JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 26 Сентябри 2017 11:44

Ғамхар

Муаллиф:

  Аз рӯи одат ҳар саҳар як бор бозорро давр мезад. Донистан мехост, ки оё растаҳои холӣ аз меваю сабзавот пур шудаанд ё не. Баъди он ки бинои як вақтҳо касногузару касмабини ҳукумат аз ҷониби дастаҳои мухталифи мусаллаҳ зуд–зуд аз даст ба даст мегузаштагӣ шуд, бозор ҳам камодаму камчиз гардид. Дар ҳар шаҳр чанд ҷои муҳим ҳаст, ки аз зиндаву подор будани зиндагӣ гувоҳӣ медиҳад. Вақте ки фурудгоҳу вокзал ва бозор камодам шуд, пайдост, ки зиндагӣ дар ҷои худ таваққуф кардааст ва ё рӯ ба завол ниҳодааст.

  Ин саҳар бозор хунук ва ифлос буд. Ду–се пиразан колаву косаҳои кӯҳнаи худро дар канори майдон рӯи рӯзномаҳои дарида бенизом чида, роҳи харидори тасодуфиро мепоиданд. Дар атрофи бочкае, ки бо бӯр дар болояш «Пиво» навишта шуда буд, чанд тани хуморӣ ҷумбуҷӯл доштанд. Аз афташ, сарҳошон сахт дардманд буд, ки беқаророна ба чор сӯ назар меафканданд ва фурӯшандаи «беғами падарлаънатро» интизорӣ дошт. Беғаму падарлаънат буданашро худи дардмандон баланд такрор мекарданд, вагарна Гулбойи бечора аз куҷо медонист, ки ӯ кисту чӣ хулқу атвор дорад. Дуруст мегӯянд, ки ҳар кас ба таври худ девонааст. Носкашҳо ҳам аламу ташвиши худро доранд. Дар атрофи ягона носфурӯш тапу талош мекунанд, гӯё дар навбати нон истода бошанд. Аз ин манзара дар чеҳраи коҳидаи Гулбой аранге табассум дамид. Як вақт рӯзномае алайҳи носкашҳо мубориза сар кард. Аз фаррошҳои безоршудаи кӯчаҳо то профессорони соҳаи тиб ба хурӯш омаданд, аз зарару касифиҳои нос шикоятҳо карданд, мақолаҳо навиштанд. Аз ҳама аҷибаш он буд, ки гузаштагони мо, ки қалами худро дар роҳи афзун гардонидани арзишҳои инсонӣ фарсудаанд, низ носро мазаммат кардаанд. Як донишманди донишгоҳ чанд байти ниёгонро ҷамъ оварда чоп кард ва ҳамаро дар ҳайрат мононд...

Ногоҳ аз тарафи чапи бозор нолаи най баланд шуд. Аз дур бисёр фораму дилнишин садо медод ва ба муҳити ҳузнангези шаҳри офатрасида созгор буд. Воқиан най чӣ асроре дорад, ки якбора ба дил кора мекунад? Шояд аз он аст, ки нолааш ба оҳу фиғони инсон мемонад?

Аз куҷое хонда буд, ки навои най дар назари шунаванда кӯҳсорони баланду чашмасорони хурӯшон ва рамаҳои гӯсфандонро ҷилва медиҳад. Аммо барои Гулбой най ва ҳиҷрон тавъамонанд. Ҳамин ки садояш ба гӯш расад, дилаш фишурда мешавад ва меангорад, ки марди маҳҷуре аз дуриву ҷудоӣ гирён аст. Шоирони сӯфимашраб беҳуда дар шеърҳои худ ҳарфи найро истифода накардаанд. Солҳои донишҷӯ буданаш муаллими адабиёт гуфта буд, ки сӯфиён ҷудоиро аз ҳақ пайваста менолиданд ва худро ба най ташбеҳ медоданд. Сӯфие гуфта будаст, ки «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад в–аз ҷудоиҳо шикоят мекунад, к–аз наистон то маро бубридаанд, аз нафирам марду зан нолидаанд».

Ин нею он не, худи одамизод махлуқи пурэъҷоз аст. Барои ифодаи шодиву хурсандӣ ва ғаму ғуссааш асбобҳои мувофиқ офаридааст. Магар садои дойраву нақора ба маҳзунӣ талқин мекунад? Ҳаргиз.

Гулбой наздик рафт. Марди тақрибан шастсолаи якчашма ба ниҳоли хазонрасидаи чинор такя зада, най менавохт ва ӯ ҳам ба раҳгузарон эътибор намедод. Гулбой дурудароз ба чеҳраи доғи нағзакдори мард назар кард ва дид, ки чи хел баробари дигар шудани оҳанг асабҳои рӯю гарданаш кашиш мехӯранд. Ростӣ, Гулбой аз зумраи ҳасудон нест, ҳар чӣ худо дода, ба он қаноат мекунад, мувофиқи кӯрпача по дароз мекунад. Вақте ки ҳамкоронаш ин ё он касро бо даҳони ғайбат мехояд, аз комёбиву пешрафти дигаре бо ҳасад сухан меронанд, ҳайрон мешавад, ки чаро одамизод чунин хулқ дошта бошад. Охир ҳама наметавонанд, ки чун Каспаров шоҳмотбози ҷаҳонгир бошанд ва ё чун Марадонна шӯҳрати футболро ба арши аъло расонанд. Аммо ҳамин лаҳза дар дилаш оташи ногувори ҳасад забона зад. Ҳасад бурд, ки чаро мисли ин марди якчашма най навохта наметавонад. Аслан ин ҷо эъҷозе нест. Чӯби хушки сӯрохдореро ба даст мегиреду ба лаб мебаред ва пуф мекунед ва... Ҷони гап ҳам дар он аст, ки ҳама пуф карда метавонанд, аммо чунин оҳанги ҳузнангез оламро фаро намегирад. Лаҳзаҳое буданд, ки вай қиссаи дилошӯберо хонда орзу кардааст, ки нависанда бошад, тоблуи зебоеро тамошо карда аз рассом набуданаш афсӯс хӯрдааст. Оре, буданд лаҳзаҳое...

Не, ҳисси ҳасаде, ки дар ин саҳари хазонрези серун дар дилаш пайдо шуд, ба он орзуҳои зудгузар монанд нест. Тайёр аст, ки ҳаёти сисолаи худро ба савдо монаду дар бадал, агар мумкин бошад, найнавозиро омӯзад. Агар чунин ҳунар насибаш мебуд, дар канор ҳайратзадаву музтар намеистод, ба майдони холии бозор мерафту най мезад, най мезад, то замоне най мезад, ки сутунҳои бетонии бозор ба ларза меомаданд, роҳгузарони шитобзада аз роҳ бозмеистоданд ва бо шигифтӣ аз ҳамдигар мепурсиданд, ки «Ӯ кист? Чаро ин ҷо най мезанаду ашк мерезад? Дар дил чӣ дорад?» Ва гӯш ба оҳангҳои ҳазинаш дода ашк мерехтанду дили пури худро холӣ мекарданд. Бо тааҷҷуб аз дил мегузаронданд, ки онҳо аз ҳамдигар он қадар бегона набудаанд, ҳамдард будаанд, вагарна дар атрофи як найнавоз ҳалқа баста баробар гиря кардан чӣ маъно дорад? Худоё, оё ин мумкин аст?!

Ба дил гуфт, ки мард ҳатман барои фурӯхтани най ба бозор омадааст. Вагарна аз сари субҳ ин ҷо рост намеистод. Қарор дод, ки найро, ба кадом қимате ки бошад, мехарад, навохта натавонад ҳам дар хона нигоҳ медорад. Насиб бошад, писарашро ба машшоқе шогирд мемонад, бигзор орзуяш дар писараш ҷомаи амал пӯшад. Оё худаш омӯхта наметавонад? Сӣ сол чӣ? Ҳанӯз пир нашудааст. Не, ин ба гуфтан осон. Дилаш мекафад. Вақте ки ин қадар ғусса дар гулӯяш гиреҳ задааст, оё найнавозиро омӯхтан мумкин аст? Танҳо дар бачагӣ, дар овони беғамӣ метавон бо най сару кор дошт. Баъде ки ёд гирифтӣ, бо нолааш нолаи дили ту низ берун мерезад ва тассалло меёбӣ. Роҳи дигараш нест.

Ба найнавоз салом дод. Мард сар ҷунбонд, аммо навохтанро бас накард. Дурудароз маътал истод, ниҳоят пурсид:

– Фурӯхтанӣ ҳастед?

Найнавоз лаҳзае найро аз лаб гирифту пурсид:

– Чиро?

Ин савол бемавқеъ намуд, вале Гулбой оромона гуфт:

– Найро.

Садои най ҳамвор ба атроф паҳн мешуд, ба шифти баланди бозор дакка хӯрда, ба ғурриши мошинҳои камчини кӯча дармеомехт.

– Не, бачам, намефурӯшам.

– Пас чаро...

Мард найро ба бағал андохту маҳзунона гуфт:

– Ман ин ҷо ғам мефурӯшам.

Саропои Гулбой ларзид. Чӣ сухани ғайричашмдоште! Оё ин ҳама, ки рӯ ба рӯ мебинаду мешунавад, воқеист? Қиссаи зебои нигоштаи адиберо намехонад?

Мард афзуд:

– Медонам, ки касе ғамро намехарад. Ғами худашон басу барзиёд. Аммо чӣ илоҷ?

Мард рафт. Гулбой аз дунболаш бо дили кашол нигоҳ кард, нигоҳ кард ва афсӯс хӯрд, ки чаро ӯро аз найнавозӣ боздошт. Шояд ғамхаре пайдо мешуд? Оё худи ӯ харидори ғам нест?

ГУЛНАЗАР

Коллектив. Шоҳроҳи истиқлол (баёзи насри муосири тоҷик). – Душанбе, «Адиб», 2011, 288 саҳ.

Хондан 1720 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Шарики умр Имтиёз »