JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 21 Июни 2018 12:04

Об зару Тоҷикистон заршинос

Муаллиф:
 (Ба ифтихори конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва рӯзи Ваҳдати миллӣ) Об яке аз арзишмандтарин ва муҳимтарин сарвату неъмати бебаҳоест, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода карда, ҳаёт ба сар мебаранд. Онро метавон чун ганҷинае донист, ки тамоми башарият аз он истифода мебарад. Ин ганҷинаи пурқимат ягона қувваи ғизої мебошад, ки тавассути он тамоми ҳастии дунё энергияи тоза гирифта месабзанд. Мо метавонем онро чунин маъниндод карда бигӯем, об як маҳлулест, ки ба воситаи истифодаи он ҳар чизе дубора ҳаёти тоза гирифта, симову чеҳраашро табъи навин мебахшад. Ва лизо, он аз унсури муҳими табиат буда,…
 Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусулмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст. Сӯйистифода аз дину мазҳабҳо, сиёсӣ кардани ислом ва бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчунин нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми мамолики Ховари Миёна барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ минҳайси васила ё абзори калидӣ хидмат мекунад. Муҳимтар аз ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллӣ ва марзи дунёмадорӣ (секуляризм) низомҳои динӣ-мазҳабӣ дар минтақаҳо…
Садое, ки аз дил ҷӯшида, ба ҷонҳо асар мегузорад (дар ҳошияи зодрӯз ва 72-умин солгарди устоди ҳунари хунёгарӣ Аҳмад Зоҳир) Мусиқӣ бо худии худ падидаи эстетикист ва бо завқу салиқаи насли инсонӣ сари кор мегирад. Ин мусиқӣ аст, ки бо неру ва тавонмандиаш инсонро бедор мекунад ва ба сӯйи озодию истиқлолият раҳнамун месозад. Истиқлолияти ботинӣ ва дарунӣ маҳз бо шунидани мусиқӣ ва таронаҳои дилангез имконпазир мегардад. Ин аст, ки дар таърихи фарҳангу санъат ва адаби форсӣ-тоҷикӣ бо истилоҳоти «ромиш», «наво» ва «хунё» бисёр мувоҷеҳ мешавем, ки аз завқи мусиқиписандии мардуми марзу буми аҷдодӣ дарак медиҳад. Ромиш дар луғат ба маънии…
Сешанбе, 12 Июни 2018 05:02

Фарқияти илму хурофот

Муаллиф:
Фарқияти илму хурофот яке аз масъалаҳои муҳими методологияи илмӣ буда, талаб менамояд, ки ҳар як шахси равшанфикр ва муосир бояд аз ин фарқият огоҳ бошад. Саволе пайдо мегардад, ки оё ҳақиқати илмӣ бо хурофот робита дорад ва ҷӯёи ҳақиқат ва хушбахтии инсон кадом аст? Вобаста ба ин ва вазъи нигаркунандаи ҷомеаи мо дар мақолаи мазкур ба таври систематикӣ фарқияти илму хурофот нишон дода шудааст.
Забони илмӣ як шохаи муҳими забони миллӣ буда, дар заминаи донишҳои тахассусӣ ба воситаи забони миллӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Тавассути забони илмии миллӣ пеш аз ҳама адабиёти илмиву таълимӣ эҷод карда мешавад. Маъмулан забон илмӣ дар ҷомеа се вазифаи таърихии муҳимро иҷро менамояд: якум, захира кардани донишҳо ва аз насл ба насл интиқол додани онҳо; дуюм, густариш додани донишҳо ва баланд бардоштани тафаккури илмии ҷомеа, сеюм, таъмини муомилоту муошироти афроди илмпеша ҷиҳати ба даст овардан ва такмил додани донишҳо.
Саҳифа аз 1 то 18