JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 02 Ноябри 2022 16:23

Паёмадҳои хушунатборе, ки аз сиёсикунонии дину бовар маншаъ мегиранд

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Хурофазадагӣ, ҷаҳл, тассуб ва нодонӣ,  яке аз мушкилоти асосии асри равон дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки паёмадҳои бисёр манфиро дар ҷаҳони имрӯз ба бор овардааст. Аз ҷумлаи бархӯрду даъвиҳои номуносиб худхоҳӣ, тамомиятхоҳӣ, эҳтиром накардани арзишҳои дигарон, таҳаммулнопазир ба дину бовар ва андешаҳои дигар, сабаби бебандуборӣ ва куштору нобудӣ гардида, хатари аз байн бурдани давлату миллатҳоро дар ҷаҳони имрӯз ба миён овардааст.

  Исломи сиёсӣ, ки беруномада аз тассубияту ҷаҳолат аст, ба ҳайси яке аз идеологияҳои асосии асри равон барои иддае аз созмонҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Бо такя кардан ба ин идеология ва муқаддасангории амалҳои хушунатбору зиддибашарии худ, паёмадҳои амалии вазнинеро барои кишварҳои минтақаи мусалмоннишин ба вуҷуд овардааст.

Агар ба вазъи геополитикии ҷаҳони имрӯз назар афканем, хоҳем дарёфт, ки дар тахтаи шатранҷи имрӯзаи бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ аз дину бовари мардумон ба навъи аҳсан мавриди сӯистифода қарор медиҳанд. Барои кишварҳои муайяни ҷаҳон таблиғи дину оин ва бовару мазҳаб ба ҳайси яке аз муҳаррики асосии маънавиёти иҷтимоӣ ва меҳвар қарор гирифта, ҳамеша кӯшиш мекунанд ба хотири кишварҳои муайяни ҷаҳонро дар зердасту вобастагии худ қарор додан аз усулҳои кор бигиранд, ки онҳо ҳамеша ба ҳайси кишварҳои истеъморӣ, вобаста ва аз лиҳози истеҳсолию фанноварӣ дар раддаи поён қарор бигиранд.

Ин гуна кишварҳо танҳо аз лиҳози ашёи хом ва нерӯи арзони корӣ, бозори молу коло, ҳамчун кишвари тобеъ, баровардакунандаи ниёзҳои кишварҳои пешрафта метавонанд фаъолият намоянд. Аз тарафи дигар, барои ин ки кишварҳои мазкур дарку фаҳми истеҳсол фанноварӣ ва воқеъияти илмии ҷаҳон барои онҳо номаҳфум ё дур аз хирад қарор бигирад, онҳоро аз таблиғоти густурдаи динию мазҳабӣ кор мегиранд, ки боястӣ онон дар як зинаи ноогоҳӣ ва бедонишӣ вомонда бошанд.

Агар ба вазъу воқеъияти ҷаҳони имрӯз аз лиҳози илмию таҳлили назар андозем, дармеёбем ба кишварҳои Шарқи Мусалмонӣ аз ҳамин гуна усул кор гирифта мешавад, ки бояд мардумони ин минтақа аз лиҳози донишҳои илмию фанновариҳои навин дар пояе қарор бигиранд, ки онҳо вобаста ва дур аз дарку фаҳми ин фанновариҳо бошанд. Дар бештари вазъиятҳо афроди ин кишварҳо чунин меандешанд, ки дарку фаҳму кашфи донишҳои илмро надошта, танҳо онҳо метавонанд як навъ истифодабарандаи фанновариҳои азилмберуномада бошанд, на бештар аз он.

Ҳамин гуна паём боиси он гардида, ки дар ҷаҳони имрӯзӣ аксари кишварҳое, ки захираи зиёди нефту гази ҷаҳон дар дасти онҳо қарор дорад, ба ҳайси мардумони дастнигар қарор бигиранд. Зеро дар ҳоли огоҳии илмӣ аз ин дастовардҳо метавонанд ба кишварҳое табдил ёбанд, ки онон дигар аз ҳолу ҳавои идораи кишварҳои пешрафта, ки асосан барои онҳо ба ҳайси истеҳсолгари ашёи хом қарор мегиранд, берун монанд. Ҳамин аст, ки имрӯз бо ду омил: яке бо омили ин ки нафарони таассубзадаю хурофотӣ ва касоне, ки воқеан донишҳои бовармандро бар донишҳои илмӣ тарҷеҳ медиҳанд дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ дастгирӣ ва сари қудрат оварда мешаванд.

Аз тарафи дигар, нафарони сари коромада, бо назардошти ин ки бунёди идеологияи онҳо аз таассубу хурофт иборат аст, кушиш мекунанд онро ба ҳайси як воқеияти асосии бунёдӣ, як ҳақиқати мутлақ дар идеологияи худ қарор бидиҳанд. Аз он ба ҳайси як нерӯи асосии таъсиргузор дар муносибатҳои дохилию байналмилалӣ кор бигиранд. Вақте ба вазъияти кунунии ҷаҳон назар меафканем хоҳем дарёфт, ки таассубу хурофот нодонӣ, ба ҳайси яке аз воситаҳои асосии дар зери даст нигоҳ доштани кишварҳои мусалмонӣ қарор дода шуда, аз он кишварҳои пешрафта ба ҳайси як гузинаи асосии сиёсию иҷтимоӣ кор мегиранд.

Имрӯз ба вуҷуд овардани ҳаракати таассубию хурофотии исломи сиёсӣ дар минтақаи кишварҳои осиёӣ, махсусан кишварҳои мусалмоннишини минтақа, пеш аз ҳама ба хотири зери даст нигоҳ доштани кишварҳои мазкур эҷод шудааст. Чунин вазъият боиси он гардидааст, ки ҷаҳлу таассуби динӣ сабаби бадбахтиҳои зиёди мардумони минтақа гардида, гурӯҳҳои тассубию хурофотӣ дар чунин вазъеанд, ки илло аз боварҳо ва ҷаҳли мураккаб ба ин боварҳои динӣ, чизи дигареро қабул надоран ва онро ғайриимкон ва мамнуъ ва номашруъ меҳисобанд.

Вақте воқеъияти асрҳои гузашта ва асри имрӯзии тамаддуни ҷаҳониро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем, хоҳем дарёфт, ки кишварҳои ғарбӣ пай дар пай, зина ба зина аз афкори боварманд ва таасубию хурофотӣ ба дидгоҳи нави илмӣ расида, кӯшидаанд, аз даврони асри Эҳё шурӯъ намуда, то ба имрӯз ҳамаи ҳаводису воқеияти ҷаҳонро аз диди илмию мантиқӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор бидиҳанд ва ҳар падидаро вобаста ба оне, ки улуми табиию риёзӣ ва собит намудани воқеияти илмӣ дар бораи онҳо чӣ ҳукму тасмимеро анҷом медиҳад, шиносанд ва аз ин шинохт фанновариҳои навинеро ба вуҷуд оваранд.

Ҳамин аст, ки онҳо тавонистаанд, дар 500 соли ахир, аз ин гуна биниши хурофотие, ки ҳазорон сол бобати шинохти ҳаводису ашё вуҷуд дошт, даст кашанд ва ба шинохти имрӯзаи илмию мантиқӣ бирасанд. Вале мутаассифона дар кишварҳои шарқӣ, бахусус дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ, ҷиҳати нигоҳдошти онҳо дар зери султаи худ қудратҳои ҷаҳонӣ дар ин кишварҳо бовармандӣ ва хурофазадагиро ба ҳайси яке аз гузинаҳои бисёр соддаи дар вобастагӣ нигоҳ доштан, тарвиҷ додаанд. Дар ин кишварҳо ба ҷои ҳувиятҳои миллӣ аз ривоҷи ҳуввияти динӣ кор гирифта шуда, ҳудуди ду қари ахир бо ҳамин шева аз онҳо суистифода менамоянд.

Агарчи имрӯз инсоният дар қарни 21 қарор дорад ва чунин ба назар мерасад, ки гӯё бисёре аз буъдҳои зиндагии инсонӣ рушан шудаанд ва онҳо дигар метавоннанд аз назри илмӣ ба ин мавзӯот, ки фарогири вазъи чигунагии ҳаводиси ҷаҳонию инсонианд ҷавоб гӯянд. Чунин раванд  дар қисмати зиёде аз кишварҳои аврупоӣ ба амал омада ва аксар аз бошандагони ин кишварҳо бо такя ба маърифати илмӣ ҳаводису воқеаҳоро баррасӣ карда  дар доираи он оянданигарӣ намуда, тасмими амалҳои  хешро аз роҳи илмӣ ҷиҳати ҳалли мушкилӣ ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоиву руҳди кишварҳояшон гирифтаанд. Мутаассифона, дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ бо назардошти чанд нуктаи муҳим онҳоро мехоҳанд дар вазъиятҳое нигоҳ доранд, ки тавонанд аз ин кишварҳо барои манофеи иқтисодию сиёсии хеш истифода намоянд.

Ҳамин аст, ки дар ин кишварҳо ба таври бесобиқа бовармандӣ дингароӣ ва таассубу хурофотро ривоҷ медиҳанд ва онҳоро ба ҳайси як гузинаи асосӣ мавриди истифода ва таъсиргузорӣ қарор медиҳанд. Қобили қайд аст, ки дар ҷаҳони имрӯз ба вуҷуд овардани исломи сиёсӣ ва аз он суистифода намудану дар зери итоати хеш нигоҳ доштани ин кишварҳо ҷиҳати тавсеаи манофеъи худ ба як раванд табдил ёфтааст.

Кишваре ки аксари бошандагони он динзада ва тассубиву хурофотӣ мешаванд, аз сокинони он ба ҳайси манбаи арзони нерӯи корӣ ва сарватҳои зеризаминии ин кишварҳо ба ҳайси ашёи хом мавриди истифода қарор мегиранд. Ин ҳолат барои иддае аз кишварҳо судманд аст. Ҳамин аст ки кишварҳои манфиатдор барои кишварҳои Шарқи Мусалмонӣ ҳеҷ гоҳ на аз тарвиҷи илму дониш, шинохти дурусту илмии ҷаҳону ҳаводис кор мегиранд, балки ҳамеша кӯшиш менамоянд онон дар сатҳи таассубу хурофот ва донишҳои боварманд боқӣ монанд.

Таасубият ва ҷаҳли мураккабе, ки дар кишварҳои мусалмонишин гуруҳҳои ифротиро ба вуҷуд овардааст, амалан бар алайҳи нобудии миллату давлатҳои минтақа равона гардидааст. Ҳарчанд гурӯҳҳои исломгарои минтақа даъво аз он доранд, ки ҷиҳати нигоҳ доштани ҳувияти динӣ ва арзишҳои динӣ мубориза мебаранд, вале амалан тамоми натиҷаи корҳои анҷом додаашон бар алайҳи мииллату давлатҳои худ аст. Тавре ба назар мерасад, онҳо аз хушунату нафрат истифода намуда, онро бозтоби муқаддасӣ медиҳанд.

Ин хушунату нафрат пеш аз ҳама бо номи дин анҷом дода мешавад ва сабаби он мегардад, бо тағма задан ба иддае аз шаҳрвандон, ки онҳо ё дигарандешанд ё ба мазҳабу бовари дигар мутамоиланд, мавриди озору шиканҷа ва ҷисман нобудгардидани онҳо мешавад. Чунин вазъият боиси он гардидааст, ки дар кишварҳои минтақаи Шарқи Наздик ва Афғонистон даҳҳо гурӯҳҳое зуҳур намуданд, ки худро ҳомии дину оин муаррифӣ намуда, бо роҳи хушунат даҳшатафканӣ ба тарзи фоҷиавӣ аз байн бурдани мухолифини хеш машғуланд.

Онҳо ҳеҷ гуна андеша ва тарзи дигари бинишро, ҷуз назариёти бастаи хурофотии хеш қабул надоранд. Тамоми кушторҳои фоҷеъаборе, ки ба даст инҳо анҷом мегирад, онҳоро ба назари худашон гӯё ба дастури илоҳӣ анҷом медиҳанд ва ин хушунатро муқаддас меҳисобанд.

Паёми дигари исломгароёни таассубзадаи хурофотӣ тамомиятхоҳӣ аст. Аксари ин гурӯҳҳо  даъвои ба вуҷуд овардани як давлати мутамаркази динӣ дар саросари ҷаҳонро ба шакли хилофати исломӣ пайгирӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки тамоми ин гурӯҳҳо бар алайҳи давлатҳои миллӣ нигаронида шуда, душмани сарсахт ба дунявияту ҳуқуқи башаранд.

Агар ба амалкардҳои онҳо дар кишварҳои Шарқи наздик ва Афғонистон назар афканем, онҳо пеш аз ҳама афроди донишманд, огоҳ ва аъзои фаъоли ҷомеаи маданиро аз байн мебаранд. Ҳамин аст, ки ҳамарӯза дар вазъиятҳои интиҳорие, ки аз тарафи онон ба вуҷуд оварда мешавад, пеш аз ҳама донишмандон, дигарандешон ва аъзои фаъоли ҷомеа аз байн бурда мешавад. Чунин амалкард боиси он мегардад, қишри рушангари ҷомеа, ки асоси ҳар миллату давлатро ташкил медиҳад ё аз дасти онҳо аз байн бурда мешавад ё маҷбур аст, аз ин сарзамин фарор карда, ҳамчун паноҳанда худро ба кишварҳои амн бирасонанд.

Мусаллам аст, ки ҳар қадар сафи донишмандон ва огоҳон дар ҷомеа камтар мешавад, ҳамон қадар фазои илмии кишвари муайян бастатар гардида, сатҳи нодонию ҷаҳолат ва ноамнию бенизомӣ дар ҷомеа боло мегирад. Бо аз байн бурдани пешгомони фарҳангӣ ором-ором давлату миллатҳо ба тамом аз байн хоҳанд рафт. Агар аз ин зовия ба амалкардҳои гурӯҳҳои исломгаро назар афканем онҳо амалан бар зидди худи мардумони кишварҳо худашон равона карда шудаанд.

Паёми дигари исломгароён табъизи динию ҷинсӣ ба ҳисоб меравад. Тавре дар боло ишора шуд, онҳо ҳеҷ гоҳ андеша бовар ва тарзи тафаккури дигарро қабул надоранд. Ҳамеша аз бартариятҷӯии бовару мазҳаби хеш дифо намуда, бовару мазҳабу андешаи дигарро на танҳо қабул надоранд, балки онро ҳатто таҳаммул намуда наметавонанд. Кушторҳои дастаҷамъонае, ки дар кишварҳои мавриди амали онҳо ба вуқуъ мепайвандад, аз ҳамин хислат маншаъ мегирад.

Дар мавриди табъизи ҷинсӣ бошад, ин гурӯҳҳо ҳеҷ гоҳ занҳоро ҳамчун ҷинси баробар ба мардон эътироф надоранд, балки аз онон ба ҳайси як навъ барда истифода менамоянд ва ҳамеша аз хушунату зуроварӣ ва маҳдуд кардани онҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ кор мегиранд. Аз вазъиятҳои ба вуқуъ пайвастаи кишварҳои минтақаи мусалмонишин, ки исломгароён дар он қудрат доранд пайдост, ки онҳо дар нисбати занон иддае аз амалҳоеро раво мебинанд, ки барои асри 21 сахт шармовар аст.

Аз ҷумла онҳо занонро аз дастрасӣ ба илму маориф маҳдуд менамоянд ва ҳатто то ҷое мактабу мадрасаҳое, ки дар он ҷо занону бонувон таҳсил мекунанд, бо бераҳмии хос мавриди ҳамла қарор медиҳанд ва нобуд карда мешаванд. Дар дидгоҳи гурӯҳҳои исломгаро заноҳо амалан ҳуқуқи иҷтимоии соҳиби вазифа будан ва ҳатто ронандагӣ кардан, таҳсил гирифтан ва амсоли ин барои онҳо амалан мамнуъу номашруъ аст. Чунин рафтори хушунатбор дар нисбати занҳо барои асри имрӯз низ метавонад, оқибатҳои бисёр бад ва сангин дошта бошад.

Мусаллам аст, ки тарбиятгари асосии хонавода занҳо ба ҳисоб мераванд ва дур аз маърифат қарор гирифтани занҳо боиси он мегардад, ки фарзандон низ аз   раванди маърифати солим ва илмомӯзӣ дур монанд ва ин боиси вазъе мегардад, ки насли баъдие ки ба вуҷуд меояд аз лиҳози маърифатпазирӣ, камдониш, таассубзада, хурофотӣ ва ҳамчун як нафаре ки минбаъд бисёр бо осонӣ метавонад шомили ҳамин гуна гурӯҳҳо гардад, ба вуҷуд меояд. Яъне насл ба насл сафи нодонӣ ва таассубзадагию хурофаандешӣ зиёд гардида, ба раванди иҷтимоӣ табдил гардида, дар маҷмӯъ ба нобудии миллату давлатҳо оварда мерасонад.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, гурӯҳҳои исломгарои муосир барои давлату миллатҳо ва мардумони кишварҳои мусалмоннишин дорои ҳеҷ гуна аҳамияти бунёдӣ набуда, балки баръакс ҷиҳати аз байн бурдани ин давлату миллатҳо роҳандозӣ шудаанд. Онҳо ҳарчанд аз дину бовар ҳарф мезананд, вале воқеъият ин аст, ки худ сабабгори тамоми бадбахтиҳои ҷомеа ва кишварҳояшонанд.

Тавсеа ёфтани ин гурӯҳҳо метавонад дар маҷмуъ давлату миллатҳои минтақаро боз ҳам осебпазир намуда, ҷиҳати аз байн рафтани онҳо заминаҳои воқеиро ба вуҷуд оваранд. Хатари исломгароӣ барои кишварҳои ҳавзаи Осиёи Миёна низ таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меравад ва бояд дар ин росто, шаҳрвандони ин кишварҳо низ бо таҳлилҳои илмӣ ва дарки огоҳонаи вазъият амал намуда, худ ва миллату давлати худро аз шарри ин гурӯҳҳои бунёдгаро ҳифз намоянд.

Барои пешгирӣ аз ин раванд пеш аз ҳама боло бурдани сатҳи донишу огоҳӣ, ҷаҳонбинии илми шаҳрвандон ва таҳлилҳои амиқи илмию маърифатӣ перомуни вазъиятҳову падидаҳову равандҳо зарур аст.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Бознашр: https://farazh.tj/sahifai-asosy/jomea/pajomadhoi-hushunatbore-ki-az-sijosikunonii-dinu-bovar-mansha-megirand/ 

Хондан 4261 маротиба

Китобҳо