JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси инсонӣ буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсони зиндаро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ ба истилоҳ, «оҳи сабук» кашида, ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва онро гиромӣ медорад. Марг, ки оварандаи мусибатҳои инсонист, ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ зеҳни инсонро мусаххар сохта, ташвишу тараддудро ба ӯ ато мекунад.
Дар адабиёти асрҳои миёнаи араб ва форсу тоҷик, хусусан дар шеър, бисёр ба ҳодисаҳои мадҳу тавсиф ё ҳаҷву мазаммати шаҳрҳои гуногун дучор меоем. Ба шаҳрҳои мухталифи Шарқ, аз ҷумла шаҳрҳои қадиму машҳуре, ки чун марказҳои бузурги тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, адабӣ ва ғайра ном бароварда буданд, шоирон қасидаҳои алоҳида, пораҳои манзуми дарозу кӯтоҳ ва байтҳои пароканда мебахшиданд. Ба ин муносибат метавон абёти яке аз шоирони қадими дузабонаи форсу тоҷик Абулянбағиро1 вазъи таассуфовари Самарқанди қандмандро дида таъкид намудааст, ки дар замонҳои пеш он аз Шош зеботар ва шукуфотар будааст [6,15; 11,56-69].
Ҷавоб ба мақолаи М.Шарифов “Нафс ва Истиқлол” //Озодагон №50 (455) 28 декабри соли 2016; №01 (456) 05 январи соли 2017 Идеяи озодӣ ва инқилоб бо маънавиёти мо бегона аст. Чунин бегонагӣ на фақат хоси ахлоқи рӯзмарра ва ё афкори сиёсӣ, балки дар ҳадди олии он ин адами озодандешӣ низ мебошад. Фаротар аз ҳадди эътиқоди омиёна фикр кардан, азнаварзишгузории арзишҳои мавҷуда, танқиду инкор, шаккокият нисбати боварҳо ва ҳатто шӯхӣ кардан ҳамчун амали куфромез фаҳмида мешавад. Вақте фаротар аз қолаби муайяншуда амал ва андеша кардан ҳамчун нишонаи беодобӣ ва ё нафси бетарбия дониста мешавад, ин маънии худнамоии падидори тарсро дорад. Дар маҳдуда…
Имрӯз, ба таври куллӣ, ҷомеаи тоҷик ва бештари манотиқи ҷаҳон ба сохтани ҳувияти динӣ машғул аст. Оё ин раванд як зарурат ва талаботи воқеии ҷомеаҳо аст? Донишмандон ва чеҳраҳои рӯҳонии кишвар, оё ин равандро огоҳона пайгирӣ мекунанд ё ноогоҳона? Чаро тӯли 70 соли Шӯравӣ, ки гӯё ҷомеаи бединӣ буд ва донишмандони он атеизм мехонданд, яку якбора ба дин рӯ оварда, имрӯз яке аз мақомоти меҳварии ҳувиятсози динии ҷомеа шудаанд? Суоли охир ин аст, ки ин раванд худҷӯш аст ё дар паси ин раванд манфиатҳои геосиёсии кишварҳои хориҷӣ нуҳуфтааст ва ё ин чеҳраҳо танҳо дар дохил фазосозӣ мекунанд?
Низоми демократии Аврупо дар тӯли 200 соли охир исбот кард, ки роҳи беҳтарини ҷомеасозӣ ва давлатсозӣ мебошад. Он ҳама пешравиву васеъшавии донишу фалсафа ва дар заминаи он рушду тавсеаи илму техника дар Аврупо дар 200 соли охир ва паҳн шудани ин ҳама пешравиҳо ба тамоми гетӣ, баёнгари он аст, ки роҳи интихобкардаи онҳо дуруст буд. Ҳарчанд он роҳи идеалӣ нест ва камбудиҳои худро дорад, аммо ба қавли сиёсатмадори машҳури инглис Уинстон Черчил, “демократия бадтарин роҳи идораи давлат аст, аммо инсоният то баҳол аз он беҳтарашро ихтироъ накардааст”. Ба ҳар ҳол, натиҷаҳои мусбате, ки демократия ва озодиҳои аврупоӣ дар пай доштанд,…