Бояд таъкид кард, ки дар тули бисту нуҳумин солгарди истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон таҷрибаи ҷаҳонии шаклҳои мухталифи давлату давлатдорӣ, низомҳои мавҷудаи сиёсию иқтисодӣ ва арзишҳои тамаддуни миллию умумибашариро омӯхтаю муқоиса намуда, роҳи ҷомеаи адолатпарвару озодандеши ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро пеш гирифт. Дар зинаи муосири инкишофи худ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол муяссар гардид, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарии ҳуқуқи зану мард, асли озодии виҷдону эътиқод ва ғайраро дар сатҳи Конститутсияи кишвар асоси устувори қонунӣ бахшад. Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи давлатдории навини худро гузошта, соҳиби истиқлолияти воқеии сиёсӣ шудааст ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф шудааст. Пеш аз ҳама, бояд тазаккур дод, ки асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат зимни раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.
Имрӯз, ба касе пӯшида нест, ки хусусиятҳои муҳимтарини модели миллии идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши таърихии онҳо маҳз ба меъмор, яъне ба сарвари давлат мансубият доранд. Барҳақ, ки Пешвои муаззами миллат ҳамчун асосгузори давлати мустақили Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон шинохта шудаандд. Албатта, дар мавриди сухан гуфтан дар бораи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва муваффақиятҳои имрўза, ҳатман бунёдгузорони пойдевори он пеши назар меояд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки дар бораи заҳматҳои шабонарўзӣ ва арзандаи Пешвои муаззами миллат баҳри ободии мамлакат воқеъбинона арзёбӣ намоем.
Имрўз, дар арафаи ҷашни бисту нуҳумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки обрӯю нуфузи кишвари азизамон дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд, раванди тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рӯ ба пешравӣ дорад. Ногуфта намонад, ки дар баробари муваффақиятҳои беназири бадастомада, инчунин мушкилоти зиёди пешомада сари вақт ҳалли худро ёфта, аз байн бардошта шуданд. Мардуми кишвар хуб дар хотир доранд, ки Тоҷикистон дар оғози роҳи соҳибистиқлолӣ дар вазъи ниҳоят сангини дохилӣ ва минтақавӣ қарор гирифта буд. Дар он шароит, ки ҷумҳурии мо мушкилоти ниҳоят зиёди иҷтимоию иқтисодӣ дошт, бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар дохили мамлакат муборизаи гуруҳу ҳаракатҳои сиёсӣ авҷ гирифт ва вазъият сангинтар шуд. Дахолати баъзе доираҳо ва қувваҳои муайяни давлатҳои хориҷӣ бо ҳамдастии фаъоли гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоии фрухташуда дар дохили кишвар омили аслии шиддати бесобиқаи бӯҳрони сиёсӣ ва табдили он ба ҷанги гражданӣ гардидаанд. Аммо фарзандони баномуси миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгар дар атрофи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, роҳи дурусти бунёду азнавсозии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду соҳибистиқлоли дунявиро фидокоронаю самимона пеш гирифтанд. Мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси кишвар хуб медонад, ки сарвари ғамхори давлатамон шахсияти хирадманд, барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ буда, ҳамеша барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ободию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон фидокорона заҳмат мекашанд. Президети мо фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Имрӯз миллати тоҷик барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ифтихор мекунад. Ўро халқ ҳачун бунёдгузори сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъии миллати тоҷик, наҷотбахши давлатдории миллии тоҷикон ва сарвари тавоно мепазирад.
Бояд гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми кишвар ҳамчун Пешво ва Сарвари миллат, мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкор, ғамхори халқу миллат дӯст медорад, ба ў эътимоду ихлоси самимӣ дорад. Бинобар ҳамин халқ ҳамеша ҷонибдори ў буда, Пешвои худ интихоб кардааст. Дар ҳақиқат, муҳтарам Эмомали Раҳмон – асосгузори давлати миллии мустақили навини тоҷикон сазовори боварии аҳли ҷомеа гаштаанд. Эмомали Раҳмон, пеш аз ҳама, Пешвои мо, Президенти мо, ифтихори мо мебошанд. Чунин ихлос ва муҳаббати самимӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо таҳти сарварии ў ба даст омадаанд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли дигар ҷумҳуриҳо, дар назди худ мақсад гузошт, ки шакли давлати миллии мустақили худро созад, гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҷомеаи демократӣ ва таҳкими худогоҳии миллиро пеш барад. Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон услуби нави миллии идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он модели нави давлатдории миллии тоҷиконро бунёд намуданд. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Пешвои миллат роҳи ислоҳоти тадриҷии иқтисодиро интихоб карда, вазифаи рушди иқтисодиётро дар мади аввал гузоштанд. Дар ин марҳилаи ҳасос Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари хирадманд мушкилоти зиёди иқтисодиро паси сар намуд. Ҳамзамон Ҳукумати мамлакат стратегияҳои ҳадафноки миллиро баҳри муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакатро, ба мисли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар, зина ба зина амалӣ мегардонад.
Қобили зикр аст, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба як силсила дастовардҳои таърихӣ ноил гаштааст. Масалан, бузургтарин дастоварди Тоҷикистон дар даварони истиқлолият ин барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ва минтақа мебошад. Стратегияи барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми Тоҷикистон ва мусоидати хайрхоҳонаи кишварҳои дўст ва ҷомеаи байналмилалӣ муваффақона татбиқ шуда, минбаъд ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид, миллати моро аз парокандагӣ ва давлати миллиро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Ин буд, “Модели миллии сулҳофарини тоҷикон”, ки бунёдгузор ва муаллифаш Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон мебошанд. Набояд фаромўш кард, ки истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик дастовардҳои арзишманд ва муқаддас мебошанд. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Музокироти душвор байни Ҳукумат ва собиқ иттиҳоди мухолифин 40 моҳ идома ёфт, 21 маротиба гуфтушунидҳои расмӣ баргузор гардид. Сипас муяссар шуд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расад.
Бинобар ин, ҷараёни истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон барои ҳамагон дарси ибрат бояд бошад. Имрӯз Созмони Милали Муттаҳид таҷрибаи беназири “Модели миллии сулҳофарини тоҷикон”-ро ҳамчун қоидаи умумӣ ва дастури амал барои истифода дар минтақаҳои дигари сайёра, чи барои иштирокчиёни муноқиша ва чи барои кӯшишҳо ва тадбирҳои миёнаравию эҷоди сулҳ, истифода мекунад.
Ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ кори муҳим аст. Ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз ҷавонони қавиирода ва бонангу номуси Ватан низ, ҳамчун насли ояндасози давлат ва миллат, дар ҳифзи ин муқаддасот саҳми арзанда мегузоранд.
Мебояд, ки авонони далеру ғаюри кишвар бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ, ба давлату Ватани хеш содиқ забони назария ва амалияи идоракунии давлатии миллиро аз Сарвари давлат омӯхта, ҳамеша дар фаъолияти хизматӣ сармашқи кори худ қарор диҳанд. Чунки ин як услуби бомуваффақияти хоси рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Натиҷаи татбиқи “Модели хоси миллии идоракунии давлатӣ”, ки муаллифаш Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон мебошад, наҷоти Тоҷикистон аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ мебошад. Мо мебинем, ки чигуна Сарвари давлат бо қарорҳо, амалҳо ва барномаҳои худ тавонист системаи миллиро бунёд намуда, бо назардошти имконоти кишвар, онро ба кишвари рў ба тараққиёт табдил диҳад. Дар ин замина, метавон мисолҳои мушаххасӣ зиёдро номбар кард; дар самти сиёсӣ, дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таваҷҷуҳ ба сармоягузорӣ ва чигуна ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ва ғайра.
Дар ин раванд, ҳамагон бояд аз истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунанд, Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро сидқан дӯст дорем, ба Тоҷикистони азиз содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Ватани маҳбуб равона кунем. Зеро имрӯз аксари гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав ба истиқлолияту озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ талош доранд хатар эҷод намоянд. Ба хусус ҷавонон фирефтаи найранги, хоинони миллат, созмону ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро нашаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ҳимоя ва ҳифзи давлати соҳибистиқлоли миллиро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи муқадаси худ донанд. Ҷавонони давраи соҳибистиқлолӣ қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста аст. Имрӯз бо ифтихор, бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони бомаърифат ва лаёқаманди мамлакат, ки ворисони Мактаби давлатдории миллӣ ва ҳаётии Пешвои миллат мебошанд, аз уҳдаи ин рисолату вазифаи бошараф сарбаландона мебароянд.
Муъмин НАЗАР,
директори Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А.Баҳоваддинови АМИТ,
номзади илмҳои фалсафа