Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 12 Ноябри 2020 03:32

Зебоишиносӣ дар Юнони қадим ва Аврупо

Муаллиф: Зебониссо ЗИЁЕВА

   Назарияи ҳар як илмро берун аз доираи таърихи он наметавон шарҳу баён кард. Зебоишиносӣ ба омӯзиши зуҳуроти адабӣ-зебоишиносӣ, муносибатҳо ва ҷараёнҳо, ки таърихан ба вуҷуд омада, дар инкишоф ва тағйирёбӣ қарор доранд, мувофиқ меояд.

  Таърихи қаблии зебоишиносӣ. Маҳз ҳамин устурашиносӣ манбаи донишҳои фалсафӣ ба ҳисоб меравад. Устурашиносӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла масоили санъат, зебоӣ ва робитаҳои байниякдигарии ин ду падидаро фаро гирифта, инъикос менамуд.

  Марҳалаи аввали ташаккулёбии зебоишиносӣ дар Юнони қадим (асри VI қабл аз милод) оғоз ёфта, то Замони Нав (ибтидои асри XVIII) идома ёфтааст.

  Хусусияти ин марҳала аз он иборат аст, ки дар ин марҳала баҳсу мунозираҳо дар бораи зебоӣ ва қонунҳои санъат шомили табиати соф назарӣ буданд.

  Марҳалаи аввали зебоишиносӣ ҳамчун илм дорои чаҳор марҳала мебошад.

  • Давраи антиқа- асри VI то милод - асри V милод.
  • Давраи асрҳои миёна - асри VI -ХIII милод.
  • Давраи Эҳё – асрҳои ХIV -ХVI милод.
  • Давраи Замони нав (қисман Давраи Эҳё)-асрҳои ХVII – ибтидои асри ХVIII.

  Дар давраи антиқа зебоишиносӣ дар батни фалсафа ташаккул меёфтва дар давраи асрҳои миёна бошад зери таъсири идеологияи динӣ ва илоҳиёт қарор дошт. Ба афкори зебоишиносии давраи Эҳё амалияи бадеӣ ва зебоишиносии давраи Маорифпарварӣ сиёсат, илм ва санъатшиносӣ таъсир расонидааст.

  Марҳалаи дуввуми зебоишиносӣ-асри ХVIII ва нимаи асри ХIХ ба ҳисоб меравад.

  Ин марҳала нисбатан кутоҳтар, вале дорои ҳаҷми ниҳоят бузург ва ғановатманд мебошад. Маҳз дар ҳамин давра зебоишиносӣ ҳамчун илми мустақил барқарор гаштааст. Дар барқароршавии он фалсафаи классикии Олмон таъсири бузург расонидааст.

  Марҳалаи саввуми таърихи зебоишиносӣ аз нимаи дуввуми асри ХIХ, то замони мо идома ёфтааст.

  Хусусияти ин марҳала таъсири реализми танқидӣ ва сотсиология мебошад. Масъалагузории зебоишиносӣ пайваста тавсеа ёфта, шаклҳои нави зебоишиносӣ: физиологӣ, сотсиологӣ, киберникӣ ва ғайра таъсис меёбанд.

  Омилҳои ташаккулёбии зебоишиносӣ. Омилҳое, ки дар ташаккулёбии зебоишиносӣ таъсир мерасонанд:

1) Фалсафа. Дар тӯли асрҳои зиёд проблемаҳои зебоишиносӣ дар доираи ин ва ё он низоми фалсафӣ бартарият доштанд. Файласуфон пайваста ба мафҳумҳо, проблемаҳои зебоишиносӣ ва санъат муроҷиат намудаанд, ки ба коркарди назарияҳои нави онҳо мусоидат мекард.

2) Санъат. Таъсири санъатро ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ баҳо додан кори ниҳоят вазнин аст. Ҳанӯз дар давраҳои қадим вай “таълим медод ва шавқу рағбатро бедор мекард” ва имкон медод, ки олам шинохта шавад, таҷриба андӯзад, вазъи оламро таҳлил намояд, таъсири талқинкунанда ва ҳаяҷонбахш бахшад.

3) Тақозои иҷтимоӣ. Дар марҳалаи ҳаёти ҷомеа афкори зебоишиносӣ тақозои иҷтимоӣ буда, таваҷҷуҳашро ба масоили алоҳидае равона мекард, ки мустақиман бо проблемаҳои иҷтимоӣ ва идеологӣ алоқаманд буданд.

4) Мантиқи ботинии инкишофи зебоишиносӣ. Зебоишиносӣ, монанди дигар илмҳо, дар пайравӣ аз мантиқи ботинии худ пеш мерафт. Баъзан таъсири ин омил муайянкунанда буд. 

  Таҷрибаи зебоишиносии инсоният ниҳоят ғанӣ ва гуногунранг буда, донишҳои зебоишиносӣ қисмати ҷудонашавандаи он мебошанд. Ҷамъшавӣ ва пешрафти онҳо дар ҳама марҳалаҳои маданӣ-таърихии таърихи ҷаҳонӣ -аз давраи тамаддуни Рими бостонӣ (3-5 ҳазор сол то милод) тавассути антиқа ба асрҳои миёна ва аз давраи Эҳё ба Замони нав ва Навтарин, то замони муосир ба қайд гирифта шудаанд.

  Зебоишиносӣ зуҳуроти бадеӣ-зебоишиносӣ, муносибатҳо ва равандҳои таърихан пайдошуда, инкишофёбанда ва тағйирёбандаро тадқиқ менамояд.

  Муқаддимаи таърихие, ки шуури зебоишиносиро ташаккул додааст, асотиршиносӣ мебошад. Асотиршиносӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта, онҳоро инъикос намудааст. Вай шакли аввалини архаистии синтези донишҳост, ки минбаъд соҳаҳои муҳимтарин маърифат ва эҷодиёти инсонӣ - фалсафа, санъат, дин, илм ва ғайра аз вай ҷудо гардидаанд.

  Санъати даврат ибтидоӣ дорои табиати содалавҳона, манфиатҷӯёна ва амалӣ буд. Санъат дорои шакли асотирии шуур буда, хосияти эҳсосшавандаи он тахаюлоти образӣ,  рамзнокӣ, аёнияти ҳиссии тасаввурот ба ҳисоб мерафтанд. Ҳакокиҳои расмҳои ҳайвонот дар болои сангҳо барои корҳои сирф амалӣ истифода мешуд: нишона барои машқи шикор, таъсири сеҳру ҷоду ва ғайра. 

  Зинданигорӣивопись) тасвири графикӣ ва зинданигории ҳайвонот, наботот ва инсон мебошад. Расмҳои болои сангҳо шикор, шикори моҳӣ, манзараҳои ҷангиро тасвир менамуданд.

  Фолклор - пайдошавии ҳикояҳо дар бораи пайдошавии ҳама чизҳои ҷондор, одамон, дар бораи қувваҳо ва ҳодисаҳои табиат мебошанд. Мантиқ дар ин ҷо оҷиз аст, дар ин ҷо тахайюлот ба кор медарояд.

  Мусиқӣ -шакли мусиқии вокалӣ бартарият дошт, вай қабл аз мусикии инструменталӣ қарор дошт, аммо асбобҳои мусиқӣ хеле барвақт пайдо шудаанд. Рақсҳо яке аз шаклҳои хеле қадимаи санъат ба ҳисоб мераванд. Онҳо дастаҷамъона иҷро шуда, ниҳоят образнок буданд:  саҳнаҳои маишӣ, сохтакории саҳнаи шикор, шикори моҳӣ, муносибатҳои маҳрамона, задухӯрдҳои ҷангӣ, бояк сухан -ҳаёти ҷомеаро инъикос менамуданд.

  Меъморӣ-иншооти мегалитикӣ (маданӣ) аз сангҳои бузург сохташудамебошанд: долменҳо -сохтмонҳои чаҳоркунҷа, менгирҳо – пояҳои уфуқӣ. Ҳама чиз дорои ҳаҷмҳои бузург буда, оҷизӣ ва пастии инсонро нишон медоданд.

  Санъати амалӣ -маҳсулоти аз керамика, баъдан аз биринҷӣ, нуқра ва тилло сохташуда мебошанд. Вай ягонагии унсурҳои манфиатнокӣ ва бадеиро таҷассум мекард, яъне бо фоиданокӣ алоқаманд буд. Дар рафти таҳаввулоти ҷомеа ҳаракати инсоният дар роҳи ба даст овардани камолоти маънавӣ, ашёе ба вуҷуд омаданд, ки бо таъйиноти амалии онҳо алоқамандӣ надоштанд.

  Тадриҷан ба даст гирифтани қувваҳои табиат, маънои оғоз ёфтани рӯҳ ва интиҳои ҳастии ҳайвонӣ - гузариш аз устура ба логосро дорад.

  Ҳамчунон ки қаблан ёдовар шудем, асотир муқаддимаи таърихии ташаккулёбии шуури зебоишиносӣ мебошанд. Дар ин давра дар маҳсулоти фаъолияти маънавӣ-амалӣ, ки онҳоро асарҳои санъати ҷомеаи ибтидоӣ меноманд, тасаввуроти воқеии ҳаётӣ бо тасаввуроти фантастикии (тотемӣ, ибодатӣ), образҳои мушаххас бо унсурҳои тасаввуроти аз ҳақиқат дур, бо ҳам омехта шудаанд.

  Вижагии асотир, ки онро узван бо фаъолияти бадеӣ пайвастааст, ғановати тахайюлоти образнок, рамзӣ будани онҳо, аёнияти ҳиссии тасаввурот ба ҳисоб мерафт. Дар маънои хоси калима онҳо образҳои бадеӣ ба ҳисоб намераванд. Онҳо дар ҷараёни коркард, дар амалияи ташаккулёбии навъҳои санъат: муҷассамсозӣ, фоҷиа, мусиқӣ, зинданигорӣ (живопись) дорои чунин шакл гардидаанд. Асотир заминаи инкишофи санъати тамоми халқҳои олам ба ҳисоб мераванд.

  Зебоишиносии давраи антиқа. Зебоишиносии давраи антиқа дар муддати ҳазорсолаи I қабл аз милод дар қисмати шимолии баҳри Миёназамин ташаккул ёфтааст. Вай се марҳаларо аз сар гузаронидааст: архаистӣ (асрҳои VIII–VI қабл аз милод), классикӣ (асрҳои V–IV қабл аз милод) ва эллинӣ (асрҳои III қабл аз милод - асри III милод). Сарманшаи зебоишиносии антиқа асотир буда, вай дар он тавлид ёфта, замони гулгулшукуфиро аз сар гузаронида, рӯ ба завол меоварад, ки аз зуҳуроти нисбатан равшани маданияти он замон ба ҳисоб меравад.

  Зебоишиносии византӣ. Зебоишиносии византӣ (асри IV - нимаи асри XV)-ҷараёни нисбатан мутаҳаррики зебоишиносии асрҳои миёна мебошад. Аввалин таълимотҳои зебоишиносии византӣ дар асрҳои IV-VI ташаккул ёфтаанд. Онҳо омехтаи навафлотунияи элинӣ ва патристикаи ибтидоии асрҳои миёна мебошанд. Идеали зебоишиносии ибтидоии византӣ Худои масеҳӣ ҳамчун маншаи “зебоии мутлақ” ва “худи зебоӣ” мебошад. Дар ташкулёбии зебоишиносии муҳити ҳаётӣ санъат нақши бузурги худро бозидааст. Визайтиҳо тавонистанд, ки низоми бадеии худро биофаранд, ки унсурҳои маданияти бадеии Юнони Қадим, Сурия ва Мисри Қадимро дар бар мегирифт. Баъдан услуби махсуси византӣ ба вуҷуд омад, ки бо таълимоти дини масеҳӣ сахт алоқаманд буд. Дар санъат қоидаҳои сахтгирона ва мушаддад ҳукмронӣ мекарданд, аммо зебоии олами моддӣ ҳамчун дурахши зебоии ғайризаминии илоҳӣ мавриди назар қарор мегирифт.

  Зебоишиносии давраи Эҳё, Асрҳои миёна, Маорифпарварӣ, Зебоишиносии олмонии классикӣ, Замони нав ва Навтарин. Давраи Эҳё-яке аз марҳалаҳои беҳтарини таърихи афкори аврупоии зебоишиносӣ ба ҳисоб меравад. Асрҳои миёна бо тадриҷ рахти сафар мебаст, муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйир меёфтанд, ҷаҳонбинии нави дунявӣ ба вуҷуд меомад.

  Асри XVII - марҳалаи инкишофи бо шиддати афкори аврупоии  фалсафӣ-зебоишиносӣ мебошад. Рена Декарт назарияи ақлгароии[1] худро офарида, ба сифати меъёри он ақлу хирадро эътироф мекунад. Френсис Бэкон табиатро ба сифати объекти маърифат ва ҳадафи маърифатро ҳукмронии инсон бар табиат эътироф намуда, индуксияро[2] ба сифати методи маърифати таҷриба, эълон карда буд. Исаак Нютон тавассути таҷрибаҳои худ нуктаҳои марказии материализми натурфалсафиро исбот менамояд. Дар соҳаи санъат услубҳои барокко, класситсизм ва равияи санъати воқеӣ дар як вақт инкишоф меёбанд.

  Зебоишиносии давраи Маорифпарварӣ дорои табиати ҳуҷумкунанда ва демократӣ буда, таваҷҷуҳи донишмандони аврупоиро ҷиҳати аз нав мавриди назар қарор додани категорияҳои анъанавии зебоишиносӣ: зебоӣ, ҳамоҳангӣ, завқ ва ғайраро бедор гардонид. Тамоми маорифпарварон таъкид менамуданд, ки заминаҳои объективии зебоишиносӣ танҳо барои одамони ба сӯйи он саъю талош дошта, ки дорои ақл ва эҳсосот мебошанд, кушода мешаванд. Категорияи ҳамоҳангӣ дар ин давра тавсифномаи мувозинати мабдаъҳои ақлоният ва эҳсосоти инсон мебошад, заминаи асосноккунии имконияти аз байн бурдани зиддиятҳои иҷтимоӣ, вале на фақат рамзи мувофиқат ва тартиби муайян дар табиат ва асарҳои бадеӣ мебошад.

  Дар зебоишиносии “асри ақлгароӣ” мафҳуми завқ дорои маънои нав мегардад. Завқи зебоишиносӣ, аз ҷониби маорифпарварон, ҳамчун ҳиссиёти дорои афкор баҳогузорӣ мешавад. Дар он табиат ва маданият сунъӣ ва табиӣ бо ҳам тамос мегиранд. Завқ дар миёни онҳо нақши миёнарави махсусро мебозад ва маҳз ҳамин завқ шоҳиди он буд, ки онҳо на ҳамеша дар қутбҳои бо ҳам муқобил ҷой мегиранд, балки имкони ҳамоҳангӣ дар байни онҳо вуҷуд дошта тавонад.

  Зебоишиносии олмонии классикӣ асрҳои XVIII–XIX - муҳимтарин марҳалаи афкори зебоишии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Намоянагони машҳури он И. Кант, И. Фихте, Ф. Шиллер, Г. Гегел, Л. Фейербах буданд. Хизмати асосии онҳо фаҳмиши илми зебоишиносӣ ҳамчун илми қисмати узвӣ ва зарурии илми фалсафа ва ба низоми фалсафӣ дохил намудани он буд.

  Афкори фалсафӣ-зебоишиносии нимаи дуюми асри XIX дар Олмон худро ниҳоят зиддиятнок ошкор гардонид. Дар зебоишиносии олмонӣ анъанаҳои И.Кант, Гегел ва Фейербах ниҳоят устувор ва қавӣ буда, аз солҳои 40-уми консепсияи назарияи зебоишиносии марксизм, позитивизм  (зебоишиносии психологӣ, “зебоишиносии амалӣ”) ва ғ. ташаккул меёбанд. Аммо дар байни зиёиёни аврупои ғарбӣ, назарияҳои Артур Шопенгауэр (1788–1860) шӯҳрати азим ва ҷойгоҳи махсус доштанд. Дар нимаи асри XIX бо ҳам муқобилгузории санъат ва воқеият ва ташаккулёбии назарияи аврупоии зебоишиносии “санъат барои санъат” (“санъати соф”) ба вуҷуд омад.

  Нимаи дуюми асри XIX дар Фаранса муборизаи ниҳоят шадиди синфӣ оғоз ёфт, ки сабаби ба вуҷуд омадани коммунаи Париж гардид. Ин ҳолат масъалаи равобити дутарафаи рассом ва ҷомеа ба масъалаи асосӣ табдил ёфт. Зебоишиносии позитивӣ ба таври эҳсосшаванда интишор меёбад, ки бо ҷараёни натуралистии санъат алоқаманд буд.

  Ҷиҳатҳои хосаи зебоишиносии англисии нимаи дуввуми асри XIX аз як ҷониб, тамоюл ба сӯи эволютсионизм[3] ва аз ҷониби дигар, ба соҳаи зебоишиносӣ ворид шудани усули психофизиологӣ  мебошад.

  Консепсияҳои нисбатан машҳури нимаи аввали асри XIX назарияҳои феноменологӣ, интуивистӣ ва назарияҳои З. Фрейд, К. Г. Юнг, Х. Ортеге-и-Гассет ба ҳисоб мераванд.

  Дар таърихи маданияти бадеии асри XX ҷараёни авангарди русӣ ҷои махсусро ишғол менамояд.

  Зебоишиносӣ дар асри XX. Дар нимаи дуюми асри XX дар зебоишиносӣ ва санъати аврупоӣҷустуҷӯҳои бадеӣ, таҷрибаҳои бо ҷуръатона боз ҳам идома меёбанд ва ғояҳои пуртаъсир, мактабҳои бадеӣ, кашфиётҳои ояндадор ифтитоҳ меёбанд. Ҷараёнҳои эксизтенсиалӣ, структуралӣ, иҷтимоӣ-маданӣ бо тариқи нав садо дода, дар осори Ж.-П. Сартр, А. Камю, К. Леви-Стросс, Р. Барт, Т. Адорно ва дигарон инъикос гардидаанд.

  Санъати асри XX ҳанӯз ҳам дар инкишофи инсоният нақши муҳим бозида, қобилияти дар як вақт пайдошавии вариантҳо ва тобишҳои зиёди аҷиби фаъолияти эҷодиро нишон дод.  Илми зебоишиносӣ дар навбати худ, ки дар асри XX таҳаввул ёфта буд, як омехтаи аҷоиби афкор ва ҳиссиётро ба вуҷуд оварда, аз уҳдаи  аз нав муттаҳид намудани сатҳҳои шифоҳӣ (вербалӣ) ва ҳиссиётро дар омӯзиши  объект баромада тавонист. Баъд аз модернизми[4] бузурги нимаи аввали аср постмодернизм[5] омад, ки онро ҳамасронаш ҳамчун категорияи умумифарҳангии оламӣ мефаҳмиданд. Санъат ва фаъолияти эҷодии мардумон омодагии худро барои ҳаллу фасл намудани ҷустуҷӯҳои нави зебоишиносӣ нишон дод.

 

Зебониссо ЗИЁЕВА

ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (22), 2020

 

[1] Ақлгароӣ, ратсионализм  ҷараёни фалсафиест, ки тафаккурро аз таҷрибаи ҳиссӣ ҷудо карда, ақлро асоси ягонаи  маърифати илмии қонуниятҳои табиат ва ҷамъият меҳисобад. 

[2] Индуксия - тарзи муҳокимарониест, ки аз далелҳо ва нуктаҳои ҷузъӣ ба хулосаҳои умумӣ меояд, муқобилмаънои дедуксия.

[3] Эволютсионизм – дар маънои васеаш муродифи инкишоф;  раванди тағйирёбие, ки дар табиати зинда ва ғайризинда, инчунин дар низомҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.

[4] Модернизм – ҷараёни зебоишиносӣ дар санъати тасвирӣ ва амали асри XIX-XX, ки худро ба маданияти гузашта муқобил мегузошт.

[5] Постмодернизм ҳамчун падидаи комили санъати муосир ҳанӯз солҳои 80-ум аз ҷониби назариётчиёни Ғарбӣ гузошта шуда буд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки зуҳуроти гуногуни маданияти солҳои ахирро бо ҳам муттаҳид намоянд. Проблемаи постмодернизм дар назди муҳаққиқон як қатор саволҳои навро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ин буд: оё худи падидаи постмодернизм вуҷуд дорад ё не?

Хондан 4447 маротиба