Нусхаи чопи
Сешанбе, 04 Ноябри 2025 12:07

Ҷаҳонбинии илмӣ дар муқобили ҷазм(догма): илм дар чаҳорчӯби радикализми динии муосир

Муаллиф: Шозедов Х. Н.

  Дар дунёи имрӯза, ба пешрафтҳои сареъ дар илм ва фановарӣ, башарият бо мавқеияти  мутазод рӯбарӯ аст: аз як тараф, сатҳи дониш дар мавриди табиат ва ҷомеа ҳаргиз то ин ҳад боло набудааст, дар ҳоле ки аз суйи дигар, мазоҳири таассуби динӣ, ифротгароӣ ва хушунати бо имон тавҷеҳ шуда, ҳанӯз дар гӯша ва канори мухталифи ҷаҳон  зуҳур меёбанд. Ин воқеияти мутазод, тааммул дар нақши ҷаҳонибинӣ илмӣ ба унвони як бунёди фикрӣ ва фарҳангиро, ки қодир ба муқобила бо ашколи харобкунандаи ҷазмандешӣ ва тоқатфарсоӣ аст, бармеангезад.

Ҷаҳонибинии илмӣ, низоме аз ҷаҳонибиниҳост мубтанӣ бар дониши ақлонӣ, айният ва тафаккури интиқодӣ аст. Ҷавҳари он на танҳо дар шинохти далоили илмӣ, балки беш аз ҳама дар шеваи хосси тафаккур ниҳон аст, ки майл ба пурсиш, озмоиши фарзияҳо ва ҷустуҷӯи далелро пешфарз мегирад. Фарде ки боварҳои худро тавассути рӯйкарди илмӣ шакл медиҳад, иддаоҳои бе истидлолро намепазирад ва ба иқтидор танҳо ба он далел, ки мусталзими имон аст, эътимод намекунад. Дақиқан ҳамин истиқлоли фикрӣ аст, ки тафаккури илмиро ба нуқтаи муқобили таассуб табдил мекунад, таъассубе, ки бо таслими беқайду шарт, тарс аз шак ва баста будан дар баробари идеяҳои нав рушд мекунад.

Радикализми динӣ, дар навбаи худ, бар асоси мутлақсозии идеяҳои хос ва майл ба таҳмили онҳо ба унвони идеяҳои ягонаи ҳақиқӣ бар дигарон бунёд мешавад. Ин амр маънавиятро бо пархошгарӣ ва имонро бо абзоре барои қудрат ҷойгузин мекунад. Муҳите, ки дар он ҷазмгароӣ ҳоким аст, ҷое барои озодии андеша вуҷуд надорад ва бинобар ин, тавсеаи ҷаҳонибинии илмӣ ба яке аз абзори асосии мубориза бо ин падида табдил мешавад. Илм думболгири ҳақиқат буданро ба мардум меомӯзад, на ин, ки онро дошта бошанд. Илм эҳтиром ба ҳақоиқ, таҳаммули назароти ҷойгузин ва тавоноии пазируфтани иштибоҳоти худро парвариш медиҳад. Ҳамаи инҳо бо як идеологияи радикал, ки бо эътиқод ба дурустии мутлақ ва адами таҳаммули касоне, ки дорои боварии мутафовитанд, носозгор аст.

Яке аз муҳимтарин роҳҳои тақвияти ҷаҳонибинии илмӣ, дониш аст. Системи омӯзишӣ, мубтанӣ бар усули таҳқиқи илмӣ, таҳлили интиқодӣ ва истидлоли мантиқӣ нақши калидиро дар парвариши афроде мебозад, ки қодир ба дарки мустақили воқеъият ҳастанд. Дар ҷое, ки макотибу донишгоҳҳо ҷустуҷӯи ҳақиқатро ба ҷойи ҳифз кардани ҷазмандешӣ ташвиқ мекунанд, насле аз мардум рушд мекунанд, ки дар баробари дасткорӣ ва нуфузи идеологӣ муқовим мекунад. Омӯзиши илмӣ, уфуқи диди афродро густариш медиҳад ва ба онҳо иҷоза медиҳад, то ҷаҳонро бо тамоми печидагиҳо ва танаввуъаш бибинанду, дар натиҷа, онҳоро камтар дар маърази идеяҳои соддаангорӣ ва таҳоҷумие, ки радикализм бар асоси онҳо бунёд шудааст, қарор диҳад.

Ба ҳамон андозаи муҳим, ҷаҳонибинии илмӣ, таҳаммулро тақвият мекунад. Илм, афсонаи «баргузидагӣ»-и баъзе ақвом ё динро рад мекунад ва нишон медиҳад, ки ҳамаи мардум бахше аз як раванди биологӣ ва фарҳангии воҳид ҳастанд. Таҳаввулот, генетика, антропология ва сотсиология ба вузуҳ решаҳои муштараки башарият, вобастагии мутақобили он ва ниёз ба ҳамкориро нишон медиҳанд. Огоҳӣ аз ин усули ваҳдатбахш, ҷаҳонибинии инсонгароёнаеро парвариш медиҳад, ки дар тазод бо мантиқии хусумат ва хушунат аст. Ҷое ки дониш ҳоким аст, тарс аз чизҳои номуташобеҳ нопадид мешавад ва бо он заминаи нафрат низ аз байн меравад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҷаҳонибинии илмӣ бо дин ба унвони як системи арзишҳои маънавӣ мухолиф нест. Ин тазод на байни илм ва имон, балки байни дониши ақлонӣ ва таассуб эҷод мешавад. Тазоди байни дониши ақлонӣ ва радикализми динӣ яке аз мавзуъоти калидӣ дар таърихи андешаи башар аст. Ин сирфан ихтилофе байни илм ва имон нест, балки тазоде амиқтар байни майли инсон ба ҷустуҷӯи озодонаи ҳақиқат ва ниёзи ӯ ба яқин ва итминони мутлақ аст. Ин бархӯрд, драмаи руҳи инсонро ошкор мекунад: ақл хостори исбот ва шакки мудовим аст, дар ҳоле ки имони радикал, оромишро дар ҷазмандешӣ ва қатъияти ҷавобҳо меҷӯяд.

Дониши ақлонӣ ба нерӯи муҳарриқи пешрафти илмӣ ва фарҳангӣ табдил шудааст. Ин дониш мубтанӣ бар тафаккури интиқодӣ, таҷрибаи таҷрибӣ (эмперический опыт) ва мантиқ аст. Тамоми таърихи илм – ин роҳи шак, радия ва кашф аст. Замоне, ки Галилей телескопи худро ба самти ситораҳо равона карда, собит намуд, ки замин маркази ҷаҳон нест, чизе беш аз як кашфи нуҷумӣ анҷом дод – ӯ ҷаҳонбиниеро, ки қарнҳо аз қудрати ниҳодҳои динӣ ҳимоят мекарданд, ба чолиш кашид. Баъдан, Дарвин ба назарияи такомули худ, башариятро маҷбур ба бознигарӣ дар дарки хостагиҳои худ кард ва Эйнштейн ба аз байн бурдани мафоҳими классикии фазо ва замин, саранҷом илмро ба унвони қаламраве тасбит кард, ки дар он ҳақиқат як бор барои ҳамеша дода намешавад, балки доим дар ҳоли ислоҳ аст.

Дар муқобил, радикализми динӣ аз пазириши нисбияти дониши башарӣ имтиноъ мекунад. Қудрати он бар ин бовар устувор аст, ки ҳақиқат қаблан дар матнҳои муқаддас ошкор шуда, ғайри қобили инкор аст. Барои як радикал, шак - гуноҳ ва тафаккури интиқодӣ - мазҳари ғурур аст. Ин нигориш, адами таҳаммули назароти мухолифро парвариш медиҳад ва мунҷар ба хушунат – чи намодин ва чи – физикӣ – мешавад. Кофӣ аст, то давраи тафтишотиро (эпоха инквизиции) ба ёд биёварем, замоне, ки ҳазорон нафар барои дигарандешӣ ба қатл расонида шуданд, ё намунаҳои муосири ифротгароии динӣ, ҷойе, ки имон на ба унвони манбаи маънавият, балки ҳамчун тавҷеҳ барои тахриб ва хусумат истифода мешавад.  

Бо вуҷуди ин, таъкид бар ин нуқта муҳим аст, ки мо на дар мавриди дин, балки ба таври хос дар бораи шаклҳои радикалшудаи он суҳбат мекунем. Имони воҳид бо ақл дар тазод нест; баръакс, метавонад онро илҳом бахшад. Бисёре аз мутафаккирон ва донишмандони барҷаста имони амиқро ба таҳқиқи илмӣ таркиб кардаанд. Ба унвони мисол Исоқ Нютон мутолиаи қавонини табиатро роҳе барои дарки нақшаи холиқ медонист, Блез Паскал бошад, дар мавриди «қалбе, ки ҳақоиқи худро медонад» навиштааст — он бахше аз таҷрибаи инсон аст, ки дар он ақл қудратманд нест, аммо набояд рад шавад.  Ҳамин тариқ, имон ва ақл метавонанд дар канори ҳам вуҷуд дошта бошанд, то замоне, ки ба унвони силоҳ аллайҳи якдигар истифода нашаванд.

Ба ин ҳол, радикализм замоне эҷод мешавад, ки имон инъитофпазирӣ ва тамоюли худро аз даст медиҳад. Он аз тарс аз адами қатъият тағзия мекунад, тарс аз ҷаҳоне, ки наметавон онро ба таври комил аз тариқи ҷазмандешӣ тавзеҳ дод. Шаклҳои муосири радикализм аксаран аз бесуботии иҷтимоӣ, буҳрони фарҳангӣ ё аз даст додани ҳувият ношӣ мешавад.  Вақте ҷомеа бо тағйироти сареъ рӯ ба рӯ мешавад, бархи афрод дар ҳақиқатҳои сода ва қатъӣ думболи оромиш мегарданд. Ҷумбишҳои радикалӣ ба онҳо ваъдаи возеҳият ва назомро медиҳанд, аммо дарвоқеъ онҳоро аз озодии интихоб ва тавоноии тафаккури мустақил маҳрум мекунанд.

 Аз сӯи дигар, дониши ақлонӣ ниёзманди шуҷоат аст. Посухҳои омодаро пешкаш намекунад, балки барои пурсиш меомӯзонад. Ҳамон тавре, ки Эмануел Кант навиштааст, рӯшангарӣ замоне оғоз мешавад, ки фард ҷуръат мекунад, то аз ақли худ истифода кунад.  Маҳз ҳамин тафовути асосӣ байни рӯикарди илмӣ ва радикалӣ – динӣ ба ҷаҳон аст: аввалин ба оянда, ба тавсеа, ба худислоҳӣ нигаронида шудааст, дар ҳоле, ки дуввумин ба гузашта, бе тағйипазирӣ ва назорат нигоҳ мекунад.

Бо вуҷуди ин, тазод байни имон ва ақл набояд мутлақ бошад. Дар тӯли таърих, онҳо борҳо ба ҳам таомул доштанд ва ҳатто ба таври мутақобил якдигарро ғанӣ мегардониданд.  Фалсафаи асримиёнагии Фома Аквинский, ки дар пайи оштӣ додани ваҳии масеҳӣ бо омӯзиши Арасту буд, намунаи боризе аз талош барои ҳамоҳанг кардани усули маънавӣ ва ақлонӣ аст. Дар ҷаҳони муосир, чунин ҳамгироӣ низ имконпазир аст: илм метавонад механизмҳои ҳастиро тавзеҳ диҳад, имон бошад, қодир аст, то маъно ва марзҳои онро ба мо хотиррасон кунад.

Хатар на дар имон ё ақл аст, балки дар ашколи таҳрифшудаи онҳо. Ақлгароии илмӣ, махрум аз кутбнамои ахлоқӣ, метавонад ба абзори сарде барои ҳукмронии технократхо, дар холе, ки имони радикалӣ метавонад ба манбае барои таассуб ва хушунат табдил шавад. Танҳо таркиби тафаккури интиқодӣ ба умқи маънавӣ ба башарият иҷозат медиҳад, то таодул байни дониш ва ахлоқро ҳифз кунад.

Оштии воқеъии ин усул шинохти арзиши ҳардуро тақозо мекунад. Дониши ақлонӣ бе имон маънияшро аз даст медиҳад, чун ба ормоне аз ҳақиқат, ки ба сӯи он равона шудааст, ниёз дорад. Имон бе ақл ба итоати кӯр кӯрона табдил мешавад. Пас, вазифаи инсони муосир рад кардани яке ба нафъи дигаре нест, балке ҷустуҷӯи таркиби он аст, ки дар он ақл озод ва имон инсонӣ боқӣ мемонад.

Дар ниҳоят, тазод байни дониши ақлонӣ ва радикализми динӣ на танҳо як мушкили иҷтимоӣ, балки як тазоди дохилӣ дар даруни ҳар фард низ ҳаст. Дар даруни ҳар яки мо майл ба ҳақиқат ва ҳамзамон тарс аз печидагии он ҳузур дорад. Танхо тариқи талоши огоҳона – тавассути муколама байни ақл ва рух, илм ва имон, озодӣ ва масъулият метавон бар ин тарс ғолиб шавад. Танҳо дар ин маврид башарият қодир хоҳад буд, то ба ҷойи вайрон кардан, ободиеро биофарад; ба ҷойи мутеъ кардан, дарк кунад, ба ҷойи тарс аз ҳақиқат, дар он зиндагӣ кунад.

Дар асри XXI, нақши илм бисёр фаротар аз озмоишгоҳ ва донишгоҳҳо густариш ёфта, дар ҳоли табдил шудан ба пояи фарҳангии ҷомеа, кафили субот ва амният қарор дорад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва тавсеаи ҷанги иттилоотӣ, ҷаҳонбинии илмӣ метавонад ба унвони як илмполо (научный фильтр) амал кунад ва зеҳни инсонро аз таблиғот, дасткорӣ ва идеяҳои ифротӣ муҳофизат кунад. Ин амр озодии дарунӣ – тавоноии баҳодиҳии мустақили иттилоот, натиҷагирӣ ва муқовиммат дар баробари ангезаҳои ғайримантиқиро тақвият медиҳад. Бе ин озодӣ, сохтани ҷомеаи пойдор, одилона ва сулҳомез ғайриимкон аст.  Ҳамин тариқ, ҷаҳонбинии илмӣ нақши калидӣ дар мубориза бо радикализми диниро ифо мекунад. Ин ҷаҳонбинӣ на ба имон ба унвони як категорияи маънавӣ, балки ба ҷаҳл, адами таҳаммул ва ҷазмандешӣ муқобила мекунад. Илм дар инсон тафаккури интиқодӣ, эҳтиром ба ҳақиқат ва инсонгароиро тарбия карда, ба мардум кӯмак мекунад, то дар баробари васвасаҳои идеологӣ тобоварии даруниро пайдо кунад. Танҳо аз тариқи тавсеаи омӯзиши илмӣ, ривоҷи дониш ва эҷоди фарханги ақл, башарият қодир хоҳад буд, то бар таҳдиди радикализм дастболо шавад ва ҷаҳони мубтани бар дарки мутақобил, озодӣ ва эҳтиром ба каромати ҳар фардро бисозад.

 

Шозедов Х. Н. – ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти

       стратегии назди Раёсати АМИТ

 
Хондан 112 маротиба