JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 21 Ноябри 2018 05:24

Мавлавӣ - шоири миллӣ ва байналмилалӣ

Муаллиф:

 Ман ба таблиғи рисолат омадам,

То раҳонам ман шуморо аз надам.

                                           Мавлавӣ

  Баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рўйи кор омадани сулолаҳои бегонатабор рўҳи миллӣ, ки дар замони Тоҳириён, Саффориён, ба вижа Сомониён, зиндаву эҳё ва ба авҷ расида буд, ба заъф мегарояд. Маҳмуд ва ҳамфикрони ў бар зидди Фирдавсӣ, ки зиндакунандаи рўҳи миллӣ ва эҳсоси ватандўстона буд, мебароянд ва барои он ки нақшу мақоми шоҳкори ў «Шоҳнома» - ро бикоҳанд ва билкул аз байн бибаранд, даст ба фирдавсиситезӣ мезананд. Хусусан шоирони дарбори  ў - Унсурӣ, Фаррухӣ ва дигарон ба иншои достонҳои ба истилоҳ ҳамосавӣ, аз ҷумла «Тоҷ-ул-футуҳ», «Давлатнома», «Маҳмуднома» ва ғайра, мезананд ва ба таври ошкоро ба Фирдавсӣ ва рўҳи миллӣ метозанд. Аммо бо ин ҳама кўшиш наметавонанд рўҳи миллиро аз байн бибаранд. Баръакс, «Шоҳнома» беш аз пеш дар байни мардум шуҳрат меёбад ва Фирдавсӣ маҳбубият пайдо менамояд. Ҳатто иншои китоби «Умарнома», ки дар муқобили «Шоҳнома» навишта мешавад, наметавонад мардумро аз «Шоҳнома» ва шоҳномахонӣ дур созад, рўҳи диниро ҷойгузини рўҳи миллӣ намояд. Ба ҳарфи дигар, бегонагон, аз ҷумла Маҳмуд ва ҳамандешони ў, натавонистанд, ки рўҳи миллиро шикаст диҳанд ва онро яксар аз миён бардоранд.

  Возеҳ аст, ки дар замони Мавлоно рўҳи миллӣ билкул ба заъф гароида буд ва  имконияти рўшод баён кардани он дар миён набуд, аммо аҳли қалам, ба ҳар роҳ, пинҳону пайдо, рўҳи миллию қавмӣ, эҳсоси ватандўстонаи худро буруз медоданд. Агарчи шеъру шоирӣ дар қаламрави тасаввуфу ирфон ҳаракат мекард, рўҳи мазҳабӣ дар ҷомеа ҳоким буд, шоирону нависандагон ба тамоми мазҳари ҳаёт аз равзани дину диёнат менигаристанд ва хомафарсоӣ мекарданд ва зоҳиран ҷое барои бурузи рўҳи миллӣ, андешаи миллӣ, ифтихори миллӣ ва ватандўстӣ намонда буд, аммо боз ҳам адибони мутараққӣ ва масъул, аз ҷумла Мавлоно, дар ҳамин асри нуфузи рўҳи мазҳабӣ, аз забону фарҳанг, ёру диёру миллати худ дар осорашон ёд мекарданд ва бад-ин тартиб рўҳи миллӣ ва инсонии худро ба намоиш мегузоштанд. Чунончи, Мавлоно, бо он ки дар Рум зиндагию эҷод мекард, дар дафтари аввали «Маснавии маънавӣ» аз Балхӣ, яъне тоҷик будани худ босароҳат хабар медиҳад ва фикри онҳоеро, ки ўро ки танҳо Румӣ медонанд, ботил месозад. Аз ҷумла ў мегўяд: «Ин бандаи нотавон ниёзманд ба раҳмати Худои баландпоя. Муҳамммад ибни Муҳаммад ибни Ҳусайни Балхӣ, ки Худо бандагии ўро қабул кунад, мегўяд: «Ман дар татвили ин китоби манзуми маснавӣ кўшидам, китобе, ки шомили достонҳои шигифту нодир, суханони дурахшон ва раҳнамоиҳои равшан аст»[1]. Ва дар ҷои дигар чунин месарояд:

Балхиям ман, балхиям ман, балхиям,

Шўр орад оламе аз талхиям.[2]

Аммо шоир Румӣ будани худро ҳам фаромўш наменамояд:

Эй абр, фаррошӣ бикун, худро ба дарёҳо фикан,

Рав, роҳро обе бизан, Муллои Румӣ мерасад.3

   Мусаллам аст, ки Мавлавӣ дар Қуния (Туркияи имрўза) зиндагӣ кардааст, аммо тамоми осорашро ба забони модариаш - тоҷикии форсӣ эҷод намудааст ва бад- ин васила рўҳи миллӣ ва муҳаббати хешро ба забону миллати худ на танҳо ҳифз, балки нишон додааст. Ва ҳамин муҳаббат ва ишқу алоқаи ў ба забон ва миллати худ аст, ки ў «ҳамзабониро хешию пайвандӣ» медонад ва ҳамчун адиби миллӣ дарси худшиносӣ ба ҳаммиллатон медиҳад:

Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.4

Зеро,ба қавли ростини ў:

Ҳар кӣ ў аз ҳамзабоне шуд ҷудо,

Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.5

  Аммо ў адиби масъул ва байналмилалию инсондўст будани худро низ фаромўш намекунад ва зина ба зина боло меравад, яъне аз адиби миллӣ ба дараҷаи адиби байналмилалӣ уруҷ менамояд. Бинобар ин, дар байти дигараш ба тавсифи рўҳи инсонӣ мепардозад ва ҷанбаи байналмилалӣ, яъне башардўстонаи орову афкори худро буруз медиҳад ва ҳамчун адиби миллию байналмилаллӣ қомат баланд мекунад. Ў дар хамин мавқеъ аст, ки «ҳамдилиро аз ҳамзабонӣ» авлотар медонад ва мегўяд:

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.6

  Тавре ки гуфтем, баъди фурўпошии давлати миллии Сомониён ва ба тахт нишастани сулолаҳои бегонаи турктабор, ба вижа тохтутози муғулон ба кишвари мо, миллати мо ба як миллати хонабардўш табдил ёфта буд. Бинобар ин, мардум, аз ҷумла аҳли қалам, тарки ёру диёр, зодгоҳу ватан мегуфтанд, яке рў ба Ҳинд» (Авфию Бадри Чочию Нахшабӣ…) ва дигаре рў ба Рум (Мавлавию Сайфи Фарғонию дигарон) меоварданд ва ҷойи амну осоиш меҷустанд. Аммо эшон дар ғурбат низ ҳеҷ гоҳ ёру диёр, ҳамватанону пайвандон, яъне рўҳи миллӣ, тамаддуну фарҳанги гузаштаи хешро фаромўш намекарданд, балки ба ин ё он тарз дар осори худ инъикос менамуданд. Албатта, Мавлоно дар ин боб аз пешравону пешоҳангон маҳсуб мешуд, зеро ў ба ҳеҷ ваҷҳ зодгоҳу меҳану қавми хеш ва забони модарии худ-тоҷикии форсиро аз ёд намебурд. Бинобар ин, ў на танҳо ба забони модарии худ-тоҷикии форсӣ эҷод мекард, ба он арҷ мегузошт, балки аз он ба наҳви мухталиф ситоиш менамуд ва хусусан аз Хуросону Эрону Мовароуннаҳр ва шаҳрҳои он ҳамвора дар осораш ёд мекард. Воқеан, «забон унсури муҳим ва аввалиндараҷаи ҳастии ҳар миллат ва ба қавли маъруф, шиноснамои ўст. Мавлавӣ, ки шоир ва андешаманди тоҷик аст ва мисли Фирдавсӣ Аҷамро ба порсӣ зинда кардааст, алорағми арабинависону тозигароён ва мутаассибони он рўзгор ва кулли рўзгорон, ки забони ишқу ошиқиву ниёиши Худовандро танҳо арабӣ медонистанд ва медонанд, ба ин нуктаи муҳим даст меёбад, ки забони модарии ў низ тавонмандии онро дорад, ки на танҳо масоили илмиву фалсафиву ахлоқиву иҷтимоӣ, балки масоили диниву ирфониву илоҳиро низ ба равшанӣ бозтоб диҳад ва ҳатто болотар аз забонҳои дигар, аз ҷумла арабӣ, ҷилвагар созад. Хусусан дар васфи Худо («Дилбар») аз чунон нерў, расоӣ, арҷмандӣ ва боландагию сароҳат бархурдор аст, ки дигар забонҳоро дар ҳайрату шигифтӣ мегузорад, зеро ишқро як забон нест, балки, ба қавли Мавлоно, «сад забони дигар аст»:

Форсӣ гў, гарчи тозӣ хуштар аст,

Ишқро худ сад забони дигар аст.

Бўйи он дилбар чу паррон мешавад,

Он забонҳо ҷумла ҳайрон мешавад».7

  Мо ин гуна мисолҳоро, ки дар осори Мавлоно дар тавсифи забони модариаш - тоҷикии форсӣ гуфтааст, ҳам дар «Маснавии маънавӣ» ва ҳам «Девони Шамс» фаровон пайдо менамоем. Аммо дар ин мавқеъ мо ба ёдкардҳои Мавлоно аз зодгоҳу ватани хеш-Хуросону Мовароуннаҳру Эрон ва шаҳрҳои он (Бухоро, Самарқанд, Балх, Кошон, Тирмиз, Рай), рў меорем, ки дар онҳо адиб ҷанбаи ватандўстонаи осори худро ба намоиш гузоштааст:

Дар сафар гар Рум бинӣ ё Хутан,

Аз дили ту кай равад ҳуббулватан.8

ххх

Нараи ҳой ҳўи ман аз дари Рум то ба Балх,

Асл куҷо хато кунад, Шамси ману Худои ман.9

ххх

То зи Қуния битобад нури ишқ,

То Самарқанду Бухоро соате.10

  Мавлоно аз вожаи тоҷик (ҳамчун қавм) низ дар осораш фаровон ёд менамояд, аз ҷумла аз нармии тоҷикон, ки, аз як ҷиҳат, фоидаманд, аммо, аз ҷиҳати  дигар, зараровар мебошад:

Як ҳамлаву як ҳамла, к-омад шабу торикӣ,

Чустӣ куну туркӣ кун, не нармиву тоҷикӣ.11

  Мавлавӣ аз Наврўз, ки аз идҳои қадимӣ ва миллии мо буда, ҷашнгирии он расман аз Ҷамшед шурўъ мешавад, ҳам дар «Маснавии маънавӣ» ва ҳам  «Девони Шамс» ёд менамояд, Масалан, дар «Маснавии маънавӣ» аз омадани Наврўз бад ин тарз хабар медиҳад:

 З-ин гузар кун, эй падар, Наврўз шуд,

Халқ аз халлоқ хуш падфуз шуд.12

  Зимнан бояд гуфт, ки адибони мо, аз ҷумла Мавлоно, бо рўҳи хайрхоҳиву шафқат ва инсондўстонаи осори худ шуҳраи офоқ гардидаанд. Ба хотир биёред шеъри «Бани одам» - и Саъдиро, ки башарро як пайкари воҳид медонад ва мегўяд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ.13

Агар Саъдӣ, ки ҳамасри Мавлоност, ин маъниро ба тафсил дар (се байт) баён карда бошад, Мавлавӣ онро ба иҷмол (дар як байт) ба қалам додааст:

Ранҷи як ҷузве зи тан ранҷи ҳама- ст,

Гар дами сулҳ  аст ё худ малҳама-ст.14

 Азбаски ҳам Мавлоно ва ҳам Саъдӣ дар як аср зистаанд (асри 13), наметавон ташхис дод, ки кадоме аввалтар ин мазмунро гуфтаанд, яъне таъсирпазирии онҳоро наметавон мушаххас намуд. Агарчи Саъдӣ (1184 - 1291) пеш аз Мавлоно (1207 - 1273) таваллуд ва баъд аз ў вафот кардааст, боз ҳам наметавон аз таассури онҳо сухан дар миён овард, зеро таърихи сурудани ин ашъор маълум нест. Ба ҳар ҳол, ҳар ду инсондўстӣ, шафқат ба ҳамнавъону дармондагону бечорагонро тараннум кардаанд ва тавсия додаанд ва бад - ин тартиб на танҳо аз маънавиёту фарҳангу тамаддуни волои миллати мо, балки рўҳи байналмилалии адабиёти мо ва вассофи инсон будани худ  ба ҷаҳониён дарак додаанд.

 Албатта, дар бораи ашъори башардўстонаи Мавлоно ва рўҳи қавии байналмилалии андешаву афкори ў метавон суханони зиёд гуфт ва мисолҳои зиёд овард, аммо мо бо овардани чанд байти машҳури яке аз ғазалҳои ў басанда менамоем:

Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,

Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ?

Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

Иморати дили бечораи дусадпора

Зи ҳаҷҷу умра беҳ ояд ба ҳазрати Борӣ.15

 Зимнан бояд гуфт, ки Мавлоно дар осораш на фақат аз забону зодгоҳу қавми хеш фаровон ёд мекунад, инчунин аз қаҳрамонони милливу асотирӣ низ зикр ба амал меорад. Ў аз ҳама зиёд аз Ҷаҳонпаҳлавон- Рустам, ки рамзи далерию паҳлавонии ақвоми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, маҳсуб мешавад, ёд менамояд:

Ҷон фидои ту кунам дар интиъош,

Рустамӣ, шерӣ, ҳило мардона бош!16

  Бояд гуфт, ки Мавлоно дар ашъораш аз Кайхусрав, Доро, Ҷоми Ҷам, Дирафши Ковиёнӣ, Рахш-аспи Рустам, Вису Ромин, Хусраву Ширин, Вомиқ Узро ва соири қиссаву достон ва расму оинҳои қадимии тоҷикон низ ба ин ё он муносибат ёд менамояд, ки далели равшани инъикоси рўҳи миллӣ дар ашъори Мавлоно метавонад буда бошад. Зиёда аз ин, ў дар осораш аз Ибни Сино, Саноӣ, Аттор, «Шоҳнома», «Калила ва Димна», Хоқонӣ, Низомӣ, Фахруддини Розӣ ва дигар андешамандону адибони пеш аз худ бо сароҳат ном мебарад, аз ашъорашон кор мегирад ва байту мисраҳои онҳоро иқтибос ва тазмин менамояд ва бад-ин тартиб аз алоқаи худ ба гузаштаи миллати хеш ба хонанда хабар медиҳад:

«Шоҳнома» ё «Калила» пеши ту,

Ҳамчунон бошад, ки Қуръон аз уту.17

ххх

Назири он ки Низомӣ ба назм мегўяд:

«Ҷафо макун, ки маро тоқати ҷафои ту нест».18

 Зимнан бояд гуфт, ки андешаву афкори миллӣ ва инсонӣ, яъне байналмилалию башардўстона дар саросари осори Мавлоно мавҷ мезанад. Аз ин рў, миллати мо, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлат гардид ва бо озодиву истиқлолият даст ёфт, имрўз имкони баррасии ҳамаҷонибаи осори Мавлоно, аз ҷумла ҷанбаҳои миллӣ ва байналмилалии осори ўро пайдо кардааст, зеро то ин дам бештар ба ҷанбаҳои диниву ирфониву тасаввуфии осори ў диққат дода мешуд. Ба сухани равшантар, маҳз дар замони истиқлолият мо чеҳраҳои бузурги миллии худ, аз ҷумла Мавлоноро шинохтем, ба осораш пурра дастрасӣ пайдо кардем ва аз мақоми волояш дар арсаи адабу тамаддуни башарӣ воқиф гардидем. Аз ин хотир, мо бояд шукри истиқлол, шукри ин неъмати бузург намоем, ки он дар поёни асри гузашта (бо мушкилоти зиёд ҳам бошад), бо роҳбарии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, насиби мо гардид. Воқеан, гузаштагони мо ҳамеша  дар орзуи ҳамин гуна истиқлолият буданд ва пинҳону пайдо дар осори худ аз он сухан дар миён меоварданд. Беҳуда Ҳассони Аҷам- Хоқонии Шарвонӣ нагуфтааст:

Неъмате беҳтар аз озодӣ нест,

Бар чунин моида куфрон чӣ кунам? 19

 Дар ҳақиқат, мо бояд куфрон накунем, балки шукри истиқлол намоем, ки ба мо озодии аз даст рафтаамонро бозгардонд, моро ба мо ошно кард. Хусусан дари ошноиро ба рўйи яке аз бузургтарин ва бедортарин фарзанди миллатамон-Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (ҳамаҷониба) боз кард. Мавлоно, ки имрўз аз ному осораш на танҳо мо-ҳаммиллатони ў ва шаҳрвандони кишвари Туркия, ки Мавлоно бо сабабҳои айнию зеҳнӣ дар он ҷо зиставу эҷод кардааст, балки тамоми аҳли башар ифтихор менамоянд, зеро ў тамоми башарро яксон дўст медошт. Аз ин рў, барҳақ, ў ба кулли аҳли башар тааллуқ дорад. Гўйӣ худи Мавлоно барои тасдиқи ин андеша аз забони шоир ба мо мегўяд:

Маро аз софии ботин зи худ донанд ҳар қавме,

Ки ҳар зарфе ба ранги худ барорад оби равшанро.20

           

Ҷамолиддин САИДЗОДА

номзади илми филология

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (12), 2018

 Пайнавиштҳо:

1.Маснавии  маънавӣ. Теҳрон, Нашри замон, 2001, с.15.

2.Куллиёти Шамс ё Девони кабир. Аз гуфтори Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад, машҳур ба Мавлавӣ, ҷузви чорум. Теҳрон, 1363, с.83 ва 269.

3.Ҷалолиддини Румӣ. Девони кабир, Ҷ.1.-Душанбе, Адиб, 1991, с.139.

4.Маснавии  маънавӣ, с.46.

5.Ҳамон ҷо,с.16.

6.Ҳамон ҷо,с.46.

7.Ҷамолиддин Саидзода. Сабки сухани Мавлоно. Душанбе, 2009, с.65.

8.Маснавии  маънавӣ, с.183.

9.Ҷалолиддини Румӣ.Девони кабир,Ҷ.1,с.395.

10.Маснавии маънавӣ, с.312.

11.Ҷалолиддини Румӣ. Девони кабир, Ҷ.2, Душанбе, Адиб, 1993, с.401.

12.Ҳамон ҷо, с.252.

13.Саъдии Шерозӣ. Куллиёт,Ҷ.3, Душанбе, Адиб, 1990, с.51-52.

14.Маснавии маънавӣ, с.425.

15.Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Девони кабир,Ҷ.3, Душанбе, Дониш, 2008, с.675-676.

16.Маснавии маънавӣ, с.650.

17.Ҳамон ҷо, с.430.

18.Ҷалолиддини Румӣ. Девони кабир,Ҷ.1, с.62.

19.Девони Хоқонии Шарвонӣ.Теҳрон,1368, с.202.

20.Соиб ва сабки ҳиндӣ.Теҳрон,1371, с.163.

[1]Маснавии маънавӣ.Теҳрон,Нашри замон,2001,с.15.

[2] Куллиёти Шамс ё Девони кабир. Аз гуфтори Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад, машҳур ба Мавлавӣ, ҷузви чорум.Теҳрон,1363,с.83 ва 269.

Хондан 1882 маротиба