Нусхаи чопи
Душанбе, 14 Июни 2021 12:26

Глобализатсия ва деглобализатсия: мушкилот ва воқеият (тамрини таҳлил)

Муаллиф: Нусратуллои Назариён

  Раванди ҷаҳонишавӣ дар аввалҳои асри 20 бо суръати баланд  доман паҳн намуда, он мавқеи худро дар миёни мамлакатҳо ва кишварҳои дуру наздик мустаҳкам намуд.  Хусусан, нуфуз пайдо намудани созмонҳои  ғайридавлатӣ нисбати давлатҳои миллӣ ба низоми  муносибатҳои байналмилалӣ миёни давлатҳо таҳаввулоти ҷиддиро  ворид сохт. Созмонҳои бонуфузи олам, аз қабили СММ ва дигар созмонҳои ғайридавлатӣ, аз як тараф, ба хотири таъмини сулҳу амният миёни давлатҳо, аз сӯи дигар, ба хотири муттаҳид сохтани мамлакатҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои муштарак таъсис дода шуданд. Ин таҳаввулот баҳри вусъати хосса гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ услуби ниҳоят муфид ба шумор мерафт. Бо соҳибнуфуз гаштани ин созмонҳо мавқеи давлатҳои миллӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ батадриҷ  маҳдуд гашт. Зеро ҳалли масъалаҳои муҳими глобалиро чунин  созмонҳо ба дӯш гирифта, баҳри чораҷӯӣ неруҳои ҳарбии баъзе давлатҳои аъзоро низ  истифода менамуданд.

  Истифодаи неруҳои ҳарбии Амрико аз тарафи СММ баҳри анҷоми баъзе амалиётҳои хусусияти глобалидошта дар давлатҳои Ховари Миёна далели ин гуфтаҳост. Нақши калидӣ доштан баҳри ҳалли низоъ миёни давлатҳо, инчунин иштироки онҳо дар ҳалли масалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар мамлакатҳои мухталиф мавқеи давлатҳои қудратхоҳро дар миқёси ҷаҳон комилан маҳдуд намуд.

   Ба ҳам вобаста будани давлатҳо ва пайдоиши масъалаҳое. ки ҳалли он аз тарафи як давлат ба танҳоӣ имкон надорад, барои муттаҳид гаштан баҳри ҳалли мушкилотҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам овард. Ин масъалаҳо то ҷое ҳасос гардиданд, ки иқтисод ва амнияти мамлакатҳоро аз ҳам вобаста гардониданд. Пайдоиши мушкилот мисли терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, тағйирёбии иқлим, зиёдшавии аҳолии сайёра   ва дигар падидаҳои номатлуби аср давлатҳоро водор сохт, то баҳри ҳалли чунин масъалаҳо муттаҳид гарданд. Бо пайдоиши чунин масъалаҳо ташкилотҳои ғайридавлатӣ тавонистанд мавқеи худро мустаҳкам намоянд ва ҳамчун субъекти асосии муносибатҳои байналмилалӣ баромад кунанд. Муайян шудани меъёрҳо ва ба танзим даровардани муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби ин созмонҳо  мавқеи давлатҳои миллиро маҳдуд намуд. Иҷрои қарор ва санадҳои қабулнамудаи ин созмонҳо аз тарафи давлатҳои аъзо муҳимияти худро касб намуд. Аъзо набудан ва ё таъмин накардани иҷроиши санадҳои ин созмонҳо метавонист паёмадҳои ногувореро барои як давлат ба бор оварад. Чунин ба назар мерасид, ки давлатҳои қудратхоҳ  ҳама тобеъ ба меъёрҳои байналмилалӣ буда, мавқеи онҳо бо дигар мамлакатҳо баробар ва имкони дахолат ба корҳои дохилии онҳо маҳдуд гардид.

    Бо пайдоиши таҳаввулотҳои нав дар муносибатҳои байналмилалӣ мавқеъгирии давлатҳои пурқудрат ва сарфи назар намудани қарор ва санадҳои созмонҳои бонуфуз аз ҷониби онҳо мавқеи созмонҳоро маҳдуд намуда  истодааст. Акнун нақши асосиро дар ҳалли масалаҳои  глобалӣ давлатҳои пурқудрат бозида мавқеи худро дар муносибатҳои байналмилалӣ мустаҳкам намуданд ва фаъолияти созмонҳои байналмилалиро ба манфиати худ истифода намуда, худсарона аз узвияти он даст мекашанд. Чунин мисолҳо  онро нишон медиҳанд, ки равандҳо ба муқобили ҷаҳонишавӣ рӯйи кор омада, ҷиҳати ба даст овардани идораи ҷаҳон давлатҳои муқтадир миёни ҳам рақобат мекунанд.

    Вазъи пандемия ва мубориза бо коронавирус, истеҳсол ва фурӯши ваксина нишон дод, ки акнун давлатҳо баҳри ҳалли масъалаҳои глобалӣ  муттаҳид набуда, нақши созмонҳои бонуфуз комилан маҳдуд  гаштааст.  Давлатҳои муқтадир баҳри ҳалли чунин мушкилот ба танҳоӣ  мубориза бурда, ҷиҳати  нишон додани неруи худ чунин мушкилотҳоро ҳамчун  воситаи қувваозмоӣ миёни ҳам истифода мебаранд.

   Батадриҷ коҳиш ёфтани нақши созмонҳо дар ҳалли низоъ миёни давлатҳо ва мавқеъ доштани давлатҳои муқтадир дар чунин масъалаҳо аз он далолат медиҳад, ки мавқеи давлатҳои миллӣ мустаҳкам гашта, созмонҳо дар ҳалли масалаҳои умумиҷаҳонӣ нақши худро аз даст додаанд. Хусусан, дар ҳалли низоъи марзӣ миёни Озарбойҷону Арманистон, ки аз тарафи Русия ва Туркия сурат гирифт, нақши СММ умуман дида нашуд. Миёнарав будани давлатҳои муқтадир дар хомӯш намудани ҷанг миёни давлатҳо нуфузи созмонҳои байналмилалиро дар ин мавқеъ коҳиш дода, ҷиҳати шаклгирии ин давлатҳо ҳамчун қудратҳои сиёсии ҷаҳон мусоидат намуд.

   Бе эътибор гардидани қувваи ҳуқуқии санад ва қарорҳои ташкилотҳои ҷаҳонӣ ва ба таври қотеъона рад намудани онҳо аз сӯи баъзе давлатҳо бо баҳонаи мухолифати чунин санадҳо ба арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ ҷиҳати нуфуз гирифтани давлатҳои миллӣ замина фароҳам овард.

   Ба роҳ мондани низоми ягонаи иқтисодӣ ва миёни мамлакатҳои ҷаҳон баробар тақсим намудани сарватҳои табиӣ яке аз ҳадафҳои асосии раванди ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад. Ҷиҳати таъмини иҷроиши чунин ҳадафҳо созмонҳои иқтисодии ҷаҳонӣ нақши муҳимро доро мебошанд. Назарсанҷиҳо  нишон медиҳанд, ки чунин принсипҳо аллакай муҳимияти худро аз даст додаанд.

   Шакли комилан дигар гирифтани қувваозмоии қудратҳои сиёсии ҷаҳон таъсири худро ба иқтисодиёти  мамлакатҳои мухталиф гузошт. Бо маҳдуд гаштани мавқеи созмонҳои ҷаҳонӣ ҳалли масъалаҳои миёни онҳо бавуҷудомада, ки боиси пайдоиши ҷангҳои иқтисодӣ ва итилоотӣ  мегарданд, мушкилтар мешавад. Ҷорӣ намудани таҳримҳо алайҳи давлатҳои мухталиф садди  ҷиддиест баҳри муттаҳид гаштани иқтисодиёти ҷаҳонӣ.

    Басташавии сарҳадҳо ва қатъ гаштани муносибатҳо миёни давлатҳо, хусусан муносибатҳои иқтисодӣ боз аз он шаҳодат медиҳад, ки равандҳо муқобили ҷаҳонишавӣ дар ҳақиқат вуҷуд дошта, имконияти воқеӣ гаштани ин равандро истисно менамояд. Чун принсипҳои асосии раванди ҷаҳонишавӣ  ин аз миён бардоштани сарҳадҳо ва батадриҷ зиёд гаштани муносибат миёни халқу миллатҳо ва омезиши фарҳангу таммаддун буд, бо пайдоиши коронавирус ва ҷорӣ намудани ҳолати карантинӣ, чунин муносибатҳо, алалхусус  муносибатҳои иқтисодӣ миёни мамлакатҳо ба муҳлати дароз қатъ гашт. Бо муътадил шудани вазъ ва боз шудани сарҳадҳо аз имкон дур нест, ки ин ҳолат ба пайдоиш ва шакли дигар гирифтани муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ боис гардад. Пандемия ба иқтисоди кишварҳо зарбаи шадид зад ва аз ҳама муҳим, ин зарба ба рӯҳия ва мафкураи инсонҳо таъсири амиқ расонид.  Ба ҳар сурат, давом ёфтани ташаннуҷи вируси короноӣ имкон дорад ба пайдоиши мафкураи нав бо назардошти низоми нави зиндагӣ  дар ҳаёти инсоният боис гардад.

    Масъалаи таъмини  сулҳи миллатҳо ва фароҳам овардани фазои дӯстона дар шароити ҷаҳонишавӣ масалаи муҳим буда, ҷиҳати воқеӣ гаштани ин раванд нақши калидӣ дорад. Ҷиҳати таъмини сулҳи байни миллатҳо масъалаи асосиро ахлоқи глобалӣ касб менамояд. Бидуни ахлоқи умумибашарӣ сулҳи миёни халқҳоро наметавон таъмин намуд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ  сиёсати гуфтугӯи тамаддунҳо омили асосии роҳандозии ин раванд бо дарназардошти инкишофи ахлоқи глобалӣ ба ҳисоб меравад.

    Дар шароити феълии бархӯрди тамаддунҳо ва ташаннуҷ пайдо кардани ифротгаройии динию мазҳабӣ ҳамчун таҳдиду хатари минтақавию глобалӣ роҳҳои бурунрафт аз мушкилотро метавон дар неруманд сохтани ҳувияти миллӣ, табодули фарҳангӣ, авлавият бахшидани сиёсати фарҳангӣ ва таҳким бахшидани  раванди ваҳдату ҳамбастагӣ дид. Барои рафъи мушкилот, решадор сохтани илму хирад дар баданаҳои иҷтимоӣ ва билохира фароҳам овардани фазои бозу муътадили фикрию эҷодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мо имконоти фаровон дорем. Пас, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ аз василаҳои дастраси фарҳангию мафкуравӣ мебояд истифода бурд.

Нусратуллои Назариён

донишҷӯйи соли сеюми факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ

 

Хондан 2152 маротиба