Нусхаи чопи
Сешанбе, 17 Марти 2020 08:13

Шеъри рӯз: Биёед, «Шаҳнома»-хонӣ кунем

Муаллиф: Нуриддин Амирӣ

Биёед, «Шаҳнома»-хонӣ кунем,

Ба рӯи ҷаҳон қаҳрамонӣ кунем.

Азизон, ба “Шаҳнома” рӯ оварем,

В-аз ӯ ройгон дурри маънӣ барем.

Зи «Шаҳнома» ҷӯем тадбиру рой,

Бисозем ӯро ба худ раҳнамой.

 

Зи «Шаҳнома» ёбем роҳи дуруст,

Ки панди ҷаҳон ҷумла дар мағзи ӯст.

 

Биёрем агар ҳикматашро ба даст,

Худогоҳ гардему меҳанпараст.

 

Яке қисса созам зи Рустам баён,

Зи бас дар тани мост ӯ мисли ҷон.

 

Ҷаҳонофарин то ҷаҳон офарид,

Чунин паҳлавон кас чу Рустам надид.

 

Ба гурзу ба кӯполу теғу каманд,

Гирифтӣ сари душманонро ба банд.

 

Барои Ватан ҷон ба каф мениҳод,

Ки то густариш бидҳад ӯ адлу дод.

 

Ниҳода ба каф ҷон ба ҳифзи диёр,

Ба душман зафар кардӣ дар корзор.

 

Бишуд чира бар деву бар одамӣ,

Ба олам ниҳод шеваи Рустамӣ.

 

Вуҷудаш пур аз меҳри Эронзамин,

Ба душман саропо пур аз қаҳру кин.

 

Ба сина ба ҷуз меҳри Эрон надошт,

Назире миёни далерон надошт.

 

Ба ҳифзи Ватан ҷонфидову матин,

Ба хасму адӯ буд ҷӯёи кин.

Нуриддин Амирӣ

(Давом дорад)

Хондан 1447 маротиба