JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 15 Феврали 2022 04:37

Сиёсисозии дин ва таҳрифи арзишҳои башарӣ

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Сиёсатгарони дин одатан дар суханрониҳои хеш аз арзишҳои башарӣ ҳарф мезананд ва чунон  дар суханрониҳои хеш пардозгарӣ менамоянд, ки дар аввал кас гумон мекунад, ки онҳо воқеан аз ҳамин арзишҳо пайгирӣ менамоянд аммо ин танҳо як зоҳири фиребоест, ки ҷиҳати расидан ба аҳдофи хеш аз он кор мегиранд.

  Гурӯҳҳои исломгаро (исломгаро- нафароне, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои сиёсии хеш аз Ислом ба ҳайси восита истифода менамоянд) аз дарку фаҳми ин нуктаро надоранд, ки дар ҷаҳони имрӯз ҳама умур боясти ба маънии созгори ақлу мантиқ ва илму фанноварӣ ба роҳ монда шавад. Дар дигар маврид  имкон надорад ҷомеаи муоссирро аз тариқи хурофоту таассуб идора намуда, онро аз мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ раҳо намуд. Тамоми он даъвиҳое, ки исломгароён аз ба вуҷуд овардани арзишҳои бунёдии ҷомеа мегӯянд, ҷуз дурӯғ ва риё чизе бештар нахоҳад буд.

  Якум он чи онҳо озодӣ мегӯянд ва ё мардуми миллатеро ба озодӣ мерасонанд, як дурӯғи зебост, зеро онҳо наметавонанд, ҳеҷ навъе аз озодиро ба миён оваранд, на озодии баён, ан озодии расона, на озодии иҷтимоӣ, на озодии интихоби сабки зиндагӣ, на озодии касбу ҳифзи баҳрагирии аз даромаду сарват, на озодии боварҳо ба адён ва амсоли инро ҳеҷ гоҳ ташкил карда наметавонанд. Зеро фаҳмиши онҳо аз озодӣ танҳо дар чорчӯбаи низоми динист ва яксӯнигару яъбудӣ ва тамомиятхоҳ аст. Чунин навъи озодиҳо танҳо дар низоми дунявӣ мардумсолор ва либерал метавонанд ҷойгоҳ дошта бошад.

  Даъвои дуюме, ки гурӯҳҳои исломгаро ба роҳ мемонанд ин даъвои адолати иҷтимоӣ аст. Вале тавре аз тамоми низомҳои сиёсии исломӣ  сарфи назар аз низомҳои муътадил ё ғайри муътадил ҳеҷ кадоми онҳо натавонистаанд адолати иҷтимоиро дар кишварҳояшон таъмин созанд. Ҳоло дар кишварҳои низоми сиёсии динӣ фақр, нодорӣ ва тафовути зиёди табақотӣ ба назар мерасад, ки ин ҳама бозгӯкунандаи он аст, адолати иҷтимоӣ низ ба ҷуз аз бахше аз таблиғоти дуруғини ин гурӯҳҳо чизи дигаре нест.

  Масъалаи дигар бо роҳи даъвои маънавият ва фазосозии эҳсоси маънавӣ аст, ки ин ҳам ба ҷуз аз динӣ ва бовармандӣ гардонии маънавиёт ва дахолат дар тамоми умури зиндагии шаҳрвандону табаъияти кишвари муаян чизи дигаре нест. Онҳо маънавиятро якбуъда ва яксунигар намуда, тамоми арзишҳои дунявиро аз мардум салб мекунанд. Анвоъи гуногуни санъатро маҳдуд месозанд ва ё онҳоро аз асолати хеш берун намуда, вориди чорчубаҳои танги бовармандӣ мебаран ва ё ҳатто баъзе аз ононро тамоман ба ҳошия ронда, мануъ низ менамоянд. Чунин вазъро ҳоло дар Афғонистон метавон ба осонӣ мушоҳида намуд, ки анвоъи гуногуни санъат: мусиқӣ, рақс, синамо, зебоипарастӣ, теотр ва дигар анвоъ ба ҳошия рондашудаву маҳдуд карда шудаанд.

 Яке аз даъвоҳои дигари исломгароён  даъвои ба истиқлолият расонидани миллатҳо ки ин ҳам як дурӯғе беш нест. Масалан Толибон бо даъвои ин ки ҳукумати қаблии Афғонистон ҳукумати сохтаи аврупоиёну амрикоиён буд ва гӯё як ҳукуматеро сари қудрат меоранд, ки он комилан аз давлатҳои дигар новобаста бошад ва даъвияшон низ ин аст, ки онҳо дахолати ҳеҷ як кишвареро дар умури сиёсии кишварашон қабул надоранд, ин иддао низ як дурӯғе беш нест, зеро Толибон айни ҳол худ низ вобастаи кадом аз давлату миллатҳоянд ва дастури кадомин давлату кишварҳоро анҷом медиҳанд. Ин ҷо танҳо як масъала аст, ки исломгароён бештар аз назарияи тавтеа кор мегиранд ва бо нишон додани ин ки гӯё низомҳои собиқ ҳамагӣ вобаста будаанд ва инҳо гӯё мардумонро ва миллатҳоро ба озодӣ мерасонанд, танҳо тавтеагароӣ асту халос.

 Дар идоракунии иҷтимоии гуруҳҳои таасубии исломгаро ҳеҷ гоҳ аз шеваҳои муосири идоракунӣ ва боло бурдани сатҳи маърифату дониши аҳли ҷомеа кор гирифта намешавад. Баръакс онҳо ҳамеша аз шеваҳои даврони барбарият кор мегиранд. Яке аз шеваҳои асосии гурӯҳҳои мутаассби исломгаро тарс додани мардумон аст, ки он  дар ду шакл сурат мегирад. Як шакле аз он тарс додан тавассути таъсиррасонию муҷозоти ҷисмӣ ва шакли дигари он тавассути тарс доданҳое, ки бо тариқи дунёи дигар,  яъне муҷозоти рӯзи ҳашр ба зеҳнияти бовармандон ба вуҷуд оварда мешавад. Чунин тарзи идоракунии иҷтимоъ дар ҳамаи низомҳои теократӣ, ки ҳокимияти динӣ дар онҳо ҳамчун ҳокими бартар ва асоси идоракунии матраҳ мешуд, мавҷуд буд. Дар Аврупо низ то замони ба миён омадани низоми дунявӣ аксар аз низомҳои диние, ки дар ин маҳдуда фаъолияти сиёсӣ доштанд, тавассути тарс додан аз уқубат дунёи дигар, мардумро дар маҳдудаҳои фикрӣ нигоҳ медоштанд. Аврупоиён бо расидан ба низоми дунявӣ аз қудрати қоҳири дастгоҳи калисо даст бардоштанд ва онро ба ҳошияи иҷтимоӣ ронданд ва тамоми муҷозоти ақидатие, ки тавассути оташ задан, ҷисман нобуд кардани мухолдифон сурат мегирифт, аз байн бурда шуд. Онҳо ба думболи идоракунии илмию ақлонии ҷомеаи хеш, мафҳумҳои тарсовареро аз қабили дузаху растохез аз ҳавзаи идора ва сиёсатгузориҳои тасмимгирии умумӣ берун кардаанд. Ҳоло ин мафоҳим метавонанд аз рӯи эътиқоди фардӣ ва то куҷо ва чи гуна дарку фаҳми онҳо аз донишу ақлонияти худи фард, вобастаанд. Вале дар низомҳои динӣ ва махсусан ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хеш гурӯҳҳои исломи сиёсӣ тавассути тарс доданҳои динӣ мардумонро таҳти таъсири хеш дармеоваранд ва худро чунон вонамуд месозанд, ки онҳо айни ҳақиқат буда, дар масири дуруст ва мустақим қарор доранд, аз тарафи дигар, ҳамчун иҷрокунандаи аҳкоми осмонӣ худро муаррифӣ намуда, чунин дастур медиҳанд, ки ҳар нафаре агар гуфтаҳои эшонро қабул надошта бошад, ё заррае ба он шак кунад, вай ҳатман дар дунёи дигар ба уқубат гирифтор мешавад. Аммо боре ин нафарон назди мардум ҷиноёти сангине, ки бо номи дину оин содир мекунанд, онҳоро ҳеҷ гоҳ мавриди арзёбӣ қарор намедиҳанд. Аз ҷумла, барои расидан ба  ҳадафҳои нопоки хеш дурӯғ мегӯянд, тақаллуб мекунанд, одамкушию одамфурӯшӣ мекунанд ва бадтарин ва қабеҳтарин ҷиноятҳоро дар баробари мардумони бегуноҳ анҷом медиҳанд, аммо ҳеҷ гоҳ ин амалкардҳои ваҳшонияти хешро  навъе аз ҷиноят намедонанд ва гӯё чунин вонамуд месозанд, ки ин ҳамаро ба хотири ризоияти офаридгор анҷом медиҳанд. Замоне исломгароён қудратро ба даст мегиранд, онҳо кушиш ба харҷ медиҳанд, ки кӯдакону наврасонро бо роҳи тарс додан аз азоби ахират таҳти таъсир қарор диҳанд ва арзиши зиндагиро бебунёд эълон карда, аз онҳо тамоми истеъдодҳои инсонияшонро канора зананд ва мардумонро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хеш ба ҷиҳоду интиҳорӣ шудану худро дар ин роҳ қурбон кардан савқ дода, ононро ба биороботҳои қотилу бераҳм табдил диҳанд. Яъне ин гурӯҳҳо кушиш ба харҷ медиҳанд, ки муҳимтарин арзиши инсонӣ, ки зиндагӣ ном дорад, онро комилан як падидаи муваққатӣ, ночиз, даргузар арзёбӣ намуда, тамоми дониш кӯшиш ва истеъдоду фитрати инсонро тамоюл ба дунёи дигар медиҳанд. Ҳамин гуна амалкард аст, ки дар ҳар куҷое аз нуқоти олам, ки исломгароӣ рушд кунад, мардум дар баробари зиндагӣ бетафовут гардида, таваккаландеш, бебарнома ва бе қайду бор мешаванд ва арзиши дунёи дигар боло гирифта арзиши зиндагиро ниҳоят поён мебаранд. Чунин амалкард боиси он мегардад, ки дар ҷомеаҳое, ки дар онҳо нуфузи исломгароӣ боло меравад, ҷойгоҳи илму дониш, фанноварӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, истеъдодҳо ва рушди соҳоти гуногуни ҷомеа бисёр ба кундӣ сурат мегирад. Як омили асосӣ он аст, ки нерӯҳои моҳиятии инсонӣ сарф бар дунёи дигар мешаванд. Вақте чунин идеология ба сиёсати идоракунандаи як ҷомеа табдил меёбад, он ҷомеаро на ба пешрафт, балки ба вомондагӣ дар ботлоқи таассубу хурофот савқ медиҳад. Зеро гурӯҳҳои исломгаро пас аз қудратро ба даст гирифтан ҳадафашон ҷамъоварии молу сарват, бунёди қасру кушкҳо ва ин ҷаҳонро барои худашон пур аз неъматҳо ва сарвату сармоя гардонида, барои бошандагони зери султаашон буда зиндагиро ба дузахи рӯи замин табдил медиҳанд. Онҳо барои нигоҳ доштани қудрати сиёсии худ, аз бадтарин шеваҳои идоракунӣ аз ҷумла заҷр додан, шаллоқ задан, қатъи дасту по, сангсор кардан, дор задан ва дар маҷмӯъ эъдом кардан аз намунаи барҷастаи идеологияи ҷаҳаннам аст, ки онро дар ҳамин ҷаҳон барои нигоҳ доштани қудрати қоҳири худ исломгароён анҷом медиҳанд. Ҳоло агар ба вазъи Афғонистон назар афканем толибон ин кишварро ба як ҷаҳаннами рӯи замин табдил додаанд. Ҳар рӯз дар ин кишвар ҳазорон ҳазор бар асари гуруснагӣ, фақр, набуди ҷойи кор, набуди озодии фардию сиёсӣ мавриди марги табиию маҷбурӣ ва худкушӣ қарор мегирад. Яъне идеологияи исломи сиёсӣ ин кишварро ба як ҷаҳаннами рӯи замин табдил додааст. Мардумони ин кишвар на ҷое барои рафтан доранд, на гузарномае доранд ва на нерӯе доранд, ки дар муқобили ҳамаи ин заҷру зул вокуниш намоянд ва хешро аз чанголи дасти гурӯҳҳои аҳриманӣ наҷот бахшанд.

  Бо назардошти нуктаҳои дар боло зикр гардида, аксар аз он ҳарфҳое, ки дар мавриди арзишҳои инсонӣ фазилатфурушона ин гуруҳҳо корбаст менамояд, танҳо гул задани мардуму ҷомеа аст. Зеро гурӯҳҳои ислогаро бо баробари расидан ба қудрат ҳамаи ин иддаоҳое, ки дар бобати озодӣ, адолати иҷтимоӣ, маънавиёт ва истиқлолталабӣ пеш меоваранд, ҳамаро саркӯб ва нобуд хоҳанд кард. Таҷриба нишон додааст, ки ин гурӯҳҳо дар ҳар куҷое аз дунё, ки ҳокимияти сиёсиро ба даст бигиранд, аз аввалин коре анҷом медиҳанд аз байн бурдан ва саркубии озодиҳои нисбии мардум ба ҳисоб меравад. Онҳо ҳатто ба тамоми умури зиндагии инсонҳо, аз тарзи зисту зиндагонӣ шурӯъ карда, то тарзи пӯшишу умури хонаводагии инсонҳоро мавриди таваҷҷуҳ ва зери дастуроти хеш қарор медиҳанд. Яъне оддитарин озодиҳои инсониро аз онҳо салб мекунанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ба камтарин озодиҳои инсонӣ арҷ намегузоранд, баръакс муносибати онҳо бо мардум бар пояи зулм, таҳдид ва тааддӣ қарор мегирад. Онҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд адолати иҷтимоиро ба вуҷуд оваранд ва даъвои адолати иҷтимоӣ низ, танҳо як ҳарфи фазилатфурӯшӣ онҳо хоҳад буд. Маънавиётро низ ба чорчӯбаҳои бовармандию шариатӣ маҳдуд менамоянд ва тамоми дастовардҳои илмию тамаддуниро нодида гирифта, онҳоро дар маҳдудадҳои ҷаҳонбинии хеш қарор медиҳанд. Истиқлолталабии онҳо низ як ҳарфи пеши по афтодаест, ки ҳеҷ гоҳ натавонистаанд, ҳеҷ як миллатеро ба истиқлоли воқеъӣ бирасонанд, зеро даъвои аксар аз онҳо на як давлати миллӣ, балки давлати фаромиллӣ аст, ки дар он миллатҳову фарҳангҳои гуногун ҷойгоҳе надоранд. Ҳамин аст, ки тамоми ин даъвоҳое, ки гурӯҳҳои исломгаро аз озодӣ, адолати иҷтимоӣ маънавиёти баланд ва истиқлолталабӣ ба мардумон ироа мекунанд, як шакли ворунаи ин мафҳумҳо аст ва таҳрифи воқеъияти маъниҳои бунёдии ин мақулаҳоро дар пай дорад. Аз ин лиҳоз, ба чунин ҳарфҳои популистонаи гурӯҳҳои исломгаро бовар карданд ба он мемонад, ки қавми худро дониста ва огоҳона ба самти нобудӣ бурдан аст. Ин ҳама вазъиятҳои ба вуқуъ пайвастаи Ховари миёна ва Афғонистон нишон додааст, ки исломгароён тамоми арзишҳои инсониро таҳриф мекунанд ва аз онҳо як шакли нодуруст ва ворунаеро ба намоиш дармеоварнад.

 

Исомиддин Шарифзода

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 4648 маротиба

Китобҳо