Нусхаи чопи
Ҷумъа, 01 Октябри 2021 06:52

Ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи истиқлоли миллӣ

Муаллиф: Нусратуллои НАЗАРИЁН

  Шароити кунунии ҷаҳони имрӯза, таҳаввулот дар системаи сиёсии давлатҳо, бархӯрди тамаддунҳо, таҳдид ва хатарҳои глобалӣ, пайдоиши падидаҳои номатлуби аср ва маҳдуд гаштани захираҳои табиӣ ҳаёти одамон ва сиёсати давлатҳоро ба ҳам вобаста намуд. Фазои сиёсии ҷаҳонӣ имрӯзаро рақобатҳои шадиди иқтисодӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва бархӯрди тамаддунҳо тира намуда, воқеӣ гаштани падидаҳои ҷаҳонишавӣ ва ваҳдати олами инсониро зери суол бурдааст. Бо пайдоиши тамаддуни нави башарӣ дар масири ҷаҳонишавӣ мавқеи давлатҳои миллиро дар самти сиёсати дохилӣ ва берунӣ мустаҳкам намуд, ки ин раванд ба шаклгирии онҳо ҳамчун давлати миллӣ мусоидат намуд.

  Ҷаҳонишавӣ ҳамгироии бошиддати ҷомеа ва системаи иқтисодии тамоми ҷаҳон буда, ҳамкорию ҳамшарикиро дар бахшҳои мухталифи ҳаётӣ тақозо менамояд. Дар тӯли чанд соли ахир давлатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ ва ҳамгироиро миёни худ тақвият доданд ва дар ин замина мубодилаҳои фикрӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро низ роҳандозӣ намуданд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ, муттаҳидшавии иқтисодиёти ҷаҳон ва таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ принсипи муҳим ба шумор меравад. Чунин принсип метавонад барои таъмини баробарии давлатҳои ҷаҳон ва ба самти инкишоф раҳнамун сохтани давлатҳои қафомонда мусоидат намояд. Вале то кадом андоза воқеӣ гаштани ормонҳои ҷаҳонишавиро аз фазои кунунии ҷаҳон метавон пай бурд. Аммо дар раванди ҳамгироии халқу давлатҳо идеяи ҷаҳонишавӣ ҳамчун як падидаи мусбату манфӣ дар ҳоли бархӯрд қарор дорад. Ва ин то ҷое ба вазъи сиёсии ҷаҳон таъсиргузор аст. Ҳоло аз паёмадҳои чунин таҳавваулоти сиёсӣ чизе гуфтан душвор аст. Зеро дар масири ҷаҳонишавӣ ва фазои муттаҳидии давлатҳо ҳар замон тағйир меёбанд.

  Шаклгирии вазъи сиёсии ҷаҳон, давлатҳоро ба сӯйи муттаҳидшавӣ кашонд, ки дар натиҷа баъзе аз ғояҳои ҷаҳонишавӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ воқеӣ гашт. Акнун раванди ҷаҳонишавӣ ба сифати як раванди мақсадноки таърихӣ мавқеи худро дар миқёси ҷаҳон мустаҳкам намуда, ба умқи тамоми соҳаҳои сиёсати давлатӣ, аз ҷумла соҳаи иқтисоду фарҳанг фӯрӯ рафт. Давлатҳои миллӣ аз ин таъсирҳои ҷаҳонишавӣ канор намонданд ва ҷиҳати истодагарӣ дар баробари ин бархӯрдҳо баҳри мустаҳкам намудани зербинои фарҳангии худ талош варзиданд. Ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва мустаҳкам намудани истиқлоли миллӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат-миллатҳо мебошад. Маҳз доштани истиқлоли миллӣ василаи таъмини зиндагии осоишта ва фароҳам овардани сулҳу субот  барои як миллат ба шумор меравад. Бо ошкор гаштани баъзе аз падидаҳои манфии ҷаҳонишавӣ, истиқлоли миллии баъзе аз миллатҳоро, ки ба ин бархӯрдҳо таъсирпазир мебошанд, хатарҳои ҷиддӣ таҳдид мекунад.

Истиқлоли миллӣ яке аз нишонаҳои хоссаи давлат-миллатҳо ба шумор меравад. Ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ сабаби пайдоиши давлат-миллатҳо гаштаанд. Моҳияти истиқлоли давлатӣ низ дар замони муосир дар мавҷудияти истиқлоли миллӣ ифода меёбад. Ташкили давлати миллӣ ва таъмини озодии миллӣ таҷассумгари истиқлоли миллӣ мебошад. Ин ду мафҳум яке истиқлоли давлатӣ ва истиқлоли миллиро аз як зовия метавон ҳаммаъно шумурд. Чун дунё имрӯз аз давлат-миллатҳо иборат аст ва ҳар давлат бо такя ба арзишҳои этникӣ ва миллӣ ташкил ёфтааст, мафҳуми истиқлоли миллӣ маънои истиқлоли давлатиро дар бар мегирад. Ва ё истиқлоли миллӣ  кафили бақои давлати миллӣ мебошад. Истиқлоли миллӣ дар навбати худ баёнгари  озодии як миллат буда, аз соҳиби давлати милли будани онҳо дарак медиҳад.  Яъне ташкили давлат аз сӯйи як миллат ва идораи он давлат, қабул ва тағйир додани қонунҳои ҷамъияти аз сӯйи намояндагони он миллат ифодагари озодии миллӣ ва соҳиби давлати худӣ будани онҳо мебошад. Гарчанде давлат миллӣ бошад ҳам, вале дар он амният, сулҳ, ҳуқуқ ва адолат ба шаҳрвандон, ки намояндагони дигар миллатҳо ба он шомиланд, ба таври мусовӣ тақсим карда мешавад. Ба додани бартарӣ нисбати ашхос ба хотири мансубияти миллӣ роҳ дода намешавад. Дар асл, давлати миллӣ ба миллат, истиқлол ва ҳокимият вобастагӣ дорад. Давлати миллӣ воситаи инкишоф ва пойдории истиқлоли миллӣ мебошад ва ҳамзамон баёнгари иродаи он миллат буда, худмуайянкунии сиёсиро таъмин менамояд. Истиқлоли миллӣ ба ҳар миллат  имкониятҳои фаррох барои эҳёи фарҳанги миллӣ ва муаррифии он тавассути тавлидоти иқтисодӣ фароҳам меорад.

Бо гузашти вақт ва таҳаввулот дар муносибатҳои байналмилалӣ, давлатҳои миллиро як қатор уҳдадориҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ пайдо шуд. Махсусан, қарор гирифтани арзишҳои миллӣ дар баробари арзишҳои умумибашарӣ ва мутобиқсозии онҳо масъалаи мураккаб ба шумор меравад.  Давлати миллӣ, ки бар асоси арзишҳои як миллат дар муносибатҳои байналмилалӣ ширкат меварзад, мумкин аст бархӯрдҳое бо арзишҳои башарӣ дошта бошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ ва аз тарафи дигар, амалӣ намудани андешаҳои миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои хосса ба самтҳои сиёсати давлатҳо тобиши дигар бахшид. Акнун дар ҷараёни муайян намудани муносибатҳои беруна онҳо мазмуни миллиро касб намуданд. Аз ҳама муҳим, дар низоми ҳуқуқи байналмилалӣ бошад, мафҳуми миллӣ ба маънои мутлақ ба як давлат истифода мешавад ва муносибати як давлатро дар сатҳи муайяне аз рӯйи хусусияти этникӣ нисбат ба арзишҳои умумибашарӣ муайян менамояд. Дар ин раванд мутобиқати қонунгузории миллӣ дар баробари қонунгузории байналмилалӣ аҳмияти ҷиддӣ дорад. Мусаллам аст, ки дар қонунгузории миллӣ муносибатҳо дар самти фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллӣ танзим мегардад. Соҳаи танзими чунин қонунҳо маҳз ба ҳамин гуна муносибатҳо равона шуда, мақсади асосӣ ҳифзи ин арзишҳо мебошад. Вале мутобиқ сохтани ин қонунҳо  ба қонунгузории байналмилалӣ масъалаи ҳассос буда, бисёре аз давлатҳои миллӣ ва диниро водор месозад, ки ба чунин муносибатҳои ҷамъияти на аз дидгоҳи манофеи миллӣ ва динӣ, балки аз чаҳорчӯби манфиатҳои умумибашарӣ назар афкананд. Такя намудани давлатҳо дар як вақт ҳам ба санадҳои байналмилалӣ, ки дар он арзишҳои башарӣ иникос ёфтаанд ва аз сӯйи дигар ҳам, манфиатҳои миллӣ масъалаест, ки сол то сол мураккаб мегардад. Зеро маънавиёти ҳар миллате иборат аз маҷмӯи арзишҳо ва меъёрҳои қолабист. Агарчи бо гузашти вақт ин арзишҳо ба талаботи замон мутобиқ мегарданд, вале асли онҳо таъғйирнопазир аст. Аммо дар таърифи мафҳуми башар ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хулосаи дақиқ наомадаанд. Аз ин ҷост, ки бо гузашти вақт арзишҳои ҷадид ва ҳатто ба табиати инсони мухолиф ба арзишҳои башарӣ ворид мегарданд, ки дар натиҷа бархӯрди онҳо бо ҷомеаи мутамаддин метавонад паёмадҳои ногуворро дар пай дошта бошад.

Бо ҷилва додани баъзе аз падидаҳои ҷаҳонишавӣ ва садо баланд кардани мубаллиғони он бо шиорҳои инсондӯстӣ, ҳимоят аз манфиатҳои умумиинсонӣ, таъмини баробарҳуқуқии тамоми халқу миллатҳо зоҳиран аз аҳли башар даъват ба амал оварданд, то аз мавқеъи миллии худ ба мавқеъи умумибашарӣ руҷӯъ намоянд ва инсонро меҳвари тамоми арзишҳо қарор бидиҳанд. Бар асоси арзишҳои маҳдуди миллӣ зиндагӣ карданро навъе аз истисмори дигар миллатҳо шумурда бартарият додан ба онро сабаби низоъ ва танишҳои ҷаҳонӣ муаррифи намуданд. Чунин идеяҳои умумибашарӣ, хосатан аз сӯйи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибдорӣ ва ташвиқ карда мешаванд, аммо мавқеъи давлатҳои миллӣ доир ба ин мавзӯъ ҳамоно норавшан боқӣ мемонад. Созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ ҳамчун абзори асоси ҷиҳати пиёда сохтани ҳадафҳои ҷаҳонишавӣ ва ё муттаҳид намудани давлатҳо баҳри ҳалли мушкилотҳои глобалӣ, ки дар асл маҳсули хатоҳои башарист, амал намуда, дар навбати худ  идеяи ҷаҳонӣ, муттаҳидӣ ва сулҳу амнияти башариро тарғиб менамоянд. Иникоси манфиати умумибашарӣ дар рафти фаъолияти ин созмонҳо ва ҳимоят аз ҳуқуқи тамоми қишрҳои осебпазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз унсурҳое мебошад, ки бархе аз давлатҳоро ба сӯйи арзишҳои башарӣ моил намуд. Муттаҳидшавии миллатҳои ҷаҳонро зери арзишҳои умумибашарӣ роҳи таъмини сулҳу амният арзиёб мекунанд, вале ҳанӯз ҳам дар шарҳи ин арзишҳо кӯтоҳӣ намуда, чӣ гуна мутобиқ сохтани онҳоро ба тамаддуни миллатҳо баён намесозанд. Давлатҳое, ки аз арзишҳои башарӣ пуштибонӣ менамоянд, ин иқдоми онҳоро метавон ба ду маъно фаҳмид.

  1. Тарғибгари аслии арзишҳои башарӣ ин созмонҳои байналмилалӣ мебошанд, ки дар рафти фаъолият бо истифода аз нуфузи худ дар минтақаҳои гуногуни олам бархе барномаҳои идеологиро пиёда месозанд. Инчунин барои давлатҳои аъзо кафолатҳои иқтисоди, иҷтимои ва ҳарбиро дар ҳолатҳои истиснои пешбини менамояд. Ҷиҳати дастраси ба ин кафолатҳо ва бархурдор гардидан аз як қатор кумакҳои башардӯстона бархе аз давлатҳо баҳри ҳимоят аз ин арзишҳо иқдом менамоянд. Дар ҷараёни фаъолияти ин созмонҳо ва дар ҳолатҳои дигар иштироки давлатҳои абарқудрат дар бозиҳои сёсӣ нишон медиҳад, ки ҳадафи асоси бо ҳар роҳу восита ба курси нишондани идеалогияи онҳост. Аз ин рӯ бунёди кафолатҳои муҳими иқтисоди ва таъмини амнияти давлати дар ин масир амри воқеӣ мебошад. Инчунин ба роҳ мондани сиёсатӣ хориҷи бо такя ба манфиатҳои миллӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо арзишҳои байналмилалӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани мавқеи давлат дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ зарур аст.
  2. Дигар сабаби ҳимоят аз арзишҳои умумибашарӣ аз сӯйи бархе аз давлатҳои абарқудрат метавонад ҳадафмандона бошад. Дар ин замина давлатҳои абарқудрат фарҳанг ва арзишҳои миллии хешро ҳамчун арзишҳои умумибашарӣ нишон медиҳанд, то аз ин роҳ ҳадафҳои худро пиёда созанд. Хатари асоси дар раванди ҷаҳонишавӣ маҳз шаклгирии фарҳанги як миллат ба ҳайси фарҳанги глобалӣ мебошад. Таҳвили фарҳанги бархе аз миллатҳои қудратманд ва ҷой додани онҳо дар қолаби арзишҳои умумибашрӣ таввасути иқтидори ҳарбӣ ва тавлидоти иқтисодии онҳо сурат мегирад. Тобиш додани гирдоби ҷаҳонишавӣ аз сӯйи қудратҳои ҷаҳонӣ иқтидори миллии онҳоро афзоиш медиҳад ва билохира дар сатҳи ҷаҳонӣ манфиатҳоӣ миллӣ авлавиятро касб менамояд. Дар натиҷа арзишҳои умумибашарӣ моҳияти аслии хешро аз даст медиҳанд.

Дар фазои ҷаҳонишавӣ бархӯрди тамаддунҳо ба амал меояд. Тамаддунҳои оламгир, ки хосси давлатҳои абарқудрат мебошанд, бо шиори арзишҳои башарӣ фарҳанги майдамиллатҳоро ба коми худ фурӯ мебаранд. Бо мурури замон моҳияти аслии як миллат аз шинохти миллии он фарохтар мегардад ва билохира он таҷассумгари фарҳанги оламгир хоҳад буд. Бохти фарҳангии як миллат дар ин масир хатарест барои  истиқлоли миллӣ ва озодии он миллат.  Давлатҳои мутамаддинро мебояд ҷиддӣ будани ин хатарҳоро дарк намоянд ва дар аснои таъғйирёбии сиёсӣ ва геополитикии ҷаҳон пояҳои фарҳангии давлатҳоро мустаҳкам намуда, аз таҳвили фарҳангӣ бегона ба мафкураи миллӣ як навъ ҷилвагирӣ намоянд.

Ҷаҳон ҳамеша шоҳиди дигаргуниҳои куллӣ дар саҳнаи бозиҳои геополитикӣ мебошад. Шакли комилан дигар гирифтани рақобатҳои иқтисодӣ ва авзои бади сиёсӣ ҷомеаи ҷаҳониро баҳри берун шудан аз ин буҳронҳо водор сохтааст. Ҳамоно манфиатхоҳии баъзе аз қудратҳои минтақа ва ҷаҳон ин рақобатҳоро тақвият медиҳад. Дар ин фазои хатарзо ва басо мушкил рисолати давлатҳои миллӣ аз ҳифзи аорзиш, фарҳанг ва истиқлоли миллӣ иборат мебошад. Бо истифода аз ҳама роҳу воситаҳо бедор намудани ҳувияти миллӣ ва худшиносии ҳар фардӣ ҷомеа масъалаи ҳаёти баҳри чунин давлатҳо ба шумор меравад. Зеро умри як миллат аз бедори ва қудрати миллӣ доштани  он вобаста аст. Ташакули ҷомеае ки зербинои фикрии онро мафкураи миллӣ ташкил медиҳад, дар баробари таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир истодагари ва ҳатто муқовимат хоҳад кард. Инкишофи ахлоқи миллӣ ва дар ин замина бунёди ҷомеаи фарҳангӣ васила баҳри шинохти ҳар фарди ҷомеа хоҳад буд. Бархурдҳои шадиди фарҳангӣ ки аксар миллатҳоро хатари нобуди таҳдид менамояд, танҳо ташакули тафакури миллӣ метавонад як миллатро дар баробари ин хатарҳо таъсирнопазир гардонад. Зарфияти зеҳнӣ ва истеҳсолоти фикрӣ яке аз муҳимтарин унсурҳое мебошад, ки ба як миллат имконияти озодона зиндагӣ кардан ва истиқлоли миллиро ҳифз намудан шароит фароҳам оварда, кафили бақои миллат ва давлати мутамаддин хоҳад буд.  

Асоси мавҷудияти истиқлоли миллӣ ин мавҷуд будани истиқлоли фикрӣ мебошад. Зеро ҷомеае, ки дар сатҳи тафакури зеҳнӣ ба фаҳму дарки истиқлол сарфаҳм наравад, ҳеҷ гоҳ озодиро дарёфт нахоҳад кард ва агар истиқлолро дарёбад аз лиҳози ҷаҳл, заъфияти зеҳнӣ ва фикрӣ онро аз даст хоҳанд дод.

                                           Нусратуллои НАЗАРИЁН

Донишҷӯйи соли чоруми бахши ҳуқуқшиносии ДМТ

Хондан 1399 маротиба