JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Нуқтаи бо ҳам пайваст шудани арзишҳои динӣ ва миллӣ ин ҳаёти ин дунёии инсон аст ва танҳо дар раванди ҳаёти воқеии инсон нақш доранд. Ҳаёти инсон динро маънӣ медиҳад ва берун аз ҳаёти инсон дин моҳияту маъно пайдо карда наметавонад ва ҳатто охират инъикос ва ҷамъбасти аъмоли ин дунё аст. Бояд зикр намуд, ки ҳувияти миллӣ дар такя ба заминаҳои таърихи рушд меёбад ва дар раванди рушди иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа ва ташаккули шуури миллӣ нақши бориз дорад. Маҳз бо таҳкими ҳувияти миллӣ ҳар кас як ҷузъи миллат будани худро дарк мекунад…
Сешанбе, 26 Декабри 2017 03:46

Тақдиргароӣ ва осебшиносии иҷтимоӣ

Муаллиф:
Яке аз мушкилоти зеҳнии рушди иҷтимоӣ тақдиргароӣ ва бовару эътиқод ба он маҳсуб меёбад. Боварӣ ба тақдир бори масъулиятро аз дӯши одамӣ мебардорад, рӯҳияи инфиолӣ ба фард таҳмил мекунад ва тавоноии инсонро барои ифои нақши барҷаста ва муассир дар ҳаёти иҷтимоӣ аз ӯ мегирад. Бо бартараф кардани ин бовар аз фарҳанги ҷомеа инзивои иҷтимоӣ коста шуда, рӯҳияи ҳамкориву таовун тақвият меёбад. Бинобар ин шинохти падидаи мазкур ва афзоиши огоҳиву дониш нисбат ба он барои ҷомеаи имрӯзаи тоҷик аз аҳамияти босазое бархӯрдор аст. Бо назардошти муҳимияти масъала барои ҷомеаи муосир хостем…
Дар индекси мазкур[1] таносуби динории аҳолӣ бо фоиз, новобаста аз худро «диндор» эътироф кардан, ба ибодагоҳҳо рафтан ё нарафтан ва «бедин» ё даҳрӣ будан, нишон дода шудааст. Мувофиқи тадқиқоти солҳои 2001-2005 анҷомдодаи Донишгоҳи Гарвард (ИМА), аз соли 1900 то соли 2000 63 давлат аз дини давлатӣ даст кашидаанд, ба монанди Россия, Чин, Ҷопон, Бразилия ва ҳоказо. Дар ин муддат танҳо 17 давлат ба дин баргаштаанд, аз қабили Бангладеш, Эрон, Покистон ва ғайра. Инчунин, тибқи ин тадқиқот 75 давлат дини давлатӣ дошта, 113 давлати дигар дини давлатӣ надоранд, яъне давлатҳои дунявӣ…

Китобҳо