JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 12 Сентябри 2017 04:14

Ҳиндустони озод 70 сола шуд

Муаллиф:
Агар ба бузугтарин воқеаҳои таърихии Ҳиндустон дар асрҳои ХIХ - ХХ нигоҳ кунем, пеш аз ҳама чунин мушоҳида мешавад, ки ду рӯйдоди ниҳоят бузург ва ниҳоят муҳим дар сарнавишти мардумони ин кишвари бофарҳанг, афсонавӣ ва муддатҳо аз ҷабри аҷнабиён азияткашида нақши бе мисле гузоштаанд. Яке аз ин воқеаҳои бузург номи “Шӯриши сипоҳиён” –ро гирифтааст, вале бо вуҷуди чунин унвон доштан, ки гӯё он танҳо аз ҷониби як қисми муайяни сипоҳиён сурат гирифтааст, ин ҳаракати мардумии тамоми халқҳои Ҳиндустон буд. Шӯриши сипоҳиён, ки 10 майи соли 1857 оғоз ёфта, дар моҳи апрели соли 1859 ба анҷоми фоҷиавӣ расидааст, ниҳоят бераҳмона пахш…
Китоби муҳаққиқ Саймуддин Мирзоев таҳти унвони «Афғонистон; чолиш ва таҳдидҳо» тавассути нашриёти «Ирфон» дар муҳити иттиллоотии кишвар бо забони русӣ ба табъ расид. Муаллиф бо зеботарин шеваи илмӣ ва усули таҳқиқотӣ масоили печидаву мубрам, буҳрон, мушкилоти рӯз ва омилҳои пайдоиши таҳдиду хатар ва хушунату тундагароиро дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор додаст. ӯ зимни баррасии масоили зикргардида, сарчашмаи пайдоиш, омилҳои шаклгирӣ ва тавсеаёбии ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро дар Чумҳурии исломии Афғонистон муаррифӣ намуда, роҳҳои таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва муқовимат алайҳи ҳамагуна ҳаракатҳои тундрав ва иртиҷоиро нишон додаст.
Бисёрзанӣ ё худ полигамия падидаест, ки дар ҷомеаҳои ибтидоӣ пайдо шуда, то ба имрӯз дар баъзе ҷомеаҳо боқӣ мондааст. Ин ҳамон расмест, ки як мард метавонад чанд зан гирад. Бо расидан ба асри санъатӣ ва боло рафтани огоҳиҳои инсон бисёр ҷомеаҳо аз ин расм даст кашидаанд. Танҳо дар баъзе минтақаҳо боқӣ мондааст, ки бештар вобаста ба боварҳои динӣ-хурофотӣ аст. Қудсияти ин боварҳо сабаб шудааст, ки ин одат баррасии дуруст намешавад ва аз миёни ин ҷомеаҳои боварманд бардошта намешавад.
Ваҳдати ҳақиқии миллӣ бидуни инкишофи тафаккypи таъpихӣ, худшиносии миллӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ, pавнақy pивоҷи шyypи миллӣ тасаввypнопазиp аст. Сарвари сулҳофари кишваp муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даp осори мондагорашон - «Тоҷикон даp оинаи таъpих: аз Оpиён то Сомониён», «Тоҷикистон даp остонаи фаpдо», «Фаpҳанг - ҳастии миллат», «Зиёиён pавшангаpони pоҳи фаpдои миллатанд» ва дигар сyханpониҳояшон ғояи ваҳдати миллиpо дар умури давлатдорӣ дорои аҳамияти вижа ва пурарзиш арзёбӣ намудаанд.
Душанбе, 17 Июли 2017 04:38

Ваҳдати воқеии миллӣ чист?

Муаллиф:
 Миллат дар ҳар марҳилаи таърихӣ ва таҳаввули худ вобаста ба муҳиту шароит ва мушкилоти дохиливу хориҷӣ ба вазъиятҳои хосе дучор мешавад, ки бояд аз онҳо ба хотири рушду пешрафт ва ё ҳадди ақал барои ҳифзи мақом ва бақои хеш роҳи раҳоиро дарёфт кунад. Дарёфти роҳҳои раҳоӣ аз вазъиятҳои мунтазам тағйирёбанда вазифаҳо ва нақшаҳои кори миллатро ташкил мекунанд. Миллате дар ин гирудорҳои беохир муваффақ хоҳад буд, ки муттаҳиду ягона аст ва ба таври хастагинопазир барои ҳифзи манофеи худ дар талош буда, аз маҷмӯи роҳҳои имконпазири ҳалли мушкилот тавоноии дарёфти беҳтарин роҳҳалро дошта бошад.