Нусхаи чопи
Шанбе, 08 Октябри 2022 14:50

Забони давлатӣ ва бозсозии андешаи миллӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

                            Забони гушода чу омад падид,

                               Шуд он бандҳоро  саросар калид.

                                         Фирдавсӣ

  Забон муҳимтарин воситаи робитаи байни инсонҳост ва ҳамчун падидаи иҷтимоӣ тайи таърихи зиндагии башарӣ муносбатҳои ичтимоиро ба танзим даровардааст. Ба сухани дигар, забон василаи баёни фикру андеша аст ва андеша ифодагари моҳияти инсон дар идомаи ҳастӣ мебошад. Имконоти дохилизабонӣ ва муҳитҳои фарҳангӣ ва маданӣ ба забон ва соҳибони он қудрат ва тавонмандӣ мебахшанд ва дар баробари мушкилоти гуногуни зиндагӣ муқовиматпазир месозанд. Ин нуқтаи назарро мо дар забони миллӣ – забони тоҷикӣ, ки мақом ва ҷойгоҳи давлатӣ касб кардааст, метавонем татбиқ кунем.

  Масъалаи дигаре, ки қудрат ва тавонмандии забонро маълум менамояд, масъалаи пайвандии забон ва андеша аст. Андеша, аз ҷумла андешаи миллӣ забон ва мутаносибан, забон андешаи миллиро неруманд месозанд. Заъфи яке аз ин ду падида ё ба истилоҳи фалсафӣ, феномен, боиси зуҳури зарфиятҳои маҳдуди фикрӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, ахлоқӣ ва амсоли инҳо дар баданаҳои иҷтимоӣ мегардад ва миллатро ба мушкилоти зиёди моддию маънавӣ мувоҷеҳ месозад. Аз ин ҷост, ки баробарӣ ва таодули ин ду феномен тавозунро дар муносиботи иҷтимоӣ нигоҳ медорад ва роҳи бурузи буҳронҳои ахлоқӣ, фикрӣ, илмӣ, фарҳангиро мебандад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, иқтидори забон ва андеша иқтидори миллат ва давлат талаққӣ мешавад ва агар дар пушти забон ақлу дониш бошад, он забон оянда ва тавонмандии муаррифии боистаю шоистаи миллатро дар арсаи байналмилалӣ дошта метавонад.

  Дар робита ба масъалаи забони давлатӣ ва бозсозии андешаи миллӣ, агарчи зиёд радду бадалҳо нашудаанд, аммо муколимоту мусоҳиботу мунозироте сурат бастаанд ва масъалаи мазкур ҳанўз дар солҳои шастуму ҳафтодум ва бахусус, нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист, ки халқи тоҷик дар ҳудуди давлати Шўравӣ зиндагӣ мекард, мавриди радду бадалҳои мутааддид қарор гирифта буд. Вазъи мавҷудаи забони тоҷикӣ дар қаламрави давлатдории Шўравӣ гувоҳи он буд, ки интеллигенсияи ватанӣ, бавижа зиёиёни миллӣ дар пайи таҳкиму тақвият бахшидани забони миллӣ гомҳои устувор бардоштанд. Саъю талош ва пофишориҳои зиёиёни миллӣ боиси он гардид, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб кард ва нуфузашро дар баробари забони муқтадири замон – забони русӣ ҳифз намуд. Иқдоми зиёиёни миллӣ, ки бо андешаи миллӣ ба саҳнаи баҳсу мунозираҳои забонӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ворид гардиданд, сазовори таҳсину офарин аст.

  Воқеан, нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист марҳилаи ҳассоси набардҳои маърифатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва фикрӣ маҳсуб меёбад ва андешамандону зиёиёни тоҷик назири устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Тоҳири Абдуҷаббор, Бозор Собир, Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Акбари Турсон, Бўринисои Бердӣ, Дорои Дўст, Мирзо Боқӣ ва дигарон дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ баҳри покию беолошишӣ ва ҷойгоҳи муносиб касб кардани забони тоҷикӣ қувваи зиёд харҷ карданд. Дар он замон мақолаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ таҳти унвони «Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст» (дар рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» санаи 25 ноябри соли 1988 ба табъ расида буд), масоили марбут ба забон ва андешаи миллиро ба сатҳи давлатӣ бардошт ва дар фазои маънавӣ ва сиёсии мамлакат баҳсҳоеро ба миён овард (ниг.: Шакурӣ Муҳаммадҷон. Зиндагиномаи худнавишт. Дар китоби: Меҳрнома(Ҷашнномаи ҳаштодсолагии устод Муҳаммадҷон Шакурӣ. Таҳия ва танзими Валӣ Самад. –Душанбе: Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Ирон дар Тоҷикистон, 1385. –С.24-27). Ҳамчунин мақолаи устод Тоҳири Абдуҷаббор бо номи «Муҳити зист ва забон», ки соли 1989 таълиф ёфтааст, ба масоили ҷавҳарӣ иртибот мегирифт ва муаллиф мақоми забони миллиро дар муоширати сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъйин карда буд (муфассалтар таваҷҷуҳ шавад ба китоби: Дарси хештаншиносӣ. /Маҷмўи мақолаҳо. Мураттиб А. Маҳмадназар. –Душанбе: Ирфон, 1989. -272с.). Дар зимн, мақолаи «Забони пайванди аслҳо ва наслҳо»-и устод Акбари Турсон, ки аз пешгомони ҳаракати равшанфикрии миллӣ маҳсуб меёбад, дар шинохти аслу ҳувияти тоҷикӣ ва забони миллӣ ҳамчун манбаи муътамад хидмат мекунад (ниг.: Турсунзод Акбар. Забони пайванди аслҳо ва наслҳо. Дар китоби: Тоҷикон дар масири таърих. /Таҳқиқ ва тадвини Мирзо Шукурзода. –Теҳрон: Муассисаи интишороти байналмилалии Алҳудо, 1384. -С.399-415). Ҳамчунин дар ин радиф метавон аз мақолаи муфассали адабиётшиноси маъруфи тоҷик, устоди равоншод Худоӣ Шариф «Забони миллӣ ва имконоти фикрӣ» (муфассалтар ниг.: Худоӣ Шарифов. Забони миллӣ ва имконоти фикрӣ. Дар китоби: Меҳрнома(Ҷашнномаи ҳаштодсолагии устод Муҳаммадҷон Шакурӣ. Таҳия ва танзими Валӣ Самад. –Душанбе: Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Ирон дар Тоҷикистон, 1385. –С.99-134) ёдоварӣ кард. Баҳсу талошҳои донишмандону зиёиёни миллӣ роҳро барои мақоми давлатӣ касб кардани забони тоҷикӣ ҳамвор сохт ва оқибат 22 июли соли 1989 забони тоҷикӣ мақом ва ё статуси давлатӣ гирифт. Дар ин робита, Қонуни забони РСС Тоҷикистон  ба тасвиб расид. Акнун пешорўйи ҳамзабонон ва интеллигенсияи миллӣ ҳадафи ҷиддӣ – ташаккул ва рушди забони давлатӣ ва ниҳоятан, сохтмони андешаи миллӣ қарор гирифт. Корҳои зиёдеро дар ин масир анҷом додан зарур буд ва комиссия ва мақомоти марбутаи давлатӣ ҷиҳати таҳкими раванди татбиқи Қонуни забони тоҷикӣ -- Комиссияи татбиқи Қонуни забон ва Бунёди забони форсӣ-тоҷикӣ таъсис ёфт. Мутаассифона, шикасти давлати Шўравӣ ва ба ҷанги шаҳрвандӣ даргир шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми барнома ва нақшаҳои татбиқи Қонуни забони давлатӣ ва ба дунболи он, сохтмони андешаи миллиро дар қаламрави ҷумҳурӣ нақше бар об кард.

  Ҷангу даргириҳо, ки муддати панҷ сол тўл кашид, на танҳо иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат, балки маънавиёту зеҳниёти мардуми ҷумҳуриро хароб кард ва буҳронҳои паёпайро дар муҳитҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ «ҳадя» намуд. Забон, чуноне ки медонем, офаранда ва барандаи фарҳанги миллӣ аст. Манобеъ ва мадорики гузашта шаҳодат медиҳанд, ки фарҳанги миллӣ тайи таърихи тўлонӣ ҳамеша таҳти тасаллути аҷнабиён қарор дошт. Қатъи назар аз он ки забони миллӣ дар натиҷаи «бориши барзиёди сели андеша ва фарҳанги бегона» ва ситезу ситамҳои бардавоми бегонагон ҷисман ва рўхан бемадор шуда буд, аз рўйи қудрат ва тавон бори гарони фарҳанги бумиро баркашонд. Аммо, мутаассифона, ҷомеаи миллӣ, ғолибан бар хилофи ҷуръату ҷасорати миллию инсонии Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва соири бузургони миллӣ, бар асари ҷаҳолатписандӣ ва хурофотпарастӣ дар масири бегонасолорӣ иқдом бардошт ва ба қавли устод Лоиқ:

    Мо на онем, ки сад чашми ҷаҳонбин дорем,

    Мо ҳамонем, ки ду чашми даҳонбин дорем

 – ҷодаи тираву норўшани бегонасолориро тайи асрҳои мутааддид паймуд (ниг.: Шакурӣ Муҳаммадҷон. Хуросон аст ин ҷо. –С.19). «Ду чашми даҳонбин доштан» нишони камхирадӣ, камандешӣ, кўрзавқӣ, сатҳинигарӣ, нодурандешӣ ва таҷрибанописандии мардум аст, ки сарнавишташро бо зулму ситам ва ҷаҳлу разолат даромехта, роҳҳои бунбастиро интихоб намудааст. Агар либоси фарҳанг бо хирад, ростӣ, адолат ва ҷуръату ҷасорат  пероста шуда бошад, сарнавишти неку сазовор  ўро интизор аст, дар акси ҳол, дар қолаби фарҳангҳои бегона ва тамаддуни аҷнабӣ зиндагӣ мекунад ва ҳамеша дар ҳолатҳои хатарнок сар ба паноҳи бутҳои фарҳангҳои бегона бурда, дар нобасомониҳо аз онҳо мадад меҷўяд. Саранҷоми бад доштан аз бехирадӣ, беҳавсалагӣ, саҳлангорӣ, бетаваҷҷуҳӣ, бепарвоӣ ва беинсофии сардамдорони миллӣ ва мардумӣ  сарчашма мегирад, ки Ҳаким Фирдавсӣ ҳанўз дар замони худ ин нуктаи калидиро дар муносиботи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъкид карда буд:

           Ба Яздон, ки гар мо хирад доштем,

           Куҷо ин саранҷоми бад доштем?!  

  Хушбахтона, ҷаҳолату хурофоти қишрҳои фурсатталаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки мунҷар ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ гардид, бо пирўзии ақли солим поён ёфт. Аз соли 1997 то имрўз зиёда аз 21 сол аст, ки дар фазои амну осоиштагӣ зиндагӣ мекунем ва дар ростои забон ва андешаи миллӣ ҳам корҳои зиёд анҷом ёфтаанд. Лекин ҳанўз мушкилот дар ин самт ҷой доранд ва ба таври бояду шояд ҳаллу фасл нагардидани мушкилот ва масоили марбута буҳронҳои маънавӣ, фикрӣ ва идеологии ҷиддиеро дар пай доранд.

 Давраи соҳибистиқлолӣ масъулияти ҳарчи бештарро назди соҳибони забон ва тамаддуни миллӣ мегузорад. Махсусан, дар масъалаи андешаи миллӣ ҷиддӣ бояд таваҷҷуҳ кард. Аз ҳама муҳим, эҳсоси масъулиятшиносии ҳар фарди ҷомеаи соҳибистиқлол аз андешаи миллӣ сарчашма мегирад. Ба назари муҳаққиқон, андешаи миллии тоҷикон қадимтарин зуҳуроти мафкуравии инсон буда, аз фарҳанги бузурги ориёӣ ибтидо гирифта, ба воситаи он ба арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шудааст (ниг.: Самиев А.Ҳ. Андешаи миллӣ – фалсафаи Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон. Дар китоби: Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007. –С.35). Забон ва андешаи миллӣ (манзур забони давлатӣ – тоҷикӣ аст) аз бомдоди зуҳури ақвоми иронитабор бо халқи тоҷик ҳамқисмат ва ҳамсафар будааст. Агар сухан атрофи ҷуғрофиёи ин забон ва паҳнои арзию тўлии он равад, бегумон, таассуроти донишманди бузурги иронӣ, устод Саид Нафисӣ пеши назар меояд, ки минтақаи мо-тоҷиконро муфтахирона «Сарзамини поки ниёконам» унвон кардааст (ниг.: Нафисӣ Саид. Сарзамини поки ниёконам. Дар китоби: Тоҷикон дар масири таърих. /Таҳқиқ ва тадвини Мирзо Шукурзода. –Теҳрон: Муассисаи интишороти байналмилалии Алҳудо, 1384. –С.37-40). Маҳз  ин минтақаи таърихӣ, ки Хуросонаш меноманд, ҳамзабононро ҷамъ намудааст ва густариши забону фарҳанги миллиро ба манотиқи дигар ва ҷуғрофиёи паҳновар мусоидат кардааст.

   Вақте ки дар бораи мафҳуми андешаи миллӣ суҳбат мекунем, ногузир ба мафҳуми «андеша» бармехўрем, ки пойдевори забон ва андешаи миллӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, зарурати тафсири иҷмолии он пеш меояд. Андеша ва андешидан дар коргоҳи фикрию эҷодии қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон аз бомдоди ташаккули тафаккури миллӣ мавриди корбурди ҳамешагӣ будааст. Вожаи авастоии «man» маъноҳои «андеша кардан», «нигариш кардан», «гумон кардан», «пайравӣ кардан»-ро далолат карда (ниг.: Эҳсон Баҳромӣ. Ба ёрии Фариддуни Ҷунайдӣ. Фарҳанги вожаҳои Авасто. Ҷ. 2. -Теҳрон, 1369. –С.1085), аз ин реша калимаҳои  «manta» (андешидашуда, нигаришшуда), «mantu» (андеша, рой, нигариш) ва «manisti»  (андеша) сохта шудаанд. Дар «Яшт»-и 10, 106, 137, 138, 24 ва 37, «Ясно»-и 31, 7, 43, 9, 45 ва 3 калимаи «маниш» бо тобишҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст (ниг.: Эҳсон Баҳромӣ. Ба ёрии Фариддуни Ҷунайдӣ. Фарҳанги вожаҳои Авасто. Ҷ. 2. -Теҳрон, 1369. -С.1084-1085, 1091, 1095).

  Масъалаи «андеша» (маниш) дар ойини зардуштӣ ва умуман, дар фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи вижа дошта, офариниши ҷаҳону кайҳону инсон маҳз тавассути ҳамин унсури ҳувиятсоз сурат мегирифтааст. Паёмбар Зардушт, дар ибтидо ва қабл аз ҳама, андешанда(инсони муфаккир дар назар аст)-ро  меситояд ва сипас ба ниёиш мепардозад. Дар достони офариниши  эронӣ («Бундаҳишн») масъалаи офарида шудани нахустин андешандагон  хеле хуб тасвир шудааст: «Ҳурмузд ба Машӣ ва Машиёна гуфт, ки падару модари ҷаҳониёнед. Шуморо бо бартарин ақли солим  офаридам. Ҷараёни корҳоро бо ақли солим  ба анҷом расонед. Андешаи нек андешед, гуфтори нек гўед, кирдори нек варзед, девонро маситоед» (ниг.: Бундаҳишни Фарнбағдодагӣ. Гузоранда: Меҳрдоди Баҳор. Теҳрон, 1369. –С. 81). Андешидан ибтидо ва ҷамъбасти фаъолияти мағзӣ ва маънавиии  инсон буда, мақоми шахсиятро  дар зиндагӣ таъйин ва эътидоли муносибатҳои башариро мусоидат мекунад. Нахустин маниш дар фарҳанги миллӣ тасдиқи андешаи рисолати инсоният аст, ки минбаъд бори гарони ҳастӣ  бар дўши  ў хоҳад  буд  ва  абадулабад  дар деги моҷарои маргу  зиндагӣ  меҷўшаду меҷўшад. Ба ин маънӣ дар «Бундаҳишн» омадааст: «Ҳар ду нахустин инро андешиданд, ки онҳо инсонанд. Чун ба роҳ афтодаанд, нахустин  кўнише, ки карданд, ин буд, ки бияндешиданд» (ниг.: Бундаҳишни Фарнбағдодагӣ. Гузоранда: Меҳрдоди Баҳор. Теҳрон, 1369. –С. 81). Ба қавли донишманди эронӣ Ҳусайн Воҳидӣ, ки ба масоили ойину фарҳанги зардуштӣ ва махсусан, андешаи миллӣ таваҷҷуҳ намудааст, тамоми ароиз (ҷамъи араз, чизҳои ғайриҷавҳарӣ) ба ин ду ҷавҳар ва аз ин ду ҷавҳар сахт вобастаанд. Ба назари Ҳ. Воҳидӣ, «нахустин пояи камол дар фарҳанги порсоии Ашу Зардушт Баҳман (аз ду калима «баҳ» ё «ваҳ» ба маънии нек ва «ман»-андеша таркиб ёфтааст, ба маънии андешаи неку дуруст)  аст. Болотарин марзи «гуволандагӣ» (камолёбӣ, рушдкунанда)  то ба имрўз ва бартарин гома (марҳила)-и гуволиши инсон  ҷон ва хираду андешаи ўст. Ва ҳамин гома аст, ки дар фарҳангу ормону маниши порсоӣ  ба унвони гиромитарин ва арзишмандтарин офаридаи Аҳуромаздо пайваста мавриди ситоиш қарор гирифтааст. Арҷу арзи инсон ҳам аз дидгоҳи фарҳанги порсоӣ баста ба ин офарида аст ва сароғози такомули ў низ ҳамин аст»( ниг.:Ҳусайн Воҳидӣ. Пажўҳише дар маниши миллӣ ва маниши порсоӣ дар Эрон. Дафтари дуввум(бидуни соли нашр). –С.11). Дар ин замина, ҳамчунин муҳаққиқи тоҷик Ҳ. Муъминҷонов таъкид мекунад, ки дар «Готҳо» ва бахшҳои дигари Авасто, Баҳман дар шакли Ваҳумана (Андешаи нек), Ваҳиштем Манангҳу (Беҳтарин андеша) ва Урдибиҳишт дар шакли Аша Ваҳишта (Ростӣ ё ҳақиқати беҳтарин) омадаанд (ниг.: Мўминҷонов Ҳ. Тўрон – гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. –Душанбе, 2004. –С.266).

  Ба ин тартиб, Зардушт андешамандиро сарчашмаи ҳама гуна некиву накуӣ дар ҷаҳон пиндошта, муътақид бар он буд, ки сиришти инсонӣ бо андеша бунёд шудааст ва ҳар гоҳ, ки андеша поён пазирад, инсон хоҳад мурд. Ба ин тариқ, паёмбари эронӣ тарбияи маниши некро дар ҷанини одамӣ оғоз мекунад, то аз аввал бўйи андешамандӣ ба навзод  расида бошад ва аз бунёд дурўғманишӣ  решакан шавад. Ба сухани дигар, Зардушт гуфтан мехоҳад, ки тарбияи андешамандиро аз батни модар шурўъ  бояд кард, то ки тухма аз ибтидо асолатро нигоҳ дорад. Ин андеша решаи воқеӣ дорад. Ҷалолуддини Балхӣ ба ин маънӣ ишора кардааст:

Эй бародар, ту ҳамин андешаӣ,

Мобақӣ ту устухону решаӣ.

В-ар бувад андешаат гул, гулшанӣ,

В-ар бувад хоре, ту ҳеми гулханӣ.

  Ба таври куллӣ, андешаи миллӣ натиҷаи зуҳуроти ҳувияти маънавии миллат буда, шарти асосии ҳастию суботи миллат ва олами мафкуравии он мебошад, ки дар заминаи фаҳму дарки манофеи асосии миллӣ ташаккул ёфта, ҷавҳари ҳастии миллат ва вазифаҳои сарнавиштсози онро дар масири таърих ифода мекунад. Ин аст, ки андешаи миллӣ восита ва шакли бақои маънавӣ ва ҳифозати миллат, рўҳи ў, умеду орзуҳо ва ормонҳояш барои ояндаи нек мебошад. Маҳз андеша ва тафаккури милллат муносибати онро, чи ба фарҳанги миллӣ ва чи ба фарҳангҳои умумибашарӣ муайян сохта, роҳро барои рушду такомули инсон, ҷомеа ва давлати миллӣ ҳамвор месозад (ниг.: Самиев А.Ҳ. Андешаи миллӣ – фалсафаи Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон. Дар китоби: Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.-С.38). Тарбияи маънавӣ, ки  дар сохтмони андешаи миллӣ нақши калиддорад, аз мушаххасоти муҳимми давлатдорӣ дар таърихи ватанӣ маҳсуб мешудааст. Муҳаққиқи иронӣ Алӣ Сомӣ таъкид мекунад, ки Модҳо, Порсҳо ва Ҳахоманишиҳо дорои сифоти ахлоқӣ, малакоти фозила, тарбияти саҳеҳ ва илмӣ буда, тамоми ақшори иҷтимоӣ, хоссатан насли ҷавонро ба роҳи тарбияти илмӣ раҳнамун месохтанд (ниг.: Ризоӣ Абдуазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1368.,-С. 260). Аз ҷумла падари таърих Ҳеродот дар аҳди Ҳахоманишҳо ба илму фарҳанг пайванд будани мардуми форсу тоҷикро хотирнишон сохта, дар рўҳияи хирадварзӣ, инсонсолорӣ ва ростгўйӣ тарбия намудани ҷавонони марзу буми аҷдодиро аз асолатҳои ин хонадони таърихӣ медонад (ниг.: Ҳеродот. Таворих. -Теҳрон (бидуни соли нашр). -С. 99-101). Агар Искандари Мақдунӣ осори илмӣ ва фарҳангии аҳди Ҳахоманиширо  ба коми оташ намекашид (ниг.: Пирниё Ҳасан. Эрони бостон. -Теҳрон, 1362. -С. 37), масоили зиёди фарҳангӣ  ва маърифатӣ ошкор  мегардид, ки воқеияти забон ва андешаи миллии замонро дар худ таҷассум менамуд.

  Ҳамин тариқ, баҳси худро роҷеъ ба забони давлатӣ ва бозсозии андешаи миллӣ метавон дар чанд нуктаи асосӣ хулосабандӣ кард:

   Як. Забони форсии дарии  тоҷикӣ дар сохтмони андешаи миллӣ нақши муассир дошта ва дорад. Забони форсии дарии тоҷикӣ дар имтидоди асру қарнҳои гуногун забони илму хирад, забони сиёсат буда, тавассути он бостонитарин китоби башарӣ «Авасто» китобат шудааст. “Авасто” китобест, ки беш аз пеш, ба самти огоҳӣ ва созмондиҳии андешаи миллӣ нигаронида шудааст.

  Ду. Дар тўли таърихи инсонӣ на ҳама забонҳо тавони созмон додани фикр ва андешаи миллиро доштаанд, вале аз оғоз забони форсӣ - тоҷикӣ ба ин ҳадафи калидӣ мутамоил буд. «Авасто» ҳамчун хирадномаи миллӣ дар созмонёбии андешаи миллӣ нақши асосӣ доштааст. Дар Ясна, ҳоти 31, бандҳои 17 ва 19 вазифаи марди доно ва гушодазабон дар созмон додани андеша ва он ҳам андешаи солим ва орӣ аз таассубу хурофот  муайян ва мушаххас шудааст (ниг.:Авесто. Гузориш ва пажўҳиши Ҷалили Дўстхоҳ. Душанбе, 2001. –С. 71- 75).

  Се. Муссалам аст, ки забон яке аз нишонаҳои асосии миллат маҳсуб шуда, ба василаи он сарнавишти таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллӣ тайи таърихи зиндагӣ навишта мешавад. Давраи нави ташаккулу таҳаввули забони миллӣ ба замони давлатдории Сомониён иртибот мегирад. Замони салтанати Сомониён забони миллӣ таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад-ин тариқа, дар ташаккули забон ва андешаи миллӣ дар давраи дигари таърихӣ саҳми бориз гирифтанд(ниг.: Сайид Аҳмадӣ. Фарҳанги форсӣ дар қуруни вусто. Теҳрон, 1375. –С. 102). Дар он давра доираи нуфузи забони арабӣ, ки ба сифати забони дину сиёсат ва илму фарҳанг мутадовил буд, ҳадафмандона маҳдуд  гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни  Нўҳи Сомонӣ ( 961-984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони порсӣ тарҷума гардид (ниг.: Малоирӣ М. Таърих ва фарҳанги Ирон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ, ҷилди аввал. Теҳрон, 1372. -С. 138).  Фақеҳони миллатпарасти замони Сомониён бо дастури амири Сомонӣ ва бар мабнои ривоёти шаръӣ собит намуданд, ки «забони биҳиштиён форсӣ аст… ва забонест, ки барои нахустин бор бо он забон  бо Парвардигор сухан гуфта шудааст» (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. -Теҳрон, 1383. –С.  252- 253). Ин ҷуръат ва ҷасорати арзанда дар рушди забони миллӣ дар асри Х хеле муассир буда, раванди сохтмони андешаи миллиро таҳким бахшидааст. Шоирону адибони барҷастаи  давра устод  Рўдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абўшакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва Фирдавсӣ бо андешаи миллӣ ба майдони адабу фарҳанг ворид гардида, забони порсӣ-тоҷикиро дар баробари забони арабӣ устувор намуданд. Дар раъси раванди созмондиҳии андешаи миллӣ Ҳаким Фирдавсӣ  қарор дошт ва ҳақиқати амр ин аст, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамзабон то имрўз мақоми Фирдавсӣ дар ташаккули андеша ва бедории миллӣ  ҳамчунон побарҷост. Вақте ки ў нидои «Забони гушода чу омад падид,  Шуд он бандҳоро саросар калид» дардод, мардуми ҳавзаи форсизабононро мухотаб қарор дода, аз ҳамватанон тавассути забони буррою  гиро ҳал намудани мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фикрии ҷомеаро хостор буд. Воқеан, забони миллӣ дар замони Сомониён гушода (буррою  гиро) буд ва боиси ба вуҷуд омадани мероси гаронмояи илмӣ ва фарҳангӣ гардид.

  Чаҳор. Забони миллӣ механизми зинда аст, он бояд доимо дар ҷараёни зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва  фарҳангӣ фаъол бошад. Фаъолнокии забон дар ҷараёни муоширати саросарӣ ба иттиҳоди миллии қишру ниҳодҳои иҷтимоӣ ва бавижа, фарҳангӣ сахт бастагӣ дорад. Дар сурати камфаъол будани неруҳои зеҳнӣ ва ниҳодҳои иҷтимоию фарҳангӣ (ин вазъ дар Тоҷикистони кунунӣ боиси нигаронист), ташаккул, рушд, таҳаввул ва тавсеаи андешаи миллӣ дар гумон аст. Дар замоне  ки  боди даҳшатноки хурофоту таассуб ва афкори ғаразноки аҷнабӣ тавассути сиёсати тамаддунӣ ва глобалӣ фазои моро печонидааст, зарурати баҳамоӣ ва иттиҳоди неруҳои аклонию фарҳангӣ ар мабнои забон ва андешаи миллӣ пеш омадааст. Ин заруратро метавон ба унвони зарурати таърихӣ талаққӣ кард.

  Панҷ. Раванди ҷаҳонишавӣ, дар баробари манфиат, зарари ҷиддӣ низ ба бор меоварад. Он фарҳангҳои камзарфиятро, ки дар асоси забони миллӣ тайи асрҳои тўлонӣ сохта шудаанд, тадриҷан аз байн мебарад ва империяи фарҳанги нерумандро иҷборан таҳмил менамояд. «Зулми фарҳангӣ» (таъбири Франс Фанон) -и қудратҳои ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст, бинобар ин илоҷи воқеаро пеш аз вуқўъ бояд дарёфт, то минбаъд дер нашавад.  Илоҷи воқеа, ба назари мо, иттиҳоди неруҳои зеҳнӣ ва ақшори фарҳангӣ-маърифатӣ мебошад (неруҳои зеҳнӣ ва маърифатии мо, ба сабаби ҷур наомадани манофеъ ва мафкураву ақоид бо ҳам созгор нестанд, дар ҳоле ки ниҳодҳои илмии мамолики пешрафта манофеи миллиро на дар ақидаю мавзеъгирию мавқеъгирӣ, балки дар иттиҳоди забонӣ ва муҳимтар аз ин, дар маърифати миллӣ-мардумӣ мебинанд, ки ин таҷриба барои мо сахт омўхтанист), ки нигахдорандаи забони миллӣ дар маҳдудаи мушаххаси забонию замонию маконӣ маҳсуб меёбанд.

  Шаш. Ҷаҳони имрўз ҷаҳони иттилооти беҳудуд ва фановарию нерумандии техникист. Дар ин фазою муҳити иртибототӣ забон ва миллиятҳое устувору побарҷо мемонанд, ки дар масири иттилоту фоноварии муосир қарор дошта бошанд, аз пешравию тараққиёти илмҳои  иҷтимоӣ – инсоншиносӣ ва умуман, улуми  мутадовил  басароҳат  огоҳ бошанд, комёбию муваффақиятҳои улумро дар ҳамаи сатҳҳои иҷтимоӣ ба забони миллӣ ва давлатӣ тавсеа, густариш ва интишор диҳанд ва ба сатҳи огоҳии иҷтимоӣ расонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин,  Ҳукумат ва тамоми ниҳодҳои фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеаи моро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд ва забони миллиро ба сатҳи забони сиёсат, илм, ахлоқ ва билохира фарҳанги миллӣ бардоранд.

   Ҳафт. Таҷрибаи талхи таърихро дар робита бо шикасту ноҷуриҳои миллӣ аз ёд набояд баровард. Забони миллӣ дар тўли таърих таҷриботи зиёд андўхта, феълан имкони мутаваққиф  кардани таҳоҷуми идеологӣ ва фарҳангии бегонаро дорад. Дар ин замина, рўшанфикрону зиёиёни муосир бо истифода аз имконоти зеҳнӣ, забони муқаввои миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ, метавонанд ҷараёни бедории фикрии ҷомеаи тоҷикро дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳким бахшида, ба ин восита забон ва миллатро аз газанди рўзгор ва таҳмилоти фарҳанги ғаразноки берунӣ эмин доранд.

   Ҳашт. Забони форсии дарии тоҷикӣ ҳанӯз дар нимаи аввали садаи нуздаҳуми мелодӣ зимни мушаххассозии гурӯҳи забонҳои тавонманди бостонӣ ва таъсиргузори ҷаҳонӣ ба феҳрасти забонҳои неруманди башарӣ шомил мешавад (ин нукта дар конфронси забоншиносони аврупоӣ нимаи аввали асри нуздаҳ дар Олмон таъкид мегардад ва забони мо, бо таваҷҷуҳ ба вежагӣ ва муқаррароти ихтисосӣ ба доираи забонҳои бостонӣ ва таъсиргузори башарӣ пазируфта мешавад). Ин аст, ки мо ба унвони меросбарони ин забони тавонманди башарӣ ҳақ надорем, сукут варзем ва “хонаи вуҷуд” (манзур забон аст ва ин таъриф марбути файласуфи ҷаҳонӣ Мартин Ҳайдеггер мебошад)-ро ба маърази хатар бигузорем. Аз тарафи дигар, ҷомеаи забонӣ, ки дар раъси он, пеш аз ҳама, интеллигенсияи миллӣ қарор дорад, муваззаф аст, шукӯҳ, шаҳомат, бузургӣ, отифат, салосат, фасоҳат, ҷазобат, латофат, назокат ва билохира қудрати забони миллиро ҳифз намояд ва аз тариқи тавонмандии забонӣ дар баробари таҳоҷумоти фикрӣ, ақидатӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва забонӣ қад алам кунад. Аз ин ҷост, ки забон бо худии худ қудрат ва неруи фикрии миллат буда, бақои он бақои миллат ва ҷомеаи миллист. Ба ин маънӣ:

Забон ин ҷисми миллатро камар бошад,

Тавону қудрати мағзи башар бошад,

Яқин маҳсули фикри борвар бошад,

 Камоли илму фарҳангу ҳунар бошад,

 Садо андар ҷаҳони гунгу кар бошад,

 Мисоли маънии ин давру бар бошад,

Ҳамеша чорасозу чорагар бошад,

Хирадро ҳамсафар бошад,

 Далели  муътабар бошад,

 Азизу номвар бошад,

 Худованди хабар бошад!

 

 Нозим Нурзода

пажуҳишгар

 

 

Хондан 701 маротиба