанд. 

Ҳамин тариқ  метавон гуфт, ки ҷаҳон  ҳоло ҳам давраи  пандемияро аз  сар  гузаронида истодааст ва таҳдиду  хатари  штаммҳои  нави  коронавирус  дар   Осиёи  Марказӣ   аз  байн  нарафтаанд.

5.Истифодаи  технологияҳои  гуногуни «ҷангҳои омехта» дар фазои Осиёи Марказӣ

Таҳлилҳо  нишон  медиҳанд,  ки  дар давоми соли 2021 бар зидди  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ абарқудратҳои  ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ба   мақсади  татбиқи  ҳадафҳои  стратегиашон,  аз  технологияҳои  гуногуни  «ҷангҳои омехта», ба монанди: «ҷангҳои иттилоотӣ», «ҷангҳои  муҳоҷиратӣ», «ҷангҳои иқтисодӣ», «ҷангҳои  таҳримӣ» ва ғайра, истифода карданд. Чунончи, дар чорчȳбаи «ҷангҳои иттилоотӣ» барои ҷалб кардани кишварҳои минтақа ба лоиҳаҳои  иқтисодиашон (Федератсияи Россия – Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ҶХХ – Як камарбанд – Як роҳ, ИМА –G 5 + 1 ва ғайра),  иттилооти муфидро оид ба  бартарии  лоиҳаи  худ  нисбат ба лоиҳаи  рақибонашон,    пахш  мекарданд.

«Ҷангҳои  иттилоотӣ» - ро, инчунин, неруҳои  оппозитсионии дар хориҷ  ва  дохилбудаи  давлатҳои  Осиёи Марказӣ  пиёда  намуданд. Дар марҳилаи  ҳозира  неруҳои  оппозитсионии  кишварҳои  минтақа инҳо мебошанд: Ҷумҳурии  Ӯзбекистон – ҳизби оппозитсионии «Эрк» (роҳбар - Муҳаммад Солеҳ); Ҷумҳурии Қазоқистон – «Интихоби  демократии Қазоқистон» (роҳбар – Мухтар Аблязов); Ҷумҳурии Қирғизистон – «Иттиҳод» (роҳбар - Айдарбеков Чингиз), «Бутун  Кыргызстан» - (роҳбар Мадумаров  Адахан); Туркманистон - «Интихоби демократии  Туркманистон (роҳбар – Мырат Қурбонов)»; Ҷумҳурии  Тоҷикистон – ПМТ (роҳбар -   Муҳиддин Кабирӣ).

Аз ҷумлаи  онҳо, танҳо аҳзоби оппозитсионии Ҷумҳурии Қирғизистон дар дохили кишвар фаъолият дорад. Ҳизбҳои оппозитсионии чор кишвари боқимонда,  хориҷ  аз  кишвар мебошанд.  Тайи  соли 2021  аҳзоби  мазкур      бо пахши  дезинформатсия ё иттилооти  бардурȳғ дар фазои Осиёи Марказӣ мубориза бурданд. «Ҷангҳои  иттилоотӣ» - и  неруҳои  мазкур  мавзȳъҳои  зеринро  дарбар  гирифтанд:

-озод кардани зиндониёни сиёсӣ, лағви интихоботи президентии  соли  2021 (Ҷумҳурии  Ӯзбекистон);

-қатъ кардани таъқиби оппозитсионерҳои дар хориҷбуда,  гузаронидани  ислоҳотҳои  воқеии парламентӣ  ва президентӣ (Ҷумҳурии Қазоқистон);

-бекор кардани натиҷаҳои  интихоботии  парламентии  соли 2021, ҳалли  мушкилотӣ  сарҳадӣ, экологӣ (Ҷумҳурии Қирғизистон);

-озод кардани зиндониёни сиёсӣ, манъи таъқиби неруҳои  оппозитсионии  дар  хориҷбуда,  таъмини  озодии  баён ва ғайра (Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Туркманистон).

Дар  фазои пасошȳравии  Осиёи  Марказӣ бо  истифода  аз  омили  муҳоҷирони  меҳнатӣ  чандин  сол  аст, ки  аз  тарафи  Федератсияи Россия  «ҷангҳои  муҳоҷиратӣ»  татбиқ  карда  мешавад. Солҳои  охир  чунин  ҷангҳо  ҷанбаи  сиёсӣ  гирифтаанд. Ҷониби  русӣ фақат нисбати  муҳоҷирони  кории  кишварҳои узви Иттиҳоди  иқтисодии  АвруОсиё – Қирғизистон,  Қазоқистон (узви  комилҳуқуқ), Ӯзбекистон (нозир), дар масъалаҳои ҷойи кор, иқомат ва  ғайра  имтиёзҳо  ҷорӣ  намуда, нисбати  муҳоҷирони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки  узви  ИИАО  намебошад, мушкилоти  гуногун  эҷод  карда  истодааст. Масалан, солҳои охир мақомоти русӣ дар самти коҳиши шумори муҳоҷирони дар бахши манзилию коммуналӣ ва сохтмонҳои Москва кор кунанда, ки аксариятро  тоҷикон ташкил медиҳанд, чораҷȳӣ  доранд.

Чунин  ҳолат  ба  зиддиятҳои  мухталиф байни  муҳоҷирони меҳнатӣ  сабаб мешавад.  Аз  ҷумла,  соли   2021  дар  шаҳрҳои  гуногуни  Федератсияи  Россия «ҷангҳои  муҳоҷиратӣ» - и  воқеъӣ, хусусан  байни  муҳоҷирони тоҷику  қирғиз, ȳзбеку  қирғиз   рух  доданд.

Илова ба ин, дар соли сипаришудаи давраи коронавирусӣ дар чанд шаҳрҳои  Федератсияи Россия  муноқишаҳои  этникӣ  байни  муҳоҷирон ва аҳолии маҳаллӣ  ба  қайд гирифта  шуд, ки  ба  муносибатҳои байниэтникӣ дар  ин  давлат, таъсири манфӣ  расонид. Таҳлилгарон  ва коршиносони рус ба  ин  ақидаанд, ки  тасмими  ҷониби  Федератсияи  Россия  оид  ба  иҷора  додани  чандин  ҳазор гектар  заминҳои  ҳосилхез  ба  фермерҳои  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар  оянда  метавонад  вазъияти  этникии  ин  кишварро  боз  ҳам  вахимтар созад.  Зеро қарор  аст барои коркарди ин заминҳо муҳоҷирони  меҳнатӣ  аз  ҳисоби  миллиятҳои  дигари  Осиёи  Марказӣ   ҷалб гарданд. 

Бо  «ҷангҳои  муҳоҷиратӣ»  мафҳуми  дигар  «буҳрони  муҳоҷиратӣ»  вобастагии  зич  дорад. Соли 2021 марҳилаи  навбатии   сар задани  буҳрони  муҳоҷиратӣ  мустақиман  бо Афғонистон  вобастагӣ  дорад. Ин  буҳрон  аз 15  августи  соли 2021, ки он ба  таърихи  ба  сари қурат  расидани  ҳаракати «Толибон» рост меояд, оғоз  гардид. Дар натиҷа, садҳо ҳазор сокинони Афғонистон  барои  ҳифзи  ҷони  худ  аз  зулми  «Толибон»  макони  будубоши худро тарк карда, аз  Афғонистон  фирор карданд. Мардуми  вилоятҳои  шимоли Афғонистон, ки  асосан  аз  тоҷикону узбекон  иборатанд, ба сȳи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон шитофтанд. Ҳазоратаборони  Афғонистон бошад   роҳи  Эронро  пеш  гирифтанд  ва  ғайра. Бошандагони вилоятҳои  марказӣ ва Кобул  кишварҳои  ғарбиро  интихоб карданд.  Чунин  ҳолат  вазъияти  бе  ин  ҳам  вазнини  иқтисодии  кишварҳои  мизбонро душвортар  намуд.

Баъзе кишварҳо, ба монанди Белоруссия, Федератсияи Россия буҳрони муҳоҷиратии  кунуниро  ба  пиёда кардани манфиатҳои сиёсии худ  истифода  бурданӣ  мешаванд. Мисоли  равшани  он вазъият дар сарҳади  Белоруссия  ва Полша  мебошад.  Ҷониби  Белоруссия  дар  ҳамдастӣ  бо Федератсияи Руссия  талош  карда истодааст, ки  бо  истифода аз  муҳоҷирони  афғону  курди  сарсону  овораи  дар марзи Польша ҷамъшуда, ба Иттиҳоди Аврупо фишор оварда,  аз зери таҳримҳои  иқтисодии  он  барояд.       

Солҳои  охир  абарқудрати  ҷаҳонӣ ИМА ва шарикони аврупоии он барои  пешсафиро  аз  даст  надодан   бар  зидди  рақибони  асосӣ – даъвои  пешсафидошта,  яъне  ҶХХ ва Федератсияи Россия технологияҳои «ҷангҳои  таҳримӣ», «ҷангҳои  иқтисодӣ», «ҷангҳои  тиҷоратӣ», «ҷангҳои  дипломатӣ»  ва  ғайраро  татбиқ карда,   вазъияти  сиёсӣ,  иқтисодӣ  ва  низомии  ин  кишварҳоро заъиф  сохта истодааст. Дар натиҷа ин кишварҳо ахиран  ба таварруми  пулии шадид ва омилҳои дигари манфӣ дучор гардидаанд. Дар  навбати  худ,  ҶХХ  ва Федератсияи  Россия  маҷбуранд  бо  қимати  баланд  ҳам  бошад,  нисбати  ИМА  ва ИА  чораҳои  ҷавобӣ  андешанд.  

Ин  муқобилаи  абарқудратҳо  ба  робитаҳои  ҶХХ ва  Федератсияи  Россия  бо  шарикони  стратегиашон,  аз  ҷумла  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  таъсир  мегузорад. Ба ин асос, соли 2021 дар минтақа болоравии қимати нархҳо  ба  маводи  мавриди  ниёзи  аввалиндараҷа, сȳзишворӣ  ва  ғайра ба  қайд гирифта шуд.

Пандемияи  коронавирус  COVID - 19 ба зуҳури технологияҳои  нави  ба  ин бало вобастаро  на танҳо  дар ҷаҳон, балки минтақаи  Осиёи  Марказӣ низ мусоидат кард. Чунончи, имрȳз технологияҳои зерин: «ҷангҳои  коронавирусӣ», «ҷангҳои  воксинӣ»  ва  ғайра  ривоҷ  пайдо кардаанд. Ба ақидаи  мо,  ба  истифодаи ин  технологияҳо  бештар  корпоратсия  ва  созмонҳои  саноати  дорусозии  ҷаҳонӣ (фармацевтика) робитаи  мустақим  доранд. Маҳз  онҳо  барои  ба фурȳш  баровардани маҳсулоти  зидди  коронавирусии  худ  ба  рақобат  пардохта,  ташаббускори  пайдоиши навъҳои нави  коронавирус дар  ҷаҳону  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  мебошанд. Ин ҳам  бори  дигар  аз  он  шаҳодат  медиҳад, ки  худи коронавирус, «омикрон» ва штаммҳои дигар, маҳсули ихтирооти  лабораторияҳои  махсуси  махфиёнаи  абарқудратҳои  ҷаҳониву  минтақавӣ ба  ҳисоб  мераванд.   

Омилҳои  дохилиминтақавӣ:

1.То ба охир ҳал нашудани масъалаҳои  баҳсбарангези  сарҳадӣ  байни  баъзе  кишварҳои  минтақа (Ҷумҳурии  Тоҷикистон – Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии  Ӯзбекистон – Ҷумҳурии  Қирғизистон)

Соли 2021 барои  ҷумҳуриҳои  Тоҷикистон ва Қирғизистон  ниҳоят душвор буд. Муноқишаи  низомии  моҳи  апрел  рухдода боиси талафоти  ҷонии  сокинони  ҳарду  тарафи марз,  тахриби даҳҳо  манзили истиқоматии шаҳру  деҳоти  наздисарҳадӣ ва қатъ  гардидани  робитаҳои  дуҷонибаи  тоҷику қирғиз  дар  ҳамаи  самтҳо  гардид. Ҷониби  Қирғизистон  яктарафа  хатти  сарҳадро  баста,  рафтуомади  одамон, гардиши  молу нақлиётро  манъ кард  ва  эълон  намуд, ки  чунин  ҳолат  то  пурра ҳал нагардидани масъалаи мазкур  боқӣ  хоҳад  монд.  

Баъд  аз  ҳодисаҳои  апрелӣ  то охири соли  2021 дар марзи  тоҷику қирғиз ҳолатҳои рабудани одамон, сангпартоиҳо байни аҳолии  наздисарҳадӣ  дар минтақаҳои тоҷикии Б. Ғафуров, Ворух, вилояти Ботканди Қирғизистон сурат  гирифтанд, ки сари вақт  аз  ҷониби мақомот  пешгирӣ  гардиданд.

Дар  робита  ба  ин,  дар  фазои  иттилоотии  Ҷумҳурии Қирғизистон  «ҷангҳои иттилоотӣ» - и мақсаднок алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳандозӣ  гардидааст. Ҷониби Қирғизистон  дар ҳолати  бавуқӯъпайваста Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  айбдор  дониста,  ҳамарȳза  мавҷи  иттилооти  бардурȳғу  ғаразнокро  аз  тариқи  сомонаҳои  интернетӣ  ва ВАО – и дохилӣ  ва  хориҷӣ, паҳн  менамояд.

Ҳамзамон, Ҷумҳурии  Қирғизистон барои таҳкиму тақвияти  иқтидори  низомии худ, талош карда  истодааст. Ба ин харидории  тайёраҳои  бесарнишини ҷангии  истеҳсоли русӣ (Орлан) ва туркӣ (Байрактар) ва  силоҳу  муҳиммоти  дигар,  шаҳодат  медиҳад. Аз  ин лиҳоз, имкони дар оянда бо роҳи  зȳрӣ  ҳал кардани  баҳсҳои  сарҳадӣ  аз  тарафи  Ҷумҳурии Қирғизистон  вуҷуд  дорад.

Холатҳои ҳамонанд соли 2021 дар  қисматҳои  баҳсбарангези  сарҳадии  байни  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии  Қирғизистон низ, ба  қайд гирифта  шуд. Барои мисол, нимаи  моҳи апрели  соли 2021  дар минтақаи  Кара - Суйи  вилояти Оши  Ҷумҳурии Қирғизистон митинги  эътирозии  сокинон  баргузор гардид. Сабаби  он  қарори  бе  мувофиқа  қабулгардидаи  комиссияи  байниҳукуматӣ  дар  бораи  ба  ҷониби  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  додани  беш  аз  50 ҳазор га. замин  ва  обанбори  Кампиробод  буд [10.с. 13].

14 ноябри соли 2021 бошад  дар маҳалли  Таза – Суйи вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии  Қирғизистон  ҳолати  интиқоли  ғайриқонунии  чорво  ба  ҷониби Ӯзбекистон  аз тариқи  минтақаи  аломатгузорӣ  нашуда аз  тарафи  сарҳадбонони қирғиз  бо  истифода  аз  силоҳи  оташфишонӣ  пешгирӣ  карда  шуд. То ба ҳол аз 1378 км хатти  сарҳадии   ȳзбеку қирғиз,  15% - и он  аломатгузорӣ нашудааст. Манотиқи  мазкур  то имрȳз  осебпазир  ба  ҳисоб рафта, дар онҳо  муноқишаҳои  сарҳадӣ  сари чанд  вақт ба  вуқӯъ  мепайванданд [11.с. 13].

2.Мушкилоти  энергетикӣ, обию  экологӣ ва ғайра

Соли 2021 чун  солҳои  пешин, кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  дучори  мушкилот  дар  соҳаҳои  энергетика,  об  ва  экология  буданд. Омилҳои  асосии  ин  мушкилот  ҳамоно  бо  гармшавии  ҳаво, обшавии пиряхҳо  вобастаанд, ки ба норасоии об оварда расониданд. Чунин ҳолат  ба  иқтисодиёти  кишварҳо зарари  ҷиддӣ  дорад. 

Ин  проблема сол  то сол  басо актуалӣ  шуда  истодааст. Дар давоми соли 2021, хусусан мавсими баҳору тобистон  Тоҷикистон  ва Кирғизистон ба давлатҳои поёноб - Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон,  ки  ба камбуди  об мувоҷеҳ  шуданд, кȳмак  расониданд. Ин  ба кам гаштани  захираҳои  об  дар  обанборҳои  калон  гардид. Хусусан аз ин Ҷумҳурии Қирғизистон зарар дид. Камшавии об дар обанбори калонтарини  Токтогул  боиси  буҳрони энергетикӣ  дар ин кишвар гардид, ки дар давоми фасли  зимистон  мушоҳида  гардид. Дар  ин кишвар лимити барқ  ҷорӣ карда шудааст.

Маҳз  масъалаи  норасоии  об  аҳолии  наздисарҳадии  Тоҷикистону  Қирғизистонро  ҳамасола  ба  даргириҳо   мекашад. Соли 2021  низ истисно  набуд.

Назар ба фарзияҳои  баъзе  олимон   гармшавии  глобалӣ ё ҷаҳонии  иқлими рȳйи  замин  ба  он  оварда  мерасонанд, ки аз  ҷумла  дар  Осиёи  Марказӣ  дарёҳои  хурд  хушк  мешаванд. Калонтарин дарёҳои Осиёи  Марказӣ  то 10 – 15%  камоб  шуда, ба бȳҳрони  экологӣ  сабаб  мешаванд.   [12.с. 14]

Аз гуфтаҳои боло чунин  хулосаҳо бармеоянд:

1.Дар қаламрави Афғонистон аз тарафи  абарқудратҳои  ҷаҳониву  минтақавӣ бозии сиёсии нав бо такя ба ҳаракати Толибон ҳамчун абзор  оғоз гардида, идома дорад, ки  таҳдиду хатарҳои террористию экстремистиро  барои кишварҳои  Осиёи Марказӣ  дучанд  гардонидааст.

2.То ба  охир ҳал нагардидани баҳсҳои  марзӣ дар фазои Осиёи  Марказӣ  ба ҳамгироии  дохилиминтақавӣ  таъсири манфӣ  мерасонад  ва  аз  ин  омил абарқудратҳои ҷаҳониву  минтақавӣ  метавонаннд ба  манфиати  худ  истифода  кунанд.

3.Ба ҳамгироии  ҳаматарафаи  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  дар сатҳи  дуҷониба  ва  бисёрҷониба  дар соли 2021  пандемияи  коронавируси COVID  - 19  таъсири  манфӣ  расонид.

Дар шароити бавуҷудомада, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд баҳри  таъмини  амнияти минтақа, рафъи ҳарчи зудтари баҳсҳои марзӣ, муқовимат  ба  коронавирус  ва  навъҳои  нави  пайдошавандаи  он  ва омилҳои  дигари  боздорандаи  ҷараёни  ҳамгироии дохилиминтақавӣ, чораҳои муштараконаи дахлдор  андешанд.

 

Нарзулло  САНГИНОВ

н.и.с., мудири шуъбаи ОМ

ИОМДОА АМИТ

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№5 (27), 2021

 

Адабиёти  истифодашуда:

 

1.Выступление Президента РУ Ш. Мирзиёева на юбилейном саммите ШОС// Электронный ресурс/Режим доступа/https://president.uz/ru/lists/view/3936/Дата  обращения: 02.10.2021/ [1.c.2]
2.Выступление Президента Казахстана Касым-Жомарта Токаева на заседании Совета глав государств-членов ШОС //Электронный   ресурс/Режим доступа/ https://www.akorda.kz/ru/speeches/external_political_affairs/ext_speeches_and_addresses/vystuplenie-prezidenta-kazahstana-kasym-zhomarta-tokaeva-na-zasedanii-soveta-glav-gosudarstv-chlenov-shos/ Дата   обращения: 02.10.2021/  [2.c.2]
3.Лидеры ШОС обсудили ситуацию в Афганистане // Электронный ресурс/Режим доступа/ https://www.aa.com.tr/ru/  Дата  обращения: 01.10.2021/[3.c.2]
4.В Бишкеке не рассматривают вопрос о признания правительства «Талибана» // Электронный ресурс/ Режим доступа/https://www.aa.com.tr/ru/мир/в-бишкеке-не-рассматривают-вопрос-признания-правительства-талибана-/2411448/ Дата обращения: 22.11.2021/ [4.c.3]
5.Мягкая сила Великого Турана// Электронный ресурс/ Режим доступа/https://paruskg.info/glavnaya/189188-mjagkaja-sila-velikogo-turana.html/ Дата обращения: 21.11.2021/   [5.c.5]
6.Ш. Мирзиеев озвучил на Стамбульском саммите общетюркские инициативы - туризм, рукописи, Арал//Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://centrasia.org/newsA.php?st=1636737300Ъ/ Дата обращения: 17.11.2021./[6.c.7]
7.«Тюркский мир» против «русского мира» и споры вокруг Сауле Омаровой в США//Электронный  ресурс/ Режим доступа https://stanradar.com/news/full/47471-tjurkskij-mir-protiv-russkogo-mira-i-spory-vokrug-saule-omarovoj-v-ssha.html / Дата  обращения: 22.11.2021/  [7.c.7]
8.В Кыргызстане может появиться военная база Турции// Электронный  ресурс/ Режим доступа/. https://paruskg.info/novosti/189103-v-kyrgyzstane-mozhet-pojavitsja-tureckaja-voennaja-baza-mnenie.html/ Дата  обращения: 18.11.2021/  [8.c.8]
9.К. Степунин.  Штамм "омикрон" оказался наиболее опасен для молодых людей// Электронный ресурс/Режим доступа/ https://www.mk.ru/social/2021/11/28/shtamm-omikron-okazalsya-naibolee-opasen-dlya-molodykh-lyudey.html/ Дата обращения: 28.11.2021/  [9.c.9]
10.Обмен на землю, что Бишкек предложид Ташкенту и Душанбе.// Электронный ресурс/Режим доступа/com/ru/v– obmen-na-zemliy-chto-bishkek-predlozhit-tashkentu – i- dushanbe/a - 57286941/ Дата обращения: 19.06.2021/  [10.c.13]
11.На границе Кыргызстана и Узбекистана произошел инцидент с применением оружия// Электронный  ресурс/ Режим  доступа/https://rus.ozodi.org/a/na-granitse-kyrgyzstana-i-uzbekistana-proizoshel-intsident-s-primeneniem-oruzhiya/31560579.html/ Дата обращения: 21.11.2021/  [11.c.13]
12. Дефицит воды в Центральной Азии: как Узбекистану и его соседям спастись от засухи// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://uz.sputniknews.ru/20210715/defitsit-vody-v-tsentralnoy-azii-kak-uzbekistanu-i-ego-sosedyam-spastis-ot-zasuxi-19700909/ Дата обращения: 29.11.2021/   [12.c.14].

Хондан 2664 маротиба