JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 22 Майи 2017 08:27

Сарҳад (ҳикоя)

Муаллиф:
Хоҷам рӯи хоки намноки найзор дароз кашида ба худ меандешид, ки агар дар қисмат бошаду аз симхор сиҳату саломат гузарад, то деҳаашон тақрибан ду километр роҳ мемонад. Шаб торик буд ва бӯи борон меомад. Шамоли сарди дарё найу буттаҳои чалғӯзаро беист такон медод, наъраи об ваҳмангез ба гӯш мерасид. Вай борҳо дар ин гирду атроф най буридааст, барои гову гӯсолаҳояшон алаф даравидааст, аз баландии канал ба он тараф, ба хоки давлати ҳамҷавор, назар афкандааст, ба кору бори деҳқонони ҳамсоя зеҳн мондааст. Ба сараш ҳаргиз наомадааст, ки замоне ана ҳамин хел…
Панҷшанбе, 11 Майи 2017 08:35

Шоҳномахонӣ ва шоҳномадонӣ

Муаллиф:
Он чи Куруш карду Доро в-он чи Зардушти меҳин, Зинда гашт аз ҳиммати Фирдавсии сеҳрофарин. Маликушшуаро Баҳор Мусаллам аст, ки то асри гузашта адибони миллии мо, аз ҷумла Фирдавсӣ, дар мактабу мадорис мавриди омӯзиш қарор надоштанд, зеро мо аз давлати миллӣ бархӯрдор набудем. Саҳеҳтараш, баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён рӯҳи миллӣ ба заъф гароида буд ва арзишҳои миллӣ мавриди бемеҳрӣ қарор дошт.
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:27

Ишқ намиранда аст

Муаллиф:
Ҳикоя Дар саҳни Донишгоҳ ҷасади як донишҷӯи курси панҷро пайдо карданд. Ӯ бо корд кушта шуда буд. Полис омада гирду атрофи Донишгоҳро муҳосира кард. Дар Донишгоҳ аллакай донишҷуён дар ташвиш афтода буданд. Баъди ду рӯз боз ҷасади як донишҷӯи дигарро дар назди ошхонаи Донишгоҳ пайдо мекунанд. Аз донишҷӯён сар карда то устодон, ҳама дар ташвиш афтоданд. Онҳо бо худ меандешиданд, ки чи гап бошад. Чи касе донишҷӯёнро кушта истодааст. Курсҳои якуми Донишгоҳ бисёр бачаҳои кунҷков буданд. Самира дар курси як мехонд. Хоҳари Самира ду сол пеш фавтида буд. Хоҳараш низ…
Ҳикоят Подшоҳеро шунидам, ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар полати навмедӣ маликро дашном додан гирифт ва сақат гуфтан, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд»: Вақти зарурат чу намонад гурез,Даст бигирад сари шамшери тез.Изо яиса-л-инсону тола лисонуҳу.Касиннавир мағлубин ясулу ала-л-калби.
Саҳифа аз 6 то 7