JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 24 Майи 2017 18:06

Бӯйи ватан

Муаллиф:
 Одина дар Афғонистон хизмат мекард дар гурӯҳи пештоз, рӯзҳойи аз кор озод буданаш бо кӯчайи ошно сӯйи бозор мерафт. Пирамарде риши тоҷикона дар манаҳ бар хараки беруни дарвоза менишаст ва ёде аз ниёгони водийи Зарафшон меовард. Ҳар бор ки Одина аз роҳ мегузашт, пирамард дида ба ӯ дӯхта бо нигоҳи хеш ҷавони ношиносу ноошноро то хамгашт мегуселонд. Одина мувофиқи касбу вазифааш ҳама ҳаракатҳойи ӯро медиду рамуз мегирифт. Аммо чизе гуфта наметавонист. Зеро гоҳи пур кардани варақайи аъмол паҳлӯйи «Дар хориҷа табор ё шиносе доред?» «На!» навишта буд… Чун зиёд мегузашт,…
Душанбе, 22 Майи 2017 08:27

Сарҳад (ҳикоя)

Муаллиф:
Хоҷам рӯи хоки намноки найзор дароз кашида ба худ меандешид, ки агар дар қисмат бошаду аз симхор сиҳату саломат гузарад, то деҳаашон тақрибан ду километр роҳ мемонад. Шаб торик буд ва бӯи борон меомад. Шамоли сарди дарё найу буттаҳои чалғӯзаро беист такон медод, наъраи об ваҳмангез ба гӯш мерасид. Вай борҳо дар ин гирду атроф най буридааст, барои гову гӯсолаҳояшон алаф даравидааст, аз баландии канал ба он тараф, ба хоки давлати ҳамҷавор, назар афкандааст, ба кору бори деҳқонони ҳамсоя зеҳн мондааст. Ба сараш ҳаргиз наомадааст, ки замоне ана ҳамин хел…
Панҷшанбе, 11 Майи 2017 08:35

Шоҳномахонӣ ва шоҳномадонӣ

Муаллиф:
Он чи Куруш карду Доро в-он чи Зардушти меҳин, Зинда гашт аз ҳиммати Фирдавсии сеҳрофарин. Маликушшуаро Баҳор Мусаллам аст, ки то асри гузашта адибони миллии мо, аз ҷумла Фирдавсӣ, дар мактабу мадорис мавриди омӯзиш қарор надоштанд, зеро мо аз давлати миллӣ бархӯрдор набудем. Саҳеҳтараш, баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён рӯҳи миллӣ ба заъф гароида буд ва арзишҳои миллӣ мавриди бемеҳрӣ қарор дошт.
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:27

Ишқ намиранда аст

Муаллиф:
Ҳикоя Дар саҳни Донишгоҳ ҷасади як донишҷӯи курси панҷро пайдо карданд. Ӯ бо корд кушта шуда буд. Полис омада гирду атрофи Донишгоҳро муҳосира кард. Дар Донишгоҳ аллакай донишҷуён дар ташвиш афтода буданд. Баъди ду рӯз боз ҷасади як донишҷӯи дигарро дар назди ошхонаи Донишгоҳ пайдо мекунанд. Аз донишҷӯён сар карда то устодон, ҳама дар ташвиш афтоданд. Онҳо бо худ меандешиданд, ки чи гап бошад. Чи касе донишҷӯёнро кушта истодааст. Курсҳои якуми Донишгоҳ бисёр бачаҳои кунҷков буданд. Самира дар курси як мехонд. Хоҳари Самира ду сол пеш фавтида буд. Хоҳараш низ…
Саҳифа аз 7 то 8