JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Бигӯ ин суханҳо, ки суд андар ӯст, Сухан гуфта мағз асту ногуфта пӯст. Фирдавсӣ Хоҷуи Кирмонӣ аз шоирони маъруфи поёни асри XIII ва аввали асри XIV маҳсуб мешавад. Ӯ, афзун бар ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва дигар анвои шеърӣ, ба иншои «Хамса» низ пардохтааст. «Хамса»-и ӯ, ки дар пайравии Низоми навишта шудааст, аз маснавиҳои «Ҳумой ва Ҳумоюн», «Гулу Наврӯз», «Камолнома», «Равзан-ул-анвор», «Гавҳарнома» («Гуҳарнома») иборат мебошад. Воқеан, маснавии «Сомнома» шашумин маснавии ӯст, ки ба вай мансуб медонанд. Он ба васфи корнамоию диловариҳои ниёи Рустам-Соми Наримон ва моҷароҳои ошиқонаи ӯ бахшида шудааст. Ҳамагон Хоҷуро ҳалқа ё пул байни ду устоди ғазал-Саъдӣ ва…
Якум. Суннату ойинҳо нигаҳдоранда ва муҳофизу пайвандгари мо бо пешинаву гузаштаи таърихӣ мебошанд. Дар ин миён Наврӯз ва маросимоти Наврӯзӣ аз қидмати деринаи таърихӣ бархурдор аст ва моро бо гузаштаву собиқаи таърихӣ, суннатӣ, ойинӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва фарҳангӣ пайванд медиҳад. Ба назари донишмандон, аз ҷумла ҷомеашинос Алии Шариатӣ, ҷашну идҳои мутааддиде дорем, ки моро аз берун ба солонҳо, толорҳо, ҳуҷраҳои бузург ва фазои дохилӣ мекашанд ва дар маҳдудаҳо нигоҳ медоранд. Аммо Наврӯз ва чанде аз ҷашнҳои куҳану бостонии аҷдодӣ (ба шумули Сада, Ялдо ва Меҳргон) аз ин қоида истисноанд ва бо шукӯҳу таҷамулоте, ки доранд, мардумро аз маҳдудаҳои танг ба…
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистион муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 ва баъдан 23 феврали соли 2010 дар 64-умин Сессияи генералии Ассамблеяи СММ ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул намуда, ҳамасола онро дар тамоми ҷаҳон 21 март ҷашн мегиранд. Соли 2016 бошад ҷашни Наврӯз низ бо пешниҳоди 12 кишвари ҷаҳон ба феҳристи намояндагии ЮНЕСКО шомил шуд. Наврӯзи имсола (2024) санаи 20 март соати 08:06:21 бо вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолии он мегузарад. Дар нимкураи шимолӣ оғози фасли баҳор ва дар никураи ҷанубӣ фасли…
(Пешниҳодҳои тоза дар заминаи нашри нави “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ) Дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охирҳои соли 2023 дар бораи чопи ҳамагонии ҳамосаи миллии ориётаборон ва дастрас намудани он ба ҳар хонадони тоҷикистониён муҳимтарин муждаи фарҳангии соли мазкур буд, ки қалби ҳамаи ватандӯстон ва равшанфикрони ориёиро дар саросари ҷаҳон хурсанд кард. Дар ҳақиқат, ин як навиди хушоянде буд, ки ҳамаи аҳли адабу ҳикмат аз он ба хубӣ истиқбол карданд.
 Авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҳар мамлакати муосир талаб менамояд, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои нав ба нав амалӣ намояд. Дар ин қарина ҳар ҷумҳурии соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба захираи стратегии миллӣ, яъне насли ҷавони худ такя менамояд. Таҷриба ва таърихи мамолики пешқадами олам собит менамояд, ки дар сатҳи давлатӣ зоҳир намудани ғамхорӣ нисбат ба тарбияи ҷавонони масъулиятшинос ва ватандӯст сабаби таъмин гардидани ояндаи дурахшони ҳамватанон ва пойдор мондани Истиқлоли сиёсии дилхоҳ мамлакати дунё гардидааст. Бо назардошти ин воқеият Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Саҳифа аз 3 то 128