JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Тарбият ва ахлоқ дар гузашта муҳимтарин унсури зиндагии инсонӣ шинохта шуда, аз рӯйи қавли донишмандон, ба сифати фалсафаи амалӣ дар танзими фарҳанг ва маънавиёти башарӣ нақши калидӣ дорад (ниг.: Мораль и нравственность. –Москва, 2001. –С.9.). Масоили ахлоқӣ дар ҳамаи давру замон мадди назари ниҳодҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва донишмандону адибони ҷаҳон қарор доштанд, зеро арзиши воқеии зиндагӣ дар ҳикмати амалӣ, ки ҷавҳари он ахлоқ аст, ифода меёбад. Беҳуда нест, ки файласуфи маъруфи олмонӣ Карл Ясперс ахлоқро татбиқи фалсафаи қавму миллат дар арсаи зиндагӣ арзёбӣ кардааст (ниг.: Нурзода Н. Руҷӯи Ҷамшед. –Душанбе: Истеъдод,…
Пути регулирования рождаемости населения были известны еще со времен арийцев, более чем 6-7 тыс. лет до нашей эры [1,19]. Часто это осуществлялся путем употребления беременной женщиной различных настоев и трав. В Авесте по этому поводу описывается следующий пример: «Если девушка скажет (мужчине) «ты оплодотворил меня» и мужчина ответит «найди старуху, которая освободит тебя от плода» и эта женщина, найдя такую старуху попросит совершить репродукцию или аборт. И если эта старуха выдаст «бангху, или шайиту, или гнону, или фраспату» и употребив их она умертвит свой жизненный плод, то грех совершает трое:…
Панҷшанбе, 31 Августи 2017 06:32

Фалсафаи зиндагӣ

Муаллиф:
 Қисми зиёди мизҳои чойхонае, ки онро баъдтар ба мақсади афзудани даромад ба ошхона табдил доданд, банд буд. Дар сари ҳар миз ду-се касӣ, гоҳо чортанӣ нишаста, аз ҳар боб, бештар аз хӯрдану хуфтан, умри ғаниматро бо дилхушӣ гузаронидан, ҷону танро ранҷу азоб надодан ҳарф зада, гӯё озмуни меъдаи худро пур кардан доштанд. Мизҳоро шаробу кабоб, помидору бодиринг, кабудӣ, чакка, меваҷот ва дигар хӯришҳо зеб мебахшиданд.
Сешанбе, 29 Августи 2017 05:15

Гардиши айём

Муаллиф:
Шавкат Азизии ҳаштодупанҷсола, ки шаст соли умраш ба умеди кушодани гиреҳҳои риштаи илми интихобкардааш сарф шуда буд ва ҳанӯз ҳам нохуни баланди фаҳмаш имкон медод, ки уқдахои вонагаштаро во кунад, бори ҷисми пиронаашро ба пушт, ба рӯи кати дукасаи назди мизи кориаш партофта, чашмонашро тамоми рӯз ва то як ҳиссаи шаб аз шифти хона намеканд. Ба як нуқтаи номаълум, ки асрорашро Худо медонисту худаш, нигоҳи андешаомез медӯхт ва дар ин миён гоҳ-гоҳ лаҳзае хобаш мебурд. Баъди бедор шудан боз нури нигоҳашро ба шифт фиристода, мехост на танҳо ҷои сояафтодаи шифтро,…
Саҳифа аз 4 то 8