JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 11 Марти 2024 11:23

“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва муқтазиёти замонӣ

Муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло

   (Пешниҳодҳои тоза дар заминаи нашри нави “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ) 

 Дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охирҳои соли 2023 дар бораи чопи ҳамагонии ҳамосаи миллии ориётаборон ва дастрас намудани он ба ҳар хонадони тоҷикистониён муҳимтарин муждаи фарҳангии соли мазкур буд, ки қалби ҳамаи ватандӯстон ва равшанфикрони ориёиро дар саросари ҷаҳон хурсанд кард. Дар ҳақиқат, ин як навиди хушоянде буд, ки ҳамаи аҳли адабу ҳикмат аз он ба хубӣ истиқбол карданд.

  Инак, муҳаққиқони тоҷик бо ҳузури намояндагоне аз тамоми ниҳодҳои  илмию адабии кишвар кори таҳриру тасҳеҳи “Шоҳнома”-и Фирдавсиро бар асоси нусхаи таҳиякардаи устодон Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ маъруф ба нусхаи чопи Душанбе оғоз кардаанд. Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ баъди баҳсу баррасӣ ва муқоисаи чанд нусхаи муътабари “Шоҳнома”, аз ҷумла нусхаи Жул Мул, нусхаи чопи Маскав ва нусхаи Холиқии Мутлақ чопи Эрон ба хулосае расиданд, ки нусхаи чопи Душанбе асос қарор гирад ва баъзе байтҳои баҳсноки он бо нусхаҳои номбурда муқоиса шуда, намунаи беҳтарини он истифода гардад. Ба ҳамин тариқ, ин кори хайр дар ҷараён аст ва кори тасҳеҳу такмили он идома дорад.

 Азбаски чопу ҳадяи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ин бор як кори умумиллӣ аст, лозим донистам, ки бархе мулоҳизоти хешро дар ин робита баён кунам. Қобили зикр аст, ки дар бораи “Шоҳнома”, чи дар қаламрави кишварҳои форсизабон ва чи берун аз он садҳо корҳои илмию таҳқиқотӣ дар мавзуъҳои гуногун анҷом шудааст. Гузашта аз ин, нусхаҳои гуногуни дастхати “Шоҳнома”, ки дар марказҳои таҳқиқии ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд, аз ҷониби пажуҳишгарон таҳия ва чоп шудааст. Дар байни нусхаҳои гуногуни “Шоҳнома” тафовутҳое дида мешавад, ки бар асоси вазъияти замон ва гоҳҳо зарурат баъзе абёт ба ин нусхаҳо илҳоқ шудааст. Аввалин касе, ки бар асоси зарурати замон ва ҳаводиси таърихӣ ин тағйиротро ба “Шоҳнома” ворид кардааст, худи офарандаи ин шоҳасар – Фирдавсӣ будааст.

  Аҳли таҳқиқ медонанд, иншои шоҳасари миллии ориёиҳо “Шоҳнома” замоне ба поён расид, ки давлати Сомониён дар сарошеби суқут қарор дошт. Орзуи ягонаи Фирдавсӣ ҳамин будааст, ки “Шоҳнома”-ро баъди итмоми он ба яке аз шоҳони қудратманди Каёнӣ (Сомонӣ) тақдим кунад. Вақте Мансур ибни Муҳаммад волии ҷавони Тӯс ва намояндаи давлати мутаммаркази Сомониён Фирдавсиро барои навиштани “Шоҳнома” ташвиқ карда буд, ҳамин идеяро низ ба шоир дода буд, ки “Шоҳнома” бояд ба дасти шоҳони Сомонӣ бирасад:

Ҳамехоҳам аз кирдгори баланд,

Ки чандон бимонад танам бегазанд.

Ки ин нома бар номи шоҳи ҷаҳон,

Бигӯям, намонам сухан дар ниҳон.

   Фирдавсӣ низ бо ҳамин умеду орзу кори “Шоҳнома”-ро оғоз карда буд ва сӣ соли бевақфа тамоми неруву тавони худро барои анҷоми чунин кори азими миллӣ сарф кард. Аммо вақте кори ин шоҳасар ба анҷом расид, давлати Сомониён дар ҳоли фурупошӣ буд. Як навъ ҷангу кашмакаш барои ба даст гирифтани қудрат дар саросари ин императорӣ шуруъ гардида буд ва ҳеч кас саранҷоми ин фитнаро намедонист. Фирдавсӣ баъди хатми “Шоҳнома” 20 сол мунтазир мемонад, ки шояд даргириҳои дохилӣ тамом шавад ва аз миёни Сомониён шоҳзодае пайдо шавад ва дубора қудрати заъифгаштаи ин сулоларо эҳё намояд:

Ман ин нома фаррух гирифтам ба фол,

Ҳаме ранҷ бурдам ба бисёр сол,

Надидам сарафрози бахшандае,

Ба гоҳи каён-бар дурахшандае.

Ҳамам ин сухан бар дил осон набуд,

Ба ҷуз хомӯшӣ ҳеч дармон набуд.

Суханро нигаҳ доштам сол бист

Бад-он, то сазовори ин ганҷ кист?!

  Аммо таърих барои мо сарнавишти дигаре рақам зада буд ва низоъҳои дохилӣ ба суқути ҳамешагии давлати Сомониён хатм шуд ва аз дили ин кашмакашҳо Маҳмуди Ғазнавӣ ба қудрат расид. Суқути давлати Сомониён калонтарин фоҷеаи миллии мардумони ориётабор маҳсуб мегардад. Фирдавсӣ, ки “Шоҳнома”-ро бо ҳадафи эҳёи ҳувияти миллӣ, расму ойин ва руҳи парешонгаштаи мардумони ориёӣ навишта буд, дар ҳангоми хатми он бо фоҷеаи азимтар – суқути давлати Сомониён рӯ ба рӯ гардид. Фирдавсӣ ин фоҷеаро бисёр дарднок тасвир кардааст:

Чу бардоштам ҷоми панҷоҳу ҳашт,

Нагирам ба ҷуз ёди тобуту ташт.

Дареғ он гулу мушки хушоб сӣ,

Ҳамон теғи буррандаи порсӣ.

Нагардад ҳаме гирди насрин тазарв,

Гули норван хоҳаду шохи сарв.

Ҳаме хоҳам аз равшани кирдгор,

Ки чандон замон ёбам аз рӯзгор.

К-аз ин номвар номаи бостон,

Бимонам ба гетӣ яке достон.

Ки ҳар кас, ки андар сухан дод дод,

Зи ман ҷуз ба некӣ нагиранд ёд.

   Ҳамин гуна Фирдавсӣ монду номаи бесоҳиби бостонии ӯ. Аммо Фирдавсӣ намехост заҳмати сисолаи ӯ бо сарнавишти Сомониён якҷо аз байн биравад. Орзуи ягонаи ӯ ба ёдгор гузоштани ин номаи бостон дар паҳнои гетӣ будааст. Шоир барои расидан ба орзуи деринаву ягонаи худ дар набуди давлати миллӣ барои ҳифзи ин шоҳасар бояд чораандешӣ мекард. Ягона чораи шоири бечора ҳамин буд, ки “Шоҳнома”-ро ба дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ бибарад, то аз заволи он пешгирӣ намояд. Фирдавсӣ, ба гуфтаи устод Садриддин Айнӣ дар рисолаи “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ”, 5-6 соли дигар аз болои “Шоҳнома” кор карда, дар оғози калонтарин достонҳо иловаҳо ворид намуда, барои тақдим кардан ба Маҳмуди Ғазнавӣ ва мутобиқ намудани он бо сиёсати дарбори Ғазнавиён омода мекунад. Агар Фирдавсӣ ин корро намекард, эҳтимол дошт заҳмати сисолаи ӯ аз байн рафта ба дасти фаромӯшӣ супурда мешуд. Бинобар ин Фирдавсӣ бо ҳамин ният “Шоҳнома”-ро тибқи расму риволи замони худ ба номи Маҳмуд сабт намуда, бо миёнаравии Фазл ибни Аҳмад китобро ба дарбори Маҳмуд пешкаш менамояд:

Бипайвастам ин нома бар номи ӯй,

Ҳама меҳтарӣ бод фарҷоми ӯй.

Ки бошад ба пирӣ маро дастгир,

Худованди шамшеру тоҷу сарир.

   Баъдан дар тули таърих ҳангоми нусхабардории “Шоҳнома” бо иқтизои шароити замон ва заруратҳои сиёсӣ котибон ба дастури ҳокимон тағйиротҳое дар матни ҳамосаи миллӣ ворид кардаанд. Баъзе ин тағйиротҳо ҷанбаи эътиқодӣ доранд ва баъзеи дигар ҷанбаи сиёсӣ. Илоҳоқот дар матни “Шоҳнома” дар тули таърих умдатан аз ҳамин зовияҳо ворид гардидааст. Аммо бо вуҷуди ин тағйироти ҷузъӣ матни достонҳои “Шоҳнома” умдатан солим боқӣ монда, муҳтавои аслии шоҳасар дигаргун нашудааст. Дар матни достонҳои “Шоҳнома” ҳадафу ният ва орзуву омоли Фирдавсӣ ба таври комил инъикос пайдо карда, заминаро барои мондагории ҳамосаи миллии мардумони Ориёӣ фароҳам кардааст.

   Ҳамон тавр ки дар боло зикр шуд, матни “Шоҳнома” ба забони тоҷикии форсӣ ва ҳам ба забонҳои дигар борҳо чоп гардида, дар дастраси мардум қарор гирифтааст. Ҳамчунин оид ба ин шоҳасари миллӣ садҳо рисолаи илмӣ нигошта шуда, паҳлуҳои гуногуни ин китоби мондагор таҳлилу таҳқиқ шудааст.

   Пас чӣ зарурат аст, ки “Шоҳнома” дубора чоп ва дар дастраси оммаи халқ қарор бигирад? Ба назари мо, ҳадафи асосии Пешвои миллат аз ин иқдоми ҷавонмардона ва нотакрор бозгардонидани руҳи “Шоҳнома” ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ аст. Орзуи деринаи Фирдавсӣ, ки мехост “Шоҳнома”-ро ба шоҳони Каёнӣ – соҳибони аслии фарҳангу тамаддуни Ориёӣ тақдим кунад, акнун баъд аз 1000 сол тавассути Пешвои тоҷикони ҷаҳон амалӣ хоҳад шуд. Бинобарин мо бояд ҳамон нусхаеро ба мардум пешкаш намоем, ки Фирдавсӣ мехост ба шоҳони Сомонӣ ҳадя кунад. Яъне он илҳоқоте, ки бинобар иқтизо ва зарурати замон худи ҳаким Фирдавсӣ ва баъдан дар давраҳои баъдӣ баъзе котибон ба матни “Шоҳнома” илова кардаанд, дар ин нусха набояд ворид гардад. Чун ин мулҳақот бо матни асосии “Шоҳнома” ҳеч иртиботе надошта, дар мазмуну муҳтавои он низ халале ворид намекунанд. Баръакс, вуҷуди абёти илҳоқӣ дар таноқуз  бо руҳи ин шоҳасар мебошанд.

          Бар ҳамин асос пешниҳод мешавад, ки дар нусхаи нав нуктаҳои зер ба назар гирифта шаванд:

  1. Абёте, ки Фирдавсӣ дар ситоиши Худованд сурудааст ва бисёр байтҳои пурҳикмату баландмазмун низ ҳастанд, ҳифз гардида, аммо баъзе абёте, ки ҷанбаи маҳзабӣ дошта, эҳтимолан аз тарафи котибон ва бо мақсади идеологӣ ба матни “Шоҳнома” илова шудаанд, ҳазф гардида, шоҳасари миллӣ аз тааллуқоти мазҳабӣ мубарро гардад. Зеро дар баъзе нусха ва чопҳои “Шоҳнома” абёти шиагароӣ ва дар нусхаҳои дигар байтҳои тамоюли суннигароии шоир барҷаста шудаанд, дар ҳоле ки ҳақиқати таърихӣ чизи дигар аст. Ҷанозаи Фирдавсиро дар замонаш ба ҷурми “мусулмон набудан” дар гӯристони мусулмонон роҳ надода буданд. Бинобар ин, ин гуна абёт дар матни ҳамосаи миллӣ ҳеч асоси воқеӣ надошта, балки дар таззод бо руҳи Фирдавсӣ ва моҳияти “Шоҳнома” қарор доранд.
  2. Ба ҳамагон маълум аст, ки акнун мардумони Ориёӣ – ворисони “Шоҳнома” аз назари ақидатӣ пайрави мазҳабҳои гуногун буда, самт додани Фирдавсӣ ва шоҳасари ӯ ба салиқаҳои мазҳабӣ боиси авҷи ихтилоф мегардад, ки ин ҳолат бо руҳи “Шоҳнома” мухолиф аст.
  3. Мансубиятҳои мазҳабӣ дар тӯли таърих сабаби парокандагии ворисони “Шоҳнома” будааст, бинобар ин барои расидан ба ваҳдат зимни эҳтиром гузоштан ба гуногунии ақидатӣ бояд ба асли ҳувияти миллӣ, ки ормони Фирдавсӣ низ будааст, такя кунем.
  4. Ҳамон тавр ки дар боло зикр гардид, Фирдавсӣ бар асоси зарурати замон ва ҳифзи “Шоҳнома” дар ибтидои калонтарин достонҳои он Маҳмуди Ғазнавиро мадҳу ситоиш кардааст, ки вуҷуди ин мадҳияҳо дар чопи нав ҳеч зарурате надорад. Ин ситоишномаҳо ҳатто бо матн ва муҳтавои достонҳо дар зиддият қарор дошта, як навъ дугонагии мантиқӣ эҷод мекунанд.
  5. Мадҳияҳои Маҳмуди Ғазнавӣ дар “Шоҳнома” бо руҳи шоҳасари миллӣ дар таззод буда, дар зеҳни хонандагон низ таъсири манфӣ мегузоранд.
  6. Ислоҳи ин нукот ба матни аслии “Шоҳнома” ва ҳадафи ҳаким Фирдавсӣ халале ворид намекунад, балки таваҷҷуҳи хонандаро бо руҳи асар, ки ҳувиятсозӣ аст, наздиктар хоҳад кард.
  7. Тағйироте, ки дар тули таърих ба матни “Шоҳнома” илова шудааст, ба моҳият ва асолати он ҳеч иртиботе надошта, балки марбути мавзуъҳои ҳошияии он ҳастанд. Ин илҳоқот дар дигар нашрҳо мавҷуд буда, танҳо барои муҳаққиқон зарур ҳастанд, на барои оммаи мардум.
  8. Ҳамон гуна ки “Шоҳнома” дар асрҳои гузашта мутобиқи талаботи асру замон китобату таҳия мешудааст, акнун ҳам мо ҳақ дорем, ки нашри нави “Шоҳнома”-ро тибқи талаботи замони муосир ва ҳамоҳанг бо арзишҳои нави давлати миллии хеш чоп ва дар ихтиёри хонанда бигзорем.
  9. “Шоҳнома”-и асил ҳамон нусхаест, ки то пеш аз ба қудрат расидани сулолаи Ғазнавиён ба итмом расида буд ва дар он аз Маҳмуд ному нишоне набуд. Чунончи, худи Фирдавсӣ фармуда:

Суханро нигоҳ доштам сол бист,

Бад-он то сазовори ин ганҷ кист?!

  1. Барои иҷрои ин мақсад аз тавсияҳо ва андешаҳои устод Садриддин Айнӣ дар рисолаи “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ” бояд истифода шавад.
  2. Матни нави “Шоҳнома” ба ҷуз аз мавридҳое, ки вазни шеър тақозо мекунад, бояд бо имлои тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бошад.
  3. Зимнан, ҳар як нашри китоб бояд хусусият ва вижагиҳои хоси худро дошта бошад, вагарна имтиёзи хосе нахоҳад дошт.

    Умедворам, ки ин пешниҳоду мулоҳизот барои нашри нави “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар Тоҷикистон, ки аҳаммияти миллию таърихӣ дорад, корсоз бошанд. Ҳар давру замон ниёзу талаботи худашро дорад ва амал кардан дар доираи онҳо ба манфиати кор хоҳад буд.

   Дастури Пешвои миллат барои чопи ҳамагонии “Шоҳнома” як падидаи нодир буда, дар таърих ду маротиба рух додааст. Якум, замоне, ки Сомониён барои навиштани он супориш дода буданд; дувум, дар даврони Истиқлоли кишвар, ки ин ҳамосаи миллӣ бо дастури Пешвои миллат таҳия ва дар дастраси умум қарор мегирад. Бинобар ин, нашри нави ин шоҳасар аз “Шоҳнома”-ҳои даврони ғазнавӣ, салҷуқӣ, темурӣ, муғулӣ, қоҷорӣ ва манғитӣ бояд фарқ дошта бошад. Акнун навбати шоирону нависандагон ва олимону муҳаққиқони тоҷик аст, ки дар сояи давлати миллӣ аз ин фурсат чигуна истифода мекунанд ва чи навъ “Шоҳнома”-ро ба миллат пешниҳод менамоянд. Дар иҷрои ин корзори миллӣ, тибқи фармудаи Фирдавсӣ, танҳо хирад бояд раҳнамои роҳи мо бошад:

Агар ҳар ки дорад зи ҳар кор нанг,

Бувад зиндагонию рӯзиш танг.

Дилат дор зинда ба фарҳангу ҳуш,

Ба бад дар ҷаҳон, то тавонӣ, макӯш.

Хирад ҳамчу об асту дониш замин,

Бидон, к-ин ҷудо в-он ҷудо нест з-ин.

 

Беҳрӯзи Забеҳулло,

номзади илми филология, мудири шуъбаи

адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Хондан 961 маротиба