Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 22 Сентябри 2022 05:48

Устод Рӯдакӣ - нахустшоири файласуфи миллӣ (Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

   Таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ (22 сентябр), ки аз соли 2002 инҷониб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, зарурати адабӣ, таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аст, чаро ки Устод аз ҷумлаи нахустшоирони файласуфи миллӣ буда, қабл аз ҳама, аз мавқеи як миллат намояндагӣ кардааст ва аз ҷузъитарин тасовир шуруъ карда, то куллитарин баррасиҳои эҷодиаш аз муҳиту фазои миллӣ сарчашма гирифтаанд. Ин аст, ки  устод Рӯдакӣ дар мақоми нахустшоири файласуфи миллӣ қарор дорад ва ба таври густурда таҷлил гардидани Рӯзи Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бояд ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёбад. Рӯзи устод Рӯдакӣ, рӯзи тамаддуни шеърӣ ва ҳикмати назмист, ба кулли ҳамватанони азиз муборак бошад. Зимнан, дар ҳошияи Рӯзи устод Рӯдакӣ чанд нуктаи иҷмолиро дар доираи мавзӯи “Устод Рӯдакӣ – нахустшоири  файласуфи миллӣ” хидмати хонандагони гиромии ҳафтавор арз медорем:

    Якум. Дарунмояи шеър ва каломи мавзунро ҳикмату фалсафа ташкил медиҳад. Бо он ки солҳо ва ҳатто асрҳо доира ва муҳитҳои адабӣ ва нависандагии форсии тоҷикӣ сари мавзӯи ҷанбаҳои ҳунарии мероси манзуму мансури адабӣ-бадеӣ тамаркуз баҳс карда, то имрӯз дар ин замина  мунозироту мунозеот ҳамчунон идома доранд, ҳикмату фалсафа ҷавҳар ва ядрои шеър аст. Аз ин ҷост, ки моҳият ва ҷавҳари шеъри классикӣ ва муосир мавзӯъ ва масоили фалсафианд, чаро ки маҳз тавассути маъниҳои ҳикматӣ ууқдаю печидаҳои фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буруз мекунанд ва имкони ҳал пайдо менамоянд. Гироидани шоирон ба ҳикмату фалсафа шароитро барои пайдо кардани уқдаю печидагиҳо ва фош сохтани мушкилот фароҳам меоварад. Дар ин масир устод Рӯдакӣ аз аввалинҳост. 

    Дуюм. Муҳит ва фазои сиёсӣ, фикрӣ, адабӣ, илмӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ ҳар фарди эҷодкорро таҳти таъсир қарор медиҳад ва кайфияти эҷодии донишманду ҳунарманд ҳам ба чигунагии атмосфера бастагӣ дорад. Асри Х, ки давраи салтанати бузургтарин сулолаи миллӣ -- Сомониён буд, асри ба ҳам омадани қувваҳои илмию эҷодӣ будааст. Маҳз дар ҳамин аср тавассути амирони хирадпарвари Сомонӣ фазои муътадили сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва маданӣ созмон дода шуд ва аҳли илму фарҳанг аз гӯшаю канори ҷуѓрофиёи паҳновари салтанатӣ ба пойтахт ва маркази илму тамаддуни миллӣ -- Бухоро таваҷҷуҳ пайдо карданд. Ба ин тартиб, фазои солими фикрию фарҳангие, ки муассисаш амирони фарҳанггустари Сомонӣ буданд, ба дунёи маърифати башарӣ чеҳраҳои бузурги илму адабро эҳдо намуданд. Ин чеҳраҳои мондагор Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Ибни Сино, Абӯбакри Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва амсоли онҳо буданд, ки  дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ  мақоми баланд доранд.

    Севум. Дар асоси мадорики таърихӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқӣ, ки дар заминаи пажӯҳиш, шинохт ва бозбинии андешаву мероси бузургони илму фарҳанги форсу тоҷик рӯйи кор омадаанд, метавон  ба устод Рӯдакӣ  унвони “файласуфи шеър”, ба Ҳаким Фирдавсӣ титули “файласуфи таърих” ва ба Абӯрайҳони Берунӣ мақоми “файласуфи фарҳанг”-ро ихтисос дод. Ин аст, ки тахсиси унвони “файласуфи шеъри форсии тоҷикӣ” ба устод Рӯдакӣ бемаврид нест. Дар зимн, шоири файласуф касест, ки ба инсон, ҷомеа, табиат, ҷаҳон ва кайҳон бо дидаи вежа, ки саршори ангезаи отифату самимият ва балоғату нафосат аст, бархӯрд мекунад ва бо нигоҳи жарфу тозааш паёме ба мардум ироа медорад. Ба қавли донишманди фақиди эронӣ Аҳмади Касравӣ: “Ҳаким маънои файласуфро дорад ва касест, ки ҷаҳону зиндагиро бо дидаи бинотаре нигариста ва он чиро, ки дигарон дарнаёфтаанд, дармеёбад” (ниг.: Касравӣ Аҳмад. Дар перомуни адабиёт.- Теҳрон, чопи Рушдия (бидуни соли нашр). С.31).

   Чаҳорум. Барои он ки мавзӯи мавриди назар -- “Устод Рӯдакӣ – нахустшоири миллӣ” дуруст пайгирӣ шавад, нахуст бояд сари мафҳуми “шеър” таваққуф намуд. Шеър вожаи арабӣ буда, дар маҷмӯъ, маънии сухани манзум, каломи манзум, сухани дорои вазну қофияро далолат мекунад (ниг.: Фарҳанги Амид. Таълифи Ҳасан Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1375. С.1555). Вожаи “шеър” дар навбати худ бо “шуур” ҳамреша буда, калимаи “шуур” маънои донистан, дарёфтан, ҳис кардан, фаҳму идрокро ифода мекунад (ниг.: Фарҳанги Амид. Таълифи Ҳасан Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1375. С.1556). Мунтаҳо, шеър бо доноӣ, ҳушёрӣ ва огоҳӣ сари кор мегирад. Дар доираи мафҳуми шеър андеша, эҳсосот ва авотифи инсонӣ ғунҷонда шудаанд, ки  ҳамагӣ ҷараёни донишу биниши фалсафӣ, фарҳангӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва зебоиписандии  инсонро ҳамчун мавҷуди зиндаю огоҳ таъйин ва танзим мекунанд. Дар зимн, баъзе муҳаққиқон “шеър”-ро баргирифта аз вожаи “шур”-и суриёнӣ донистаанд, ки маънии суруд ва шӯру ҳаяҷонро далолат мекунад.

    Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки фалсафаи шеър фалсафаи хунар аст ва шеър ҳам мисли ҳунар гаризаи офаридгории инсон дар идомаи вуҷуд ва ҳар камбудеро, ки инсон дар олами вуҷуд эҳсос мекунад, бо фаҳму андешаи худ ҷуброн менамояд. Шоир, пеш аз ҳама, ҳунармандест, ки одаму оламро ба тарзи худ меофаринад, бо андешаи зебояш рангоранг месозад, ҷомаҳои мунаққаш медӯзонад ва саранҷом маънои тоза мебахшад. Ба ин маъно, дар таърихи илму фарҳанги гузаштаи мо суханпарварӣ, андешамандӣ ва нуктапардозӣ ҳунари асил ҳисобида мешуд (ниг.: Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Бахши аввал. Тарҷумаи Аҳмади Ором- Теҳрон, 1343. С.554) ва адабу фарҳанг барои иронитаборони қадим шукӯҳу таҷаммули хос ато мекардааст. Ин аст, ки шеър  (адабиёт)  ва андешамандию нуктапардозӣ (фалсафа)  аз бомдоди  таърихи фарҳанг ҳамқадами иронинажодон буда, онон тавассути ин ду илми бунёдӣ ба зиндагии худ рангу маъно мебахшиданд. Ин суннати фикрӣ ба василаи таҳоҷуми аҷнабиёни юнонӣ, румӣ, арабӣ, туркӣ-муғулӣ аз байн бурда шуд. Вале амирони хирадпварвари Сомонӣ дар замони салтанати худ он суннати фавтидаро аз нав эҳё карда, барои эҷоди шеъру андешаи миллӣ ва тафаккури фалсафӣ  шароити мусоид фароҳам оварданд, ки ин имкон дод тухмаю нерӯҳои зеҳнӣ ба сабзиш дароянд ва ба гирду атроф мунташир гарданд. Яке аз ин гуна тухмаҳои фарҳангзо устоди шуарои форсу тоҷик  устод Абуадуллоҳи Рӯдакӣ буд.

    Панҷум. Дар радифи унвонҳои расмиву ифтихорие, ки ба устод Рӯдакӣ  мутақаддимин ва мутааххирин  додаанд, унвони шарафманди “ҳаким” низ ҷой дорад. Ҳаким маънои файласуфро дорад ва касест, ки инсон ва ҷаҳону зиндагиро бо дидаи бинотаре нигариста, он чиро, ки дигарон дарнаёфтаанд, дармеёбад (ниг.: Касравӣ Аҳмад. Дар перомуни адабиёт.- Теҳрон, чопи Рушдия (бидуни соли нашр). С.31).  Ва Рӯдакӣ, ки ба унвони “ҳаким” низ мушарраф гардида буд, ба инсон ва ҷаҳон аз равзанаи хирад ва андешаи созанда дида дӯхта, бад-ин тартиб шеър офаридааст. Дар замони зиндагии устод Рӯдакӣ   шоироне, ки ба унвони “ҳаким”  ёд мешуданд,  кам  набуданд. Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Мантиқии Розӣ аз зумраи шоироне буданд, ки ба унвони “ҳаким” ёд мешуданд. Муҳаққиқи варзидаи  зиндагӣ ва осори Рӯдакӣ Саид Нафисӣ таъкид мекунад, ки дар замони зиндагии шоир 350 нафар шоирону донишмандони муқтадир зиндагӣ ва эҷод мекарданд (ниг.: Нафисӣ Саид. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ.- Теҳрон, 1382. С.249-253).

     Мусаллам аст, ки аз миёни анбӯҳи шоирону донишмандони забардаст, ки муосири Рӯдакӣ буданд, шуҳрати тамом касб кардани устод Рӯдакӣ осон набуд. Муҳаммад Авфӣ  аз  ақлу заковати Рӯдакӣ сухан ба миён оварда, аз чумла навиштааст: “Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръон ба тамомат ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт, чунонки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат гашт” (ниг.: Авфӣ Муҳаммад. Лубоб-ул-албоб. Бо саъй ва эҳтимоми Э. Броун. Теҳрон, 1361. С.493). Дар байни шоирону донишмандони замони худ сохибэҳтиром гардидани устод  Рӯдакӣ гувоҳи он аст, ки ӯ, воқеан, шоири тавоно ва  ҳакими бузург будааст. Шоир ва ҳакими бузург Шаҳиди Балхӣ, ки аз муосирони шоир буд, сухан ва шеъри Рӯдакиро ба Қуръон монанд карда фармудааст:

                           Ба сухан монад шеъри шуаро,

                           Рӯдакиро суханаш тилви Нубост. 

   Шашум. Аз манобеи адабӣ бармеояд, ки  Рӯдакӣ аз улуми  ақлӣ ва нақлии замонаш ба хубӣ огаҳӣ дошта, дар баъзе аз улум  ба дараҷаи устодӣ расида будааст (ниг.: Шафақ Ризозода. Таърихи адабиёти Ирон.-Теҳрон, 1369. С. 28-29). Рӯдакӣ ба сифати нахустшоири файласуфи миллӣ ба  тарҳи муҳимтарин масоили фалсафие даст задааст, ки муосиронаш онҳоро сарфи назар кардаанд ва ё дар баррасии онҳо заифу нотавонтар будаанд. Дар матраҳ сохтани мавзуоти фалсафӣ устод Рӯдакӣ аз шеър мадад ҷуста, онро бо фалсафа даромехтааст. Аз ҷумла, Рӯдакӣ асрҳо пеш аз Ҳегел ба ҷавҳари диалектика (Dialectic) пай бурда, дар заминаи назариёти таҳаввулу татаввур дар қолиби манзум тағйир пазируфтани олами ҳастиро ба риштаи тасвир баркашида, даъво пеш меоварад, ки ҳеҷ чиз собиту сокин нест:  куҳан нав мешавад ва нав куҳан мегардад, дармон дард мешавад ва дард дармон ва ин ҳамон ҷавҳари асли диалектикӣ аст, ки тибқи он ҳастиҳо пайваста дар сайру ҳаракатанд ва ҳар чиз (тезис – барниҳод) ба сӯйи зиди худ (антитезис – барабарниҳод) меравад ва ба он омехта, аз омезиши ин ду чизи тозае (синтез – боҳамниҳод) падид меояд (ниг.: Додбеҳ, Асғар. Падари шеъри форсӣ.  Дар маҷмӯаи: Ёдномаи устод Рӯдакӣ. Мураттибон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев. Муҳаррир профессор Абдунабӣ Сатторзода. Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. С. 89. Ҳамчунин, барои иттилооти бештар дар ин замина таваҷҷуҳ шавад: Эдвард, Пол. Маонии деалектик дар таърихи фалсафаи Ғарб. Тарҷумаи Шаҳроми Позукӣ. // Маҷаллаи “Фарҳанг”-и Муассисаи мутолеат ва таҳқиқоти фарҳангӣ. Китоби аввал, пойизи 1366; Фулкия, Пол. Диалектик. Тарҷумаи Мустафо Раҳимӣ. Теҳрон: Интишороти “Огоҳ”, 1362).

     Дигар ин ки Рӯдакӣ на фақат дар байти:

                                  Халқ зи хоку зи обу зи оташу боданд

                                  В-малик аз офтоби гавҳари Сосон,

ки байтест аз қасидаи наваду чаҳорбайтӣ дар васфи бода ва тавсифи базми Наср бинни Аҳмад ба масоили фалсафӣ даргир мешавад, балки ба назарияи куҳани фалсафӣ мабнӣ бар таркиби мавҷудоти мураккаб ё маволиди салос (ҷамоду наботу ҳайвон) аз аносири чаҳоргона (хоку обу боду оташ) ишора дорад (ниг.: Додбеҳ, Асғар. Падари шеъри форсӣ.  Дар маҷмӯаи: Ёдномаи устод Рӯдакӣ. Мураттибон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев. Муҳаррир профессор Абдунабӣ Сатторзода. Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. С. 90). Дар сӯгномаи Абулҳасани Муродии Бухороӣ, ки аз шоирони тозигӯй ва порсиройи он рӯзгор маҳсуб мешудааст, устод Рӯдакӣ ба назарияҳое дар заминаҳои илмуннафс ё рӯҳшиносии фалсафӣ, инсоншиносии фалсафӣ ва ҳастишиносии фалсафӣ ишора кардааст. Дар як байт аз абои улвӣ ё падарони осмонӣ, яъне афлоки нуҳгона ва ситорагону сайёрагон бо рамзи падар сухан мегӯяд ва аз умматҳои сулфӣ ё модарони заминӣ (аносири чаҳоргона) бо рамзи модар ёд мекунад (ба абёти зерини марсияи устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳ кунед:

Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд,

Марги чунон хоҷа на корест хурд.

Ҷони гиромӣ ба падар боздод,

Колбади тира ба модар супурд.

Они малак бо малакӣ рафт боз,

Зинда кунун шуд, ки ту гӯйӣ бимурд.

(ниг.: Девони Рӯдакӣ. Таҳийя, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. Таҳти назари Сафар Абдуллоҳ. Чопи дувуми такмил ва тасҳеҳшуда. –Душанбе: “Бухоро”, 2015. С.36).

       Ба назари донишманди иронӣ дуктур Асғари Додбеҳ, дар баробари тавонмандиҳои эҷодию шеърӣ Рӯдакӣ марде андешаманд ва файласуфмашраб низ буда, аз макотиби фалсафии юнонӣ огаҳӣ доштааст. Вақте ки абётеро аз ин тариқ: “Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки хулқон буд” мегӯяд, ба назарияҳои файласуфони қадимаи юнонӣ Парменид ва Ҳераклид як навъ истинод мекунад. Маълум аст, ки дар ҷаҳони қадими Юнон пурсишҳое ба ин мазмун матраҳ будаанд, ки оё ҷаҳони ҳастӣ, мавҷудот ва табиат, ки ба зоҳир сокин менамоянд, ба ростӣ сокинанд ё дар ниҳод ва бунёди худ ноороманду мутаҳаррик? Ин пурсиш дар Юнонзамин ду посухро ба дунбол дошт: яке, назарияи будан (сукун), ки тибқи он, ҳастӣ сокин ва собит аст. Ин назарияро ҳаким Парменид (садаи панҷуми пеш аз милод) иброз кард ва дигаре, назарияи шудан (сайрурат ва ҳаракат), ки мувофиқи он, ҳастӣ пайваста дар ҳоли дигаргунӣ аст. Ин назарияро ҳакими дигари юнонӣ Ҳераклид (охири садаи шашуми пеш аз милод) матраҳ карда, бар он таъкид варзидааст, ки ҳастӣ дар тағйиру таҳаввул ва дигаршавӣ қарор дорад ва ин мафҳумро ӯ дар қолиби “ду бор дар як рӯдхона наметавон ворид шуд” баён доштааст. Пайравони Ҳераклид ӯро падари диалектика медонанд. Аммо мутафаккирони мусулмон назарияи “шудан”-ро зери унвони “таҷаддуди амсол” мавриди баҳс қарор додаанд (ниг.: Додбеҳ, Асғар. Падари шеъри форсӣ.  Дар маҷмӯаи: Ёдномаи устод Рӯдакӣ. Мураттибон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев. Муҳаррир профессор Абдунабӣ Сатторзода. Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. С. 104) ва дар қолиби он масъалаҳои ҳастиро дунбол кардаанд. Аз ин ҷост, ки устод Рӯдакӣ ҳам аз баррасиҳои файласуфони пешин дар робита бо олами ҳастӣ ва муаммоҳои он огоҳ буда, талош кардааст, ки дар заминаи мавзуоти фалсафӣ ва ҳикматӣ дидгоҳи худро буруз диҳад.

      Устод Рӯдакӣ дар замоне зиндагӣ кардааст, ки як навъ таносуб миёни таассубу хурофот (фанатизм) ва ақлбоварӣ (ратсионализм) вуҷуд дошт ва Сомониён ба ҳар навъе фазои мусоиди ақидатӣ, фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва мадааниро фароҳам оварда буданд. Аз ҷумла, озодии виҷдон ва гироиши озоданаи шоирону донишмандони замона ба ҳар мактабу ақидае фазои солими эҷодӣ ва зистиро фароҳам оварда буд, то ҷое ки Дақиқӣ озодона ва муфтахирона аз мавқеияти ақидатӣ ва виҷдонию имонии худ ҳимоят кардааст:

                      Ба Яздон, ки ҳаргиз набинад биҳишт,

                      Касе, к-ӯ надонад раҳи Зардуҳишт.

(ниг.: Додбеҳ, Асғар. Рӯдакӣ ва ҳувияти забон.  Дар маҷмӯаи: Ёдномаи устод Рӯдакӣ. Мураттибон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев. Муҳаррир профессор Абдунабӣ Сатторзода. Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. С. 117). Ба ин далел, шоироне мисли устод Рӯдакӣ дар фазои озодии виҷдону ақида ба сар мебурданд ва дар чунин муҳите озода, албатта, озодандешӣ ва фалсафидан ҳам имконпазир буд. Дар ин росто, устод Рӯдакӣ мисли ниёкони файласуфи худ ба дуализм ва санавияти фалсафӣ таваҷҷуҳ мекунад, озодманиширо ба унвони шеваи зиндагии шоиста тараннум менамояд, зиндагӣ ва фурсати умрро гиромӣ медорад, шодиву сурурро асли рӯзгор медонад ва аз лаҳазоти зиндагӣ лаззат бурданро талаққӣ месозад. Таваҷҷуҳ мекунем ба ин мазомин:

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,

Он шиносад, ки дилаш бедор аст.

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,

Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.

Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,

Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст!

Кардиши ӯ на хубу чеҳраш хуб,

Зишткирдору хубдидор аст!

(ниг.: Девони Рӯдакӣ. Таҳийя, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. Таҳти назари Сафар Абдуллоҳ. Чопи дувуми такмил ва тасҳеҳшуда. –Душанбе: “Бухоро”, 2015. С.33).

 

  Ҳафтум. Ба назар мерасад, ки устод Рӯдакӣ масоли фалсафиро бо мавзуоти бо арзишҳои миллӣ иртиботдошта тавъам дониста, бо алоқамандӣ ва ихлоси тамом аз адабиёту фарҳанги қадимаи аҷдодӣ ва тамаддуни пешазисломӣ бо ифтихор ёд мекунад.  Ӯ ба “Авасто” ва “Занд” барин кутуби бостонии миллӣ, ки дар шаклгирии ҳувияту шууру тафаккури миллӣ нақши калидӣ доштаанд, эътиқоди самимӣ дошт ва ҳамчун ҷавҳари фарҳангӣ аз онҳо ёд мекард, то ҷое, ки мефармояд:

                              Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,

                              Ҳамчу Абастост фазлу сирати ӯ Занд. 

         Ба ин тартиб, устод Рӯдакӣ ба унвони нахустшоири файласуфи миллӣ аз дигарон болотар, рӯшантар ва амиқтар масоили инсонӣ, мавзуоти отифӣ, мушкилоти ҷаҳонӣ, тағйиру таҳаввулоти кайҳонӣ ва муаммоҳои замониро аз тариқи сабки вежаи адабӣ, ки минбаъд ба сабки Рӯдакӣ ном мебароварад, матраҳ кардааст. Ба ин маъно, метавон устод Рӯдакиро дар феҳрасти нахустин шоирони файласуфи миллӣ ҷой дод. Муҳимтар аз ҳама, дар шароите, ки таҳдиду фишорҳои берунӣ ҳамарӯза ранҷамон медиҳанд, шинохту гиромидошти чеҳраҳои матраҳу саршиноси миллие амсоли устод Рӯдакӣ амри миллӣ ва ватанист. Ҳамин аст, ки омӯзишу мутоеоти мероси гаронбаҳои Рӯдакӣ ва симоҳои дигари матраҳи миллӣ ва бо манофеи миллӣ ҷур кардани онҳо талаботи давру замон аст.

      Рӯзи Рӯдакӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ!

    Нозим Нурзода

    пажӯҳишгар

 

Хондан 620 маротиба