Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 09 Феврали 2023 10:44

Тарғибгари дастовардҳои олимони тоҷик

Муаллиф:

 Чанде қабл ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ва 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби муарриху сертараддуду пуркор Ширин Қурбонова ва рӯзноманигори дақиқбину тозагуфтор Машраби Абдуллоҳ таҳти унвони «Чеҳраҳои академикӣ» дар ҳаҷми 278 саҳифа ба нашр расид. Китоби мазкур бо дастур ва дастгирии бевоситаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ интишор гардида, муҳаррири он академики АМИТ Маҳмадюсуф Имомзода мебошад ва ба китоб узви вобастаи АМТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ тарқиз навиштааст.

  Бидуни муболиға, китоби «Чеҳраҳои академикӣ» дар муаррифии олимони тоҷик, тарғиби илм ва оммавигардонии натиҷаҳои илмӣ-тадқиқотии пажӯҳишарони тоҷик то андозае навоварӣ ва иқдоми ҷадид мебошад. Дуруст аст, ки то имрӯз доир ба ҳаёту фаъолият ва самтҳои илмию тадқиқотии олимони тоҷик ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар якҷоягӣ китобҳои зиёде таълиф ёфтаанд. Аксари китобҳои эҷодшудаи ин самт хусусияти тарҷумаиҳолӣ дошта, ёддошту навиштаҳои дӯстон, ҳамкасбон, шогирдон дар бораи ин ё олим мебошанд. Бо фарқ аз дигар китобҳои роҷеъ ба олимону донишмандон бахшидашуда, китобе, ки муаррих Ширин Қурбонова ва рӯзноманигор Машраби Абдуллоҳ таълиф намудаанд, сирф илмӣ буда, дар заминаи таҳлили бархе корҳои илмию тадқиқотӣ ва асарҳои (монография) гурӯҳе аз олимони тоҷик эҷод карда шудааст. Муаллифони китоби «Чеҳраҳои академикӣ» дар ҷое ба нуктаи болозикр ишора намуда, зимни муаррифии яке аз олимон менависанд: «ҳадафи мо ин ҷо ёдоварӣ кардани тарҷумаи ҳоли фарде нест, балки тавсифи он кӯшишҳоест, ки як нафар муҳақиқ дар пешрафти илми биология кардааст».

  Пешгуфтори китоби мазкур ба қалами доктори илмҳои физикаю математика, узви хориҷии Академияи илмҳои Россия ва Академияи миллии илмҳои Белорус, академик Фарҳод Раҳимӣ мансуб буда, мавсуф дар сарсухани он чунин навиштааст: «Китобро муаллифон «Чеҳраҳои академикӣ» номгузорӣ намуда, дар он аз самтҳои фаъолияти илмии як қатор олимони шинохтаи кишвар маълумоти мухтасар пешкаш намудаанд…». Оре, ин китоб на дар бораи самтҳои фаъолияти илмию тадқиқотии олимони як риштаи илм маълумот медиҳад, балки дар он бахше аз осори илмии 34 нафар олимони соҳаҳои мухталифи илм мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Фарзи мисол, аз 23 нафар академике, ки осори илмии онҳо мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст, 15 нафарашон мутахассис дар илмҳои табиатшиносӣ мебошанд ва тибқи ин авомил метавон хулоса кард, ки муаллифон зимни баррасии илмӣ бештар ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ таваҷҷуҳ намудаанд. Мундариҷа низ бахшҳои гуногуни илми муосирро фаро гирифта, таҳқиқ дар улуми мухталиф низ ба ин минвол сурат пазируфтааст: 1) Риёзӣ – 1 нафар (Мамадшо Илолов); 2) Физика – 2 нафар (Фарҳод Раҳимӣ, Саидмуҳаммад Одинаев); 3) Астрофизика – 2 нафар (Пӯлод Бобоҷонов, Гулчеҳра Қоҳирова); 4) Химия – 4 нафар (Улмас Мирсаидов, Иззатулло Ғаниев, Ҷӯрабой Холиқов, Ҳайдар Сафиев); 5) Сейсмология – 1 нафар (Собит Неъматуллоев); 6) Биология – 5 нафар (Оғоназар Ақназаров, Муҳиба Яқубова, Абдусаттор Саидов, Ҳикмат Ҳисориев, Акрамшо Фелалиев); 7) Тиб – 1 нафар (Ғиёсуддин Меҳроҷов); 8) Иқтисодиёт – 2 нафар (Талбак Назаров, Нуриддин Қаюмов); 9) Таърих – 3 нафар (Юсуфшоҳи Яқубшоҳ, Ҳайдаршо Пирумшоев, Абдуфаттоҳ Шарифзода);  10) Ҳуқуқ – 3 нафарӣ (Маҳкам Маҳмудов, Эмомалӣ Насриддинзода, Маҳмад Раҳимзода); 11) Фалсафа – 4 нафар (Акбари Турсон, Кароматулло Олимов, Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, Хайриддин Усмонзода); 12) Сиёсатшиносӣ – 2 нафар (Саймумин Ятимов, Муҳаммад Абдураҳмон) ва 13) Филология – 4 нафар (Абдуҷаббор Раҳмонзода, Маҳмадюсуф Имомзода, Носирҷон Салимӣ, Аламхон Кучарзода). Яъне, объекти таҳқиқ танҳо бахше аз илм набуда, балки 13 соҳаи пажӯҳиши илмиро дар бар мегирад ва гузашта аз ин, муаллифон фақат ба ҷанбаҳои илмию тадқиқии олимони тоҷик дахлварзӣ намудаанд.

  Ҳамчунин, муаллифони китоб зимни таҳлили корҳои илмию тадқиқотии олимон ва муаррифии онҳо дар оғози ҳар мақолае аз чеҳраҳои намоёни илму фарҳанги ҷаҳонӣ, ба монанди Алберт Эйнштейн, Галилео Галилей, Франсуа Волтер, Френсис Бэкон, Артур Шоппенҳауэр, Эразми Роттердамӣ, Фридрих Нитше, Зигмунд Фрейд, Иоҳанн Ҳёте, Анри Бергсон, Эрнст Ренан, Ҳерберт Спенсер, Арнолд Шварснеггер ва дигарон иқтибос овардаанд, ки мақолаҳоро ҷолибу пурмазмун менамоянд. Масалан, яке аз иқтибосҳое, ки аз физик-назариётии маъруф Алберт Эйнштейн оварда шудааст, ин «Агар A – муваффақ будан дар зиндагист, пас A = x + y + z. Яъне, X – амал маҳсуб мешавад, Y – бозист, аммо Z – лаёқати шумо ҷиҳати маҳкам нигаҳ доштани забон аст» мебошад. Муаллифон бо овардани чунин иқтибос формулаи фаъолият ва муваффақияти шахсро дар зиндагӣ на танҳо аз нигоҳи Эйнштейн, балки дар заминаи таҳлили осори олимони тоҷик низ нишон медиҳанд.

  Зеро олимоне, ки муаллифон интихобан корҳои илмию тадқиқотии онҳоро маврид баррасӣ қарор дода, дар ин замина китоби «Чеҳраҳои академикӣ»-ро таълиф намудаанд, ҳар яке дар самти хеш дасти қавӣ доранд. Бинобар ин, муаллифон сарлавҳаи мақолаҳои ба ин олимон бахшидашударо на аз рӯйи мансубият ба шахсияташон, балки дар асоси натиҷаҳои илмии онҳо номгузорӣ кардаанд. Сарлавҳаҳое, чун «Иқтисод миёнаравӣ аст», «Муқовимати алюминий алайҳи коррозия», «Саноати истифода аз партов», «Гепатити музмин», «Таносуби кайҳоншиносӣ», «Полисахаридҳои пектинӣ», «Муҳимияти рушди боғдорӣ дар кӯҳистон», «Таблиғи бо илм асоснокшуда», «Исёни Восеъ дар пажӯҳиши донишманди таърих» ва «Ҳуқуқ ба соҳибкорӣ» далели бармалои ин гуфтаҳоянд.

  Дар маҷмӯъ, муаллифони китоби «Чеҳраҳои академикӣ» зимни таҳлили корҳои илмию тадқиқотии олимон нуктаҳои асосию бунёдӣ ва навгониҳоро дарёфта, онҳоро шарҳу тавзеҳ додаанд, то хонанда дарк намояд, ки олими тоҷик ба чӣ дастовардҳо ноил гардидааст ва тадқиқоти ӯ чӣ навгониҳое медиҳанд. Масалан, дар мақолаи ба академик Пӯлод Бобоҷонов бахшида муаллифон менависанд, ки «Ба қавли Бобоҷонов, фақат ҳамон ҷирмҳои осмоние астероид нобурда мешаванд, ки бо таъсиргузории садсолаҳо кураи Заминро убур мекунанд ва то 5 сентябри соли 2008 5530 астероид ба қайд гирифта шудааст: «Астероиди наздики Замин як сайёраи хурде мебошад, ки дар мадор ҳаракат мекунад, ки дар зери таъсири ихтилоли дунявӣ метавонад аз мадори Замин ва барои ин аз масофаи перигелионии мадор гузарад». Ё осори академик Талбак Назаровро дар маҷмӯъ, инъикосгари низоми иқтисоди бозорӣ ва мушкилоти дипломатӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ номида, дар ин мақола муҳимтарин рисолаҳои илмии олимро («Буҳрони ҷаҳонии молиявӣ-иқтисодӣ», «Илми иқтисод ва баъзе масъалаҳои татбиқи ислоҳот дар иқтисоди Тоҷикистон», «Ислоҳоти иқтисодӣ: ҷустуҷӯи анвои муосири рушди он», «Тоҷикистон ва Чин: 20 соли ҳамкориҳои судманд», «Авомили дохилӣ ва хориҷии рушди иқтисодиёт», «Ислоҳоти иқтисодӣ, робитаҳо ва амният») таҳлил менамоянд. Ҳамчунин, саҳми академик Мамадшо Илоловро на танҳо дар рушди риёзӣ, балки пажӯҳиши таърихи илм, махсусан илму фарҳанги тоҷик хуб арзёбӣ намуда, аз корҳои таҳқиқии дар ин самт анҷомдодаи ӯ иқтибосҳои илмию ҷолибе моранд. Аз ҷумла, академик Илолов «қарни тиллоӣ»-и таърихи тоҷиконро ба силсилаи Сомониён нисбат дода, пажӯҳиши ҳамаҷонибаи уламоро дар он аҳд садаи рушди илм пиндоштааст: «Илму фарҳанги аҳди Сомон, ки дар таърих бо номи «Эҳёи мусалмонӣ» маълум аст, бузургтарин падидаи он давраро ташкил медиҳад. Нобиғаҳои оламшумул Ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ дар тӯли каме зиёдтар аз сад сол осореро боқӣ гузоштаанд, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамто надорад»…

  Бояд зикр намуд, ки олимони арзанда дар соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ фаъолиятдошта, хеле зиёданд. Ҳамчунин, ки саҳми олимони тоҷик дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, риёзиёт ва гуманитарӣ дар рушди илми кишвар басо назаррас буда, натиҷаҳои илмию тадқиқотии донишмандони тоҷик дар илми ҷаҳонӣ низ ҷойгоҳи махсус доранд. Вале, ҳаҷми китоб имконият надодааст, ки дар бораи фаъолияти илмии ҳамаи онҳо маълумоти муайяне пешниҳод гардад. Аз ин рӯ, муаллифони китоби «Чеҳраҳои академикӣ» фаъолияти чанде аз чеҳраҳои илмии академиявиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

  Ҳамин тавр, муаллифони китоби «Чеҳраҳои академикӣ» Ширин Қурбонова ва Машраби Абдуллоҳ ҳадафи нашри онро муаррифии самти фаъолият ва тарғиби дастовардҳои назарраси бархе аз ходмони барҷастаи илмии Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд, ки дастовардҳои илмии аз тарафи муаллифон баррасишуда, аз саҳми арзанда дар рушди илму маорифи ҷумҳурӣ доштани онҳо, далолат мекунад.

 

Хубон НАЗИРӢ,

рӯзноманигор

Бознашр аз рӯзномаи «Баҳори Аҷам», №5 (625), 7.02.2023

Хондан 1421 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр