Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 14 Майи 2020 08:18

Ҳунари таҳлилгарӣ ва рӯҳиябахшии мардумӣ (мулоҳизае иҷмолӣ дар партави суҳбати телевизионии раиси Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии саломатӣ ва омӯзиш, доктор Ораш Алоӣ)

Муаллиф: Нозим Нуров

  Буҳрони беҳдоштии ҷаҳонӣ, ки бо номи вируси короноӣ машҳур аст, миёни ҷомеаҳо тасаллут пайдо кардааст, дар чанд моҳи ахир давлат ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро дар ҳоли нигаронӣ қарор додааст. Гузашта аз ин, воҳимаю ҳангомаҳое, ки дар заминаи шуюъи вируси короноӣ ва асароти ногувори он аз тариқи расонаҳо, матбуот, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ пароканда шудаанд (ва дар ҳоли пароканишанд), ғолибан рӯҳияи мардум ва аҳолии минтақа ва ҷаҳонро шикастаанд. 

  Дар ин авохир бар асари пароканиши матолиби ҳангомавӣ ва маводи воҳимаангез ҷомеа ба буҳрони равонӣ мувоҷеҳ гардидааст ва мардум аз вазъи ноҷури равонӣ, ки бар мабнои тарсу ҳарос иттифоқ афтодааст, ранҷ мебарад. Ҷомеа ва, албатта, нафароне, ки ба маводи интернетӣ ва матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ бештар дастрасӣ доранд, вазъи ноҷури равонӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва беҳдоштиро пушти сар мекунанд. Аз тарафи дигар, таҳлилгарон, коршиносон ва муҳаққиқоне, ки дар заминаи вируси короноӣ ва умуман, масоили вирусшинохтию беҳдоштӣ мутолеа доранд, бештар даргири мушаххасоти ихтисосӣ шуда, ба ин васила ба ҷойи рӯҳия бахшидани мардум ва натиҷатан, муқовиматпазир сохтани аҳолӣ дар баробари вируси короноӣ, рӯҳияшиканӣ мекунанд. Албатта, аксарияти коршиносон ва муҳаққиқоне, ки ба масъалаи вирус ва шарҳу тавзеҳи мушаххасоти он сари кор доранд, ҳадафи шикастани рӯҳияи мардумро надоранд, аммо дар баёни матолиб зеҳни аҳолӣ ва бардоштҳои иҷтимоиро ба назар намегиранд. Ин аст, ки ҷомеа бо муруру мутолеа кардан, шунидан ва  дидани матолиб, мавод ва барномаҳои таҳлилӣ дар заминаи вируси короноӣ, аксаран ноумеду маъюс мешаванд ва аз масири мубориза ва муқовимат канора мегиранд. Хушбахтона, таҳлилгарон ва коршиносоне низ ҳастанд, ки тавассути барномаҳои вежаи расонаӣ, матбуотӣ ва телерадиоӣ ҷомеаро дар масири дурусти мубориза ва муқовимат алайҳи вируси короноӣ қарор медиҳанд. Дар ин зумра раиси Пажӯҳишгоҳи ҷаҳонии саломатӣ ва омӯзиш, доктор Ораш Алоӣ қарор дорад, ки дар ин авохир суҳбатҳои ҷолиби телевизионии ӯ борҳо пахш гардиданд.

  Доктор Ораш Алоӣ, ки аз эронитаборони бурунмарзист, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ ҳам фаъол аст ва ба суолоту пурсишоти корбарон ҷавобу посухҳои ҷолиби ихтисосӣ ироа медиҳад. Бавежа, суҳбати ҷолибу ихтисосии доктор Ораш Алоӣ, ки борҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ пахш шуд, роҳҳои мубориза ва мқовимати дурусту мантиқиро алайҳи вируси короноӣ ва умуман, бемориҳои вабошабеҳу сироятӣ ҳамвор месозад. Зиёда аз ин, доктор Ораш Алоӣ, ки сарварии як пажӯҳишгоҳи бонуфузи ихтисосиро дар Амрико бар уҳда дорад, бо шева ва забони зебои тоҷикӣ суҳбат кард. Ин аст, ки дар заминаи суҳбати ин донишманд ва коршиноси эрониасли амрикоӣ, ки на танҳо ҷасорати ихтисосию таҳлилӣ дорад, балки дар ташаккул додан ва таҳкиму тақвият бахшидани рӯҳияи мардум низ саҳми муносиб мегузорад, таҳияи матолиб амри воқеӣ ва талаботи имрӯзист. Ба ин тартиб, ба чанд вежагии суҳбати ихтисосии доктор Алоӣ, ки чандин маротиба тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ пахш шуд, таваҷҷуҳ мекунем:

  Якум. Раиси Пжӯҳишгоҳи ҷаҳонии саломатӣ ва омӯзиш, доктор Алоӣ аз ҷумлаи коршиносон ва муҳаққиқонест, ки бо дар назар гирифтани воқеиятҳои муҳитзистӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва беҳдоштӣ суҳбат мекунад ва суҳбати ахирии ӯ, ки тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ чандин маротиба манзур гардид, бар мабнои рисолати виҷдонӣ, ихтисосӣ ва инсонии муҳаққиқ  сурат гирифт.

  Дуюм. Доктор Ораш Алоӣ аз вежагиҳои забонӣ (манзур забони тоҷикӣ аст) хуб огоҳ буда, дар имтидоди суҳбати ихтисосӣ ва дар доираи таҷриба ва мушоҳидаҳои зиёди ҳирфаӣ ва ҳунари таҳлилгарӣ иттилооти ҷолиби тававҷҷуҳ ироа дод. Махсусан, суҳбатҳои ҷолиби ӯ дар мавриди вазъи беҳдоштӣ, тадбирҳои саривақтӣ дар ростои ҷилавгирӣ аз вируси короноӣ, мароҳили олудашавӣ, мушаххасоти беморӣ, зарурати шиносоии вирус, техникаи зиддиуфуникунӣ, дарёфти огоҳӣ дар баробари тарсу воҳима, боло бурдани масунияти баданӣ ва системаи иммунӣ ва дар ниҳоят, ҳифзи рӯҳияи муборизаю муқовимат бар зидди вируси короноӣ аз ҳар ҷиҳат дархӯри ҷомеаи тоҷик мебошанд.

  Сеюм. Дар доираи вақти тахсисёфта доктор Ораш Алоӣ воқеиятҳои замонро, ки аз вируси короноӣ маншаъ гирифта, ба рӯҳияи мардум таъсири амиқи манфӣ мерасонанд, бозгӯ кард. Мавсуф ба сифати як таҳлилгар ва пажӯҳишгари ҳирфаӣ ба масъала аз зовияи манофеи мардумӣ наздик шуда, мавзӯи мавриди назарро бо истифода аз технологияи пажӯҳишӣ хеле хуб пайгирӣ кард. Ҳадафи доктор Ораш Алоӣ, қабл аз ҳама, дар раҳонидани мардум ва аҳолӣ аз ҳолати ваҳму тарс ва мунтаҳо, буҳрони равонӣ, ки хатарноктарин навъи буҳронҳо маҳсуб ёфта, ба рӯҳияи инсонӣ садамоти ҷиддӣ ворид сохта, боиси заъфи ҷиддии баданаҳои иҷтимоӣ мегардад, таҳаққуқ меёбад. Ба назари мо, доктор Алоӣ ба ҳадафи неки худ расид ва дар роҳи канор гирифтани мардум аз тарсу воҳима ва муборизаи огоҳона бурдан бо вируси короноӣ муваффақ шуд.

  Чаҳорум. Доктор Алоӣ ҷуръату ҷасорати ҳирфаӣ, ихтисосӣ, илмӣ ва маданӣ дорад. На ҳар як пажӯҳишгар ва коршиноси вирусию беҳдоштӣ ҷасорати баёни бемуҳобои ҳассосиятҳои давр ва дар айни замон аз тарсу воҳима дур кардани мардумро дорад. Қисмати зиёди таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи пизишкӣ ва беҳдоштӣ худ ба воҳима дода шуда, аз тариқи таҳлилу арзёбиҳои беҳадаф рӯҳияи муборизи мардумро заиф месозанд ва боиси садамаҳои равонӣ мегарданд. Аз забони чандин нафар шунидам, ки суҳбати телевизионии доктор Алоӣ хеле ҷолиб буда, аҳолиро аз назари равонӣ, фикрӣ, беҳдоштӣ ва иҷтимоӣ тағйир хоҳад дод.  Муҳиимтар аз ҳама, доктор Алоӣ тавонист, ки мардумро дар баробари ҳангомаю воҳимаи вируси короноӣ ҷуръатманд созад ва рӯҳияи мубориза ва муқовимати мардумро дар баробари ин беморӣ боло бубарад. Бовар дорем, ки мардум баъд аз дидану шунидани суҳбатҳои ҷолиби доктор Ораш Алоӣ мавқеи ғайрифаъоли худро дар баробари вируси короноӣ тағйир дода, бо рӯҳияи баланди иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ алайҳи ин беморӣ қад алам мекунад.

  Панҷум. Доктор Ораш Алоӣ аз тариқи пиёда намудани пружаҳои расонаӣ ва телевизионӣ рисолати пизишкӣ, ихтисосӣ ва инсонии худро дар назди мардум сарбаландона иҷро мекунад. Паёми телевизионии доктор Ораш паёми ҷуръат, ҷасорат, шарофат ва адолат аст. Агар ҳар як табиб вазифа ва рисолати худро назди мардум софдилона ва самимона адо намояд, ҷомеа дилгарм мешавад ва вирус дар муддатзамони кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк мекунад.

  Шашум. Миёни мардум мақоле ба ин мазмун роиҷ аст: “Аз бими бало даруни бало будан беҳтар аст”.  Ба ин далел, мардуми тоҷик тайи асрҳо бо ҳазорон навъи вирус ва бемории хатарнок дасту панҷа нарм кардааст ва аз даруни ин бало ҳам сарбаландона мебарояд. Аммо ҳамеша тарсу ҳарос ва воҳимаю ҳангома дар сатҳи иҷтимоӣ вуҷуд доштааст ва имрӯз низ воҳимапароканию ҳангомасозӣ дар бастагӣ бо вируси короноӣ дар ҳамаи сатҳҳо мушоҳида мешавад.  Қатъи назар аз ин ки вируси короноӣ дар кишвар вусъат пайдо мекунад, халқи шарифи Тоҷикистон тавассути кору фаъолиятҳои созандаи рӯзмарра, роҳандозӣ намудани тадбир ва барномаҳои махсуси санитарӣ-гигиенӣ, ҷасорати баланди иҷтимоӣ ва ҳарбу зарби беҳдоштӣ дар кӯтоҳтарин муддат онро маҳор мекунад ва пирӯз мегардад.

Н. Нуров

 

Хондан 920 маротиба