JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
«Агар касе гузаштаи худро надонад, инсони комил нест». Эмомалӣ Раҳмон Миллати тоҷик таъриху фарҳанги бою пурғановатро соҳиб мебошад. Тамаддуни фарҳангӣ ҳамагуна ҷомеаро ба сўйи воқеияти зиндагӣ ҳидоят мекунад, зеро фарҳанг моҳияти зиндагии инсонро ифода карда, ҷавҳари онро инсон, зиндагӣ ва ояндаи ў ташкил медиҳад. Мардуми ориёиасл ҳанўз дар оғози пайдоиш ин ҷавҳарро хуб дарк карда буд. Ин буд, ки гомҳои нахустини худро бо фарҳанг оғоз карданд, зеро фарҳанг таъмингари меҳру дод ва истиқлолу озодӣ дар ҷаҳон аст.
Панҷшанбе, 15 Ноябри 2018 10:08

Рӯзи ҷаҳонии Фалсафа

Муаллиф:
 Мавзӯи Рӯзи фалсафа дар соли 2018 - мубрамтарин масоили марбут ба ҳастӣ дар баробари чолишҳои ҷадид, инчуини таҳлили вобастагии фалсафа ва санъат, мебошад. Тавре Котиби генералии ЮНЕСКО Одри Азуле фармудааст –Фалсафа такягоҳе бар зидди заифии ақлу андеша аст». Ва ин фармуда хеле хуб амазмун ва муҳтавои ғоявии Рӯзи ҷаҳонии фалсафаро, ки дар арсаи ҷаҳонӣ панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр таҷлил мегардад, ифода менамояд. Имсол он ба 15 ноябр мувофиқ омада, дар ин рӯз ҳамаи онҳоеро, ки ҳикмат ва маърифатро дӯст дошта ҳаёти худро бидуни пурсуҷӯ, омӯзиш ва тахқиқот тасаввур намекунанд, табрик ва муборакбод менамоем. Иқдоми ҷашнгирии рӯзи ҳикматдӯстон дар арсаи ҷаҳон…
Анис Мансур файласуфи муосири Миср аст. Соли таваллудаш 18 августи соли 1924. Зодгоҳаш шаҳри ал-Мансура дар вилояти Дақҳалияи Ҷумҳурияи Мисри Араб. Вафоташ 21 октябри 2011 дар шаҳри Қоҳира. Аз бемории варами шуш вафот кардааст. Бо хонум Риҷоъ Мансур издивоҷ кард. Ҳар ду ба ин маслиҳат расиданд, ки бояд фарзанде надошта бошанд. Чаро ки барои фаъолияти эҷодии ҳар дуяшон халал ворид мекунад. Ҳамин тавр, то охири умр бефарзанд боқӣ монданд. Солҳои 1950-2001 солҳои фаъолиятҳои эҷодии ӯ буд.
Муҳим ин нест, ки шахс кӣ буд ва кӣ ҳаст, мақсад ин аст, ки шахс кӣ метавонад бошад. Фаъолияти рўзмарраи афроди ҷомеа натиҷаи таҷрибаи даврони сипаринамудаи онҳост. Агар шахс дар айёми кўдакӣ нисбат ба интихоби хеш мустақилона тасмим гирифтанро омўхта бошад, пас, барои тасмимгирии огоҳона низ дар оянда ба мушкилот дучор намешавад ва бемамониат метавонад тасмим бигирад. Вале ашхосе, ки баръакси ин рўҳия тарбия ёфтаанд ва ҳамеша тобеи амру фармони дигарон буданд, ҳангоми интихоб ва тасмимгирӣ ба мушкилот дучор шуда, интизорӣ мекашанд, то касе баҳри онҳо тасмим бигирад.
Дар субҳи сарди 16 феврали соли 1600 олими итолиёвӣ Ҷордано Бруноро аз маҳбас берун оварданд ва ба майдони эъдом бурданд. Даҳонашро бо даҳонбанд пушонданд то ба тӯдаи ҷамъомада чизе гуфта натавонад, ва ӯро ба поячӯб баста зинда ба зинда бо иттиҳомӣ бидъаткорӣ, сӯзониданд. Давоми 8 соли дар маҳбас будани худ Бруно бо шиддат бо мақомоти мазҳабие, ки мегуфтанд маркази Кайҳон Замин аст мухолифат мекард ва системаи нуҷумии Коперникро дастгирӣ мекард, ки бар асоси он маркази низоми офтобӣ Офтоб ҳисобида шудааст.