Нусхаи чопи
Сешанбе, 05 Октябри 2021 09:29

Забон - муҳимтарин рукни давлатдории миллӣ

Муаллиф: Нусратуллои НАЗАРИЁН

  Бо назардошти оне, ки миллати тоҷик тӯлӣ зиёда аз ҳазор сол дар ҳолати бедавлати қарор дошт ва инчунин як қисмати таърихи дури миллат дар даврони Шӯравӣ буд,ба даст овардани Истиқлол баҳри шаклгири давлати миллӣ ва эҳёӣ фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мусоидат намуд. Яке аз сабабҳои вуҷуди миллати тоҷик дар тӯлӣ таърихи ҷаҳон бо вуҷуди бедавлати баъд аз аҳди Сомониён ин забони миллӣ мебошад. Бо шарофати ҳифз ва инкишофи забони тоҷикӣ дар тамоми таърих, имрӯз миллат соҳиби давлати миллии худ буда, соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлатро таъмин намудааст. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ имкониятҳои фарохро баҳри бунёди давлати миллӣ фароҳам овард. Яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ин забон мебошад. Дастоварди бузургӣ миллати тоҷик баъд аз истиқлол ин қабули Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  Маҳз бо шарофати қабули Кониститутсия забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб шуд, ва минбаъд барои шаклгирии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ  мусоидат намуда соҳибихтиёрии миллатро мустаҳкам намуд. Моддаи дуюми Кониститутсия барои забон бахшида шуда ҳамчун як рукни давлатдори дар ин меъёр мустаҳкам гардидааст. Чунончи дар моддаи мазкур зикр гаштааст. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ин қадамҳои нахустин баъд аз соҳибихтиёрӣ баҳри бунёди давлатӣ миллии тоҷикон мебошад. Ба ҳайси забони  давлатӣ эътироф шудани забони тоҷикӣ марҳилаи рӯшди истиқлоли миллӣ ба шумор меравад. Мақоми давлати доштани забони тоҷикӣ, маънои онро надорад, ки аз ҳуқуқу озодиҳои ақалиятҳои миллӣ фӯругузори мешавад. Балки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар шахс ҳуқуқи истифодаи забони модариашро дар сатҳи Кониститутсия эътироф намуда баҳри омӯзиш ва инкишофи ин забонҳо мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократи ва ҳуқуқбунёд тамоми ҳуқуқу озодиҳоро барои ҳама инсонҳо сарфи назар аз забон ва мансубияти миллӣ кафолат медиҳад. Нахустин бор қонуни забон 22-июни соли 1989 қабул шуда аст, ки вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва истифодаи онро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамуд. Вале аз баски ин қонун ҳанӯз дар замони Шӯравӣ қабул шуда буд, воқеият ва манфиатҳои давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли Тоҷикистонро пурра иникос намекард, зарурати такмили қонуни мазкур ба миён омад.

  Ҳамин тавр 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гашт. Мақсади қабули қонуни мазкур ин танзими истифодаи забони давлати ва забонҳои дигар дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давалтӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мебошад. Мақоми давлати доштани забони тоҷикӣ дар ин қонун мустаҳкам гардида, шаҳрвандонро барои донистани он ӯҳдадор намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ истифода, ҳифз ва рушди забони давлатиро кафолат дода истифодаи онро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакат таъмин менамояд. Инчунин дар қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ дар рафти фаъолияти мақомотҳои давлати танзим гашта забони коргузории ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ забони давлати муқарар карда шуда аст. Ба ҳамин тариқ қонуни мазкур истифодаи забони давлатиро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъияти танзим намуда ҷиҳати ҳифзи он заминаи мустаҳкам гаштааст.

  Дар раванди ҷаҳонишавӣ, таҳдиду хатарҳои он ва бархӯрди тамадунҳо масъалаи ҳифзӣ забон ва фарҳангӣ миллӣ авлавият касб намуд. Зеро забон ин кафили бақои як миллат буда рамзи истиқлол ва озодӣ мебошад. Шароити ҷаҳонишавӣ ва хатару таҳдидҳои он ба сӯйи миллатҳои мутамадин равона шудааст. Ҳифзи забон аз ҳар гуна олудаги ва таъмини инкишофи он дар дохил ва беруни мамлакат аз манфиат холи нест. Истиқлоли миллӣ даст дод то миллати тоҷик ба мақоми баланди фарҳангӣ бирасад ва ин дастовард дар заминаи инкишофи забони миллӣ дар тӯлӣ чанд соли соҳибистиқлоли ба ҳисоб меравад. Забон маданияти миллатро ташакул медиҳад ва аз ин роҳ дар гирдоби ҷаҳонишавӣ ҷиҳати ҳифзи истиқлоли миллӣ нақши созгор дошта метавонад.

Нусратуллои НАЗАРИЁН  

Донишҷӯйи бахши чоруми факултаи ҳуқуҳшиносии ДМТ

Хондан 8378 маротиба