JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Декабри 2018 08:55

Шаъну шукуҳи адабиёти қирғиз

Муаллиф:
Аз он рўзе, ки устод Чингиз Айтматов аз мо ҷудо шуду, ба олами дигар рафт, аллакай ҳафт сол гузаштааст. Вале мо имрўзҳо мебинем, ки он озодмарди равшанзамир давру бари моро бо қаҳрамонҳои пур aз ишқу орзуву ошуфтагиҳо чунон пур карда будааст, ки гўё худаш ҳам дар ҳамин наздикиҳосту алъон ҳозир мешавад. Мо тайи солҳои зиёд бо Ҷамилаю Донёр, Асалу Илёс, Олтинойу Душан, Тулғанойу Субҳонқул, Танабойу Ҷойдор, Бобои Мумин, Едигей ва дигарон бо ҳазорон ҳавасмандиҳо ва сипосгузориҳо шинос шудем. Ҳоло мо бо онҳо мисли ҳамсояҳои дарбадар ҳастем. Медонем, ки онҳо одамони…
Чоршанбе, 21 Ноябри 2018 05:24

Мавлавӣ - шоири миллӣ ва байналмилалӣ

Муаллиф:
 Ман ба таблиғи рисолат омадам, То раҳонам ман шуморо аз надам. Мавлавӣ Баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рўйи кор омадани сулолаҳои бегонатабор рўҳи миллӣ, ки дар замони Тоҳириён, Саффориён, ба вижа Сомониён, зиндаву эҳё ва ба авҷ расида буд, ба заъф мегарояд. Маҳмуд ва ҳамфикрони ў бар зидди Фирдавсӣ, ки зиндакунандаи рўҳи миллӣ ва эҳсоси ватандўстона буд, мебароянд ва барои он ки нақшу мақоми шоҳкори ў «Шоҳнома» - ро бикоҳанд ва билкул аз байн бибаранд, даст ба фирдавсиситезӣ мезананд. Хусусан шоирони дарбори ў - Унсурӣ, Фаррухӣ ва…
Адабиёти ҳар миллат ганҷинаест, ки аз махзани илҳоми шахсиятҳои боистеъдоди он берун омада, дар таҳрику рушди андешаву эҳсосоти онон хидмати бузург менамояд. Дар ин қаламрав ормону иродаи миллат ба воситаи офаринишҳои шоир ё нависанда дар сурати назм ё наср ба тарзи вежаву қоидаҳои махсус мухталиф баён мегардад. Аз ин лиҳоз бо такя ба назари Мартин Ҳайдеггер, ки «забон хонаи ҳастист», метавон афзуд, ки адабиёт низ маскани ҳастии миллат аст, зеро дар густураи он ормону орзуву андешаи ҳазорсолаи миллат бо каломи бадеу зебо ҳаккокӣ шудааст. Зуҳури ҳар гуна андешаи нав дар…
Истилоҳи «тасниф» ҳамчун жанри шеърие, ки бо оҳангу мусиқӣ суруда шуда, аксаран бар пояи вазни ҳиҷо танзим ва ё дар як шеър аз чанд вазни арӯзӣ кор гирифта шудааст, дар адабиёти хаттии форсӣ дар қарнҳои XVI-XVII ворид шудааст. Зеро бар хилофи шеъри классикӣ он на барои хос, балки барои ом эҷод мегардад, аз ин рӯ, ин жанри шеърӣ дар девону тазкираҳо сабт нагардида, муаллифонаш ағлаб низ номаълум мондаанд.
Саҳифа аз 1 то 8