Нусхаи чопи
Сешанбе, 07 Сентябри 2021 06:51

Ҳуқуқ ва шарафи инсонӣ дар баробари қотилони толибонӣ

Муаллиф: Меҳр Собириён

  Сухан дар бораи ҳаводиси Афғонистон меравад. Шабонарӯзи гузашта дар ин мавзӯъ хабарҳои зиёде паҳн шуда буд. Яке аз онҳо суханронии Аҳмад Масъуд раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон буд, ки дар он аз ҳуқуқ ва шарафи инсонӣ дар ин кишвар сахан гуфта мешуд. Хабари дигар дар сомонаи шабакаи CNN буд, ки аз кушта шудани зани ҳомиладори 8-моҳа аз ҷониби Толибони ваҳшӣ хабар дода мешуд. Аз ин хабарҳо маълум аст, ки имрӯз дар ин кишвари ҷангзада ҳуқуқ ва шарафи инсонӣ дар баробари ваҳшигариҳои асримиёнагӣ дар набард қарор дорад.

  Дар баромади худ Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, кушторҳои гурӯҳи ифротии Толибонро маҳкум карда, ба руҳу равони ҷавонмардоне, ки дар набард бо золимони толибонӣ кушта шудааанд, мефиристад ва аз мардуми ҳама вилоёти Афғонистон талаб мекунад, ки ба муқовимат бархезанд ва зулму ситами толибониро аз ватанашон решакан кунанд. Баъди чанд соати ин муроҷати Аҳмад Масъуд мудирони саҳифаи твитери раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар доданд, ки мардуми чанд вилояти дигар бо роҳҳои гуногун бар зидди Толибони ваҳшӣ ва ҳомиёни онҳо эътироз карданд. Дар чанд кишвари хориҷӣ низ гирдиҳамоиҳо ба хотири дастгирии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва бар зидди ҳаракати ифротии Толибон ташкил карда шуданд.

  Аз тарафи дигар зани ҳомилае, ки Толибон бо таври ваҳшиёна куштанд полисзане будааст, ки дар зиндони вилояти Ғур кор мекардааст. Номи ин қурбонии навбатии Толибон Нигор Маъсумӣ мебошад, ки мувофиқи нақли писараш Муҳаммад Ҳаниф Толибон ба хонаи онҳо даромада, модар ва бародарони ӯро даст бастанд ва ба берун бароварданд. Баъдан дар пеши чашми фарзандонаш ин зани 8 моҳа ҳомиладорро бо корд куштанд.

  Акнун ин ду гузинаи дар назди мардуми Афғонистон қарордоштаро бо ин ду ҳодисаи дар шабонарӯзи гузашта ба вуқуъпайваста бо ҳам муқоиса кунед. Мардуми Афғонистон метавонанд Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро дастгирӣ карда, ҳуқуқу шарафи худу фарзандонашонро таъмин кунанд. Ва ё бетарфӣ карда иҷозат диҳанд, ки бераҳмони толиб  Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро пурра шикаст диҳанд ва худ якатоз шуда, мардуми Афғонистонро террор кунанд. Ҳуқуқу озодӣ ва зиндагии шоиста танҳо дар ҳолати ташкил кардани як ҳукумати ҳамашумули демократӣ ба даст меояд. Толибони ифротӣ бо тафаккури асримиёнагии худ ба мардуми Афғонистон танҳо бадбахтӣ оварда метавонанд.

  Мардуми Афғонистон дар лаҳзаҳои таърихӣ қарор доранд. Ҳоло аз онҳо вобастааст, ки кишварашон аз чанголи терроризми байналмилалӣ раҳо мешавад ва ё барои чанд даҳсолаи дигар мавриди террори онҳо қарор мегирад. Пайвастан ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ягона роҳи ба саодат расидани ин мардум аст. Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ умедворем мардуми шарафманди Афғонистон аз тамоми вилоёти ин кишвар сар бардошта, ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мепайванданд ва барои ҳамеша дасти золимони толибониро аз сари худ дур мекунанд. Ба қавли тоҷики бедор Исомиддин Шарифзода:

Бархезу бипайванд ҳама бо Аҳмади Масъуд,

Озодагӣ гар ҳаст туро пешаву мақсуд.

Меҳр Собириён

Хондан 810 маротиба