Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 10 Июни 2021 10:38

Театри миллӣ ва ҳунарманди ҳирфаӣ (андар замимаи 70-солагии Устоди саҳнаи тоҷик Шералӣ Абулқайс)  

Муаллиф: Нозим Нурзода

        Ростӣ, дар мавриди шахсиятҳои  матраҳи иҷтимоию сиёсӣ, илмию адабӣ ва ҳунарию маданӣ, ки бар иловаи бузургӣ аз самимияту отифат, хоксорию назокат ва илтифоту одамияти баланде бархӯрдоранд, чизе арзандаю шоиста навиштан ва гуфтан кори саҳлу осоне нест. Аз тарафи дигар, шинохти дурусти чеҳраҳои миллию фаромиллӣ ва дар айни замон муаррифии шоистаю боистаи афроди содиқ ба халқу миллат ва касбу ҳирфа, ки дар ҷомеа зиёд ҳам нестанд, вазифаю рисолати фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ аст. Иттифоқан, дар шароити имрӯзӣ, ки буҳронҳои ҳувиятию фикрӣ ва маданию ҳунарӣ бо суръати тамом дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давонида, дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ як навъ ниҳодина мешаванд, аз тариқи матбуотию расонаӣ ва фазои маҷозӣ муаррифӣ ва таблиғи симоҳои маъруфу матраҳи фарҳангию ҳунарӣ ва дар ин замина ба вуҷуд овардани муҳити бозу солими ақидатию фикрӣ ва фарҳангию ҳунарӣ талаботи замон аст. Муҳимтар аз ҳама, дар баробари буҳронҳои амиқи ҳувиятӣ, ки пеш аз ҳама, дар шаклгирии зеҳнии насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ мерасонанд, манзур намудани гузина-алтернативаҳои маданию ҳунарӣ амри зарурӣ мебошад.

     Театри ватанӣ, намоишномаҳои театрӣ ва синамои миллӣ ба унвони гузина-алтернативаҳои зарурӣ дар баробари сели мушкилоти ҳувиятӣ, ки бар асари бурузи хатару таҳдидҳои минтақавию глобалие назири ифротгаройиву тундравии динию мазҳабӣ ду даҳсолаи ахир дар ҷомеа ҳузуру нуфузи чашмрас пайдо намудаанд, хидмат карда метавонанд. Бад-ин минвол, ниҳодҳои ҳунарии мо, аз ҷумла театрҳои касбӣ ва синамои миллӣ аз тариқи пахшу нашри ҳадафмандонаи намоишномаҳои ҷолиби ҳунарӣ ва таблиғи густурдаи шахсиятҳои матраҳи ҳирфаӣ дар ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ сатҳи буҳрону мушкилоти фикрию маданиро тадриҷан пойин бурда, роҳро барои муқовимату мубориза алайҳи безавқию касолат ва нодонию ҷаҳолат ҳамвор месозад. Дар ин ҷода саҳми пешоҳангони ҳаракати фарҳангию ҳунарӣ, бавежа ҳунармандони театру синамо бузург аст.

       Дар садри феҳрасти бузургон ва пешоҳангони ҳаракати ҳунарии муосири тоҷик номи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва ба истилоҳ, Шери саҳнаи тоҷик устод Шералӣ Абулқайсов қарор дорад. Устод Шералӣ Абулқайсов дар баробари ҳунарманди овозадори ҳирфаӣ ва собиқадори мактаби театрии миллию фаромиллӣ будан, инсони хоксору заминӣ ва шахсияти муқаввои эҷодӣ, адабӣ ва фарҳангӣ аст. Мавсуф аз ҷумлаи ангуштшумор ҳунармандонест, ки ҳанӯз аз овони ҷавонӣ дар заминаи касби донишҳои адабӣ, таърихӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фалсафӣ ва илмӣ саъю талоши фаровон варзида, меросу осори бузургтарин андешамандон, шоирон, нависандагон, адибон, ҳунармандон, файласуфон, рӯшангарон ва муҳаққиқонро мурур ва мутолеа карда, бар мабнои мутолеоти густурдаи фаннию ихтисосӣ ва илмию фалсафӣ гузоришоту мутолиботи гуногунмавзӯъ дар матбуоти даврии ватанӣ интишор додааст. Гузашта аз ин, устод Шералӣ Абулқайс ҳанӯз дар муҳити деҳоти кӯҳистон (устод 15 апрели соли 1951 дар  деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шудааст ва дар ҳамоғӯшӣ бо сангу шӯху дашту дараву чашмаву рӯди кӯҳистон тарбият ёфтааст) тавассути ташаббусу ибтикори падари зиёӣ ва ҳамдеҳагони фарҳангӣ аз осори адибону мутафаккирони классики форсу тоҷик Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абушакури Балхӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Низомӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Сайидо, Соиб, Шоҳин ва амсоли онҳо огоҳ мегардад ва натиҷатан, ҳифзи ашъори бузургони адабиёти классикию муосири тоҷик дар ташаккули шахсияти ҳунарӣ ва эҷодии ӯ муассир будааст. Дигар ин ки муҳити шаҳрӣ, таҳсилоти олии касбӣ, мутолеоти адабиёти илмию ихтисосӣ, ширкат дар нишасту чорабиниҳои илмию адабӣ, ошноӣ бо намояндагони маъруфи илму адабу фарҳанги ватанӣ, кору фаъолият дар қадимитарин ва бузургтарин театри миллӣ – Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, табодули фикрию таҷрибаи ҳунарӣ, бозомӯзию такмили ихтисос дар муассисоти бонуфузи театрии шӯравӣ, тамрину заҳматҳои шабонарӯзии касбӣ, офаридани нақшҳои мондагор дар Театри академӣ, ҳамкорӣ бо ҳунармандони варзидаи минтақавию ҷаҳонӣ дар доираи филмҳои синамоӣ ва билохира ковишу ҷусторҳои мудавоми эҷодӣ устод Шералӣ Абулқайсовро то ба сатҳи як шахсияти матраҳи ҳирфаӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ ва миллӣ расонидаанд.   

      Омӯзиши бардавоми таҷрибаи ҳунарию эҷодии устодони бузурги театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, Туҳфа Фозилова, Хайрӣ Назарова, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Аслӣ Бурҳонов, Маҳмуд Тоҳирӣ, София Тӯйбоева, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Фотима Ғуломова, Гурминҷ Завқибеков, Хушназар Майбалиев, Ато Муҳаммадҷонов, Носир Ҳасанов, Ҳошим Гадоев, Марям Исоева, Аскар Абдураҳмонов, Маҳрам Файзов ва дигарон дар тарбияи ҳунарӣ ва ҳирфаии устод Шералӣ Абулқайс корсоз будааст. Ҳанӯз дар ибтидои роҳи эҷодӣ маҳорати суханварӣ, диди баланди бадеӣ-эстетикӣ, мавқеъгирии ҳунарӣ ва ҳунари хуби бозигарии устод Абулқайсовро ба назар гирифта, коргардонон ва таҳиягарони намоишномаҳои театрӣ ва филмномаҳои ҳунарӣ ӯро ба иҷрои нақшҳои гуногун даъват мекарданд. Дар имтидоди фаъолияти ҳирфаӣ дар Театри давлатии академивии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нақшҳои хотирмони зиёдеро офаридааст (аз ҷумла, нақшҳои мондагори профессор Пашков аз намоишномаи “Алломаи Адҳам”-и С.Улуғзода; Лука Лукич  аз намоишномаи “Ревизор”-и Гогол; Азимов аз намоишномаи “Интихоби домод”-и Ҳ.Содиқ; Аҷузкампир аз намоишномаи “Найи сеҳрнок”-и Ф.Тошмуҳаммедов; Эзоп аз намоишномаи “Шер, рӯбоҳ ва ангур”-и Шералӣ Абулқайс; Тирессий аз намоишномаи “Эдип”-и Софокл; Капулетта аз намоишномаи “Ромео ва Ҷулйетта”-и В.Шекспир; Асад аз намоишномаи “Афсонаҳои мӯйсафед”-и Нурулло Абдулло; Отелло аз намоишномаи “Отелло”-и В.Шекспир; Дон Жуан аз намоишномаи “Дон Жуан”-и Молийер; Ҷомосп аз намоишномаи “Зардушт”-и Нур Табаров; Амир Темур аз намоишномаи “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров; Ковусшоҳ аз намоишномаи “Зуҳури Суҳроб”-и Ф. Умаров; Чиғатойи Чингизхон аз намоишномаи “Темурмалик”-и Меҳмон Бахтӣ; Абдунабӣ аз намоишномаи “Тахти Султон Маҳмуд”-и Ш. Солеҳ; Гефистион аз намоишномаи “Искандар ва Спитамен”-и А. Абдураҳмонов ва амсоли инҳо), ки то имрӯз дар дилу дидаи тамошобин маъво гирифтаанд.

      Дар баробари кор дар театри академӣ, устод Абулқайсов дар филмҳои синамоии миллӣ ва фаромиллӣ ҳам нақшҳои ҷолиб бозидааст. Тамошобинони наслҳои миёнсолу солманд ва ҷавони тоҷик нақшҳои Қарашир (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Субҳи ҷавонии ман”(1979); Нуралӣ (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Марди роҳ”(1982); Норбой (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Мусофир” (1989); Алиназар (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Замони  алафҳои бегона”(1991); Муфаттиш (аз филми ҳунарии истеҳсоли Мосфилм “Пой”(1991); Соҳиб (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Туҳмат”(1992); Амир (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм ва Ӯзбекфилм “ал-Бухорӣ”,  Акбар (аз филми ҳунарии истеҳсоли Россия, Олмон, Шветсария “Падари маҳтобӣ” дар таҳияи коргардони фақид Бахтиёр Худойназаров (1999); падар (аз филми ҳунарии истеҳсоли Тоҷикфилм “Дафни гургона”); Соҳиб (аз филми ҳунарии истеҳсоли Эрон “Шукрона”)-ро, ки аз ҷониби Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Шералӣ Абулқайсов дар сатҳи баланди ҳирфаӣ офарида шудаанд, хуб дар ёд доранд. Хидматҳои устод Шералӣ Абулқайсовро ба инобат гирифта, Ҳукумати вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 1991 ӯро ба унвони “Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовор донистааст ва сентябри соли 2007 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсуф ба унвони олии “Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон” мушарраф гардидааст.

        Дар давоми фаъолияти ҳунарӣ ва ҳирфаӣ устод Шералӣ дар фестивалу озмунҳои зиёде ширкат варзида, миёни тамошобинон ва аҳли ҳирфаи кишварҳои дуру наздик маҳбубият касб кардааст. Барои намуна, устод Абулқайсов аз 21 то 1 майи соли 2006 дар Фестивали театрҳои Закавказия дар шаҳри Алан бо намоишномаи “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров иштирок карда, соҳиби ҷоиза гардидааст. Ҳамчунин, соли 2007 дар Фестивали байналхалқии ОСТ-ОРДО-и шаҳри Бишкек барои иҷрои нақши Амир Темур  (аз намоишномаи “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров) соҳиби Ҷоизаи ҷашнии “Нақши беҳтарини мардона” шудааст.

      Устод Шералӣ ба кори педагогӣ низ иштиғол варзида, солҳои тӯлонӣ дар кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатиии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба тарбия ва парвариши насли нави ҳунармандони театру синамо иқдом намуда, дар ин самт низ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Мусалламан, устод аз соли 1996  то соли 2018 ба ҳайси омӯзгори кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода фаъолият карда, аз соли 2009 то соли 2018 вазифаи мудирии кафедраи маҳорати актёриро ба уҳда дошт. Дар муддати фаъолияти омӯзгорӣ  дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода устод Абулқайсов чандин намоишномаи ҷиддиро дар қолаби кори дипломӣ таҳия карда, рӯйи саҳна баровард, ки сазовори баҳои баланди тамошобинон, ҳакамон ва мутахассисони соҳа гардидаанд (таваҷҷуҳ шавад ба намоишномаҳои “Ғирев” аз рӯйи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Харобот” аз рӯйи асари Сафармуҳаммад Айюбӣ, “Имтиҳон-2007” аз рӯйи асари Файзулло Ансорӣ ва “Новеллаҳои Чехов”, ки дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода зери раҳбарӣ ва  коргардонии устод Шералӣ Абулқайсов рӯйи саҳна оварда шудаанд).

       Устод Шералӣ шеваи тарбиятию парваришии аҷибе дорад: ба ҳама шогирдон, қатъи назар аз маҳорату малака ва дидгоҳу сатҳи ҳунарӣ яксон муомила мекунад; касбиятро дар мадди аввал мегузорад; ҷиҳати ба дараҷаи касбият расидани шогирдон аз тамоми имконот истифода мебарад ва ҳатто дар ин роҳ аз саломатию тандурустӣ сарфи назар мекунад; касеро бар касе тарҷеҳу бартарӣ намедиҳад; истиқлоли фикрии шогирдро мушаххасаи калидии тарбиятӣ ва эҷодӣ медонад; мутолеаи асарҳои ҷиддии бадеӣ ва фалсафиро ба сифати асли дӯкондории театрию ҳунарӣ ба шогирдон тавсия медиҳад; бидуни воҳимаю ҳангома ва таоруфу такаллуф дарс мегузарад; хоксорию тавозӯъро бар фазлфурӯшию риёкорӣ ва худписандию такаббур тарҷеҳ дода, дар ин миён ғурури миллиро меситояд; барои дур будани шогирдон аз пастию сифлагӣ, ки дар ҳама ҳолат разолати ахлоқӣ мебошад, сахт пофишорӣ менамояд; аз шогирдон дар ҳолати ҷанинӣ нест кардани кинаву адоват ва нафрату бадбиниро тақозо мекунад; якрӯягиро таблиғ ва дурӯягиро мазаммат мекунад; маҳалгаройӣ ва хушкандеширо касолати вуҷудӣ ва ахлоқӣ медонад ва миллатпарастию ватандӯстиро намунаи баланди ахлоқи миллӣ ва башарӣ унвон мекунад; фидокорӣ ва азхудгузаштагиро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ талқин менамояд; ҳунар ва ҳирфаи актёриро ба унвони имтиёзи ҳаётӣ ва сарнавишти инсонӣ миёни шогирдон таблиғ месозад; касбиятро бо инсоният дар як сатҳ тасаввур мекунад; риёкорию дурӯғгӯйиро шикасту таназзули ахлоқӣ, равонӣ ва ҳунарӣ медонад. Фидокорӣ ва худкифоягиро устод Шералӣ минҳайси меъёри кори ҳунарӣ ва рисолати касбӣ талаққӣ мекунад ва шогирдонро дар рӯҳияи худсозию худафрӯзӣ тарбият менамояд.

     Ҳангоми тамрин устод  ҳатто гузашти вақтро фаромӯш мекунад ва дар тамрингоҳ то дили шаб кор мекунад. Ҳангоми кор болои намоишномаҳои “Ғирев” (аз рӯйи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ), “Харобот” (аз рӯйи асари Сафармуҳаммад Айюбӣ) ва “Имтиҳон-2007” (аз рӯйи асари Файзулло Ансорӣ) мо фидокорӣ ва азхудгузариҳои устод Шералӣ Абулқайсро ба чашми сар дидем. Дар зимн, барои иҷрои нақши Амир Темур  (намоишномаи “Кабки қафас” аз рӯйи асари Темур Зулфиқоров дар назар аст), устод Абулқайсов сарчашмаҳои дастраси таърихию адабӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқиро мавриди мутолеа қарор дод ва бар мабнои манобеъ ва маводи ҷиддии мавҷуда Темури худро бозофарид, ки ин навъ бозофаринӣ мунҳасир ба шахси Абулқайс аст. Ин аст, ки шогирдони устод, ки дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театрҳои касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии тамошобини ҷавон Аҳорун кор мекунанд, дар ҷараёни фаъолияти минбаъда ҳамеша аз панду насиҳат ва маслиҳату машваратҳои беғаразонаи устод Абулқайс васеъ истифода мебаранд.  

       Афзун бар ин, устод Шералӣ Абулқайс аз ҷумлаи ҳунармандони театри миллиест, ки сатҳи баланди гуфтору навиштор дорад ва ин вежагии ихтисосию ҳунарӣ на ба ҳама бозигарону актёрон хос аст. Донистани назокати забони классикӣ ва муосири тоҷикӣ, ҳофизаи қавӣ, фонди ғании луғавӣ, тафаккури интиқодӣ, бархӯрди мантиқӣ бо масоили баҳсӣ, мавқеъгирии илмию ихтисосӣ, ҷаҳонбинии фалсафӣ ва дидгоҳи миллӣ ба сифати мушаххасоти шахсию инфиродӣ устод  Шералӣ Абулқайсро миёни доираҳои фарҳангию мадании ҷумҳурӣ соҳибмартаба ва обрӯманд кардаанд.  Аз ин ҷост, ки ӯ сабки вежаи гуфтору навиштор дорад, ки онро истилоҳан, метавон “сабки Абулқайсӣ” номид.

      Муруре ба васоиту барномаҳои таълимӣ (аз ҷумла дастури таълимию методии “Камолоти касб”), осори ихтисосӣ-пажӯҳишӣ ва илмӣ-оммавӣ (бо шумули “Ситеғи ҳунар” дар ду ҷилд) ва муҳтавои мақолаҳои публитсистие, ки ба масоили театрӣ ва шеваи бозофаринии ҳунарӣ ихтисос ёфтаанд (минҷумла матолиби “Ба оянда тӯр меандозем”, “Чеҳраи боофарин”, “Зинаҳои камолот”, “Театрҳои халқиро ҷонибдорӣ бояд кард”, “Талоши ҳастӣ” “Ҷавҳари ранги обӣ” ва амсоли инҳо), моро ба натиҷае мерасонанд, ки  устод Шералӣ Абулқайс соҳиби салиқа ва сабки хоси гуфторию нигоришӣ буда, дар матраҳ ва баррасии масъала ва мушкилоти театрию ҳунарӣ пешгом аст.

       Вақте ки ба навиштаҳо ва суҳбатҳои устод Шералӣ Абулқайс аз зовияи ихтисосӣ ва фаннӣ таваҷҷуҳ мекунем, маълумамон мегардад, ки ӯ дар вожагузинӣ, таркиббандӣ, ибораороӣ ва ҷумласозӣ маҳорати тамом дорад ва ҳар як калимаю таркиб ва ибораю ҷумлаашро дар мизони ақлу тафаккур бармекашад ва пасон буруз медиҳад. Тарзи вожагузинӣ ва тариқаи масъалагузории устод Шералӣ, маъмулан сабки сухани Ҳаким Носири Хусравро ба ёд меоварад. Боре барои рӯшанӣ андохтан ба масъалае назди ректори собиқи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода узви вобастаи Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода даъват шудам ва тасодуфан рӯйи мизи кории ректор чашмам ба мақолаи устод Шералӣ Абулқайсов афтод, ки ба мухтасоти кори эҷодӣ ва рисолати ҳунарманди театри миллӣ бахшида шуда буд. Ректор, ки масруфи мутолеаи мақолаи устод Абулқайсов буданд, пурсишомез ба ман нигоҳ  карданд ва бидуни вақфа гуфтам, ки устод Шералӣ Абулқайсов бо сабки вежа ва дар ҳадди балоғати классикӣ менависад. Гуфтору суханронии устод, чи дар сатҳи хонавода ва чи дар сатҳи маҳфилу нишастҳои адабию ихтисосӣ одию сатҳӣ ва обшустаю такрорӣ нест. Барои баёни ҳадаф ва иддао ҳатман аз меъёри балоғати классикӣ ва силсилаи вожагони ноби форсии тоҷикӣ истифода мебарад ва гуфторашро тавассути саноеъи маънавие назири ташбеҳоту истиорот, тавсифоту талмеҳот ва соири воситаҳои баён рангорангу муассир месозад. Маҳз ҳамин вежагии балоғии мунҳасир ба фард, ки дар суханварию суханоройии устод Шералӣ зуҳур мекунад, ӯро миёни табақаҳои фарҳангӣ ва нухбагони театру синамои миллӣ мақому ҷойгоҳи хосса ато фармудааст. Ба ин маънӣ, театри миллӣ, махсусан, дар шароити имрӯзии бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ба шермардоне мисли Шералӣ Абулқайс ниёз дорад.

      Хушбахтона, 27 апрели соли ҷорӣ, соати 10:00  бо ташаббус ва ибтикори шогирдону ҳамкорон, ҳампешагону ҳамдиёрон ва раҳбарияти Театри академии ҷумҳурӣ  ба муносибати 70-солагии устоди саҳнаи тоҷик Шералӣ Абулқайс дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  маҳфили бошукӯҳи ҷашнӣ доир гардид. Эпилог ё ҳусни ифтитоҳии маҳфили ҷашнию шодбоширо филми мустанади “Шери саҳна”, ки шогирдон ба ифтихори зодрӯзи устод Шералӣ Абулқайс таҳия карда буданд, ташкил дод. Филмномаи мустанад саҳифаҳои рӯзгору зиндагии устодро аз овони тифлӣ то ба замони нубуғи шахсию ҳунарӣ фаро гирифта буд. Баъдан, маросими табрикоти раҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ва паёмҳои шодбошии шарикдарсону ҳамсабақон, дӯстону наздикон, ҳамкорону ҳампешагон  сурат гирифт ва ҳар нафари масъул, зимни ироаи паёми шодбошӣ  аз вежагиҳои ахлоқӣ, ҷанбаҳои шахсиятӣ, мушаххасоти ҳирфаӣ, паҳлуҳои эҷодӣ ва сатҳи баланди ҳунарии устод Шералӣ Абулқайс ёдовар шуда, мақому ҷойгоҳи махсуси мавсуфро миёни элитаи ҳунарию мадании ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд. Маҳфили идона бо ҳузури киношиноси маъруф Тиллои Некқадам, коргардони варзида Соро Музофиршоева, ҳунарманди театру синамо  Шоҳназари Некқадам ва  ҳунармандони маҳбуби ҷумҳурӣ Шуҳрат Сайнаков, Нобовар Чиноров, Мадина Ақназарова, Чоршанбе Аловатов ва Далер Назаров ҷаззобтар ва хотирмонтар гардид. Бо он ки устод Шералӣ чандест, ки ишколи овозӣ ва садопардагӣ дорад, маҳфилро бо таманниёти ҳунарӣ, ҷуръату ҷасорати баланди эҷодӣ ҷамъбаст намуд. Дар суханронии ҷамъбастии устод заррае хастагӣ, ноҷурӣ, яъсу навмедӣ эҳсос намегардид ва ин ҳолат аз ғурур ва ҷасорати фавқулодаи Шералӣ Абулқайс шаҳодат медиҳад. Зиҳӣ, устод Шералӣ Абулқайс бад-ин ҷасорат ва шаҳомати ҳунарию инсонӣ!

       Ростӣ, солҳост, ки маҳфилу чорабинии фарҳангӣ-фароғатиеро дар ин сатҳ  ва ин мазмун надида будем ва наздик ба ду соат аз ҳузури устоди саҳнаи тоҷик ва фарҳангиёни овозадор лаззат ва кайфияти хосса бурдем. Аз фурсати муносиб истифода бурда, 70-умин солгарди Устод ва Шери саҳнаи тоҷикро табрик намуда, барояш сиҳҳатию саломатӣ, умри бардавом ва комёбию муваффақиятҳои эҷодӣ таманно менамоем.

          70-солагӣ хуҷаста ва фархунда бод, устод Шералӣ Абулқайси гиромӣ!

 

Бо эҳтиром ва самимият

Нозим Нурзода

 

 

Мужда, ай дил, зеби дунё омада!

(ба муносибати зодрӯзи Шери саҳнаи тоҷик, устод Шералӣ Абулқайс)

 

Ишқ бо ин ҳусни зебо омада,

Мужда, ай дил, зеби дунё омада!

Аз масири қисмати дирӯзи мо

Қосиди имрӯзу фардо омада.

Аз барои қатъи дасти зӯри ҷаҳл

Марди донову тавоно омада.

Бар дили мо аз раҳи меҳру вафо

Завқу шавқу шӯру савдо омада.

Баҳри шодобии қалби хушки мо

Баҳру уқёнусу дарё омада.

Ин зуҳури ҷавҳари покизагӣ

Бар Замин з-авҷи Сурайё омада.

Ҳеҷ медонӣ, ки хос ин анҷуман

Ҳусни эъҷозат тамошо омада.

Ай хушо, бар минбари ишқу ҳунар

Шери Қайси саҳнаи мо омада!

Бо эҳтиром ва ихлоси бепоён,

Нозим Нурзода

27 майи соли 2021, панҷшанбе, соати 07:49 саҳар.

Хондан 931 маротиба