Нусхаи чопи
Сешанбе, 02 Августи 2022 06:00

Заминаҳои пайдоиш ва рушди ренессанс дар Аврупо

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Эҳё ё Ренессанс (аз лотини renasci «аз нав таваллуд шудан, аз нав эҳё кардан») муҳимтарин давраи таърихи илму фалсафа, санъату ҳунар, адабиёту фарҳанг ва сиёсату давлати кулли башар мебошад. Ин раванд асосан дар Аврупо ба амал омада, баъдан аҳаммияти ҷаҳонӣ пайдо кард. Раванди мазкур илму фарҳанги асрҳои миёнаро, ки дар он дину калисо ҳукмрон буд, комилан барҳам зада, аврупоиҳоро ба марҳилаи маорифпарварию равшангарӣ ва Замони нав ворид сохт. Он аввал дар ибтидои асри XIV, дар Италия ба вуҷуд омада, давоми асрҳои XV-XVI, дар Олмон, Испания, Фаронса, Лаҳистон ва Аврупои шимолӣ паҳн гардид ва ба баъзе минтақаҳои дигари ин қитъа, 20-солаи охири асри XVI ва ҳатто, даҳсолаҳои аввали асри XVII доман густурд.

  Хусусияти асосии фарқкунандаи давраи Эҳё, хусусияти дунявии фараҳнг, гуманизм ва инсонмеҳварии он  (яъне, дар меҳвари ҳама гуна фаъолият инсон, пеш аз ҳама, шахс ва фаъолияти ӯ қарор мегирад) мебошад. Ба ибораи дигар, хусусияти махсуси фалсафаю фарҳанги замони Эҳё он буд, ки дар ин давра ба санъат ва инкишофи он диққати махсус дода шуд. Агар асрҳои миёна замони динӣ шуморида шавад, давраи Эҳёро замони инкишофи санъати эстетикӣ гуфтан мумкин аст. Ҳамчунин, агар дар маркази замони антиқа ҳаёти коиноту табиат гузошта бошад, дар асрҳои миёна – Худо ва ғояи наҷот аз он ва дар маркази диққати замони Эҳё – масъалаи инсон меистад. Яъне, илму фалсафаи замони Ренессанс хусусияти зиддикалисоӣ ва зиддисхоластикӣ дошта, ба инсон боварӣ ба иқтидори бузурги ҷисмонӣ ва рӯҳонии вай, характери рӯҳбаландӣ-оптимистӣ ва пешқадамро муттаҳид кард. Аз ин рӯ, тафаккури фалсафаи замони Эҳёро афкору андешаи фалсафии антропосентризм (инсонмеҳварӣ) меноманд.

  Гузашта аз ин, дар замони Эҳё, дар ҳаёти маънавии ҷамъият ба тараққиёти соҳаҳои нави илму фарҳанг, алалхусус, илмҳои табиию риёзии таҷрибавӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Барқарор намудани ғояҳои гуманизм ва шахсияти бузурги замон, тараққиёти ҳамаҷонибаи одамон ва ғайра идеалҳои асосии давраи Эҳё ба шумор мерафтанд. Ин буд, ки дар замони Эҳё ба рушди пурраи чунин соҳаҳо – назария ва амалияи меъморӣ, бофандагӣ, рассомӣ, илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, махсусан, механика, харитакашӣ, география, фалсафа ва инчунин, этика, эстетика, педагогика ва ҳоказо роҳи васеъ кушода шуд.

  Заминаҳои асосии пайдоиши фалсафа ва фарҳанги давраи Эҳё мукаммалшавии олоти меҳнат ва муносибатҳои буҳронии феодализм, инкишофи ҳунармандӣ ва тиҷорат, ба марказҳои тиҷоратию ҳунармандӣ, косибӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ табдил ёфтан ва пурзӯр гардидани шаҳрҳо, мустаҳкаму марказонида шудани давлатҳои аврупоӣ, пурзӯршавии ҳокимияти дунявӣ, аз ҳаёт дур мондан, буҳрони калисо ва фалсафаи схоластикӣ (калисоӣ), баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ (Колумб, Васко да Гама, Магеллан, Америко Веспучӣ ва дигарон) ва кашфиёти илмӣ-техникӣ (ихтирои борут, силоҳи оташфишон, печҳои домагӣ, заррабин (микроскоп), телескоп, дастгоҳи чопи китоб ва ғ.) мебошанд.

  Истилоҳи «Ренессанс»-ро ҳанӯз дар ибтидои асри XVI, дар байни гуманистҳои итолиёвӣ, аз ҷумла рассом, меъмор ва нависанда Ҷорҷо Вазари (1511-1574) во хӯрдан мумкин аст. Вале, ба маънои имрӯза, ин истилоҳ аз тарафи муаррих ва публитсисти фаронсавӣ Жюл Мишле (1798-1874) ба илм ворид карда шудааст. Дар айни замон истилоҳи Эҳё ҳамчун як давраи гулгулшукуфоии фарҳанг, озодшавии илму фалсафа аз дину калисо ва аз зери юғи дину мазҳаб озод гардидани инсон фаҳмида мешавад.

  Давраи рушди Эҳёро ба чор марҳила тақсим менамоянд:

  1. Проторенессанс (нимаи дуюми асри XIII - асри XIV);
  2. Ренессанси ибтидоӣ (ибтидои асри XV - охири асри XV);
  3. Ренессанси олӣ (охири XV - бистсолаи аввали асри XVI);
  4. Ренессанси охир (миёнаҳои асри XVI - 1590)

  Давраи проторенессанс бо асрҳои миёна зич алоқаманд мебошад, зеро дар охири асрҳои миёна бо анъанаҳои византӣ, румӣ ва готӣ ба вуҷуд омаданд, ки ин давра оғозе ба Ренессанс буд. Ин давра низ ба ду марҳила: то марги Ҷотто ди Бондоне (1267-1337) ва баъд аз марги ӯ ҷудо мешавад. Ҷотто ди Бондоне рассом ва меъмори итолиёвии асри XIV, асосгузори мактаби рассомии Италия, аз аввалин намояндагони давраи Проторенессанс ва шахсияти асосии таърихи санъати Аврупои Ғарбӣ мебошад, ки Леонардо да Винчи, Рафаэл Санти, Микеланҷело Буонарроти маҳз аз ӯ илҳом гирифтаанд.

  Дар давраи аввали ин марҳила бозёфтҳои муҳимтарин ба амал бароварда мешаванд ва донишмандону мутафаккирони дурахшони илму санъати Аврупо кор ва зиндагӣ менамоянд. Бахши дуюми давраи Проторенессанс бо эпидемияи вабо, ки Италияро фаро гирифтааст, алоқаманд мебошад. Дар интиҳои асри XIII, дар Флоренсия бинои асосии маъбад – маҷмааи Санта-Мария-дел-Форе бунёд гардид, ки муаллифи он Арнолфо ди Камбио буд. Сипас, корро Ҷотто идома дода, бинои машҳури кампанилаи Флорентӣ (Ҷотто)-ро лоиҳакашӣ ва бунёд намуд.

  Санъати проторенессанс бори аввал дар ҳайкалтарошӣ зоҳир гардид, ки маъруфтарин чеҳраҳои он, падару писар – Никколо ва Ҷованни Пизаноҳо, Арнолфо ди Камбио, Андреа Пизано буданд. Дар баробари ҳайкалтарошӣ рассомӣ низ ба авҷи аълои худ расида буд, ки аз ҷониби ду мактаби бузурги санъат: Флоренсия (Чимабуэ, Ҷотто) ва Сиена (Дуччо, Симоне Мартини) муаррифӣ мегардад.

 Давраи ба истилоҳ Эҳёи аввала ё Ренессанси барвақтӣ дар Италия давраи аз соли 1420 то 1500-ро дарбар мегирад. Дар давоми ин ҳаштод сол санъат ҳанӯз аз урфу одатҳои гузаштаи наздик (асрҳои миёна) тамоман даст накашидааст, балки ҳунармандон кӯшиш мекарданд, то ба офаридаҳои худ унсурҳои аз замони қадим меросгирифтаро омехта кунанд. Вале рӯҳияи дунявияту озодшавӣ аз таъсири калисо оҳиста-оҳиста паҳн мегардад, ки офаридаҳои рассомону ҳунармандон бетаъсир намонд. Маҳз зери таъсири шароити торафт бештар тағйир ёфтани ҳаёти маданӣ ва озодиҳои фикрӣ, рассомону ҳунармандон аз фарҳанги асримиёнагӣ тамоман даст кашида, аз намунаҳои санъати антиқӣ ва консепсияҳои умумии хешро дар офаридаҳояшон озодона ва далерона истифода мебаранд.

  Дар сурате, ки санъат дар Италия аллакай бо қатъият роҳи тақлид ба замони қадимии классикиро пеш гирифта буд, дар дигар мамлакатҳо ба анъанаҳои услуби готикӣ дер давом мекард. Шимоли Алп, инчунин дар Испания, Ренессанс то охири асри XV ба вуҷуд намеояд ва давраи аввали он тақрибан то миёнаҳои асри оянда давом мекунад.

  Марҳилаи сеюми Ренессансро давраи рушди бемайлони илму фарҳанг, санъату маърифат ва сиёсату давлатдорӣ номидан мумкин аст. Ин давра дар Италия тақрибан давоми солҳои 1500-1527-ро дарбар мегирад. Маҳз дар ин давра, маркази асосии нуфузпазирии санъати итолиёвӣ, ба туфайли роҳиби калисои Рим Юлийи II, ки марди озодидӯст, ҷасур, ташаббускор ва беҳтарин рассомони Италияро ба дарбори худ ҷалб карда буд, аз Флоренсия ба Рум кӯчид. Маҳз ба кӯшиш ва ғайрати роҳиб ва рассомони наздики ӯ шаҳри Рим ба Афинаи нави давраи Перикл (Перикл ходими давлатии Афина, яке аз «падарон-асосгузорон»-и демократияи афинӣ) табдил меёбад: бунёди муҷассамаҳои зиёде дар назд ва даруни биноҳо, офаридани муҷассамаҳои бошукӯҳ, тасвири фрескаҳо ва расмҳои олиҷаноб, ки то имрӯз аз беҳтарин офаридаҳои хиради инсонӣ маҳсуб мешаванд.

  Дар ин се шохаи бузурги санъат ба ҳамдигар наздик омада, ба ҳам кӯмак расонанд ва ҳамдигарро тақвият бахшиданд. Илму фалсафа ва санъату ҳунари замони антиқа ҳамаҷониба омӯхта шуда, таърихи гузаштаи хеш ба таври ҷиддӣ ва муттасил бознигарӣ карда мешавад; ҷойи карахтию таназзулро зебоию зебопарастӣ, ки орзуи даврони пешин буд, ишғол менамояд; хотироти асримиёнагӣ, ки дар он ҳамеша дину калисо яккатоз буд, тамоман аз байн мераванд ва ба ҷойи он асарҳои фалсафӣ ва офаридаҳои санъату ҳунар рӯйи кор меоянд. Вале, тақлид ба гузаштагон озодию истиқлолхоҳии онҳоро маҳдуд намесозад, баръакс онҳо фарҳанги гузаштаи хешро бозбонӣ намуда, аз он ҷанбаҳои хубу беҳтарашро қабул мекунанд ва ба замони хеш мутобиқ месозанд. Яъне, илму фалсафа ва санъату фарҳанги Юнон ва Руми бостонро ба хираду дониши нав коркард менамоянд ва аз тахайюлоти хеш ба он навгониҳо ворид месозанд.

  Ренессанси охир дар Италия аз соли 1530 то солҳои 1590-1620-ро дар бар мегирад. Офаридаҳои санъату фарҳанги ин давра аз нигоҳи пайдоиши худ хеле фарқкунанда буда, онҳоро ба марҳилаҳои гуногун ҷудо кардан мумкин аст. Бо навиштаи энсиклопедияи Британӣ «Давраи Эҳё, ҳамчун марҳилаи таърихӣ бо суқути Рим дар соли 1527, ба охир расид». Сипас, дар Аврупои Ҷанубӣ контрреформатсия (ҳаракати калисои католикӣ ва сиёсӣ дар Аврупо, дар миёнаи асрҳои XVI-XVII) ғалаба кард, ки он ба ҳар як фикру андешаи озод, аз ҷумла, тарбияи ҷисмонӣ ва эҳёи идеалҳои замони бостон, ҳамчун асосҳои идеологияи Эҳё, ба шубҳа менигаристанд. Таззодҳои ҷаҳонбиниҳо ва бархӯрди шадиди рӯҳониёну сиёсатмадорони хурофотпараст ба буҳрони шадид дар роҳи рушди санъату фарҳанг боис гардид. Азбаски барои огоҳию бедорӣ ва рушду инкишофи тамоми соҳаҳо замина ба вуҷуд омада буд, ин ҳолат ба офаридаҳои мутафаккирону ҳунармандон, таъсири ҷиддие гузошта наметавонист. Бо вуҷуди ин, раванди мазкур ба фарҳангу санъат, махсусан, ба рассомӣ таъсири худро гузошта, боиси ба вуҷуд омадани «манеризм» (ҷараён дар санъати Аврупои Ғарбӣ дар солҳои 1520-1590) гардид. Яъне, дар ин навъи санъат анъанаҳои мактаби Венетсия на дар зоҳир, балки мантиқан ва тахаюлан инкишоф меёфтанд. Манеризм танҳо пас аз марги рассоми маъруфи итолиёвӣ Антонио да Корреҷо (1489-1534), ки дар шаҳри Парма кору зиндагӣ дошт, пайдо гардид.

  Тавре болотар қайд гардид, давраи Ренессанс на танҳо ба рушди санъату фарҳанг, балки пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳо таъсири амиқ гузошт ва заминаҳои ташаккулро ба вуҷуд овард. Маҳз дар ин давра олимону донишмандон илму дониш, махсусан илмҳои риёзию табиатшиносиро ҷойгузини дину калисо намуда, диққати асосиро ба рушди ин улум ва дастовардҳои онҳо равона сохтанд. Дар навбати худ, инкишофи дониш дар асрҳои XV-XVI ба афкору ақидаи одамон дар бораи ҷаҳон ва мавқеи инсон дар он, таъсири бағоят бузург расонид. Махсусан, кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ, аз қабили тадқиқи мунтазами соҳилҳои атлантикии Африқо аз тарафи португалиҳо (1418), Африқоро давр зада ба уқёнуси Ҳинд ворид шудани португалиҳо (1488), ҷустуҷӯйи роҳи тиҷоратӣ ба Осиё тибқи нақшаи Колумб (1492), расидани экспедитсияи португалиҳо ба Ҳинд бо роҳбарии Васко да Гама (1498), саёҳати давриоламии Фернан Магеллан (1519-1522), аввал фаронсавию англисҳо ва пасон, воридшавии ҳолландиҳо ба мусобиқа барои кашфи заминҳои нав (1495) ва ғайраҳо таъсири дақиқи худро ба ҷаҳонбинии одамон гузошта, ба рушди илму дониш импулси калон бахшиданд. Ҳамчунин, ба майдон омадани низоми гелиосентрии (офтобмарказии) ҷаҳонии Николай Коперник ба ҷои низоми куҳнаи заминмарказии Птолемей тасаввуротро дар бораи андозаи Замин ва мавқеъи он дар Коинот комилан тағйир дода, ҷаҳиши бузургеро ба вуҷуд овард. Дар баробари ин, асарҳои алхимик ва духтури швейсарӣ Параелс (1491-1543) ва духтур ва анатоми ҳолландӣ Везалиус (1514-1564), ки дар онҳо бори аввал барои омӯхтани сохти бадани инсон ва равандҳои дар организм гузаранда маълумот дода шуда буд, ба тибби илмӣ ва анатомия асос гузоштанд.

  Дар маркази диққати илму фалсафаи замони Эҳё таълимоти мутафаккири бузурги олмонии асри XV Николай Кузанӣ (1401-1464) меистод, ки ба илмҳои риёзӣ ва нуҷум такя мекард. Вай назарияи мувофиқ омадани баҳамзидҳоро кашф карда, методологияи нави илмиро ба амал овард, ки Н.Кузаниро ба асосгузорони диалектикаи нави аврупоӣ мубаддал кард. Ба математика такя карда, принсипи баҳамзидҳоро бо мисолҳои нисбатан амиқ ҳисоб кард. Ҳамчунин, вай собит намуд, ки принсипи ягонаӣ ва беохирию беинтиҳоӣ дар фаҳмиши ҳастӣ ва коинот нақши калони илмӣ мебозад ва ин имконият медиҳад, ки ягонагии олами моддӣ ва беканории тараққиёти он исбот карда шавад. Ин ғояи пешниҳодкардаи Н.Кузанӣ табаддулоти бузурги илмӣ буда, барои назарияи космогонии минбаъдаи Коперник ва Бруно асос гузошт.

  Сипас, ба таълимоти Николай Коперник (1473-1543) такя карда, Ҷордано Бруно (1548-1600) назарияи нави офтобмарказии худро кашф ва пешниҳод кард, ки ба ҳама ақидаҳои динию идеалистӣ комилан зид буд. Агар Коперник пас аз Кузанӣ исбот кард, ки коинот беохир ва беинтиҳо буда, Замин як ҳиссачаи хурди олами коинот асту асоси моддӣ дорад, Бруно бошад, бо кашфиёти хеш ақидаи динию идеалистиро барҳам зад, ба мавҷудият ва инкишофи кайҳон ҳаракати илмӣ дод ва табиату материяро, ки дар замонҳои пешин ғайрифаъол меномиданд, нақши фаъолона ва импулси эҷодӣ бахшид.

  Ҳарчанд барои ин назарияҳои илмӣ ва рушди илму дониш кулли олимон аз тарафи дину калисо таъқиб ва бархе бераҳмонаю ваҳшиёна қатл карда мешуданд, вале ин мавҷи раҳоибахш рӯз аз рӯз ва сол аз сол пурқувват гардида, Аврупоро ба садри аввали ҷаҳон баровард. Ҳамин тавр, барои он ки дар замони Эҳё, дар Аврупо илм бар дину калисо ғолиб ояд, барои инкишофи улуми табиатшиносӣ А.Афодезӣ, Н.Кузанӣ, М. де-Сервантес, И.Кардан, Н.Тарталя, В.Гилберт, Ҷ.Порта, Ҷ.Бруно ва дигарон, барои рушди илмҳои гуманитарӣ Н.Макиавелли, М.Лютер, Т.Мор, Т.Манн, Т.Кампанелла ва дигарон ҷони худро дар хатар гузошта, ҳақиқати илмиро ошкор намуданд ва онро пешкаши мардум гардониданд.

 

Номвар ҚУРБОН,

муҳаққиқ

Хондан 1037 маротиба