JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Низоми демократии Аврупо дар тӯли 200 соли охир исбот кард, ки роҳи беҳтарини ҷомеасозӣ ва давлатсозӣ мебошад. Он ҳама пешравиву васеъшавии донишу фалсафа ва дар заминаи он рушду тавсеаи илму техника дар Аврупо дар 200 соли охир ва паҳн шудани ин ҳама пешравиҳо ба тамоми гетӣ, баёнгари он аст, ки роҳи интихобкардаи онҳо дуруст буд. Ҳарчанд он роҳи идеалӣ нест ва камбудиҳои худро дорад, аммо ба қавли сиёсатмадори машҳури инглис Уинстон Черчил, “демократия бадтарин роҳи идораи давлат аст, аммо инсоният то баҳол аз он беҳтарашро ихтироъ накардааст”. Ба ҳар ҳол, натиҷаҳои мусбате, ки демократия ва озодиҳои аврупоӣ дар пай доштанд,…
Инсоният бо такя намудан ба таҷриба, донишҳои илмии далелбунёд, андешаҳои мутобиқи низоми мантиқӣ дар таҳияи дарки воқеии равандҳои табиӣ тавонист ҳарчиқадар бештар олами иҳотанамудаашро амиқтар омӯзад. Барии татбиқ намудани ин донишҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд. Ҷавҳари асосӣ дар пешрафти назарраси тамоми соҳаҳо аз зеҳни солими мутахассисони соҳавӣ вобаста аст ва дар навбати худ маҳсули зеҳни онҳо- натиҷаи фаъолияти пурсамар ва эҷодиёти онҳо баҳисоб меравад.
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 17:51

Қуфлкушои ҳама дарҳост илм

Муаллиф:
Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи шукуфоиву рушди ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овард. Танҳо дар ин давраи муҳими таърихӣ имкони қувват гирифтани неруҳои зеҳнӣ ба вуҷуд омад ва халқи тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба масири хушбахтию саодат қадамҳои устувор ниҳод. Дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ илми тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишоф ёфта, ба марҳилаи сифатан нави тараққиёт ворид гардид. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дастгирии илми ватанӣ ва олимони кишварро ҳадафи стратегӣ қарор дода, сиёсати давлатиро…
Муҳоҷират падидаест, ки аз замони қадим дар ҳама гушаву канори дунё вуҷуд дошт. Инсонҳо барои дарёфти шароити беҳтари зиндагӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар мерафтанд. Ё аз тарси таъқиб шудану кушта шудан аз дасти таҷовузгарони ватан маҳали сукунати худро тарк карда ба дигар ҷой мекучиданд. Мисолҳои равшани ин воқеаҳо дар замони ҳуҷумҳои истилогаронаи юнониву арабҳо ва турку муғулҳо ба сарзамини мо дида мешавад. Саргузашти қаҳрамони халқи тоҷик - Восеъ ҳам яке аз далелҳоест, ки мардуми мо барои дарёфти кору зиндагии беҳтар аз куҳистон ба шаҳрҳо мерафтанд. Дар маводҳои яке аз шумораҳои маҷаллаи бритониёии “Headway”, ки соли 1987 нашр шудааст,…
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 17:29

Сабабҳои фурӯпошии оилаҳои ҷавон

Муаллиф:
Ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст. Зиндагӣ ҳам рӯз ба рӯз тағйир ёфта истодааст. Оила ва оиладорӣ яке аз мушкилоти асосии ҳамаи замонҳо буд ва ҳоло ҳам мебошад. Мушкилоти оиладорӣ ва пош хӯрдани оилаҳо низ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Илми равоншиносӣ низ имрӯз тараққӣ кардааст. Илми равоншиносӣ сабабҳо ва омилҳои пошхӯрии оилаҳоро то ҷое ҳаллу фасл намудааст. Пошхӯрии оилаҳо сабабҳои гуногун доранд. Ҳоло якчанд омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳоро аз нуқтаи назари илми равоншиносӣ дида мебароем. Аслан, саодат ва хурсандии мард дар издивоҷ, бисёртар аз характер ва рафтори ҳамсараш вобастагӣ дорад. Агар мард дар зиндагиаш ҳама чиз дошта бошад, аммо…
Саҳифа аз 128 то 128